Ин дарс ба давраи ҷамъбасткунии нимсолаи аввали соли хониш рост меояд ва ташкили санҷиши тестї аз рўйи барнома дар назар аст, яъне санҷиши тестӣ ҳатмист. Бинобар ин, саволномаҳои тестӣ дар охири матни китоби дарсӣ ҷой дода шудаанд.
ТЕСТҲО
1. Зарурати баъди инќилоб таъсис додани ҳукумати навро муайян намоед.
А) Бе ин амал маќсади инќилобро амалӣ кардан душвор мегардид.
В) Ҳукумати пештара пароканда шуда буд.
С) Ҳукумати пештара фирор карда буд.
Д) Маќсад он буд, ки ҳукуматҳои дигар ҳукумату давлати навро эътироф кунанд.
2. Фарқ ва умумиятҳои таъсиси ҳукуматҳои Русияи Шўравӣ ва Туркистонро ёбед.
А) Фарқи аввал миллӣ, дувум бегона, умумияти аввал пролетарӣ, дувум буржуазӣ.
В) Фарқи аввал дар Русия, дувум дар Туркистон ва умумияти аввал дар асоси нақшаи ягона, дувум ҳамчун тақлид ба марказ.
С) Фарқи аввал муташаккилона, дувум пароканда, умумияти аввал ва дуюм ҳокимияти халқӣ. Д) Фарқи аввал ҳадафҳои умумирусигӣ дувум умумирусиягӣ ва туркистонӣ, умумият ҳар ду пролетарӣ(авомӣ).
3. Дар таъсиси ҳукумати аввалини Русияи шӯравӣ кадом фраксияҳою ҳизбҳо иштирок доштанд?
А) Фраксияи болшевикҳою эсерҳо ва ҳизбҳои болшевикию меншевикӣ.
В) Фраксияҳои коргарию деҳқонӣ ва ҳизбҳои кадетҳою сотсиалистҳо.
С) Ҳеҷ фраксияю ҳизб.
Д) Фақат болшевикҳо.
4. Дар таъсиси ҳукумати Туркистон кадом фраксияҳо ва ҳизбҳо иштирок доштанд?
А) Ҳеҷ фраксия ва ҳизб набуд.
В) Фақат болшевикҳо.
С) Максималистҳо, меншевикҳо, болшевикҳо ва ҳизби РСДРП(б).
Д) Ҷадидҳо.
5. Мақомоти идораи кишвари Туркистон кадомҳо буданд?
А) Генерал-губернатор (1867-1917), Комиссари Кумитаи иҷроияи кишварии ҳукумати муваққатӣ (март-ноябри 1917), Шӯрои кишварӣ, Комиссариати маҷбуриятҳои ҳарбӣ, комиссариатҳои соҳавӣ.
В) Шӯрои губернаторҳо, Департаменти кишварӣ, Шӯрои Вазирон.
С) Комиссари ҳарбии кишвар, Комиссари кулли кишвар, Парламенти кишвар.
Д) Шӯрои олии кишвар, Шӯрои губернаторҳо, Сенати кишвар.
6. Мақомоти идораи уезди Хуҷанд ва қитъаи Помир кадомҳо буданд?
А) Шӯрои уездӣ ва қитъавӣ.
В) Кумитаи иҷроияи уездӣ (1866-1917) ва комиссари қитъавӣ, Кумитаи иҷроияи уездии ҳукумати муваққатӣ.
С) Шӯрои волостҳо ва қитъавӣ.
Д) Комиссари уезд ва қитъа.
7. Мақомотҳои навташкили шӯравии уезди Хуҷанд ва қитъаи Помирро муайян кунед?
А) «Шӯрои уламо» ва «Шӯрои исломия».
В) Шӯрои ҳунармандон ва Шӯрои қитъавӣ.
С) Шӯрои уездии коргарону аскарҳо ва Шӯрои аскарҳои сарҳадӣ.
Д) Мухторияти уездӣ ва қитъавӣ.
8. Эъломияҳои аввалини Ҳокимияти Шӯравиро ёбед?
А) Эъломияи хуқуқи халқҳои Русия ва Эъломияи ҳуқуқҳои халқи заҳматкаш ва мазлум.
В) Декрет дар бораи замин ва Декрет дар бораи судҳо.
С) Декрет дар бораи савдо ва Декрети сулҳ.
Д) Конститутсияи Русияи шӯравӣ ва Қонун дар бораи захираҳои табиӣ.
9. Муроҷиатномаҳои аввалини Ҳокимияти Шӯравиро муайян кунед?
А) “Мурҷиатнома ба халқи афғон”, “Муроҷиатнома ба халқҳои Украин”.
В) “Мурҷиат ба афсарон”, “Муроҷиат ба афсарони подшоҳӣ”.
С) Муроҷиатнома ”Ба ҳамаи шӯроҳо”, “Ба ҳамаи мусулмонони Русия ва Шарқ”.
Д) Муроҷиатнома “Ба коргарони роҳи оҳан”, “Ба маорифчиён”.
10.”Эъломияи ҳуқуқҳои халқи заҳматкаш ва мазлум” кай қабул шуда буд?
А) 25.10.1917. В) 27.11.1919. С) 13.12. 1917. Д) 3.01.1918.
