§ 24-25. АЗНАВБАРҚАРОРКУНИИ ХОҶАГИИ ХАЛҚИ ҶМШС  ТОҶИКИСТОН

§ 24-25. АЗНАВБАРҚАРОРКУНИИ ХОҶАГИИ ХАЛҚИ ҶМШС  ТОҶИКИСТОН

  Мубориза барои ҳалли масъалаи аграрӣ. Масъалаи аграрӣ то соли 1924  ҳалли худро наёфта буд. Дар давраи ислоҳоти обу замини солҳои 1922 - 1923 заминҳои шакли помешикӣ-феодалӣ фақат дар шимоли Тоҷикистон мусодира шуда буду халос. Қисми асосии замин ҳоло ҳам дар дасти сарватмандон ва рӯҳониёни заминдор боқӣ монда буд. Агарчи шартҳои иҷораи замин, чорводорӣ, ҳиссакорӣ, муздурӣ ва меҳнати кироя бекор карда шуда бошад ҳам, аксари деҳқонони безамину камзамин ҳоло ҳам ба иҷора, чоряккорию ҳиссакорӣ рӯ меоварданд.

  Баъди таъсиси ҶМШС Тоҷикистон ҳалли масъалаи кишоварзӣ яке аз масъалаҳои рӯзмарраи ҳукуматӣ шуда буд, вале аз набудани маълумоти дақиқ дар бораи миқдори заминҳои мусодирашуда ва ба мақомоти Ҳокимияти Шӯравӣ сар даровардани бойҳо ҳалли ин масъала бо душворӣ пеш мерафт. Масалан, дар шимоли Тоҷикистон дар солҳои 1921 - 1923 камтар, вале дар солҳои 1925 - 1926 аксарияти деҳқонон ба кашида гирифтани заминҳои бойҳо тайёр буданд ва соли 1926 ислоҳоти заминро асосан ба охир расониданд.

                                     

  Дар Бухорои Шарқӣ бошад, то соли 1928 ин масъаларо пеш нагузоштанд. Гузаронидани онро, чӣ Ҳукумати умумииттифоқ ва чӣ ҷумҳурӣ бармаҳал ҳисобиданд. Бо вуҷуди он дар ин раванд қитъаҳои хеле зиёди аз кишт бозмондаро ёфта, ба камбаѓалон тақсим карда доданд. Барои ҳалли ин масъала соли 1926 судҳои (комиссияҳои) обу замин таъсис ёфт. Ҳалли масъалаи кишоварзӣ дар аз худ кардани заминҳои нав бештар ояндадор буд. Ин гуна заминҳо бештар дар водиҳо буданд. Соли 1927 аввалин 460 хоҷагии камзамини вилояти Ҳисор ба водии Вахш кӯчида, соҳиби 4-5 – гектарӣ замин шуданд. Ин раванд баъдтар дар тамоми Тоҷикистон густариш ёфта, аз дигар ноҳияҳои водии Ӯротеппа,Хуҷанд,Конибодому Ашту Исфара, Панҷакент ва ноҳияҳои Фарѓона ба водии Вахш зиёда аз 8030 оила кӯчонида шуд. Ғайр аз ин, тақрибан 7000 оила муҳоҷири дохилӣ (аз деҳаи худ ба деҳаи ҳамсоя) шуда, ҳар кадомашон соҳиби 4-5-гектар замин, ҳайвони корӣ гардиданд. Давлат муҳоҷиронро бо ҳама чиз таъмин мекард. Ин муҳоҷиркунӣ ихтиёрӣ гузаронида мешуд ва мақсади асосиаш деҳқононро бо замин таъмин намудан буд. 

