Бордоршавӣ. Ҳангоми алоқаи ҷинсӣ нутфа ба маҳбал дохил
шуда, ба бачадон мегузарад. Баъди чанд соат нутфа ба тухмроҳа дохил шуда,
мумкин аст бо тухмҳуҷайра дучор ояд (расми 88). Одатан ба тухмҳуҷайра як нутфа
(расми 89) дохил шуда, ба он омехта мегардад. Тухм бордор мешавад, ки ядрояш 46
хромосома дошта, дорои нишонаҳои ирсии падару модар аст.
Бордоршавӣ дар давоми 12-24 соат баъди
расидани тухм то лаёқати ҳаётгузаронии худро нигоҳ доштани тухмҳуҷайра имконпазир
аст. Қобилияти бордоркунии нутфа 2-4 шабонарӯз давом мекунад. Тухми бордоршуда
бо тухмроҳа ҳаракат карда, дар як вакт таксим мешавад ва ба ҷанини бисёрхуҷайра
(расми 90) табдил меёбад, ки баъди 4-5 руз ба ковокии бачадон дохил мешавад. Ҷанин
2 руз дар бачадон озод монда, ба пардаи луобии он медарояд ва ба вай мечаспад.
Давраи инкишофи батнии ҷанин огоз меёбад. Аз қисмҳои ҳуҷайраи ҷанин лифофа ба
вуҷуд меояд. Қабати берунии лифофа патмуякхои найчамонанд дорад (расми 91).
ҷанин тавассути патмуякхо ғизо ва ҳаво мегирад. Лифофаи патмуякдор дар дохили
худ боз як лифофачаи тунуку шаффофи селлофанмонанд дорад. Вай ҳубобча хосил
мекунад. Дар моеъи хубобча ҷанин шино мекунад. Ин хубобча ҷанинро аз латхурӣ ва
ҳар хел зарба нигох медорад.
Пайдоиши хамрохак. Дар охири мохи дуюми инкишофи батни патмуякҳо
танҳо дар хамон тарафи лифофаи ҷанин боқӣ мемонанд, ки ба девораи бачадон
наздик аст. Ин патмуякхо калон шуда, шохахо меронанд ва ба луобпардаи бачадон,
ки рагҳои зиёди хунгард дорад, дохил мешаванд. Хамроҳаки (расми 92) гирдшакл,
ки ба луобпардаи бачадон махкам часпидааст, инкишоф меёбад.
Аз ин лахза давраи инкишофи ҷанини
халтагии наели батнй cap мешавад.
Ба воситаи девораи муйрагҳои хунгард ва
патмуякҳои ҳамроҳак байни организми модару кӯдак мубодилаи газҳо ва моддаҳои ғизоӣ
ба амал меояд. Хуни модар ва кудаки дар батни ӯ буда хеҷ гоҳ омехта намешавад.
Аз мохи чоруми бордорӣ ҳамроҳак нақши ғадудҳои тарашшуҳи дохилиро ба ҷо оварда,
ҳормон ҷудо мекунад. Ба туфайли он дар давраи бордорӣ луобпардаи бачадон намекучад,
ҳайзбинӣ қатъ мегардад ва дар давоми тамоми ҳамл дар бачадон тифл нигох дошта
мешавад.
Ҳангоми расиши тухмӣ ва бордоршавии ду ё
зиёда тухмҳучайра, ду ё зиёдтар ҷанин ба вуҷуд меояд. Инҳо экизакҳои ояндаанд. Онҳо
ба ҳамдигар чандон монанд нестанд. Баъзан ду ҷанин аз як тухмҳуҷайра инкишоф
ёфта, аксар як ҳамроҳак доранд. Чунин дугоникҳо доим якҷинса буда, ба ҳам хеле
монанд мешаванд.
Инкишофи ҷанин ва кӯдак. Ҷанин дар бачадон зуд инкишоф меёбад. Дар
охири моҳи аввали инкишофи батнӣ сари ҷанин аз се як ҳиссаи дарозии баданро
ташкил карда, тарҳи чашм ба вуҷуд меояд ва дар ҳафтаи ҳафтум ангуштонро фарқ
кардан мумкин аст. Баъди ду моҳ гарчанд дарозии ҷанин ҳамагӣ 3 см аст, ба одам
монанд мешавад.
Дар моҳи сеюми инкишофи батнӣ қариб ҳама
узвҳо ташаккул меёбанд. Дар ин вақт ҷинси кӯдаки ояндаро метавон муайян кард.
Дар чоруниммоҳагӣ кашишхӯрии дили кӯдак
шунида мешавад ва суръати он нисбат ба кори дили модар 2 маротиба зиёдтар аст. Дар
ин давра кӯдак зуд сабзида, дар панҷмоҳагӣ қариб 500 гр ва дар арафаи таваллуд
3-3,5 кг мешавад.
Гигиенаи зани ҳомила. Ҳомилагӣ ҳолати занест, ки дар бачадонаш
кӯдаки оянда ташаккул меёбад. Ҳамл 270-280 рӯз давом мекунад. Нишонаи асосии
ҳамл қатъ гардидани ҳайзбинӣ, инчунин дилбеҳузурӣ, серхобӣ, варамкунии ғадудҳои сина мебошад. Ҳомилагиро духтур муайян
карда, давраи онро назорат мекунад, тагйироти фишори шарёнӣ, вазни бадан ва дигар нишондодҳои солимро
ба қайд мегирад.
