§ 51. ИШТИРОКИ ТОҶИКИСТОНИЁН ДАР НАБАРДҲОИ АВВАЛИ ҶАНГИ  ДУЮМИ ҶАҲОНӢ (ОКТЯБРИ СОЛИ 1939 - МАРТИ СОЛИ 1940)

§ 51. ИШТИРОКИ ТОҶИКИСТОНИЁН ДАР НАБАРДҲОИ АВВАЛИ ҶАНГИ  ДУЮМИ ҶАҲОНӢ (ОКТЯБРИ СОЛИ 1939 - МАРТИ СОЛИ 1940)

  Тоҷикистониён дар озод намудани Украинаи Ғарбӣ, Беларуси Ғарбӣ ва Молдоваи Ғарбӣ. 1-уми сентябри соли 1939 Ҷанги дуюми ҷањон сар шуд. Сабаби саршавии ҷанг аз сари нав тақсим кардани ҷаҳони тақсимшуда буд. Ташаббускори ин тақсимот Олмони фашистӣ ва иттифоқчиёни ӯ – Италия ва Ҷопон буданд. Баҳонаи саршавии ҷанг ҳуҷуми Германия ба Польша гардид. СССР (ИҶШС) ҳам ба ин ҷанг ҳамроҳ шуд. Ҳадафҳои асосии ба ин ҷанг ҳамроҳ шудани СССР (ИҶШС) баргардонидани Беларуси Ғарбӣ, Украинаи Ғарбӣ ва Бессарабияи Ғарбӣ ба ҳайати Беларус, Украина ва Молдова буд. Ин ҳудудҳо соли 1918 мувофиқи шартномаи Версал ва Брест ба ҳайати Полша, Венгрия, Руминия ва Олмон дохил гардида буданд. Акнун СССР (ИҶШС) аз вазъияти байналмилалии ба вуҷудомада истифода бурда, ин минтақаҳоро баргардониданӣ шуд. Баъди ба ҷанги зидди Олмон дохил шудани Англия ва Фаронса СССР (ИҶШС) ҳам бе эълони ҷанг қӯшунҳои худро ба Беларуси Ғарбӣ, Украинаи Ғарбӣ ва Бессарабияи Ғарбӣ даровард. Ба ҳаракати қӯшунҳои шӯравӣ дар ин минтақа миллатгароён муқобилат нишон доданд, вале қӯшунҳои шӯравӣ бе ягон душвории ҳарбӣ минтақаҳои номбурдаро ишғол намуданд. Дар ин ҷангҳои кӯтоҳмуддат, ки асосан бо миллатгароёни Украин бо роҳбарии С.Бендера сурат гирифта буд, намояндагони Тоҷикистон ҳам иштирок доштанд. Аз ҷумлаи онҳо Неъмат Қаробоев, Ҳодӣ Кенҷаев, Фатҳулло Аҳмадов, Амиралӣ Саидбеков, Ӯрунбек Яъқубов, Олим Ҳакимов ва садҳо дигаронро номбар кардан мумкин аст, вале тафсилоти корномаҳои ҷангии солҳои 1939-1940-и онҳо ҳанӯз ҳам омӯхта нашудаанд. Ҳамаи номбаршудагон дар солҳои 1943-1945 ба унвони «Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ» сазовор гардидаанд.

  Тоҷикистониён дар Ҷангҳои Финляндия ва ёрӣ ба табаддулоти Наздибалтика. 

