§ 17. ВАЗЪИЯТИ ФАРҲАНГ ДАР ДАВРАИ ҶАНГИ ШАҲРВАНДӢ

§ 17. ВАЗЪИЯТИ ФАРҲАНГ ДАР ДАВРАИ ҶАНГИ ШАҲРВАНДӢ

  Вазъи умумӣ. Дар соҳаи фарҳанг солҳои аввали Ҳокимияти Шӯравиро ҳамчун давраи таъсисёбӣ шарҳ додан равост, чунки ба ҳама соҳаҳои фарҳанг асос гузошта, дар ҳама соҳаҳои ҳаёти љамъиятӣ маърифати фарҳангӣ љорӣ карда шуда буд. Ин масъала бештар дар муассисаҳои фарҳангӣ   маориф, илм, адабиёт, санъат хубтар намоён буд. 

  Самти дигари чорабиниҳои фарҳангӣ ташкили таълими мактабӣ буд. Ба ин кор нозироти маориф роҳбарӣ мекард. Мактаб дар назди масљиду мадрасаҳо буд. Нозирот кори мактабу мадрасаҳоро зери назорат гирифта, фаъолияти худро аз маоши муллоён – муаллимон сар кард. Барои бештар ба таълим ҷалб намудани омма ин масъала ба муҳокимаи Анҷумани (Ќурултойи) рӯҳониён, ки 18 – 20-уми июл дар Душанбе доир гашта буд, пешниҳод гардид. Уламо ва рӯҳониёни дарсгӯ ислоҳоти мактаб ва кушодани мактабҳои навро низ пешниҳод карда буданд. Ин анҷуман, ки дар кори он намояндагони Сариосиё, Деҳнав, Қаратоғ, Ҳисор, Султонобод, Файзобод, Душанбе, Ғарм иштирок доштанд, ба раванди мактабкушоии шӯравӣ таъсири хуби худро расонида буд. Ин мактабҳоро дар солҳои 1918 – 1923 дар радифи мактаб- ҳои нави шӯравӣ мактаби куҳна меномиданд. 

  Давлати Шӯравӣ давлати коргару деҳқон ва шиори он ба корҳои идора кардани давлат ҳарчи бештар ҷалб намудани намояндагони ин табақаҳо буд. Ва қадами аввалини Ҳукумати Шӯравӣ барои амалӣ гардонидани маърифатноккунонии омма аз мактабу маориф шурӯъ шуд. 

  Мактаб  ва  маориф. Ташкил  додани  низоми  маорифи  халқӣ дар шароити Тоҷикистон кори осон набуд. Соли 1918 дар назди шӯроҳои маҳаллии Хуҷанд шуъбаҳои маорифи халқӣ таъсис ёфтанд, ки аз болои кори мактабҳо ва муассисаҳои фарҳангию маърифатӣ назорат мекарданд. Дар нав- бати худ  ин  шӯъбаҳои  маорифи уездӣ  ба  Комиссариати маорифи   халқи    уезди Хуҷанд итоат мекарданд. То охири  соли 1918 дар уезди Хуҷанд 18 мактаби шӯравӣ кушода шуд. Соли 1919 шумораи онҳо ба 73 адад расид. Ин мактабҳо кӯдакони то дувоздаҳсоларо қабул мекарданд. Аз соли 1918 таъсиси курсҳои муаллимтайёркунӣ шурӯъ шуд. Чунин курсҳо дар Тошканду Самарқанд кушода шуда буданд. Низоми маориф ва мактаби шимоли Тоҷикистонро Комиссари маорифи ҶМШС Туркистон роҳбарӣ мекард. Соли 1921 Комиссариати маорифи халқи Бухорои Шарқӣ таъсис ёфт ва аввалин мактабҳои шӯравӣ дар ин ҷо соли 1923 кушода шуда буданд. 

