Азнавсозии хоҷагии қишлоқ қисми таркибии коллективонӣ. Азнавсозии сотсиалистии хоҷагии қишлоқ қисми таркибии нақшаи давлатии сохтмони сотсиализм дар мамлакат буд, ки мақсади асосии он барҳам додани моликияти хусусӣ бо роҳи таъсис додани моликияти колхозӣ-кооперативӣ-коллективӣ (ҷамъиятӣ) буд. Сабаби асосии сиёсати коллективонии хоҷагии қишлоқро пеш гирифтани Ҳукумати Шӯравӣ асосан ин буд, ки хоҷагиҳои шахсии деҳқонӣ қудрати бо ашёи хоми хоҷагии қишлоқ таъмин кардани саноати тараққикардаистодаи шӯравиро надоштанд. Ин ҳолатро дида, синфи коргар ва корхонаҳои саноатие, ки бо ашёи хоми хоҷагии қишлоқ кор мекарданд ва ё талаботҳои истеҳсолию истеъмолии худро қонеъ мегардониданд, хоҷагии қишлоқро ба шефӣ гирифтанд. Шаҳр деҳот ва деҳқононро бо техника ва молҳои саноатии ниёзи мардум, деҳа бошад, шаҳрҳо ва саноатро бо хӯрокворӣ ва ашёи хоми саноатӣ таъмин карданро ба ӯҳда гирифтанд. Аввалин чунин шартномаи тарафайн байни коргарони саноати бофандагӣ ва пахтакорон ноябри соли 1929 баста шуда буд. Баъдтар ин намуди шартномаҳо тамоми соҳаҳои хоҷагии қишлоқро фаро гирифт, вале бе коллективонидани деҳот ин шартҳоро иҷро кардан мумкин набуд, чунки душвориҳои зиёде вуҷуд доштанд. Дар ҷумҳурӣ яке аз ин душвориҳои коллективонӣ гуногунсоҳа будани хоҷагии қишлоқ ва дар дараҷаҳои гуногуни иҷтимоӣ қарор доштани деҳаю деҳқонон буд. Минтақаҳо ва ноҳияҳои гуногуни Тоҷикистон ба соҳаҳои гуногуни хоҷагидорӣ машѓул буданд. Минтақаҳои шимол (вилояти Суғд) ва марказу ҷануби Тоҷикистон асосан ба зироаткорӣ ва баъд ба чорводорӣ, вале Помир ва минтақаҳои кӯҳистони ҷумҳурӣ аввал ба чорводорӣ ва баъд ба зироаткорӣ банд буданд. Аз ин рӯ, дараҷаи тайёрии ин минтақаҳо ҳам ба муттаҳидшавӣ якхела набуд. Дар шимоли ҷумҳурӣ дар рафти ислоҳоти обу замини солҳои 1925-1927 ба заминдории феодалӣ хотима дода шуда бошад, ин ислоҳот қисматҳои дигари ҷумҳуриро умуман фаро нагирифт ва гузаронида нашуд. Дар ин минтақаҳо то ибтидои соли 1929 ҳанӯз ҳам асоси хоҷагидориро моликияти шахсӣ ба замин ташкил медод. Дар ин минтақа хоҷагидории коллективӣ ҳамагӣ 1,5% хоҷагиҳоро дар бар мегирифт.
Барои тезонидани ин суръат соли 1928 дар ҷумҳурӣ 4 МТС-и дорои 41 трактор дар ноҳияҳои Арал, Шаҳритус, Шаҳринав ва Саройкамар ба кор сар карданд. Коллективонӣ ба сиёсат ва маъракаи сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва мадании Давлати Шӯравӣ табдил ёфта буд. Барои тезондани суръати коллективонӣ тадбирҳои сабук кардани андозҳо, қарздиҳӣ (кредит), ба заминҳои нав муҳоҷир кардани (кӯчондани) оилаҳои безамину камзамин, сохтмонҳои иншоотҳои обёрӣ, бо техникаи нав таъмин намудани деҳот аҳамияти калон доштанд. Дар татбиқи амалии сиёсати коллективонӣ гузаронидани маъракаҳои мустаҳкамкунии колхозҳо(1931), думоҳаи колективонӣ (1930-1931), аз сиёсати коллективонӣ ба сиёсати сохтмони колхозӣ гузаштан, қабули оинномаи намунавии ТОЗ-ҳо(1932), анҷуманҳои колхозчизанони пешқадам(1935) ва колхозчиён(1935) ва оинномаи намунавии хоҷагии қишлоқ(1936) нақши асосӣ бозида буданд.
