§ 60. АҚИБГОҲ ДАР ХИЗМАТИ ҶАНГ.МЕҲНАТИ ФИДОКОРОНАИ ХАЛҚҲОИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОЛҲОИ ҶАНГИ ДУЮМИ ҶАҲОНӢ

§ 60. АҚИБГОҲ ДАР ХИЗМАТИ ҶАНГ.МЕҲНАТИ ФИДОКОРОНАИ ХАЛҚҲОИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОЛҲОИ ҶАНГИ ДУЮМИ ҶАҲОНӢ

  Ба давраи ҷангӣ мутобиқ гардондани хоҷагии халқ. Сиёсати саноатикунонии пешазҷангии Тоҷикистон имконият дод, ки дар давраи ҷанг иқтисодиёт ҳарчӣ тезтар ба манфиату талаботи ҷанг мутобиқ гардонда, таносуби мавҷудаи инкишофи соҳаҳои алоҳидаи истеҳсолот таѓйир дода шавад. Ин кори осон набуд, вале иқтисодиёти ба муносибатҳои истеҳсолии сотсиалистӣ (умумихалқӣ-давлатӣ) асосёфтаи нақшавӣ имкон дод, ки дар сохтори қувваҳои истеҳсолкунанда ва захираҳои меҳнатӣ таѓйироти ҷиддӣ ба амал бароварда шавад. Бо назардошти талаботи давраи ҷанг, саноати электроэнергетика, сўзишворӣ , абрешим, дўзандагӣ,  чарму пойафзор, гӯшт, равғанкашӣ, консерва ва матоъ соҳаҳои асосӣ ва аҳамияти давлатию  стратегӣ доштаи ҷумҳурӣ эълон шуда буданд.

  Дар соҳаи кишоварзӣ мебоист истеҳсоли ғалла ва саршумори чорво ба дараҷае зиёд карда мешуд, ки ҳам талаботи ҷумҳурӣ ва ҳам фронтро қонеъ гардонад. 

  Дар рӯзҳои аввали ҷанг саноати дӯзандагӣ, коркарди металл, шоҳибофӣ, сӯзишворӣ, консервабарорӣ ва истеҳсоли спирт ба саноати ҳарбӣ тобеъ карда шуданд. Баъзе корхонаҳо таҷҳизонида шуда, ба истеҳсоли қисмҳои эҳтиётӣ ва тиру тӯп, минаҳои зиддитанкӣ ва минаҳои шинокунанда сар карданд. Охири соли 1941 Кумитаи давлатии эвакуатсионии Тоҷикистон таъсис ёфт, ки вазифааш қабул, васл ва ба кор андохтани корхонаҳои аз минтақаҳои ҷанг ва ё наздиҷангӣ кӯчонидашуда иборат буд. Ин корхонаҳо дар Душанбе, Хуҷанд, Исфара, Конибодом васл карда шуда буданд. Аз нарасидани қуввваи корӣ ва инженеранд техникҳо, муаллимон, давлат ба баъзе соҳибкасбҳо имтиёз ҷорӣ кард, то ки онҳоро ба ҷанг даъват накунанд. Рӯзҳои истироҳату рухсатии меҳнатӣ бекор ва рӯзи кории хатмии 10-соата ҷорӣ карда шуд. Тоҷикистон ба вазъи ҳарбӣ гузашт. Шиорҳои ибтидои ҷанг «Ватан-Модар даъват мекунад» ва «Ватани сотсиалистӣ дар хатар аст» шиорҳои асосӣ гардида буданд. 

  Вазъияти иқтисодии ҷумҳурӣ. Саноат. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ тамоми қувваи меҳнаткашони Тоҷикистон баҳри ғалаба бар душман равона карда шуда буд. Ҷавобан ба шиори «Ҳама чиз барои фронт, ҳама чиз барои ғалаба» мардуми ҷумҳурӣ зарбдорона меҳнат мекард. Дар он солҳо истеҳсоли молҳои саноатӣ ва кишоварзӣ афзун гардид. Дар вазъияти мушкили ҷанг сохтмони НБО-и Варзоби Поён давом дошт. Заводи «Трактродетал», заводҳои шир дар Душанбе ва Хуҷанд ба кор даромаданд. Ҳамагӣ дар солҳои ҷанг 20 корхонаи саноатӣ ба кор даромад. Шумораи коргарон аз 31 ҳазор дар соли 1940 то 32, 200 дар соли 1945 афзоиш ёфт.