  Дар соҳаи кишоварзӣ, ҳалли масъалаи заминҳои вақф низ дорои аҳамияти иҷтимоӣ буд, чунки даромади андози ин заминҳо асосан ба кисаи рӯҳониён ворид мешуд. Соли 1925 барои идораи ин заминҳо шуъбаҳои вақф дар назди Комиссариати маориф таъсис ёфта, акнун андози заминҳои вақф барои харҷи маориф ва фарҳанг сарф мешуд. Андози онҳо даҳяки ҳиссаи ҳосилро ташкил медод, ки аз андози шӯравӣ хеле фарқ дошт. Фарқи он боз ба фоидаи деҳқонон буд, зеро агар онҳо пеш аз замони шӯравӣ аз даҳяк то сеяки ҳиссаи ҳосилро месупорида бошанд, акнун ҳамаашон  танҳо даҳяки ҳосилро месупоридагӣ шуданд. Соли 1927 заминҳои вақф аз муассисаҳои динӣ ҷудо карда шуда, ба дасти онҳое, ки заминро кор мекарданд, ҳамчун иҷораи давлатӣ дода шуданд. Моҳи январи соли 1928 бошад, андози вақфҳо ба андози замини давлатӣ баробар карда шуд. Фақат 1-уми феврали соли 1929 заминҳои вақфӣ ба ихтиёри шӯроҳои маҳаллӣ гузошта шуданд. Заминдории вақфӣ тамоман аз байн рафт. Аммо дар қисмати Бухорои Шарқӣ ҳоло ҳам масъалаи замин ҳал нашуда монда буд. Агарчи Анҷумани якуми шӯроҳо моҳи декабри соли 1926 ва феврали соли 1927 КИМ-и ҶМШС Тоҷикистон қарорҳоро дар бораи ислоҳоти обу замин қабул карда буд, вале ба хулосае омад, ки ҳоло гузаронидани он аз имкон берун аст. Фақат баҳори соли 1929 Ҳукумати Тоҷикистон ба гузаронидани ислоҳоти обу замин иҷозат дод, вале аз сабаби он ки ҳамон сол дар Иттиҳоди Шӯравӣ ҳаракати коллективонӣ сар шуда буд, гузаронидани ислоҳоти заминро чорабинии зиёдатӣ ҳисобиданд, яъне ислоҳоти обу замин гузаронида нашуда, деҳоти тоҷикро ба муттаҳидкунии  хоҷагидорӣ оварданд. 

  Ҳолати деҳоти Тоҷикистонро ҷадвалҳои зерин хубтар инъикос мекунанд.


  Кооператсиякунонии истеҳсолот. Кооператсия гуфта, ҳамкорӣ дар назар дошта мешавад. Сиёсати кооператсиякунонии шӯравӣ бошад, ҳамкории умумии одамон барои фаъолияти якҷояи хоҷагидорӣ буд, ки дар кишоварзӣ, саноат, матлубот, савдо, кредит ва ғайра ҷорӣ карда шуда буд. Мақсади асосии кооператсиякунонӣ таҷриба кардани ҳамкории деҳқонон дар корҳои саҳроӣ, тарбияи истеҳсолӣ, омӯзондани таҷрибаи пешқадам ва ба кори коллективона одат кунонидани деҳқон буд. Ин сиёсат ҳадафи иқтисодӣ ҳам дошт. Деҳқонони камбағал қудрати гирифтани қарзҳои фоиздорро надоштанд. Барои он ки онҳо қудрати пардохти қарзро пайдо кунанд, онҳоро ба ҳамкорӣ кардан дар иҷрои ин ё он кор (муттаҳид кардан) сар карданд. Масалан, ҳамкорӣ ё муттаҳид карданро барои нигоҳ доштани канал ва ё ҷӯйборе,  дар анҷом додани кишти зироат ва ғайра.

    Дар ин сурат давлат ба онҳо бе ягон шарте асбоби корӣ, тухмӣ ё пул қарз медод ва қарзгиранда дар назди давлат ягон ӯҳдадорӣ надошт. Шахси қарзгиранда узви ягон кооператив  буданаш шарт (ҳатмӣ) буд. Чунин кооперативҳоро кооперативҳои истеъмолӣ меномиданд. Соли 1924 дар Тоҷикистон ҳамагӣ 11 кооперативи истеъмолӣ мавҷуд буд. Бо сабаби бо ин қарз дар назди давлат ҳеҷ вобастагӣ надоштанашон то аввали соли 1926 21% хоҷагиҳои деҳқонӣ ба ин кооперативҳои мелиоративӣ дохил гардида буданд. Дар ҷойи дуюм кооперативҳои пахтакорӣ меистоданд. Хизмати молиявии кооперативҳоро бонки кишоварзӣ иҷро мекард. Ин кооперативҳо то соли 1927 созмонҳои поёнию болоии худро ташкил доданд. Кооперативҳои обёрӣ ба Сарраёсати хоҷагии оби ҷумҳурӣ итоат мекарданд, аммо корперативҳои пахтакорӣ бошанд, ба Сарраёсати «Пахтасоюз» тобеъ буданд. Аз соли 1927 сар карда, кооперативҳо аз фаъолияти истеъмолӣ ба фаъолияти  таъминотӣ ва фурӯш гузаштанд. Маҳсулоти истеҳсолкардаи деҳқононро фурӯхта медоданд ва онҳоро ба ивази маҳсулоти ба кооператив додаашон бо молҳои истеъмолии зарурӣ таъмин мекарданд. Ин шакли кооперативҳо ба мустаҳкамшавии савдои  давлатӣ ва системаи маҳсулоттайёркунӣ оварда, миёнаравонро танг карда баровард. Пеш миёнаравон маҳсулоти деҳқонро аз нархи бозор арзон харида, бо нархи бозор ба давлат месупориданд. Акнун байни давлат ва деҳқон робитаи бевосита барқарор гардид, ки ба манфиати ҳар ду тараф буд. 

