§ 36.  СИЁСАТИ  ШӮРАВИИ  КОЛЛЕКТИВОНИИ  ХОҶАГИИ ҚИШЛОҚИ  ҶУМҲУРӢ  ВА  ХУСУСИЯТҲОИ ОН

§ 36.  СИЁСАТИ  ШӮРАВИИ  КОЛЛЕКТИВОНИИ  ХОҶАГИИ ҚИШЛОҚИ  ҶУМҲУРӢ  ВА  ХУСУСИЯТҲОИ ОН

  Тавсифи умумии масъала. Мафҳум, мақсад ва сиёсати муттаҳидгардонии хоҷагиҳои деҳқонӣ, ки дар солҳои 20-30-юми асри ХХ бо номи коллективонӣ машҳур буд, ҳамдигарро пурра мекунанд, яъне муттаҳид кардани хоҷагиҳои яккадасти деҳқонӣ ба хоҷагиҳои дастаҷамъии (колективии) истеҳсолӣ коллективонидани соҳаи кишоварзӣ номида мешавад. Ин сиёсатро Ҳокимияти Шӯравӣ аввал ҳамчун назария, баъд ҳамчун амалия гузаронида буд, яъне коллективонидан се давраро аз сар гузаронидааст: солҳои 1918-1927, 1928-1932, 1933-1937. Давраи аввал – солҳои 19181927 давраи ибтидои коллективонӣ буда, бештар бо номи кооператсиякунонӣ маълум аст, ки ҳам ислоҳоти замин ва ҳам таҷрибаи таъсиси хоҷагидории шӯравиро дар шаклҳои хоҷагиҳои шахсӣ, давлатӣ ва коллективию иҷоравӣ дарбар гирифта, барои коллективонии саросарӣ замина тайёр кард. Баъди қабул шудани декрет дар бораи замин, солҳои 19181921, 1921-1923 ислоҳоти обу замин гузаронида шуд ва хоҷагидории шахсию коллективӣ – ТОЗ-ҳо, артелҳо, коммунаҳо, совхозҳо барои интихоби оянда таҷриба карда шуданд, яъне солҳои 1918-1923 ин раванд бо қонуну низомномаҳо таъмин ва дар солҳои 1923-1927 таъсиси кооператсияҳои истеъмолӣ(асосан кооператсияҳои обёрӣ) оѓоз шуд, ки қариб 100% хоҷагиҳои деҳқониро дарбар мегирифт ва таъсиси  ТОЗ-ҳо, артелҳо, коммунаҳо ва савхозҳо давом ёфт.

  Коллективонидани соҳаи кишоварзӣ яке аз рукнҳои сохтмони сотсиализм дониста мешуд ва то сар шудани сиёсати давлатии коллективонӣ (с.1929) дар Тоҷикистон 22 артели кишоварзӣ, 55 ТОЗ ва якчанд совхозу (советское хозяйство) сотсхозҳо (социалистическое хозяйство) вуҷуд доштанд. Барои ҳарчи тезтар ҳал кардани масъалаи беҳбудии иқтисодӣ ва маишии деҳқонон, самаранок истифода бурдани замин, техника, агротехникаи кишоварзӣ ва ҳалли сиёсати аграрии шӯравӣ коллективонидани хоҷагиҳои яккадаст ба хоҷагиҳои дастаҷамъӣ (коллективӣ) зарур дониста шуд. Аз соли 1928 Ҳукумати Тоҷикистон ба амалӣ кардани ин сиёсат сар кард. 

  Солҳои 1928-1932 сиёсати коллективонӣ сараввал зери шиори кооператсиякунонӣ давом ёфта, аз кооператсияҳои истеъмолӣ ба кооператсияҳои истеҳсолӣ бо номҳои «Пахтасоюз», «Кирмакпарварӣ», «Боғдорӣ», «Сабзавоткорӣ», «Чорводорӣ», «Ғаллакооператсия» сар шуд, ки он то соли 1929 давом ёфт. Аз соли 1929 то соли 1932 сиёсати гузариш ба ТОЗ-ҳо, артел, совхоз, сотсхоз ва коммунаҳо пеш гирифта шуд. Ин давра бештар бо номи коллективонии соҳаи кишоварзӣ маълум аст. Солҳои 1933-1937 коллективонӣ зери сиёсати сохтмони колхозӣ гузаронида шуд, ки шакли асосии он барои Тоҷикистон аввал ТОЗ-ҳо ва соли 1936 артелҳои кишоварзӣ дониста шуда буд. Соли 1937 бошад, оинномаи намунавии артелҳои хоҷагии қишлоқ қабул гардид, ки тибқи он ҳама шаклҳои хоҷагии коллективӣ (ТОЗ-ҳо, артелҳо, коммунаҳо) - колхоз (коллективное хозяйство) номида шуданд. Мувофиқи маълумоти оморӣ соли 1937 зиёда аз 60% хоҷагиҳои деҳқонии ҷумҳурӣ ба колхозҳо ҷалб шуда буданд. Аз ин рӯ, соли 1936 коллективонӣ умуман ва сохтмони колхозӣ махсусан, ғалабакарда эълон шуда буд.

