§ 28. Танзими нафаскашӣ. Ёрии аввалин ҳангоми қатъ гардидани нафаскашӣ

§ 28. Танзими нафаскашӣ. Ёрии аввалин ҳангоми қатъ гардидани нафаскашӣ

Рефлексҳои нафасгирӣ. Вобаста ба ҳолати организм (хоб, кори ҷисмонӣ, тағйирёбии ҳарорат ва ғайра) нафасгирии чуқури одам ба таври рефлексӣ тағйир меёбад. Камонаки рефлексҳои нафасгирӣ ба воситаи маркази нафасгирӣ мегузарад. Чунин рефлексҳо, ба монанди атса ва сулфа ба амал меоянд.

Гард ё ягон моддаи тундбӯй ба ковокии бинӣ даромада, ретсепторҳои пардаи луобии онро ба ҳаяҷон меорад. Он гоҳ рефлекси муҳофизат - атса ба вудуд меояд, ки он нафасбарории сахт ва тези рефлексӣ ба воситаи бинӣ мебошад. Ба туфайли он аз ковокии бинӣ моддаҳои ангезанда дур мешавад. Ҳангоми зуком луоби дар ковокии бинӣ ҷамъ шуда, низ ҳамин гуна ангезаро ба вуҷуд меорад.

Сулфа ин тавассути даҳон баровардани нафаси тези рефлекторӣ буда, ҳангоми ангезиши роҳи гулӯ ба вудуд меояд.

Нафаси сунъӣ. Нафаси сунъӣ ҳангоми ёрии аввалин ба одамони ғарқшуда, аз ҷараёни барқ, раъду барқ, гази ангиштсанг ва дигар ҳодисаҳои ногувор зарардида истифода бурда мешавад.

Ҳангоми ёрӣ расонидан ба шахси ғарқшуда пеш аз ҳама роҳи нафас ва шуши ӯро аз об фавран холӣ кардан зарур аст. Барои ин шахси ёрирасон якзону нишаста, ҷабрдидаро болои зону чунон мехобонад, ки cap ва қисми болои бадани ӯ ба поён овезон бошад (расми 61). Сипас даҳони ғарқшударо кушода, ба тахтапушташ мезананд ва аз роҳи нафасаш обро мебароранд. Баъд ҷабрдидаро рӯболо хобонда, гардан, қафаси сина ва шикамашро аз қисми танги либос халос мекунанд (тугмаи гиребон, галстук ва камарбандашро мекушоянд). Зери шонаҳояш ягон лулаи нарм гузошта, сарашро ба қафо хам ва ҷоғи поёнашро ба пеш кашидан лозим аст. Баъд ба даҳон ва бинии бо дастрӯмол пӯшонда ба ҷабрдида ҳаво додан лозим аст. Дар як дақиқа тахминан 16 маротиба ҳамин тавр ҳаво медиҳанд. Ба он назорат кардан лозим аст, ки баъд аз ҳар як «нафас»-и сунъӣ қафаси синаи ҷабрдида поён шавад. Бояд давомияти ин хел «нафасбарорӣ» нисбат ба «нафасгирӣ» тахминан ду маротиба зиёд бошад (расми 62).

Расми 61. Ёри расонидан ба шахси ғарқщуда

Расми 62. Нафасдиҳии сунъӣ

Расми 63. Ноҳамвор молиш до дани дил

Агар дил кор накунад, ин усулро якҷоя бо молиш додани мавзеи дил давом додан зарур аст: баъди ба шуш як бор ҳаво фиристодан ба сеяки поёни сари сина ба муқобили сутунмӯҳра 4-5 фишори таконмонанд медиҳанд (расми 63). Сари синаи калонсолонро дар масофаи 4-5см ва бачагони хурдсолро дар масофаи 1,5-2см дар ҳар дақиқа 7-9 маротиба фишор медиҳанд. Пас аз 4-5 маротиба фишордиҳӣ боз ба даҳон ё бинии ҷабрдида ҳаво фиристодан лозим аст. Агар гавҳараки чашмони ҷабрдида хурд, пӯсти баданаш сурхчатоб ва набзаш пайдо шавад, пас ин натиҷаи хуби додани ёрӣ аст. Ба ғарқшуда то мустақилона нафас гирифтан ва ба ҳуш омаданаш ёрии аввалин расондан лозим аст. Ва ниҳоят, ба бемор чойи гарм дода, ба ягон матоъ печонида, ба беморхона мебаранд.


Саволҳо:

1. Чаро ҳангоми кори фаъоли мушакҳо одам тез-тез ва чукур нафас мегирад?

2. Чаро дар хонаи дуруст шамолдодашудаи серодам нисбат ба ҳарвақта одам тез-тез ва чукур нафас мегирад?

3. Нафаси сунъӣ чист?

4. Чӣ тавр ба ҷабрдида ёрии зарурӣ расонидан лозим аст?