Зани ҳомила бояд аз ҳад зиёд монда
нашавад, варзиш накунад, пойафзоли пошнабаланд напӯшад. Ба вай зарур аст, ки ба
вазни бадани худ назорат карда, «ба ҷои ду кас» хӯрок нахӯрад, моҳии дудхӯрда,
хӯроки тез ва ҳасиб истеъмол накунад. Дар нимаи дуюми ҳомилагӣ парҳези
бенамакро риоя кардан лозим аст. Ҳангоми ҳамл бе таъиноти духтур ягон хел дору
хӯрдан мумкин нест. Дар ҳавои тоза сайругашт кардан, ба корҳои сабуки ҷисмонӣ машғул
шудан зарур аст.
Зани ҳомила бояд тамоку накашад, машруботи
спиртӣ истеъмол накунад. Мушоҳидаҳо нишон доданд, ки занҳо ҳомилаи тамокукаш
аксар пеш аз мӯҳлат таваллуд мекунанд.
Фарзандони падару модарони майзада аз
лаҳзаи таваллудашон мумкин аст дуруст ташаккул наёбанд, онҳо тез-тез ва хеле вазнин
бемор мешаванд. Аксари онҳо дар хурдсолӣ мемиранд. Ба хубӣ маълум аст, ки ҳатто
дар ҳолати мастии яке аз волидайн бордор шудан, боиси таваллуди кӯдаки ноқисақл
мегардад. Исбот шудааст, ки майпарастии падару модарон яке аз сабабҳои асоси
камақлии кӯдакон мебошад. Пас аз як соати истеъмол машруботи спиртӣ дар
нутфадони мард ва тухмдони зан пайдо мешавад. Машруботи спиртиро истеъмол
кардани зани ҳомила эҳтимоли таваллуди кӯдакони гуногуннуқсро хеле зиёд
мекунад. Машруботи спиртӣ ҳанӯз дар батни модар ба ҷанин таъсир карда, пеш аз
таваллуди кӯдак инкишофи ӯро бозмедорад ва вайрон мекунад.
Таваллуди кӯдак. То лаҳзаи таваллуд одатан дар бачадон
кӯдак сарпоён меистад. Барои таваллуди кӯдак бояд гарданаи бачадон, холигоҳи
байни устухони коси зан ба қадри кофӣ васеъ шавад, пардаи ҷанин кафида, моеъи
дохили он тавассути маҳбал берун равад.
Ибтидои таваллуд ба ҷудошавии ҳормони
ҳипофиз вобаста буда, он ба мушакҳои бачадон таъсир мекунад. Мушакҳо сахт кашиш
хӯрда, тифлро аввал ба гарданаи бачадон, баъд ба маҳбал тела медиҳанд (расми
93). Ҳамин ки сари кӯдак намоён шуд, доя (духтуре, ки ҳангоми таваллуд ба зан
ёрӣ мерасонад) онро дошта, китфу дигар аъзои бадани кӯдакро аз маҳбал озод менамояд.
Кӯдак аввалин бор мегиряд ва ин нахустин нишонаи нафаскашии ӯст. Аз ин лаҳза
саркарда хун тавассути шуши кӯдак аз оксиген бой мегардад. Баъд духтур нофи
кӯдакро мебандад.
Баъди 15-20 -дақиқаи таваллуд ҳамроҳак аз бачадон ҷудо шуда якҷоя бо
боқимондаи ноф ва пардаи кӯдак берун мешавад.
Макондани кӯдак. Одам чун тамоми ширхӯрон тифли худро
мемаконад. Ҳанӯз нимаи аввали ҳамл ҳуҷайраҳои ғадудҳои шири занон каме шир
ҳосил карда, баъди таваллуди кӯдак онро зиёд мекунанд. Макондани кӯдак нисбат
ба додани хӯроки сунъӣ хеле бартарӣ дорад. Он ба зан имконият медиҳад, ки баъди
таваллуд саломатиашро барқарор кунад: вақте ки кӯдак сина мемакад, мушакҳои
девораи бачадон беихтиёр кашиш хӯрда, андозаи он мисли пештара хурд мешавад.
Синамакӣ ба худи кӯдак ҳам зарур аст. Шири модар тамоми моддаҳои то 5-моҳагии
кӯдак зарурро дорост ва ба сабзишу инкишофи вай мусоидат мекунад. Кӯдак аз шири
модар подтанҳо - маводи дифоии зидди беморӣ мегирад. Синамакӣ усули бесирояти
ғизои кӯдак аст.
Синамаконӣ барои ташаккули эҳсоси
дилбастагии байни модару кӯдак зарур аст. Зан на ҳамеша қодир аст худро танҳо
бо таваллуди кӯдак, хусусан тифли аввал модар ҳис кунад. Чунин ҳиссиёт дар
вақти синамаконӣ ва муносибати ҳаррӯза бо кӯдак инкишоф меёбад.
Саволҳо:
1. Чиро бордоршавӣ меноманд?
2. Ҳамл чист?
3. Нишонаҳои он кадомҳоанд?
4. Баъди бордоршавӣ тухмҳуҷайра чӣ хел
инкишоф меёбад?
5. Марҳалаи инкишофи ҷанинӣ ва кӯдаки
батнӣ чист?
6. Ҳамроҳак чӣ аҳамият дорад?
Реклама