§ 2. ҲУҶҶАТҲОИ АВВАЛИНИ ҶОМЕАСОЗИИ ҲОКИМИЯТИ ШӮРАВӢ

§ 2. ҲУҶҶАТҲОИ АВВАЛИНИ ҶОМЕАСОЗИИ ҲОКИМИЯТИ ШӮРАВӢ

  Тавсифи умумии масъала. Дар рафти Инқилоби Октябр вазифаи асосии инқилоб - ба даст гирифтани ҳокимияти сиёсӣ ва ҷорӣ гардидани диктатураи пролетарӣ иҷро гардида буд, вале ин диктатура фақат дар шакли эъломия  вуҷуд дошт. Агарчи ҳокимияти марказӣ ва қонунбарор ба дасти инқилобчиён даромада буд, ҳанўз ҳам ҳокимияти маҳаллӣ ва иҷроия дар дасти дастгоҳи идории куҳна буд. 

  Ба инқилоби ғалабакарда таъсиси органҳои нави давлатдорие лозим буд, ки қонуну қоидаҳо ва принсипҳои синфии ин ҳокимиятро дастгирӣ ва дар амал ҷорӣ карда тавонад. Ин корро ба воситаи барҳам додани идораҳои пештараи давлатдорӣ амалӣ кардан мумкин буд. Дар шароити Тоҷикистон ин органҳои куҳнаи давлатдорӣ: Кумитаҳои иҷроияи уездӣ, Комиссариати маҷбуриятҳои ҳарбӣ, думаҳои шаҳрии Хуҷанд ва Ўротеппа, полиси уездӣ, суди уездӣ, кумитаҳои ҷамъиятии бехатарӣ, маъмурияти волостӣ, приставӣ, оқсақолҳо (старшинаҳо) судҳои халқӣ, қозигӣ, сохтору идораҳои маъмурию  хоҷагӣ буданд, ки адои вазифа доштанд. Дар Хуҷанд дар раванди барпогардии Ҳокимияти Шўравӣ фақат вазифаи комиссари уезд аз байн рафта буду бас. 

  Раванди ба даст гирифтани ҳокимияти сиёсӣ дар қисматҳои тоҷикистонии Туркистон воқеаи фаврӣ ё дар як рўз ба амал меомадагӣ набуд. Ин раванд аз ноябри соли 1917 оғоз ёфта, то охири соли 1918 тўл кашида буд. Аз ин рӯ, раванди барҳам додани  идораҳои пештараи давлат ва таъсиси наваш ҳам  кори фаврӣ дар тамоми давлат шуда наметавонист. Барои татбиқи он ду чиз - қонун ва мутахассис лозим буд. Он чи ки ба қонун вобаста буд, онро Анҷумани дуюми шӯроҳои умумирусиягӣ октябри соли 1917 таъмин карда буд. Акнун ин қонунҳоро амалӣ кардан даркор буд. Барои татбиқи амалии ин қонунҳо маъмурияти (аппарати) махсус – ҳокимиятро дар ҳама зинаҳо, аз поён то ба боло  доштан лозим буд. Ин кори осон набуд. Чунки маъмуриятҳои вуҷуддошта гарчи аз доираи қонуни шӯравӣ берун эълон карда шуда бошанд ҳам, баъзеи онҳо, дар натиҷаи интихобот ба ҳукумат омада буданд. Аз ин рӯ, онҳо худро намояндаи халқ медонистанд ва амал мекарданд. Ба Ҳукумати Шӯравӣ зарур буд, ки ин сохторро ё қабул ва ё пароканда намояд. Имконияти воқеии ин ҳар ду  ҳам нигоҳ доштани маъмурияти куҳна (ба шарте, ки қонунҳои Ҳокимияти  Шӯравиро қабул мекарданд) ва ҳам фавран пароканда кардани онҳо буд. Ин органҳо ин корро накарданд. Дуюмаш он ки муассисаҳои идорӣ қарорҳои Ҳукумати Шӯравиро қабул накарданд. Давлат ба зӯран барҳам додани онҳо ва таъсиси органҳои нав шурӯъ намуд. Ин раванд дар таъсиси баъзе органҳои идории Туркистони шӯравӣ то охири соли 1919 ва дар Бухорои Шарқӣ то охири соли 1921 давом ёфт. Кашолёбии ин ивазшавии сохтор ба муқобилияти сахти синфӣ ва имконияти ҳукумати нав дар иваз карда тавонистани онҳо вобаста буд.

   Дар ҳама ҳолат барҳам додани идораҳои куҳнаи давлатӣ дар асоси декретҳо ва қарорҳои Ҳокимияти Шӯравӣ амалӣ карда мешуд,  ки дар давраи худ бо номҳои декретҳою дек-     ларатсияҳо ва қарорҳо машҳур буданд. Аз ҷумлаи чунин   декретҳо ва қарорҳо, ки дар асоси онҳо чорабиниҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ гузарониданро дар назар дошт, «Эъломияи ҳуқуқҳои халқи заҳматкаш ва мазлум», муроҷиатнома «Ба ҳама меҳнаткашони мусулмони Русия ва Шарқ», «Ба ҳамаи Шӯроҳо» ва декрет «Дар бораи замин» буданд. 

