Тавсифи умумӣ. Хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон таърихан серсоҳа буд. Қариб, ки ҳама навъҳои ғалла, мева, чорпо, парандаҳои хонагӣ кишту парвариш карда мешуданд. Вале ҳар минтақа дар ҳама давру замон соҳаҳои асосии худро дошт, ки онро талаботи истеъмолии маҳал ва бозори дохилии мамлакат муайян мекард. Зироаткорӣ, боғдорӣ ва чорводорӣ бештар ба боздеҳи иқтисодии онҳо асос ёфта буданд, яъне деҳқон он навъи ғалла, мева, чорвоеро кишту парвариш мекард, ки аз он ҳосили дилхоҳ гирифта тавонад. Аз ин рӯ, минтақаҳои Тоҷикистон ҳоло аз асри миёна сар карда, кайҳо ба шаклҳои истеҳсолии тахассусӣ гузашта буданд ва ин истеҳсолоти тахассусӣ дар давраи нав – сохтмони сотсиализм ҳам истифода мешуд. Дар Тоҷикистон дар нимаи аввали асри ХХ кишти ғалладонаи навъҳои гандум, ҷав , ҷавдор, шолӣ, нахӯд, наск, лӯбиё, ҷуворӣ, мош, арзан, зағир, кунҷид ва ғайраҳо; аз зироатҳои полизӣ харбуза тарбуз, каду, пиёз, карам; аз меваҳо зардолу, чормағз, ангур, тут, себ, олуча; аз ҳайвонот буз, гӯсфанд, гов, асп, хар навъҳои асосӣ ба ҳисоб мерафтанд. Пахта ва пилла ҳам дар иқтисодиёту маишати тоҷикон аҳамият дошт. Пахтаи ҷойдорӣ - ғӯза ва кирмак кишту парвариш мекарданд, ки хоси ҳама минтақаҳои Тоҷикистон буданд, вале фақат барои риштану бофтан ба онҳо баъди 10-15 сол рӯ меоварданд.
Дар даврони шӯравӣ пахтакорӣ ва кирмакпарварӣ ба соҳаҳои афзалиятноки зироат ва касб табдил ёфтанд.
Пахтакорӣ. Пахтакорӣ дар иқтисодиёти деҳоти тоҷик маҳз дар давраи шӯравӣ, дар солҳои 30-ми асри ХХ, махсусан дар давраи сиёсати коллективонии деҳот, мақоми хосса пайдо карда, ба ашёи хоми стратегӣ ва саноатӣ табдил ёфт. Тоҷикистон ба яке аз ҷумҳуриҳои асосии истеҳсолкунандаи пахта ихтисос дода шуда буд. Ин ихтисос ҳама истеҳсолкунандагонашро аз ҳама гуна имтиёзҳои давлатӣ бархӯрдор гардонда буд. Маблағгузории даркорӣ, низ аз ҷумлаи ин имтиёзҳо буд, ки бе он ин соҳаро ба дараҷаи даркорӣ ривоҷ додан мумкин набуд.
Пешомади инкишофи пахтакории Тоҷикистон дар нақшаҳои панҷсолаҳои якуму (1928/29-1932/33) дуюм(1933-1937) дарҷ гардида буданд. Ба нақша гирифта шуда буд, ки дар ҷумҳурӣ истеҳсоли пахта дар охири панҷсолаи дувум ба 80 ҳазор тонна расонда мешавад. Барои ба ин мақсад расидан ба нақша гирифта шуда буд, ки шабакаҳои обёрии вуҷуд дошта васеъ ва пурра карда шуда, шабакаи обёрии нави водии Вахш, ки мебоист 94 000 гектар заминро обшор мекард, инчунин канали магистралии Вахш сохта ба кор андохта мешуд. Дар сохтмони ин иншоот тамоми мамлакати шӯравӣ ва мутахассисони хориҷӣ иштирок доштанд. Барои бунёди канали Вахш 155,5млн.сӯм сарф гардида буд, ки қудрати буҷети Тоҷикистон ба он дар даҳсолаҳо намерасид. Канали Вахш махсули дӯстии халқҳо, ҳамкории ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ буд. Ин канал водии гарм ва хушкро ба водии тиллоӣ, водии истеҳсоли пахта табдил дод. Дар водии Вахш, маҳз ба хотири обу ҳосилнокии заминаш, соли 1929 Маркази тадқиқотии пахтакорӣ ташкил дода шуд.