  Дар шимоли Тоҷикистон, Помир, Бухорои Шарқӣ мактабҳои кӯҳна то солҳои 1925 – 1926 амал мекарданд, вале Давлати Шӯравӣ ин мактабҳоро ба талаботу вазифаҳои нав мутобиқ мекард. Аз соли 1920 сар карда, дар уезди Хуҷанд ва аз соли 1923 дар Бухорои Шарқӣ мактабҳои шабонаю мактабҳои маҳви бесаводиро барои синни аз 13 то 45-сола кушоданд. Дар ин мактабҳо аксари коркунони ҳарбӣ, шӯроҳо, комсомол ва ҳарбиёни саводнок дарс мегуфтанд. Ҷиҳати хоси мактабҳо он буд, ки ҳар муаллим ҳамон алифбоеро меомӯзонд, ки худ медонист. Аз ин рӯ, дар мактабҳо омӯзиши алифбои арабӣ, кириллӣ ва лотинӣ ба роҳ монда шуда буд. Ҳокимияти Шӯравӣ аз низоми маорифи куҳна васеъ истифода бурд. Мактабҳои куҳна барҳам дода нашуданд, баръакс, бо ёрии давлат шумораи онҳо зиёд гардида, ба расмият дароварда шуданд. Муаллимонашонро аз буҷети маориф бо маош таъмин мекарданд.

  Дар мактабҳои куҳна муаллимон муллоҳо буданд. Муаллимони мактабҳои шӯравӣ аз ҳисоби маорифчиёни куҳна ва аксаран аз ҳисоби хатмкардагони мактабҳои муаллимтайёркунӣ буданд. Низоми маорифи ҷумҳурӣ бе душворӣ набуд. Мушкилии асосии маорифу мактаб нарасидани муаллимон, биноҳои таълимӣ ва набудани китобҳои дарсӣ буд. Илоҷи бо муаллим ва биноҳои таълимӣ таъмин кардани онҳоро қисман ёфтанд. Муаллимонро ба воситаи курсҳои кӯтоҳмуддати муаллимтаёркунӣ, биноҳои таълимиро дар ибтидо аз ҳисоби масҷиду мадрасаҳо, ҳавлии сарватмандон таъмин намуданд. Вале ин биноҳо ба талаботи мактаби шӯравӣ ҷавобгӯ набуданд. Дар ҳудуди Тоҷикистон то соли 1917 ягон бинои махсуси мактабӣ вуҷуд надошт. Мактабҳои русӣ – маҳаллие, ки дар Хуҷанду Хоруғ амал мекарданд, аз яктогӣ синфхона иборат буданд. Соли 1918 дар Хуҷанд, Ӯротеппа ва Конибодом, соли 1921 дар Душанбе, соли 1923 дар Қаратоғ, соли 1924 дар Кӯлоб, Ғарм, Ховалинг ва Ҳоит аз ҳисоби биноҳои маъмурии пешина ё хонаҳои сарватмандони фироркарда ва ё масҷиду мадрасаҳо мактаб кушода буданд. Аз соли 1920 сар карда, сохтмони биноҳои махсуси мактабҳо сар шуд. Солҳои 1921 – 1924 чунин биноҳо дар Хуҷанд, Ӯротеппа, Конибодом, Панҷакент, Қаратоғ, Душанбе, Кӯлоб ва Ғарм сохта шуда буданд, вале шумораи онҳо он қадар зиёд набуд. Агар шумораи мактабҳои шӯравиро бо мактабҳои амалкардаи куҳна муқоиса кунем, чунин натиҷа мегирем: дар шимоли Тоҷикистон дар солҳои 1923 – 1924 ба ҳар як мактаби шӯравӣ 82 мактаби куҳна ва ба як талабаи мактаби шӯравӣ 30 талабаи мактаби куҳна рост меомад. Шумораи мактабҳои куҳна то соли 1924 2477 адад ва мактабҳои шӯравӣ бошад 31 ададро ташкил медод. Дар соли хониши 1924 – 1925 дар уезди Хуҷанд 27 мактаби шӯравӣ амал мекард, ки 2400 талабаро фаро гирифта буд. Дар ҳамин давра дар Бухорои Шарқӣ 7 мактаби шӯравӣ амал мекард, ки 152 талабаро фаро гирифта буд. То соли 1924 мактабҳои шаҳрӣ чорсола ва деҳотӣ дусола буданд. 