  Эъломияҳо. Муҳимтарин эъломияи қабулкардаи Ҳукумати аввалини инқилобӣ «Эъломияи ҳуқуқҳои халқи заҳматкаш ва мазлум» буд. Ин эъломияро ШКХ ва шахсан В.И.Ленин тартиб дода буданд. Эъломияро Кумитаи Иҷроияи Марказии умумирусиягӣ 3-юми январи соли 1918 қабул карда, барои ҳукми қонунӣ гирифтанаш онро 5 (18)-уми январ ба маҷлиси муассисон, ки кораш ҳоло идома дошт, пешниҳод кард. Аз сабаби он ки аксарияти намояндагони маҷлиси муассисон эсерӣ-меншевикӣ буданд, ин ҳуҷҷатро ба муҳокима қабул кардан нахостанд. 18-уми январи соли 1918 эъломияро Анҷумани муттаҳидаи шӯроҳо тасдиқ кард. 10-уми июли соли 1918 бошад, эъломия ҳамчун қисми таркибии конститутсияи шӯравӣ қабул гардид. Эъломияи  ҳуқуқҳои  халқҳои  Русия. 

  Лоиҳаи эъломияро В.И.Ленин тайёр карда, онро ШКХ 2 (15)-уми ноябри соли 1917 тасдиқ намудааст. Дар эъломия чунин принсипҳои асосии сиёсати миллии шӯравӣ эълон шудаанд: баробарӣ ва истиқлолияти  халқҳо; ҳуқуқи халқҳои Русия барои худмуайянкунии озод то ҷудошавӣ ва ташкили давлати мустақил; бекор кардани ҳама гуна имтиёзу маҳдудияти миллӣ ва миллию динӣ; инкишофи озоди ақаллиятҳои миллӣ ва гурӯҳҳои қавмӣ (этникӣ).

  Муроҷиатномаҳо. Муҳимтарин ҳуҷҷати оид ба масъалаи сиёсӣ ва миллии дохилӣ қабулкардаи ҳукумати инқилобӣ муроҷиатномаи Анҷумани дувуми умумируссиягии шӯроҳо «Ба ҳамаи меҳнаткашони мусулмони Русия ва Шарқ» буд, ки онро 20-уми ноябри соли 1917 Шӯрои Комиссарони Халқи Ҷумҳурии Шӯравии Русия қабул карда буд. Муроҷиатнома эълон дошт, ки ҳамаи мазҳабҳо, урфу одатҳо, муассисаҳои миллӣ ва мадании мусулмонон озод ва дахлнопазир эълон карда мешаванд, ҳамаи ҳуқуқҳои халқҳои мусулмон чун ҳуқуқҳои тамоми халқҳои Русия бо тамоми иқтидори инқилоб ва маъмуриятҳои он - шӯроҳои намояндаҳои коргарон, аскарон ва деҳқонон муҳофизат карда мешавад.

  Муроҷиатнома «Ба ҳамаи шӯроҳо».  Ин муроҷиатномаро Комиссариати корҳои дохилӣ 22-юми декабри соли 1917 қабул карда буд. Дар ин ҳуҷҷат дар бораи таъсиси идораҳои шӯравӣ дар маҳалҳо сухан мерафт. Ин аввалин ҳуҷҷате буд, ки дар асоси он дар ҳудудҳои дурдасти собиқ Русияи шӯравӣ, аз ҷумла дар   Туркистону қисматҳои он ҳокимияти шӯроҳо ба ҳукумати қонунӣ табдил ёфтанро сар карда буданд. 

  Декретҳо. Муҳимтарин декретҳои Ҳукумати Шӯравӣ барои халқҳои мазлуми Русия аввалан декрет «Дар бораи сулҳ» ва барои тоҷикони шӯравӣ декрет «Дар бораи замин» буданд. 

Дар декрети шӯравӣ «Дар бораи сулҳ» мароми аҳолии кураи замин, дар бораи дар сулҳу оромӣ нигоҳ доштани ҷаҳон ва аз ҷанги давомёфтаистодаи ҷаҳонӣ ба таври яктарафа баромадани Русия ва ба ин иқдом рафтани давлату халқҳои дигарро даъват кардани Ҳукумати Шӯравӣ сухан рафта бошад, дар «Декрет дар бораи замин» сухан дар бораи ҳалли масъалае мерафт, ки он асрҳо боз асоси муборизаи сиёсию иқтисодии умуман ҷомеаи буржуазиро ва хусусан Русияро ташкил медод.     Декрет ин масъаларо бечунучаро ба манфиати деҳқонони безамину камзамин ҳал намуд.Замин моликияти умумихалқӣ (давлатӣ) эълон гардид ва дар асоси қарор ба деҳқонон ройгон ва ба истифодаи якумра тақсим шуданашро дар назар дошт.  

 Луғат 

  1. Декрет – калимаи лотинӣ буда, маънои указ, қарорро дорад ва ҳамчун номи акти ҳуқуқӣ фаҳмида мешуд ва мешавад. 

  2. Указ – указ, фармони сарварони давлат дар назар    дошта мешавад. 

  3. Деклоратсия – вожаи лотинӣ буда, маънои изҳорот ва огоҳномаро дорад. 

  Саволҳо

1. Мақомоти идораи кишвари Туркистонро номбар кунед. 

2. Мақомоти идораи уезди Хуҷанд ва минтақаи Помирро номбар кунед. 

3. Мақомоти навташкили шӯравии уезди Хуҷанд ва минтақаи Помирро номбар кунед.

Реклама