  Аз соли1928 сар карда, байни саноат ва деҳқонон шакли нави муносибати моливазкунӣ – контрактатсия (шартнома) ба вуҷуд омад. Саноат бо деҳқонон шартнома мебаст, ки деҳқонон (асосан кооператорон) фалон навъи маҳсулоти кишоварзиро истеҳсол кунанд ва он маҳсулоти истеҳсолшударо корхона бо нархи на паст аз нархи бозор харида мегирад.

  Ин шакли шартнома ба дараҷае деҳқононро ҳавасманд кард, ки то миёнаи соли 1929 57,6% хоҷагиҳои деҳқонӣ ба он дохил гардида буданд. Пахтакорӣ тамоман шартномавӣ шуда буд.

  Тағйироти дигари дар соҳаи кишварзӣ ба вуҷуд омада аз аввали соли 1928 пайдо шудани кооперативҳои истеҳсолӣ буд. Аввалин шуда ба ин намуди фаъолият кооперативҳои пахтакорию кирмакпарварӣ гузашта буданд. Охири соли 1928 соҳаҳои дигари деҳот низ ба кооперативҳои истеҳсолӣ гузаштанро оғоз карданд. 

  Сиёсати аграрии пешгирифтаи Ҳукумати Шӯравӣ ба пешравии ҳамаи соҳаҳои хоҷагии қишлоқ сабаб шуд. Пеш аз ҳама, ин ба соҳаи обёрӣ дахл дорад. Ба ин соҳа солҳои 19251929 5 млн. сӯм ҷудо карда шуда буд. Бо ин маблағ каналҳои аз кор баромада пурра барқарор ва корҳои тадқиқотию лоиҳакашии обшоркунии водиҳои Вахшу Ҳисор гузаронида шуд. Барои деҳқонон низ 3,7 млн. сӯм қарзи имтиёзнок дода шуд. Масоҳати заминҳои обии ҷумҳурӣ дар давраи мухторият 75 ҳазор гектар зиёд гардида буд. 

  Аз соли 1925 сар карда, бо техникаи нав таъмин кардани соҳаи кишоварзӣ оғоз ёфт. Ба ҷумҳурӣ ба миқдори хеле зиёд плуг, сихмола, тухмипошакҳо оварда шуданд. Дар ҷумҳурӣ ду отряди трактории ҳар кадомашон дорои 3 трактор ба хизмати деҳқонон банд буданд, ки баъдтар асоси стансияҳои мошинӣ-тракторӣ – МТС  (машинно-тракторные станции)-ҳо гардиданд. Соли 1928 дар ҷумҳурӣ акнун 4 МТС (Хуҷанд, Пахтаобод, Саройкамар, Шаҳритус), 17 пункти агрономӣ, 21 стансияи истифодаи шартномавии техника ва нуқтаи иҷораи мошинӣ - техникӣ таъсис дода шуда буд.

  Сиёсати андози шӯравӣ ҳам ба манфиати камбағалону миёнаҳолон равона карда шуда буд. Дар Тоҷикистон андози замини шӯравӣ бори аввал соли 1927 ҷорӣ гардида буд, ки ҳамон ҳам Бадахшонро фаро нагирифта буд. Минбаъд ҳам  вазъияти деҳқононро ба назар гирифта, солҳои 1927-1928  хоҷагиҳои пахтакор аз қарзҳои пештара озод карда шуданд. Соли хоҷагии 1928-ум  35%, соли 1929-ум 51% хоҷагиҳои ҷумҳурӣ аз андози хоҷагии қишлоқ озод карда шуданд, вале дар солҳои 1917–1929 заминдорони калон ва деҳқонони бой андози заминро бо пуррагӣ супорида буданд. Ҳатто соли 1929 барои бойҳо андози шахсӣ муқаррар карда шуда буд, ки ҳиссаи он аз миқдори замини дар ихтиёр дошташ вобаста буд. Заминаш бисёр бошад, фоизи андоз  ҳам баланд буд. Аз ин рӯ, баъзе заминдорон аз як қисми заминҳои худ даст кашиданд. 