  Саноати бофандагӣ аз ҳисоби ба кор андохтани  комбинати бофандагии Душанбе (1942-1945) истеҳсоли матоъ 12 баробар, рағану паниру шир 4,4 баробар афзуд. Истеҳсоли маҳсулоти дӯзандагӣ , шоҳиворӣ, чарму пойафзор, гӯшту корсерва, равған муттасил зиёд мешуд. 50 %-и маҳсулоти умумии саноатиро саноати сабук ташкил медод, ки ҳиссаи саноати хӯрокворӣ ба 31,2 % ҳаҷми умумии маҳсулоти саноатӣ ва ё 62,4% маҳсулоти саноати хӯроквориро ташкил медод. Дар саноати хурокворӣ бошад, 5,3 ҳиссааш ё 60% ба саноати ордкашӣ ва шаробкашӣ рост медод. Саноати хӯроквории ҷумҳуриро 71 корхонаи калон ташкил медод, ки аз ҷумлаи онҳо корхонаҳои равған 13, орду спирту пивокашӣ 8, консерва 4, шаробкашӣ  4, гӯшт 8, нонпазӣ 26-то буданд. Дар ин корхонаҳо 56 % синфи коргари ҷумҳурӣ кор мекард.

  Кишоварзӣ. Дар солҳои ҷанг маблағгузорӣ ба соҳаи кишоварзӣ қариб 5 баробар кам шуд. Бо сабаби ба корҳои ҳарбӣ ҷалб шудани техника ва нақлиёти ПМТ (МТС)-ҳо иқтидори техникии онҳо паст фуромад. Пахтакорӣ кам шуду ғаллакорӣ, боғдорӣ, кирмакпарварӣ ва чорводорӣ зиёд гардид. Аз нарасидани техника, қувваи корӣ ва нуриҳо ҳосилнокии  зироатҳои кишоварзӣ паст шуд. Ба ҳамаи ин душвориҳо нигоҳ накарда, Тоҷикистон мебоист худро бо ғалла таъмин мекард ва ба фронт ҳам ёрӣ медод. Деҳотро занони тоҷик, мӯйсафедон, наврасон ба шефӣ гирифтанд. Занҳо касбҳои мардона – тракторчӣ, ронанда, ҷуфтрониро азбар намуданд. Агарчи истеҳсоли пахта аз 172 ҳазор тоннаи соли 1940 ба 58 ҳазор тонна дар соли 1943 фуромада бошад ҳам, меҳнати пахтакорони ҷумҳуриро Ҳукумати умумииттифоқ ҳамчун ғалабаи меҳнатӣ эътироф карда буд. Деҳоти Тоҷикистон эҳтиёҷи минималии худро бо ғалла таъмин мекардагӣ шуд. 

  Агар дар ҳаёти сиёсии Тоҷикистон пешгоҳ фронт бошад, дар ҳаёти иқтисодию меҳнатӣ ақибгоҳ ҳам фронт буд, фронти корнамоиҳои меҳнатӣ. Деҳқонони тоҷик дар ин фронт ҳам муваффақиятҳо ба даст оварда буданд.

  Ёрӣ ба фронт. Ёрии ақибгоҳ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ омили асосии ғалаба буд. Ин ёрӣ дар таъмин бо қувваи зинда – одам, лавозимоти ҷангӣ, маводи ғизоӣ ва дастгирии рӯҳиявӣ таҷассум меёфт, яъне ягонагии фронту ақибгоҳ кори ҳаёту мамоти ҳамаи халқҳо, аз ҷумла тоҷикистониён гардида буд. Оғози онро августи соли 1941 гуфта метавонем, чунки 3 августи соли 1941 Ҳукумати СССР (ИҶШС) сар шудани Ҷанги Бузурги Ватаниро эълон кард.

  Аввалин қадами халқи тоҷик дар масъалаи ёрӣ ба фронт ба шефӣ гирифтани Артиши Сурх буд. Ҳазорҳо ҷавонписарону духтарон ва калонсолон аризаи ихтиёрӣ ба ҷанг рафтанро навишта буданд. Фақат соли 1941 10 ҳазор нафар ихтиёрӣ ба фронт рафтанд. 

  Соли 1941 барои Тоҷикистон ба андозаи 1 миллион сӯм коғазҳои бурднок – заём ,ки бо номи заёми ҷангӣ машҳур гардида буд бароварда  шуда буд. Аҳолӣ онро харидорӣ карда, хоҳиш намуд, ки барои Тоҷикистон боз ба миқдори 1 миллион сӯм (дар эквивалент ба қурби соли 1961) қоғазҳои бурднок ҷудо карда шавад. 