  Ҷиҳати хоси мактабҳои солҳои 1918 – 1924 хусусияти иҷтимоӣ доштани таълим буд, яъне мактабҳо ба талаботи миллӣ ва иҷтимоӣ мутобиқ карда шуда буданд. Синфҳо ба духтаронаю писарона ҷудо буданд. Мактабҳо дузинагӣ буданд. Зинаи аввал кӯдакони 9 – 13-сола  ва зинаи дуюм наврасони 13 – 17- соларо дар бар мегирифт. То соли 1924 дар Хуҷанд як мактаби зинаи якум вуҷуд дошт, ки дар он ходимони намоёни давлатӣ ва донишмандони маъруфи тоҷик, ба мисли Б.Ғафуров, З.Раҷабов, Ҷ. Расулов, Б. Додобоев, М.Ваҳобов, С.Умаров, С. Раҷабов  таҳсил кардаанд.

  Дар Тоҷикистон мактабҳои коммунаҳои меҳнатӣ ҳам вуҷуд доштанд. Дар ин мактабҳо асосан кӯдакони бепарастор ва ё кӯдакони оилаҳои серфарзанд мехонданд. То соли 1923 дар уезди Хуҷанд 5 адад ва Шаҳристон 1 адад чунин мактабҳо мавҷуд буд. Ҳамаи ин мактабҳои коммунаҳо баъдтар ба интернатҳо табдил дода шуданд. Соли 1923 – 1924 дар Бухорои Шарқӣ 4 мактаб – интернат дар шаҳри Душанбе, шаҳри Кӯлоб, ноҳияи Ғарм ва деҳаи Қаротоғ кушода шуд. 

  Барои мактабҳои шӯравии тоҷикӣ аввалин барномаи тахминии таълимӣ моҳи ноябри соли 1918 пешниҳод шуда, 2-юми декабри соли 1919 тасдиқ гардида буд. Мактабҳо забони ягонаи таълимӣ ё адабии тоҷикӣ надоштанд. Бинобар ин, соли 1922 дар назди Комиссариати маорифи халқи Туркистон шуъбаи тоҷикӣ бо мақсади таҳияи китобҳои дарсӣ ва таълимӣ таъсис ёфт. Раиси он Ю. Нисормуҳаммадов буд. Ин шӯъба вазифа дошт, ки меъёрҳои асосии забони адабии тоҷикиро муқаррар намояд, яке аз лаҳҷаҳои забони тоҷикиро асос карда луғат, савтиёт ва сарфу наҳви онро ба ҳам мутобиқ намояд, то ки бо ин забон китобҳои дарсӣ таълиф шаванд. Аз рӯйи ин талабот соли 1922 Муҳаммадсаид Собит китоби дарсии «Ибтидои таҳсил», Саидризо Ализода «Соли аввал» ва соли 1923 Нисормуҳаммадов «Алифбои тоҷикӣ»-ро нашр карданд. Соли 1923 «Раҳнамои ҳисоб»-и Нисормуҳаммадов, китобҳои аз забони русӣ тарҷумашудаи «Ибтидои ҷуғрофияи Туркистон», «Масъалаҳо аз арифметика барои синфҳои 1 - 2»-и Ленкова ва «Роҳбари бесавод» нашр гардида буданд. Ҳамаи ин китобҳо дар чопхонаҳои Тошканду Самарқанд ба табъ расида буданд. 

                               

