Фаъолияти аввалини бомулоҳизаи ҳайвонот. Дар ибтидои асри XX И.П. Павлов ва В.М.
Бехтерев муайян карданд, ки қонунияти ба вуҷуд омадани рефлексҳои шартӣ ва
боздорӣ дар ҳайвоноту одам асосан як хел аст. Дар айни ҳол И.П. Павлов борҳо
нишон додааст, ки ҳамаи ҳодисаҳои фаъолияти олии асаб фақат бо мафҳуми рефлекси
шартӣ ба охир намерасанд. И.П. Павлов таҷрибаҳои бо маймунҳои одамшакл
гузаронидаашро таҳлил карда, навиштааст: «вақте ки маймун барои ба даст овадани
мева тагмон месозад, инро «рефлекси шартӣ» номидан мумкин аст (расми 109). Ин
воқеан донишҳосилкунӣ, фаҳмидани вобастагии муътадили ашё мебошад».
Малакаи қонунияти вобастагии ашё ва
воқеаҳои муҳити атрофро донистани ҳайвонот, инчунин дар шароити нав истифода
кардани ин қонуният фаъолияти бомулоҳиза номида мешавад.
Дар замони ҳозира усули махсус кор карда
шудааст, ки бо ёрии он дар лабораторияҳо ва шароити табиӣ фаъолияти ибтидоии (оддитарин)
бо мулоҳизаи ҳайвоноти гуногунро меомӯзанд. Олими собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ Л.В.
Крушинский нишон дод, ки системаи асаб ҳар қадар инкишоф ёбад, фаъолияти
бомулоҳиза ҳамон қадар авҷ мегирад. Вай дар одам ва маймунҳои дараҷаи олӣ
тараққӣ карда, чун тафаккур зоҳир мегардад.
Фаъолияти бомулоҳиза шакли олии ба шароити
муҳит мувофиқшавӣ мебошад. Ба туфайли он организм на танҳо ба шароити зуд
тағйирёбандаи муҳит мувофиқ мешавад, балки чунин тағйиротро пешакӣ ҳис карда,
онро дар рафтори худ ба эътибор мегирад.
Олими барҷаетаеет, ки
дар пешрафти илми ҷаҳонӣ ҳиссаи босазое гузоштааст, академики АИ СССР, Лауреати
мукофоти Нобелӣ. Тадқиқоти И.П. Павлов доир ба физиологияи ҳозима, гардиши хун,
фаъолияти олии асаби ҳайвоноту одам ӯро машҳури ҷаҳон кардаанд. И.П.Павлов Россияро
дӯст медошт ва аз комёбиҳои давлати Советӣ фахр мекард: «Ҳар коре, ки кунам,
доим дар андешаи онам, ки то ҷон дар тан дорам, барои ҳамин ватанам хизмат
хоҳам кард».
Нутқ ва тафаккури одам. Дар давраи таҳаввулот (эволютсия) ба ақидаи
И.П. Павлов дар одам «изофаи фавқулодда ба механизмҳои кори майна», яъне нутқ
пайдо шудааст. Калимаҳои ифодашаванда, чизҳои шунида ва дидашаванда - инҳо сигналҳо,
рамзҳои ашё ва воқеаҳои муайяни муҳити атроф мебошанд. Бо калимаи одам ҳамаи
чизҳои тавассути аъзои ҳис дарккардаашро ифода мекунад. Дар баробари ин калима дорои
вазифаи ҷамъбасткунӣ мебошад. Масалан, калимаи «миз» барои кӯдак бори аввал
чизи муайянро ифода мекунад, яъне ҳамон мизест, ки дар он ба вай хӯрок
медиҳанд, вале кӯдак калонтар шуда, бо ҳамин калима мизи корни падараш, мизи
ошхона ва мизи зери оинаи нилгунро номбар мекунад. Акнун вай бо калимаи «миз»
ҳамаи ашёи бо миз умумиятдоштаро ҷамъбаст менамояд. Ҳамин тариқ, мафҳуми муайян
ҷамъбасткунанда мегардад.
Барои нутқи одам дараҷаи хеле баланди
ҷамъбасткунӣ хос аст. Одам на танҳо мафҳуми ашё, хусусияту нишонаҳои онҳо, ҳодисаҳои
табиат, балки ҳиссиёт, идрок ва ғаму андӯҳи худро дамъбаст мекунад. У бо
калимаҳо фикр мекунад. Тафаккури шифоҳӣ (даҳонӣ) ба вай имкон медиҳад, ки ба
вазъияти мушаххаси воқеият эътибор надиҳад. Нутқи одам дастгоҳи тафаккури
абстракта мегардад.
Нутқи даҳонӣ ва хаттӣ ба одам имкон медиҳад, ки бо таҷрибаи дигарон ва
таҷрибаи иҷтимоию таърихии инсоният шинос шавад. Ин давомоти авлод, мутасилии
тараққиёти илму техника ва маданиятро таъмин месозад.