  Принсипҳои асосии коллективонии соҳаи кишоварзӣ. Барои амалӣ кардани ин сиёсат шартҳои асосии коллективонӣ: принсипи ихтиёран ба колхоз дохил шудан ва усули ихтиёрии интихоби шакли он (ТОЗ, артел, коммуна) эълон шуда буд. Барои Тоҷикистон шакли асосии коллективҳои истеҳсолии кишоварзӣ ТОЗ-ҳо (ширкати якҷояи коркарди замин) тавсия дода шуда буд. Барои гузаронидани коллективонӣ шумораи калони тарғибгарону масъулони коллективонӣ сафарбар шуда буданд. Аз ҷумла, 87 нафар аз ҷониби Ҳукумати умумииттифоқ ва ҳазорҳо нафар аз худи Тоҷикистон сафарбар шуда буданд. Коллективонидан ба маъракаи сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ табдил ёфт. Ин сиёсат хусусиятҳои умумӣ ва хоси коллективонии Тоҷикистонро муайян кард, ки инҳоанд: 

  1. Гуногуншаклӣ ва дар муҳлати дарозтар гузаронидани ин маърака (Дар водиҳои пахтакор таъсиси артелҳои кишоварзӣ ва дар қисмати кӯҳистон ба ТОЗ-ҳо гузаштанро дар назар дошт). 

  2. Суст будани таъсири кулак дар ҳайати иҷтимоии деҳоти тоҷик (аксари деҳқонони тоҷикро батракон, камбағалон ташкил медоданд). Дар Русия бошад аксари деҳқононро  миёнаҳолон ташкил медоданд. Ин ҳолат агар аз як тараф ба суръатёбии коллективонӣ сабаб шуда бошад, аз тарафи дигар, бетараф гузоштани миёнаҳолон дар хоҷагиҳои ғалла ва чорвопарварии кӯҳӣ суръати коллективониро суст мекард. Ин хусусиятҳо ба рафти коллективонӣ таъсири манфии худро расонд. Барои мақомоти маҳаллӣ ва болоии шӯравӣ ин боиси сарфи вақт ва харҷи маблағи зиёдатӣ гардид. 

  Хусусиятҳои коллективонии деҳоти тоҷик. Хусусияти асосии сиёсати коллективонии Тоҷикистон, пеш аз ҳама, ба охир нарасидани ислоҳоти замин, аксари деҳқононро ташкил додани камбағалону иҷоракорон, паст будани маънавиёти хоҷагидорию иқтисодии деҳқонон, тайёр набудани деҳоти тоҷик ба муттаҳидгардонии меҳнат ва тақсимот, суст будани таъсири кулакҳо дар деҳоти Тоҷикистон, ҳоло ҳам пурзӯр будани шарҳи динии моликият ва заминдорӣ умуман, дер сар задани сиёсати коллективонӣ ва дер давом кардани он буд. Ҳамаи ин шарҳи дурустро талаб мекунад.

 1. Аз сабаби он ки ҷанги шаҳрвандӣ ва босмачигарӣ дер давом кард, Ҳокимияти Шӯравӣ ҳам ислоҳоти заминро ба таъхир андохт. 

 2. Вақте ки замин моликияти давлатӣ эълон шуду онро ба соҳибони асосиашон ҳамчун иҷораи якумра эълон карданд, аксарияти деҳқонони тоҷик бе замин монданд, чунки то ин вақт соҳиби замин набуданд, иҷоракор буданд. 

 3. Аз сабаби он ки маънавиёти хоҷагидории аҳолӣ паст буд, онҳо ҳуқуқи якумраи иҷоракориро ба ҷойи соҳиби замин будан дарк мекарданд ва худро соҳиби замин мешумориданд. Чунки онҳо ҳуқуқи худро ба фарзандонашон мерос мегузоштанд, вале дар асл онҳо соҳиби замин набуданд. 

 4. Барои он ки онҳо худ соҳиби воқеии замин набуданд, моҳияти муттаҳидкунии заминро фаҳмида наметавонистанд. 

 5. Аз сабаби он ки дар Тоҷикистон хоҷагидории кулакӣ (хоҷагии ба техникаи кишоварзӣ асосёфта, дар амал буржуазияи деҳот) кам буд, деҳқони тоҷик таъсири онро ҳис намекард ва ба муттаҳидшавӣ тайёр набуд. 