  Соли 1942 дар мамлакат бо даъвати колхозчиёни Тамбов барои сохтани техникаи ҷангӣ ҷамъоварии маблағ сар шуд. Меҳнаткашони Тоҷикистон барои таъсиси эскадриляи «Тоҷикистони советӣ» 35, 2 миллион сӯм ва барои ташкили колоннаи танкии «Колхозчии Тоҷикистон» 84 миллион сӯм ҷамъ оварданд. Ин ҳавопаймо ва танкҳо аз муҳорибаи Сталинград сар карда, дар тамоми муҳорибаҳои минбаъда иштирок доштанд. 

  Ёрӣ ба фронт ҳамаҷониба буд. Баъзеҳо пули калон, баъзеҳо зару зевар ва баъзеҳо аспи ҷангии худро (Замонов, Латифов, Соҳибназаров) ба «Фонди ҷанг» супорида буданд. Зани тоҷик ба фронт дастпӯшаку ҷуробҳою, либоси гарм бофтаю дӯхта мефиристод. 

  Ба Тоҷикистон ба тариқи фаврӣ госпиталҳо, ятимхонаҳо кӯчонда оварда шуда буданд. Шиори «Ҳама чиз барои фронт, ҳама чиз барои ғалаба» шиори хушку холӣ набуд. Меҳнаткашони Тоҷикистон ин шиорро ҳамчун шиори муҳориба қабул карда буданд. Инро аз матни «Мактуби халқи тоҷик ба ҷанговарони тоҷик», ки соли 1943  эълон карда шуда буд, дарёфтан мумкин аст. Халқ ба ҷанговарон ваъда дода буд, ки барои таъмини ҷанговарон бо яроқу аслиҳа, хӯрок ва либос, ҳамаи чороҳоро мебинад вале аз онҳо ғалабаро талаб дорад. 

  Ин мактубро, ки 390 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон имзо карда буданд, 20 марти соли 1943 рӯзномаи «Правда» чоп кард. Ин мактуб рӯҳияи ҷангии ҷанговарони Тоҷикистонро баланд бардошта буд. Аҳолӣ ба «Фонди ҷанг» 147 миллион сӯм, 45 207 ҳазор сӯмина қоғазҳои бурднок, 532 ҳазор либоси гарм,123830 пуд туҳфа, ки 151 вагонро ташкил медод, фиристодааст. Ин аст, ки ҳазорҳо меҳнаткаши тоҷик бо медали «Барои меҳнати шуҷоатмандона дар Ҷанги Бузурги Ватании 1941-1945» мукофотонида шудаанд.

  Луғат

 1. «Ба ҷойи шавҳарон, бародарон, ва писарони ба фронт рафта кор мекунем» - ҳаракати умумихалқӣ буд, ки дар ибтидои Ҷанги Бузурги Ватанӣ сар шуда, ба шиори мeйсафедону кадбониҳо ва ҷавонони ноболиғ табдил ёфта буд. 

 2. Барои худ ва он ҷавон - ҳаракати умумихалқӣ, ки дар истеҳсолот ба ҷойи як норма иҷрои ду нормаро дар назар дошт. 

 3. Ёрӣ ба фронт - шиори Давлат ва халқи Шӯравӣ, ки ҳадаф аз он фронтро бо ҷанговарони бо асосҳои таълими ҳарбӣ шинос, қӯшунро бо сарулибос , яроқ, хӯрокворӣ ва лавозимоти ҷангӣ таъмин кардан буд. Асоси ин ёриро меҳнати ҷангӣ –ду ва зиёда аз он нормаро иҷро кардан ташкил медод. 

 4. Заёми ҷангӣ - қоғазҳои қиматноке, ки солҳои ҷанг бароварда шуда буданду халқ онҳоро ҳамчун қарз вале маҷбурӣ харидорӣ мекард ва дастгирии умумихалқиро ҳам ёфта буд. 

 5. Фанди мудофиа - чорабиние буд, ки соли 1941 барои дастгирии саноати ҳарбӣ ва қӯшун таъсис дода шуда буд. Ин фонд аз ҳисоби пули нақд, қоғазҳои қиматнок ва ашё амал мекард. 

 6. «Ҳама чиз барои фронт, ҳама чиз барои ғалаба» - шиори халқи шӯравӣ, ки мақсад аз он таъмини ғалаба аз ҷониби қушунҳои шӯравӣ буд. 

  Саволҳо:

1.Ёрии ақибгоҳ ба фронт дар чиҳо зуҳур меёфт, нақл кунед? 

2.Ягонагии фронту ақибгоҳро бо далелҳо фаҳмонед? 

3.Ба ҳолати ҳарбӣ мутобиқ кардани мамлакатро шарҳ диҳед? 

4.Халқҳои Тоҷикистон ба кадом миқдор заёми ҷангӣ хоридорӣ карда буданд? 

5.Тоҷикистониён ба фонди мудофиа чӣ қадар маблағ гузаронида буданд?