11. Идораю мақомотҳои марказии аморати Бухороро ҷудо созед?
А) Амир, Шӯрои вазирҳо, қозиюлқузот, муфтӣ.
В) Амир, бекҳо, раисҳо.
С) Амир, қушбегӣ, қозикалон.
Д) Амир, қушбегӣ, Шӯрои дарбор.
12. Артиши Сурхи Шӯравӣ кай таъсис ёфта буд?
А) Декабри соли 1917.
В) Январи соли 1918.
С) Феврали соли 1918.
Д) Марти соли 1918.
13. Судҳои куҳнаи Тоҷикистон кай барҳам дода шуда буданд?
А) Баробари Инқилоб.
В) Декабри соли 1917.
С) Марти соли 1918.
Д) Мувофиқи нишондоди «Декрет дар бораи судҳо» аз 22-юми ноябри соли 1917, охири соли 1919.
14. Судҳои нави шӯравӣ чӣ ном доштанд ва кай таъсис ёфта буданд?
А) Судҳои халқӣ (шӯравӣ).
В) Судҳои коргарӣ.
С) Судҳои коргарию деҳқонӣ.
Д) Судҳои демократӣ.
15. Милисаи шӯравӣ кай таъсис ёфта буд?
А) Ноябри соли 1917.
В) Декабри соли 1917.
С) Январи соли 1918.
Д) Марти соли 1918.
16. Оё медонед, ки дар ибтидои Ҳокимияти Шӯравӣ қабул ба милиса ва хизмати ҳарбӣ чӣ тавр сурат мегирифт?
А) Ба воситаи пешниҳоди ариза.
В) Ба воситаи ташкили озмун.
С) Ба воситаи худпешниҳодкунӣ дар назди комиссияи ҳарбии шӯроҳо.
Д) Ба воситаи даъвати ҳатмӣ.
17. Вазифаҳои назорати коргариро муайян кунед?
А) Назоратро аз болои истеҳсолоти ҷамъиятӣ ва тақсими маҳсулот ба манфиати давлат ташкил ва пурзӯр кардан.
В) Ҳимояи иқтисодии коргарон.
С) Садди роҳи ғорати корхона шудан.
Д) Барои давлатӣ кардани корхона мусоидат кардан.
18. Мақсади ҷамъиятигардонии истеҳсолотро шарҳ диҳед.
А) Иҷрои яке аз талаботи инқилоб.
В) Барҳам додани сармоядории калон ва таъсиси истеҳсолоти ҷамъиятии сотсиалистӣ.
С) Ҷазои сармоядоронро додан.
Д) Зиёд кардани истеҳсолот.
19. Аввалин ислоҳоти обу замини шӯравӣ кадом солҳо гузаронда шуда буд?
А) 1917-1918.
В) 1917-1918.
С) 1918-1920.
Д) 1920-1924.
20. Барои чӣ ислоҳоти замини солҳои 1918-1920 Тоҷикистон ислоҳоти замину об номида шуда буд?
А) Барои он ки ислоҳоти замину об буд.
В) Барои он ки замину обро дар бар мегирифт.
С) Дар «Декрет дар бораи замин» бо ҳамин ном омада буд.
Д) Барои он ки дар Тоҷикистон об ҳам моликияти хусусӣ буд.
21. Нахустин ҷумҳурии шӯравӣ дар Осиёи Миёна кай ташкил ёфта буд?
А) Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Туркис- тон, апрели соли 1918.
В) РСС Ӯзбекистон, 14-уми октябри 1921.
С) РСС Туркманистон, 14-уми октябри соли 1922.
Д) РАСС Тоҷикистон, 14-уми октябри соли 1924.
22. Кай, бо кадом мақсад ва бо роҳбарии кӣ дар Помир Кумитаи умумипомирӣ ташкил шуда буд?
А) Декабри соли 1919 бо мақсади барқарор намудани Ҳокимияти Шӯравӣ бо роҳбарии Ш. Шоҳтемуров.
В) Декабри соли 1919 бо мақсади барқарор намудани Ҳокимияти Шӯравӣ бо роҳбарии П. Воловик.
С) Декабри соли 1919 бо мақсади барпо намудани Ҳокимияти Шӯравӣ бо роҳбарии А. Элчибеков. Д) Декабри 1919 бо мақсади барпо намудани Ҳокимияти Шӯравӣ бо роҳбарии А. Дяков.
23. Намудҳои асосии ҷангҳоро муайян кунед?
А) Ҷангҳои мустамликавӣ, қабилавӣ, байнидавлатӣ.
В) Ҷангҳои забткорона (таҷовузкорӣ), ҳимояткорона (аз таҷовуз), шаҳрвандӣ (гражданӣ).
С) Ҷангҳои империалистӣ, партизанӣ, баҳрӣ.
Д) Ҷангҳои қитъавӣ, ҳавоӣ, ракетӣ.
24. Ҷангҳои шаҳрвандӣ боз бо кадом номҳо ёдоварӣ мешаванд?
А) Ҷанги дохилӣ, берунӣ, қавмӣ.
В) Ҷанг барои ҳукумат, вазифа, мансаб.
С) Ҷанги шаҳрвандӣ, бародаркушӣ.
Д) Ҷанги минтақавӣ, байниқавмӣ.
25. Туркистони русