§ 24. Ҳаракати хун дар рагҳо, гардиши лимфа

§ 24. Ҳаракати хун дар рагҳо, гардиши лимфа

Фишори хун. Фишори хун дар деворҳои рагҳо бо қувваи кашишхӯриҳои меъдачаи дил пайдо мешавад. Фишор дар рагҳои гуногун як хел нест. Фишори хун дар шоҳраг аз ҳама баланд буда, 115-130 мм сутунчаи симобро ташкил медиҳад. Аз сабаби ба шохаҳо чудо шудани рагҳои шарён фишор паст шуда, дар рагҳои шарёни борик 70-80 мм, дар мӯйрагҳо 20 мм-ро ташкил медиҳанд. Фишори хун дар рагҳои варид паст шуда, дар рагҳои вариди холии ковоки қафаси сина ба 5-9 мм баробар аст ва онро фишори манфӣ меноманд, чунки аз фишори атмосфера паст аст. Нобаробар будани фишор ҳаракати хунро таъмин менамояд. Суръати ҳаракати хун ҳам дар рагҳо гуногун мебошад: масалан, дар шоҳраг 50 см/сония, дар мӯйрагҳо -0,1-1 см/сония, дар рагҳои варид ба ҳисоби миёна - 6-20 см/сония.

Расми 49. Чен кардани фишори хун бо ёрии танометр

Фишори хунро дар раги шарёни бозу ба воситаи асбоби махсус - танометр, сфигмоманометр чен мекунанд (расми 49). Фишори хуни одами ҷавону солим дар ҳолати муқаррарӣ дар рагҳои шарён ба 120-80 мм/ст симоб баробар аст.

Набзи шарёнӣ. Ҳангоми ҳар маротиба кашиш хӯрдани меъдачаи чапи дил хун бо шаст ба деворҳои маҳками шоҳраг бархӯрда, онҳоро меёзонад. Ин мавҷи лаппиш, ба девори рагҳои шарён зуд паҳн мешавад. Дар ҷойҳое, ки рагҳои шарёни калон дар наздикии сатҳи бадан ҷой гирифтаанд, масалан, дар тарафи дохилии сарпанҷаҳои даст, чаккаҳо, паҳлӯҳои гардан ва дигар ҷойҳо лаппиши мавзуни девори рагҳо ҳис карда мешавад, ки онро набзи шарёнӣ меноманд (расми 50).

Расми 50. Набзи шарёнӣ

Расми 51. Ҳаракати хун дар рагҳои варидӣ

Ҳар як зарби набз ба як таппиши дил мувофиқ аст. Аз ҳамин сабаб, адади зарби дилро дар як дақиқа аз рӯи зарбҳои набз ҳисоб кардан мумкин аст.

Ҳаракати хун дар рагҳои варид. Девори рагҳои варид нисбат ба девори рагҳои шарён хеле тунук ва хеле нарм мебошад. Ҳаракати хунро дар рагҳои варид кашишхӯрии мушакҳои скелет, ки рагҳои варидро печонидаанд, таъмин мекунад (расми 51).

Хун тавассути рагҳои варид фақат ба дил ҳаракат мекунад. Даричаҳои ҳилолшакли дохили рагҳои варид намегузоранд, ки хун ба самти муқобил ҳаракат кунад. Дар организм ҳамеша хун аз рӯи зарурият тақсим мешавад: хун вобаста ба эҳтиёҷоти оксиген ва моддаҳои ғизоӣ ба як узв камтар ва ба узви дигар бисёртар меояд. Тағйирёбии бо хун таъминшавии узв бо тағйироти фосилаи рагҳои он вобаста аст. Танг шудани андозаи рагҳо ба кашишхӯрдани деворҳои он аз таъсири асабҳои симпатикӣ ва системаи марказии асаб вобаста аст.

Расми 52. Системаи лимфа

Ҳормонҳои адреналин рагҳои хунгардро танг мекунанд. Ҳамин тавр, фосилаи рагҳои хунгардро системаи асаб ва моддаҳои фаъоли биологӣ танзим мекунанд ва онҳо имконият медиҳанд, ки мувофиқи талаботи организм амал кунанд.

Гардиши лимфа. Системаи лимфа боиси хориҷ шудани моеъи зиёдатии бофтаҳо мегардад (расми 52).

Расми 53. Схемаи алоқаи гардиши хун ва гардиши лимфа

Ҳамаи бофтаҳо дорои мӯйрагҳои лимфагии майдатарини сарбаста мебошад. Ба онҳо моеъи байниҳуҷайравӣ дохил шуда, лимфаро ба вуҷуд меорад. Мӯйрагҳои лимфагӣ ба рагҳои нисбатан калони лимфагӣ пайваст мешаванд. Рагҳои лимфагӣ ба мағзи тамоми узву бофтаҳо медароянд. Дар деворҳои дохилӣ рагҳои лимфагӣ даричаҳои барои ба як самт равона кардани лимфа ҷойгиранд. Дар паҳлӯи рагҳо гиреҳҳои лимфа ҷойгир мебошанд. Хусусан онҳоро дар зери устухони бозу (бағал), дар ҷои қатшавии зоную оринҷ, ковокии қафаси сина ва шикам, гардан дидан мумкин аст. Ҳамаи рагҳои лимфагӣ дар лимфароҳҳои қафаси сина ҷамъ шуда, ба рагҳои варидӣ калон кушода мешаванд. Ба ин васила моеъи ба бофта дохилшуда боз ба маҷрои хунгард бармегардад. Ҳамин тавр, хун моеъи байниҳуҷайравӣ буда, якҷоя бо лимфа муҳити моеъи дохилии организмро ташкил медиҳанд (расми 53).


Саволҳо:

1. Фишори хун чист?

2. Фишор дap рагҳои хунгард чӣ гуна аст?

3. Набзи шарёнӣ чист ва чӣ тавр онро муайян мекунанд?

4. Хун дap кадом рагҳо аз ҳама суст ҳаракат мекунад?

5. Лимфа чист ва дар организм чӣ аҳамият дорад?


Кори амалӣ

Дар шароитҳои гуногун ҳисоб кардани набз

Таҷҳизот барои амалиёт: соати сониясанҷ.

Рафти амалиёт:

а) Дар ҳолати оромӣ задани набзатонро дар як дақиқа ҳисоб кунед.

б) Айнан ҳамин корро дap ҳолати рост истодан такрор намоед.

в) Баъди 10 маротиба нишаста хестан задани набзатонро ҳисоб кунед.

г) Баъди 5 дақиқа давидан набзатонро ҳисоб кунед.

д) Рақамҳои ҳосилшударо ба ҷадвал нависед.

Миқдори задани набз дар як дақиқа

Ҳолати ороми

Дар ҳолати рост истодан

Дар ҳолати нишастану хестан

Пас аз 5 дақиқа давидан

е) Натиҷаи мушоҳидаро муқоиса карда фаҳмонед.