Каҷравиҳо дар рафти муттаҳидсозии хоҷагиҳои деҳқонӣ. Каҷравиҳои асосӣ аз вайрон кардани шартҳои асосии коллективонӣ – ихтиёрӣ ба колхоз дохил шудан, ихтиёрӣ интихоб кардани шакл (ТОЗ, артел, коммуна) ва муҳлати он (дар шароити Тоҷикистон ин мӯҳлат то миёнаи соли 1933 муқаррар шуда буд), шахсони муваққатӣ ва бегона будани мутасаддиёни гузаронидани коллективонӣ ва баъдан, ташкили мусобиқа байни ин мутасаддиён иборат буд. Хоҳиши ғалаба дар чунин мусобиқаҳо ба каҷравиҳо оварда буд.
Дар Тоҷикистон шарти асосии ихтиёрӣ маънои онро дошт, ки деҳқонон аз се шакли пешниҳодгардидаи колхозҳо, (ТОЗ, артели хоҷагии қишлоқ ва коммунаҳо) кадомашро, ки хоҳанд, ҳамонашро интихоб кунанд ва ташкил диҳанд. Ҳукумат нисбат ба ҳамин масъала диди худашро дошт: ТОЗ-ҳоро пешниҳод карда буд. Шарти сеюм – муҳлати ба охир расондани сиёсати коллективонӣ буд, ки онро баҳори соли 1932 муқаррар карда буданд. Дар тамоми давраи коллективонӣ аксаран ин се шарт вайрон карда мешуд: ба ҷойи шарти ихтиёрӣ - зӯрӣ, ба ҷойи шарти интихоби ТОЗҳо, артелҳои хоҷагии қишлоқу коммунаҳо пешниҳод мешуданду муҳлатҳои коллективонӣ риоя намегардиданд. Аз ин ҷост, ки эътирозҳои деҳқонӣ ва суиқасдҳо ба ҷони шахсони расмӣ, мутасаддиёни коллективонӣ, ки солҳои 1930 - 1935 дар ноҳияҳои Конибодом, Қубодиён, Хоҷамастону (ҳоло Абдураҳмони Ҷомӣ) Шаҳринав ва дигарҳо шуда буданд, то ба дараҷаи истифода аз яроқи оташфишон оварда буданд. Натиҷааш даҳҳо қурбоншудагон буданд. Баробари ин, боз ҳазорҳо чорвоҳои корӣ қасдан кушта шуда, садҳо анборҳои хоҷагиҳо ғорату оташ зада шуданд.
Дар раванди татбиқи сиёсати коллективонӣ саҳми мутасаддиёни ин маърака, асосан, биступанҷҳазорнафариён кам набуд. Дар Тоҷикистон аз ҷониби ҳукумати умумииттифоқ 87 нафар ва садҳо инструкторони дохилии таҷрибаи кори ташкили колхозҳо дошта кор мекарданд. Ҳамаи онҳо роҳбарони муваққатӣ буда, то замони дар колхозҳо муттаҳид кардани зиёда аз 66% деҳқонони минтақаи фиристодашудаашон фаъолият карда, сипас ба ҷойҳон пештараи худ бармегаштанд, яъне баргаштанашон ба раванди коллективонӣ вобаста буд. Ин меъёре буд, ки баъди ноил гаштан ба он коллективонӣ ба охир расида ҳисобида мешуду ташкилотчиаш ғолиб. Ин боиси мусобиқа гардид ва мусобиқагаронро ба суистеъмол аз вазифа ҳам бурда расонд. Оқибати он марги даҳҳо чунин мутасаддиён мисли Зайнаббибӣ Қурбонова аз ноҳияи Рӯдакӣ, Мирзо Ризо аз ноҳияи Шаҳринав, Р.Ҳамроҳбоев аз ноҳияи Конибодом ва Г.К.Безгин аз биступанҷҳазорнафариён гардида буд.
Луғат
1. Азнавсозӣ – азнавсозӣ дар матн ба маънои азнавсозии сотсиалистӣ омада, таъсиси хоҷагиҳои характери истеҳсолоти сотсиалистӣ доштаро дар назар дорад.
Савол ва супориш
1. Азнавсозии деҳоти солҳои 30-ми асри ХХ чиҳоро дар назар дошт?
2. Шаклҳои колхозҳои солҳои панҷсолаҳои якум ва дуюмро номбар кунед ва шарҳ диҳед
3. Қурбоншудагони давраи сиёсати коллективониро номбар кунед
Реклама