  Муассисаҳои фарҳангӣ. Ба муассисаҳои фарҳангию маърифатӣ – китобхонаҳо, қироатхонаҳо, чойхонаҳои сурх, гӯшаҳо ва мизҳои сурх, клубҳо, осорхонаҳо, матбуот, нашриёт, кинонамоишдиҳӣ, радиошунавонӣ, театрҳо дохил мешуданд, ки дар маҳви бесаводии аҳолӣ ва маърифатнок гардидани ҷомеа нақши муҳим бозида буданд. Аз ин муассисаҳои маърифатӣ китобхонаҳо ҷойи махсусро ишғол менамоянд, чунки тоҷикон дар гузаштаи дур ҳам аз китоб истифода мебурданд. Анъанаи ташкили китобхонаи ҷамъиятӣ дар Тоҷикистон ба асри ХХ рост омада, он ҳам тавассути русҳо дар Осиёи Миёна роҳ ёфта буд ва барои аҳолии русзабони Туркистон таъсис дода шуда буд. </br>То барпошавии Ҳокимияти Шӯравӣ дар Тоҷикистон як китобхонаи оммавӣ аз маъмурияти ҳукумати муваққатӣ дар назди Сарраёсати уезди Хуҷанд мерос монда буд. Аввалин китобхонаҳои оммавӣ дар Хуҷанд соли 1918, дар Хоруғ соли 1921, дар Душанбе соли 1921, дар Панҷакент, Қаротоғ, Кӯлоб, Ғарм, Саройкамар солҳои 1923 – 1924 кушода шуданд. Ин китобхонаҳоро ҳарбиёни Артиши Сурх ва баъдтар ҳукуматҳои маҳаллӣ ташкил доданд. Дар давоми солҳои 1918 – 1924 фонди китобхонаҳо аз ҳисоби ёрии китобхонаҳои марказии Русияи Шӯравӣ ва нашриётҳои алоҳидаю туҳфаҳои шахсӣ пур ва мураттаб мешуданд. Китобхонаҳо ҳам дар ташвиқу тарғиби маърифат ва саводомӯзӣ саҳми худро гузоштанд. Китобхонаҳо на фақат ба ташвиқи китоб машғул буданд, инчунин барои бесаводон  хонишҳо, маҳфилҳои сиёсӣ ва маърифатӣ ташкил мекарданд. 

  Чойхонаҳои сурх. Кори маърифатӣ – сиёсӣ ба воситаи чойхонаи сурх ҳам бурда мешуд. Дар шимоли Тоҷикистон яке аз ҷойҳои серодами истироҳатӣ чойхонаҳо буданд. Ин муассисаро мақомоти маърифатӣ хуб истифода бурданд. Дар чойхонаҳо «Гӯшаҳои сурх», таъсис доданд. Дар ин гӯшаҳо аввал рӯзномаҳо, баъд маҷаллаю китобҳо ҳам гузошта мешуданд. Дар ин гӯшаҳо суҳбатҳо, рӯзномахониҳо, китоб хониҳо ҳам сурат мегирифт. Чойхонаҳо ҷойи хуби ташвиқот гардида буданд. Моҳи марти соли 1921 дар Душанбе ва Регар чойхонаҳои сурх кушода, дар он ҷо корҳои ташвиқотию тарғиботӣ ба роҳ монда шуда буд. Тамоми кори ташкилию фаъолияти чойхонаҳои сурх ба зиммаи намояндаи Комиссияи фавқулода ва Шӯрои ҳарбӣ – инқилобии экспедитсияи Ҳисор гузошта шуда буд. Дар кори ташвиқотию тарғиботӣ аъзои ташкилоти вилоятии ҳизби коммунистии сараввал Ҳисор ва баъдан Душанбе кори зиёде карданд.Фаъолияти онҳо аз фаҳмонда додани мақсаду мароми Ҳокимияти Шӯравӣ иборат буд. Ин кор бо роҳҳои гуногун – ташкили суҳбатҳо, баҳсҳо, маҳфилҳо, хонишҳо гузаронида мешуд. 

  Клубҳо. Пайдоиши клубҳо ҳам дар Тоҷикистон ба ибтидои Ҳокимияти Шӯравӣ рост меояд. Аввалин клубҳо дар   назди гарнизонҳои ҳарбии Хуҷанд (соли1920) ва дар Душанбе (соли 1922) таъсис ёфта буданд, ки асоси театрҳои минбаъда гардиданд.