  То соли 1929 истеҳсолоти хоҷагии қишлоқ  дар аксари соҳаҳо ба дараҷаи тоинқилобӣ расид. Бори аввал дар хоҷагии қишлоқ ҳисоботи оморӣ соли  1927 ҷорӣ гардид. Ҳамон сол ҷумҳурӣ 27 ҳ. тонна пахта истеҳсол кард.     

  Саноат ва ҳунармандӣ дар ҶМШС Тоҷикистон. Дар давраи мухторият вазъи саноати Тоҷикистонро шарҳ додан хеле душвор аст, чунки саноати фабрикию заводиаш он қадар зиёд набуд. Ҳамагӣ 22 корхонаи типи заводу фабрикӣ вуҷуд дошт. Ҳамаи онҳо дар округи тоҷикии Хуҷанд ҷойгир буданд. (Округи Хуҷанд солҳои 1924–1929 дар ҳайати Ӯзбекистон буд). Дар қисмати ҷанубӣ ва марказии ҷумҳурӣ ғайр аз як стансияи дизели барқии шаҳри Душанбе, ки барои бо барқ таъмин намудани радиостансияи Тоҷикистон сохта шуда буд, дигар корхонаи типи заводу фабрикӣ вуҷуд надошт. 

  Дар солҳои 1925 - 1929 дар Тоҷикистон 8 заводи пахтатозакунӣ (дар Саройкамар, Шаҳритус, Ҷиликӯл, Қӯрғонтеппа, Кӯлоб ва Душанбе) сохта шуд. Калонтарини онҳо заводи пахтатозакунии Душанбе-3 буд, ки дар он ҳамаи корҳо ба таври механикӣ иҷро карда мешуд. 

                                      

  Шумораи коргарони корхонаҳои саноатӣ дар соли 1929 ҳамагӣ 1146 нафарро ташкил медод. Дар ҳамин солҳо дар округи Хуҷанд заводи пахтатозакунӣ (соли 1926), дар Ӯротеппа (Истаравшан) заводи шаробкашӣ (1927), заводи меватозакунии Конибодом (1928), заводи меваю шарбати Қистакӯз (1928), осиёби Заводи пахтатозакунии Душанбе механикии Ғӯлакандоз (1928) сохта шуданд. Агар саноати онвақтаи Тоҷикистонро ба соли 1913 муқоиса кунем, он 8,2 баробар афзуда буд. 

   Дар солҳои 1926 - 1929 роҳи оҳани Тирмиз - Душанбе сохта шуд, ки дар ҳаёти иқтисодии Тоҷикистон нақши бениҳоят калон бозид. Ин роҳ Тоҷикистонро бо дигар ҷумҳуриҳо пайваст, кашонидани борҳои саноатӣ ва мусофиронро осон кард. Соли 1928 дар роҳҳои автомобилгарди ҷумҳурӣ ҳамагӣ 18 автомашинаи боркаш кор мекард. Дар дарёи Ому пароходи «Тоҷикистони сурх» ва ду киштии моторӣ ҳаракат мекарданд.

  Охири соли 1928 ва соли 1929 роҳҳои автомобилгарди Душанбе –Қӯрғонтеппа - Кӯлоб ва Душанбе – Тутқавул - Кӯлоб сохта ба истифода дода шуданд.

  Ба  ғайр аз сохтмони корхонаҳои саноатӣ ҳукуматҳои маҳаллӣ ва марказии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо барқарор кардани корхонаҳои вуҷуддошта ҳам машғул буданд. Истеҳсоли ангишт ба 46% ва нафт ба 110% соли 1913, коркарди пахта ба 4,5 ҳазор тонна нах расонида шуда буд. Соли 1927 дар Хуҷанд фабрикаи бофандагӣ аз нав ба кор сар кард, вале талаботи аҳолиро бо маҳсулоти саноатӣ – асосан матоъ, пойафзол, асбобу анҷоми корӣ ва рӯзгор корхонаҳои ҳунармандӣ таъмин мекарданд. Дар Тоҷикистон то охири соли 1929 зиёда аз 1300 ҳунарманд дар устохонаҳои давлатӣ ва тақрибан 4,5 ҳазор ҳунарманд дар устохонаҳои шахсӣ кор мекарданд. Бофандагӣ, ресандагӣ, рангуборкунӣ, кафшдӯзӣ, оҳангарӣ, заргарӣ касбҳои асосии ҳунармандон буданд. Давлат ба муттаҳид кардани онҳо низ шурӯъ карда буд. Давлат дар маркази ҳамаи ноҳияҳо яктогӣ артели ҳунармандӣ кушода, таъмини онҳоро бо ашёи хом ба зиммаи худ гирифта буд. Баъзе аз ин артелҳо то кунун ҳам вуҷуд доранд. Баъзеи онҳо баъдтар ба фабрикаҳои давлатӣ табдил дода шуданд.