  Агарчи оид ба ҷангномаи тоҷикистониён дар ҷангҳои соли 1939 дар Украинаи Ғарбӣ, Беларуси Ғарбӣ ва Бессарбия воқеаи аниқеро нақл кардан душвор аст, вале оид ба фаъолияти ҷангномаи ҷангии онҳо дар рафти ҷанги СССР (ИҶШС) бо Финландия (ноябри соли 1939- марти соли 1940) маълумотҳои кӯтоҳ мавҷуданд. Ин ҷангро Иттиҳоди Шӯравӣ барои бехатар гардонидани шаҳри Ленинград (Санкт-Петербург) ҳангоми ҳамлаи ногаҳонии финҳо сар карда буд. Чунин хатар вуҷуд дошт, чунки Финландия ба минтақаи (платсдарми) ҷангии Олмон дар сарҳади  СССР (ИҶШС) табдил ёфта буд. Финҳо бо ёрии Олмон ба ҷанги зидди СССР (ИҶШС) тайёрии бевосита дида истода буданд. СССР (ИҶШС) хост   масъалаи бехатар гардонидани пойтахти шимолиаш –  Ленинград (Санкт - Петербург-ро) бо роҳи осоишта ҳал кунад. Ҳукумати Иттиҳоди Шӯрави пешниҳод кард, ки Финландия дар шимоли  Ленинград (Санкт-Петербург) дар масофаи 60 км сарҳади худро ба шимол барад ва ҳамин қадар замин аз минтақаҳои дигар ба ӯ ҷудо карда мешавад, вале ин масъала хушӣ ба хушӣ ҳалли ва 28-уми ноябри соли 1939 қӯшунҳои шӯравӣ ҷангро сар карданд. Дар ин ҷанг тоҷикистониҳо ҳам иштирок доштанд. Якеи онҳо алоқачии ҳарбӣ Неъмат Қаробоев буд. Дар дафтари корномаҳои Неъмат Қаробоев чандин лаҳзаҳои корнамоии ҷангии ӯ сабт аст. Вай дар рафти ҷанги зиёда аз семоҳа чандин бор ба вазъияти душвор рӯ ба рӯ шуда, мардонавор аз  уҳдаи ҳалли онҳо баромадааст. Боре дастаи чандин карат зиёди душманро мағлуб сохт. Дафъаи дигар дар ҳолати ҷанги сахт алоқаи байни қисмҳоро барқарор намуд. Дар муҳорибае дар вақти барқарор намудани хатти алоқа ба 5 тан аскарони фин рӯ ба рӯ шуда, бо граната онҳоро маҳв сохт. Дар ҷанг барои шаҳрчаи Виборг, ки аввали моҳи марти соли 1940 рӯй дода буд, Неъмат Қаробоев ҷасорати ҳарбӣ ва мардонагӣ нишон дода, бо фармони Президиуми Шӯрои Олии СССР (ИҶШС) аз 21 марти соли 1940 ба унвони «Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ» сарфароз гардонда шуд. Ӯ аввалин тоҷикест, ки ба чунин унвон сарфароз  гардидааст. Дар қатори ҷанговарони дигари шуҷоъ фарзанди дигари Тоҷикистон, ронандаи танк Усмон Акрамов низ буд. 

  Июни соли 1940 дар рафти интихобот ба парламент ба Қаробоев Неъмат сари ҳукуматҳои Латвия, Литва ва Эстония қувваҳои пешқадам ва хайрхоҳи заҳматкашон омаданд.  Ин парламентҳои нав аз номи халқҳои худ ба Ҳукумати СССР (ИҶШС) бо хоҳиши ба ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ қабул кардани онҳо, мурҷиат карданд. Иттиҳоди Шӯравӣ Августи соли 1940 талаби парламентҳои ин ҷумҳуриҳоро қонеъ кунонида, бо мақсади таъмини бехатарии сарҳадҳои ғарбии худ ва даъвати ҳукуматҳои Латвия, Литва ва Эстония қӯшунҳои худро вориди ин ҷумҳуриҳо кард, ки дар ҳайати онҳо ҳам намояндагони Тоҷикистон буданд. 

  Воқеаҳои солҳои 1939-1940 агарчи барои СССР (ИҶШС) ҳамчун воқеаҳои босамари сиёсӣ буданд, вале мамлакатро аз ҷанги тан ба тан бо фашизми ҷаҳонӣ озод накарданд.

  Луғат

1.Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ- унвони олии фахрӣ. буда, соли 1934 таъсис ёфта буд ва барои хизмати барҷаста, корнамоӣ ба нафъи ҷамъият ва давлат дода мешуд. Ин унвои аз ордени Ленин, «Ситораи тилло» ва Ифтихорномаи Президиуми Шӯрои Олии СССР (ИҶШС) иборат буд.

  Саволҳо: 

1. Ҷанги дуюми ҷаҳон аз кадом воқеа оғоз ёфта буд? 

2. Мақсади асосии СССР (ИҶШС) дар ибтидои ҷанг аз чӣ (ҳо) иборат буд? 

3. Аз тоҷикистониён киҳо дар озод намудани сарҳадҳои ғарбии СССР (ИҶШС) иштирок кардаанд? 

4. Барои чӣ Иттиҳоди Шӯравӣ ба Финландия ҳуҷум кард? 5. Дар ҷанги Финландия кадом фиристодаҳои Тоҷикистон қаҳрамонӣ нишон додаанд?