 6. Ҳоло ҳам деҳқони тоҷик зери шарҳи динии моликият ба замин буд: ақидаи «моликият ба замин доди Худост ва ба он дастдарозӣ кардан гуноҳ аст» ҳукмрон буд. 

 7. Дар СССР (ИҶШС) коллективонии саросарӣ баҳори соли 1929 сар шуда, асосан соли 1932 ба охир расида бошад, дар Тоҷикистон то соли 1937 давом ёфта буд.

  Луғат

 4. Коопратсиякунонӣ - сиёсати махсуси Давлати Шӯравӣ, ки солҳои 1917 - 1937 гузаронида шуда буд. Кооператсикунонӣ чӣ саноат ва чӣ хоҷагии қишлоқро дар бар гирифта, ду давраро аз сар гузаронидааст: солҳои 1917 - 1926 давраи истеъмолӣ, яъне кооперативҳо аз давлат техника, тухмӣ, нурӣ ва дигар маводди лозимаро мегирифтанд, вале дар назди давлат уҳдадорие надош- танд; солҳои 1927 - 1937 то соли 1945 давраи истеҳсолӣ, яъне онҳо ҳатман бояд ягон чиз истеҳсол мекарданд. 

 1. Коллективонии соҳаи кишоварзӣ – сиёсат, мафҳуми сиёсӣ ва чорабиниҳои махсуси Давлати Шӯравӣ аст, ки дар Тоҷикис- тон аз соли 1917 то ибтидои солҳои 40-ум гузаронида шуда буд. Коллективонии соҳаи кишоварзӣ қисми таркибии ғалабаи сотсиализм дар деҳот буда, зина ба зина гузаронида шуда буд. Коллективонӣ то соли 1927 ҳамчун раванди табиии ислоҳоти аграрии Давлати Шӯравӣ, солҳои 1929 - 1932 ҳамчун сиёсати ба хоҷагиҳои коллективӣ ҷалб кардани деҳқонони яккадаст ва солҳои 1933-1937 ҳамчун сохтмони колхозӣ гузаронида шуда буд. Ҳамчун мафҳуми сиёсӣ солҳои 1928-1937-ро дар бар мегирифт. 

 2. Коммуна – як намуди колхозҳоро мегуфтанд, ки солҳои 1918-1933 таъсис дода шуда буданд ва шакли олии хоҷагиҳои коллективии соҳаи кишоварзиро ташкил медоданд. Дар коммуна ҳама чиз – замин, асбобу анҷоми корӣ, хонаҳои истиқоматӣ, чорво, парандаҳои маҳсулдиҳанда, пасандозҳо муттаҳид карда шуда буданд. 

 3. Совхоз –  дар солҳои 1918-1945 як намуди хоҷагиҳои давлатии деҳотро мегуфтанд, ки дар онҳо ҳама чиз – замин, олоти меҳнат, тухмӣ аз они давлат буда, дар он меҳнат муттаҳид карда шуда, деҳқонон ба ивази меҳнаташон маошро бо мол ва пул мегирифтанд.

 4. ТОЗ (Товарищество по общественной обработке земли) – ширкати коркарди ҷамъиятии замин, иттиҳодия ё рафоқати байниҳамдигарии коркарди заминро мегуфтанд, ки солҳои 1918-1937 вуҷуд дошт. ТОЗ инчунин як намуди хоҷагидории коллективӣ (колхозӣ) буда, шакли оммавитарини онҳо колхозҳои солҳои 1921-1932 буд. Хусусияти хоси ТОЗ-ҳо одигии онҳо буданд. Дар ТОЗ-ҳо ба ғайр аз муттаҳидшавии меҳнат ҳама чиз шахсӣ буд. Деҳқонони дар ТОЗ-ҳо муттаҳидшуда ба тариқи ҳашар дар киштукори саҳроӣ иштирок мекарданд. Шартҳои кор ва тақсимоти маҳсулот дар низомномаҳои ТОЗ-ҳо, ки аз соли 1923 вуҷуд дошт, зикр ёфта буд. 

  Савол ва супоришҳо:

1. Мафҳуми «коллективонӣ» чист? 

2. Сиёсати коллективонии шӯравиро шарҳ диҳед. 

3. Шартҳои коллективониро номбар кунед ва шарҳ диҳед. 

4. Шаклҳои колхозҳои ибтидои давраи коллективониро номбар кунед ва шарҳ диҳед. 

5. Кулакҳо киҳо буданд ва чӣ тавр хоҷагии онҳоро барҳам доданд?