Вазифаи системаи такягоҳ ва ҳаракат. Скелету мушакҳо такягоҳи бадани инсон ва
аъзои ҳаракат мебошанд. Онҳо ба ҳам пайваст шуда, ковокиҳои махсусро ҳосил
мекунанд (расми 4). Дар ин ковокиҳо узвҳо ҷойгир ва ҳимоя карда мешаванд.
Масалан, дил ва шушро устухонҳои қафаси сина ва мушакҳои синаю тахтапушт,
узвҳои холигии шикам (меъда, рӯда, гурдаҳо) -ро қисми поёнии сутунмӯҳра,
устухонҳои кос, мушакҳои тахтапушт ва шикам муҳофизат мекунанд. Мағзи сар дар
косахонаи сар, ҳароммағз дар ковокии сутунмӯҳра, узвҳои таносул дар холигии устухонҳои
кос ҷой гирифтаанд.
Бофтаи устухон. Устухони (скелети) бадани одам аз бофтаи
устухонии васлкунанда таркиб ёфтааст (расми 19).
Бофтаи устухонӣ дорои тори асаб, рагҳои
хунгард ва ҳуҷайраҳои шохадор мебошад. Ҳуҷайраҳои устухон ва шохаҳои онҳо бо
ҷӯйчаҳои бориктарини пур аз моеъи байниҳуҷайрагӣ иҳота шудаанд. Ин ҳуҷайраҳо
тавассути ин ҷӯйчаҳо ғизо ва нафас мегиранд.
Сохти устухонҳо. Андоза ва шакли устухони (скелети) бадани
одам гуногун аст. Асосан се намуди устухонҳоро фарқ кардан мумкин аст: 1)
найшакл; 2) суфта (ҳамвор); 3) кӯтоҳ (ноҳамвор).
Устухонҳои дарозро инчунин найшакл
меноманд, барои он ки даруни онҳо холӣ мебошад. Чунин сохти устухонҳои дароз
дар як вақт боиси мустаҳкамӣ ва сабукии онҳо мегардад. Канали устухони
найшаклро бофтаи пайвасткунандаи серчарб - мағзи зард ё илики зард пур
кардааст. Устухони бадан аз устухонпарда, моддаи зич ва моддаи исфанҷмонанд
иборат аст. Танаи устухони найшакл аз моддаи сахту мустаҳкам ва сараки он аз
моддаи исфанҷмонанд иборат мебошад. Дар холигии ин модда магзи сурх ҷойгир
шудааст. Дар ин магз ҳуҷайраҳои сурхро узви хунофар меноманд. Устухонҳои кӯтоҳ
бисёртар аз моддаи исфанҷӣ таркиб ёфтаанд. Устухонҳои суфта аз моддаи зич ва
исфанҷӣ иборатанд.
Таркиби химиявии устухон. Таркиби устухонро об, моддаҳои органикӣ -
осеин ва осеомукоидҳо, равганҳо ва моддаҳои ғайриорганикӣ ташкил медиҳанд. Ин моддаҳо
ба устухон сахтӣ мебахшанд. Барои аниқ кардани ин агар устухонро дар як
шабонарӯз дар маҳлули 10-фоизаи кислотаи сулфат (Н2804) ё гидрогенхлорид НСl нигоҳ дорем, он гоҳ,
намакҳои калсий ва фосфор ҳал мешаванд ва устухон хосияти сахтии худро гум
карда, хеле нарм мегардад, ба дараҷае, ки онро гиреҳ бастан мумкин мешавад (расми
20а).
Пайвастагиҳои органикӣ устухонро чандиру
мустаҳкам мекунанд.
Вобаста ба синну сол таркиби химиявии
устухон ҳам тагйир меёбад. Таркиби устухони ҷавонон ва миёнасолон бештар аз
моддаҳои органикӣ бой мебошад. Таркиби устухони пиронсолон бисёртар моддаҳои ғайриорганикӣ дорад.
Саволҳо:
1. Системаи такягоҳ ва ҳаракат чӣ аҳамият
дорад?
2. Сохти бофтаи устухонӣ чӣ хел аст?
3. Кадом намудҳои устухонҳоро медонед?
4. Сабукӣ ва мустаҳкамии устухонҳои бозу
ба чӣ вобаста аст?
5. Аз чӣ сабаб устухонҳо ғафс ва дароз
мешаванд?
6. Вобаста ба синну сол таркиби химиявии
устухон чӣ хел тағйир меёбад?
Реклама