Тоҷикистон соли 1927 27 ҳ.т., соли 1928 38,6 ҳ.т., соли 1929 37,1 ҳ.т. пахта истеҳсол карда буд, ки ҳосилнокии он аз ҳар гектар 7 – сентнериро ташкил медод. Солҳои 1929-1932 кишти пахта ба 119,6 ҳ.га (ба ҷойи 52,2 ҳ.га соли 1928) расонда шуда буд, вале ҳосилнокии он аз 6,5 сентнерӣ то ба 4,1 сентнер кам гардида буд, яъне қариб 3 сентнер аз як гектарро ташкил медод. Истеҳсоли пахта соли 1932 48,9 ҳ.тоннаро ташкил дода буд.
Соли 1935 ҷумҳурӣ 80555 т., соли 1936 зиёда аз 120000 т., соли 1937 зиёда аз 178000 т. ва соли охири панҷсолаи дувум 183000 т. пахта истеҳсол намуда аз рӯйи ҳосилнокӣ дар мамлакати шӯравӣ ба ҷойи якум баромад.
Ғаллакорӣ. Ғаллакорӣ яке аз соҳаҳои асосии хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт ва то соли 1929 истеҳсоли он ба дараҷаи тоинқилобӣ расонида шуда буд. Соли 1913 дар ҳудуди Тоҷикистон тақрибан 413 ҳ.га замин кишт ва тақрибан 200-202ҳ.т. ғалла истеҳсол мешуд. Кишти ғалла сол ба сол зиёд ва ҳосилнокии он баланд мегардид. Соли 1932 дар ҷумҳурӣ 573,7 ҳ.га кишт ва 383,3 ҳ.т. ғалла рӯёнда шуда, ҳосилнокии ғалла аз 7,7 сентнери соли 1932 ба 9,2 сентнер дар соли 1937 расид. Соли 1937 истеҳсоли ғалладона ба 488,1 ҳ.т. расонда шуд.
Аз соли 1938 сар карда, дар ҷумҳурӣ истеҳсоли ғалла дар заминҳои обӣ тамоюл ба камшавӣ ва дар заминҳои лалмӣ тамоюл ба зиёдшавиро гирифт. Дигар ин ки Тоҷикистон ба ивази пахта аз ҷумҳуриҳои Русия ва Украина ғаллаи зиёде мегирифтагӣ шуду истеҳсоли ғаллаи хӯроквориро кам кард. Минбаъд ҷумҳурӣ фақат ғаллаи техникӣ кишт мекардагӣ шуд.
Чорводорӣ. Чорводорӣ соҳаи дуюми хоҷагидории аҳолии Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт. Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ саршумори чорвои ҷумҳурӣ бениҳоят кам гардида буд. Баъди ҷанг ҳам ин раванд тамоюл ба камшавӣ дошт. Тадбирҳои давлат бо роҳи қисме аз аҳолиро аз андози чорво озод кардан, сари роҳи камшавии саршумори чорворо гирифта бошад ҳам, бе дастгирию ёрии давлат саршумори онро зиёд кардан душвор буд. Як роҳи зиёд кардани саршумор ташкили чорводории ҷамъиятӣ (кооперативӣ-коллективӣ) дониста шуда буд.