  Маҳфилҳои ҳаваскорон, дастаҳои ҳаваскорони санъат ва театри саҳнавӣ. Халқи тоҷик ҳамеша ҳаваскорони санъат дошт, вале ин ҳаваскорон мустақилона фаъолият карда, одатан ба як ҳунар – овозхонию мусиқӣ, ширинкорӣ, қиссагӯйӣ, рақси якка машғул буданд. Дар ибтидои Ҳокимияти Шӯравӣ чунин ҳаваскорон ба ташкили маҳфилу дастаҳои ҳунарӣ ва намоишӣ шурӯъ карданд. Аввалин дастаҳо дар  назди раёсати қисмҳои ҳарбӣ (гарнизонҳо) ва «Хонаи деҳқон», соли 1917 дар гарнизони Хуҷанд ва соли 1922 дар гарнизони Душанбе дар байни аскарони сурх таъсис ёфта буданд. Соли 1919 дар Хуҷанд маҳфили драмавӣ – мусиқии ғайринизомӣ таъсис дода шуд, ки ба як дастаи калони шашмақомхонону навозандагон табдил ёфта буд. Соли 1919 дар Ӯротеппа, соли 1920 дар Исфара маҳфилҳои театрӣ таъсис ёфта буданд. Ин маҳфилҳо аввалин намоишҳои тоҷикӣ ва песаҳои худро ба саҳна мегузоштанд. Саромадони саҳнаи театри миллии тоҷик дар Хуҷанд А. Ваҳҳобов, А. Сатторов, Х. Умаров, дар Исфара А. Бобоева, Н. Саидов буданд. Намоишномаҳои аввалини ин маҳфилҳо «Муборизаи синфӣ» ва «Қироатгари Қуръон» ба ҳисоб мераванд. 

  Луғат 

 1. Мактаби куҳна – мактабҳои баъди инқилоб дар баробари мактаби шӯравӣ дар назди масҷиду мадрасҳо амалкунандаро меномиданд. Ин мактабҳо то соли 1929 вуҷуд  доштанд. Вазифбҳои куҳна барнома ва китобҳои дарсӣ тайёр карда мешуд. Ин мактабҳо батадриҷ ба мактабҳои аи асосии онҳо ба хонандагон ёд додани хондану навиштан буд. Барои макташӯравӣ табдил ёфтанд ва ё хонандагонаш ба мактабҳои шӯравӣ ҷалб шуданд. 

 2. Мактаби маҳви бесаводӣ – дар Тоҷикистон дар солҳои 1918 – 1937 мактабҳоеро мегуфтанд, ки дар онҳо калонсолон (аз 17-сола  боло) ба омӯхтани хату алифбо ҷалб карда шуда буданд. Мақсаду таъйиноти онҳо ёд додани хондану навиштан ба хонандагон буд. Мактабҳои маҳви бесаводӣ одатан шабона кор мекарданд. Дар он ҷое, ки имконияти рӯзонаи таълим вуҷуд дошт, чунин мактабҳо кушода мешуданд. Авҷи баланди фаъолияти мактабҳои маҳви бесаводӣ ба солҳои 1924 – 1930  рост омада буд. 

 3. Мактаби шӯравӣ – низоми таълими нав ва таълими алтернативиро нисбат ба низоми таълим ва маорифи тоинқилобӣ меномиданд. Аввалин мактабҳои шӯравӣ дар Хуҷанд, Конибодом, Исфара, Ӯротеппа, Панҷакент (1918), Хоруғ (1921), Душанбе, Қаротоғ, Кӯлоб, Ғарм (соли 1923) кушода шуда буданд. Мактабҳои аввал то моҳи январи соли 1919 ба шӯроҳои маорифи халқ ва аз моҳи январи соли 1919 ба Комиссариати маориф ва шуъбаҳои уездию волостӣ ва ноҳиявии он итоат мекарданд. Мактабҳои аввалини шӯравӣ ду дараҷа доштанд. Дар мактаби дараҷаи 1-ум бачаҳои 8 – 13 сола ва дар мактаби дараҷаи 2-юм наврасони 13 – 17– сола таҳсил мекарданд. Муҳлати таҳсил дар мактаби дараҷаи 1-ум 5 сол ва дар мактаби дараҷаи 2-юм 4 сол буд.

 Саволҳо 

1. Раванди ташаккулёбии маорифи тоҷикро нақл кунед. 

2. Аввалин мактабҳои шӯравӣ кай таъсис ёфтаанд?. 

3. Мактаби шӯравиро шарҳ диҳед. 

4. Дар бораи муассисаҳои маданӣ-фарҳангӣ маълумот диҳед. 

5. Дар бораи аввалин маҳфилҳои ҳаваскорон ва фаъолияти онҳо нақл кунед.

Реклама