Лаёқати нутқомӯзии одам модарзодӣ аст,
вале агар кӯдак аз ҷамъияти инсонӣ чудо нигоҳ дошта шавад, лаёқати нутқомӯзиаш
амалӣ намегардад. Кӯдакон забонро ихтиёран интихоб намекунанд. Бо забони русӣ,
англисӣ ё хитоӣ гап задани онҳо ба он вобаста аст, ки атрофиёнашон бо кадом
забон сухан меронанд. Кӯдак то 5-6-солагӣ гап заданро ёд мегирад. Агар вай то
ин синну сол гап зада натавонад, тараққиёти ақлониаш таваққуф мекунад.
Вазифаҳои нутқи одам аз қисмҳои гуногуни мағзи cap вобаста аст. Ташаккули нутқи
даҳонии одам бо қисми пешонигии нимкураи чап, нутқи хаттиаш бо қисмҳои чаккаю фарқи
cap алоқаманд мебошад.
Диққат гуфта марҳилаи фаъолияти рӯҳиеро меноманд, ки ба
ашёҳои муайян равона карда шудааст ё ҳолати дақиқ мебошад, ки аз боқимонда
чизҳои мавҷуда дар канор боқӣ мемонад. Диққат - ин ҷудокунии ашё ё ҳолати
ҳақиқие, ки аз бисёр дигар ҳолатҳое, ки моро иҳота кардааст дар бар мегирад.
Дар натиҷа пурра ва аник, инъикосшавии ашёҳо ҳангоми нигаристан мушоҳида
мегардад. Асосҳои физиологии диққат вобаста аз алоқамандии ду ҳолати ба ҳам
муқобил ба ҳаяҷоноӣ ва боздорӣ мебошад. Ҳардуи ин ҳолат якдигарро дар майнаи
cap доимо иваз карда меистанд.
Идрок. Дар пӯстлохи майнаи cap инъикос ёфтани ашё ё ҳодисае,
ки ба анализаторҳои одам таъсир мерасонад идрок номида мешавад. Ашё ва
ҳодисаҳои берунӣ дар раванди идрок бо тамоми гуногуншаклии ҷиҳатҳо ва
хусусиятҳои худ инъикос меёбад. Ашё ва ҳодисаҳои олами атроф дорои як қатор хусусиятҳо
буда бо ин нишондиҳандаашон ба анализаторҳои гуногун таъсир мерасонанд.
Намудҳои идрок. Дар ин раванд ҳамаи анализаторҳо якхел
нақш иҷро карда наметавонад. Одатан якеи онҳо асосӣ ба ҳисоб меравад. Идрок дар
навбати худ ба биноӣ, шунавоӣ, бӯй, лаззат (таъм) ва ломиса чудо мешавад.
Хусусияти идрок. Ин дар майнаи сари одам ба таври механикӣ
ва чун дар оина инъикос ёфтани чизи ба чашм аёнро ё бо гӯш мешунидагӣ набуда,
балки ҳамеша раванди фаъолияташ баланд мебошад. Дар раванди идрок шинохтан нақши
калонро мебозад.
Ирода фаъолияти равони одам, ки дар амалҳои бошуурона ва
барои ба даст даровардани мақсади муайян нигаронида зоҳир мегардад ва бо
монеъҳо алоқаманд аст. Ирода дар ҳамаи намудҳои фаъолиятҳои одам зоҳир
мегардад.
1. Меҳнатро бе кӯшиши иродавӣ, бе
фаҳмонидани мақсад ба натиҷаҳои меҳнат тасаввур кардан мумкин нест.
2. Амали иродавӣ монанди тамоми фаъолияти
равони одам функсияи майнаи cap мебошад. Дар майнаи cap ду соҳаи асосиро фарқ
кардан мумкин аст: 1. Сенсорӣ (ҳискунанда) 2. Моторӣ (ҳаракаткунанда).
Ирода ин фаъолияти рӯҳии одам, ки дар
рафтори бошууронаи ӯ пайдо шуда барои ба мақсади дар пеш гузоштаи худ новобаста
аз мушкилоти мавҷуда ба роҳ монда мешавад. Ирода дар ҳаёти ҳаррӯзаи одам мавҷуд
буда, фақат вай дар ҳолатҳои мушкил ва ғайримуқаррарӣ пайдо мешавад. Иродаи
мустаҳкам имконият медиҳад, ки қариб ҳама ҳолатҳои мушкилтарине, ки дар
организм ба амал меояд, бартараф карда шавад.
Саволҳо:
1. Оё рафтори ҳайвонотро танҳо бо
рефлексҳои шартӣ маънидод кардан мумкин аст?
2. Фаъолияти бомулоҳиза чист?
3. Фаъолияти бо мулоҳизаи ибтидоии
ҳайвонотро чй тавр меомӯзанд?
4. Тафаккури одам аз фаъолияти бомулоҳизаи
ҳайвонот бо чй фарқ мекунад?
5. Дар ҳаёти одам нутқи даҳонӣ ва хаттӣ
кадом нақшро мебозад? Оё кӯдак дар сурати аз ҷамъият ҷудо буданаш гапзаниро ёд
мегирад?
6. Диққат чист?
7. Кадом намудҳои идрокро медонед?
8. Ирода чист?
Реклама