Дар солҳои 20-ми асри ХХ дар Тоҷикистон чорводории ҷамъиятӣ қариб, ки вуҷуд надошт. Чорводории ҷамъиятӣ хоси давраи коллективонии деҳот буд ва ҳаст, чунки ба колхозҳои навтаъсиси ғаллакору пахтакор иҷозати доштани миқдори муайяни чорво ҳам дода шуда буд. Дигар ин ки аз соли 1930 сар карда, дар ҷумҳурӣ хоҷагиҳои чорводор ҳам таъсис ёфта буданд. Аз тарафи дигар, кӯшиши таъсиси колхозҳои чорводор ва тарғиботи зидди сиёсати кооператсиякунӣ ва коллективонӣ ба умуман несткунии чорво ва хусусан чорвои корӣ боис гардид. Аксари аҳолӣ дар давраи сиёсати саросар гузаштан ба ТОЗ-ҳо ҳамчун эътироз қасдан даст ба забҳи чорвои корӣ зада буданд. Ин қасд дар солҳои минбаъда сабаби кам шудани кишт ва душворӣ дар маъракаи шудгор гардид.
Солҳои 1932-1937 барои ташкили колхозҳои чорводорӣ Ҳукумати умумииттифоқӣ ба Тоҷикистон ба воситаи чорвои зинда ёрии амалӣ расонида буд. Ба ҷумҳурӣ аз Русия, Украина ва Қазоқистон чорвои зиёде оварда шуда буд, вале аз надоштани таҷрибаи хоҷагидорӣ саршумори онҳоро нигоҳ дошта натавонистанд. Фақат аз соли 1936 сар карда, дар ҷумҳурӣ раванди афзоиши чорводории ҷамъиятӣ оғоз гардид. Сабаби асосии ин раванд қарори Ҳукумати Шӯравӣ дар бораи барои ҳар як колхоз ба таври ҳатмӣ доштани ду фермаи чорводорӣ гардида буд: як фермаи молӣ ва як фермаи ширӣ. Фермаи молӣ фермаи чорвои хурд (бузу гӯсфанд) ва фермаи ширӣ чорвои калон-говҳои ҷӯшоӣ буд. Барои ин мақсад соли 1935 колхозу деҳқонон аз давлат 2497 ҳ. сӯм ёрӣ гирифта буданд. Баробари ин, давлат корҳои зиёдеро оид ба хизмати зоотехникию зооветеринарӣ ба роҳ монда буд. Дар натиҷа саршумори чорво соли 1937 ба 2135000, чорвои калони шохдор ба 500,1 ҳ. ва чорвои хурд ба 1634900 сар расида буд.
Соҳаҳои дигари хоҷагидорӣ. Сиёсати нодурусти андози боғот дар солҳои 1917-1932 бисёр боғҳоро аз байн бурда буд. Бинобар ин, аз соли 1935 сар карда, сиёсати давлатӣ нисбати боғҳои шахсӣ ва ҷамъиятӣ тағйир ёфта, андози тафриқавӣ ҷорӣ гардид. Дар натиҷа дар солҳои 1936-1937 боғҳо 60,7% зиёд гардида, масоҳати умумии онҳо ба 24,6 ҳ. га расид. Дар ҷумҳурӣ деҳқонони 9 совхоз ба боғдорӣ машғул буданд.
Дар солҳои 30-м кирмакпарварӣ ҳам ба соҳаи даромадноки иқтисодӣ табдил ёфта буд. Истеҳсоли пилла аз 619550 килои соли 1932 ба 1360797 килограмм дар соли 1937 расида буд. Луғат
1. Ферма – аз фирмаи англисӣ маънои истеҳсолот, хоҷагии яксоҳаро ифода мекунад.
Супориш
1. Сабабҳои асосии васеъ шудани кишти пахтаро шарҳ диҳед.
2. Аввалин колхозҳои миллионери Тоҷикистонро номбар кунед.
3. Омилҳои асосии рушди чорводориро номбар кунед.
Реклама