  Луғат

  1. Кооперативи истеҳсолӣ – кооперативи молистеҳсолкунандагони хурд, харидорон, кормандони соҳаи кишоварзӣ, коргарон, хизматчиён, косибон буд. Ин кооперативҳо пеш аз инқилоб дар Русияи Марказӣ дар намуди иттифоқҳои марказии ҷамъиятҳои матлубот, хариду фурӯши мол, артелҳои равғанкашӣ, кооперативҳои ғалладона, иттифоқи кишоварзӣ амал мекарданд ва дар соли 1917 такягоҳи инқилоб ҳам гардида буданд. 

  2. Кооперативҳои захира кардани мол – ташкилотҳое, ки солҳои 1923-1928 амал мекарданду ба захира кардани мол – маҳсулоти кишоварзӣ ва саноат машғул буданд. Ин кооперативҳо бо шартҳою нархҳои гуногун маҳсулотро аз аҳолӣ харида, барои захира ба давлат месупориданд. 

  3. Кооперативҳои харидуфурӯш – ташкилотҳои махсуси Давлати Шӯравӣ буда, ба харидуфурӯши маҳсулоти кишоварзон ва ҳунармандоне, ки истеҳсол мекарданду, фурӯхта наметавонис- танд, машғул буданд. Мақсади давлат дастгирӣ кардани истеҳсолкунандагон буд. Фаъолияти ин кооперативҳо ба солҳои 19261929 рост меояд. 

  4. Кооперативи кишоварзӣ – ҳамчун кооператив муттаҳид намудани деҳқонон бо мақсади харидан ва истифода бурдани таҷҳизоти кишоварзӣ, парвариши чорво, фурӯш ва аз нав кор кардани маҳсулоти кишоварзӣ, қарзгирии имтиёзнок, тарғиби донишҳои агрономӣ буда, ҳанӯз пеш аз Инқилоби Октябр ташкил ёфта буд. Муассисаҳои ин кооператив соли 1918 «Союзкартошка», «Союзканаб», кооператсияи ғаллаю дон, муассисаи меваю сабзавот ва ғайраҳо буданд. Кооперативҳо дар тамоми давраи солҳои 20 - 30юми асри ХХ вуҷуд доштанд. 

  5. Кооперативҳои қарздиҳӣ (кредитӣ) –  ташкилотҳои Давлати Шӯравӣ буда, ба додани қарзҳои гуногуни имтиёзноку беимтиёзи нақдӣ ба аҳолии шаҳру деҳот (асосан камбағалон) машғул буданд. Дар Тоҷикистон ин кооперативҳо аз соли 1923 амал мекарданд. 

  6. «Пахтасоюз» – соли 1927 таъсис ёфта, ташкилоти роҳбарикунандаи умумииттифоқии тайёр кардани пахта барои корхонаҳои ресандагӣ ва пахтатозакунӣ буд. «Пахтасоюз» дар Тоҷикистон шуъбаҳои худро дошт.

 Савол ва супоришҳо: 

1. Мушкилиҳои азнавбарқароркунӣ аз чиҳо иборат буданд? 

2. Муносибати Давлати Шӯравиро нисбат ба моликият шарҳ диҳед. 

3. Аввалин ширкатҳо ва кооперативҳоро номбар кунед. 

4. Кадом хелҳои кооперативҳоро медонед? 

5. Корхонаҳои саноатии дар солҳои 1925 - 1929 сохташударо номбар кунед. 

6. Аввалин хатти роҳи оҳани Бухорои Шарқӣ кай сохта шуда буд? 7. Сиёсати Давлати Шӯравӣ нисбат ба ҳунармандӣ ва ҳунармандон чӣ гуна буд? 

8. Артели ҳунармандӣ чист?

Реклама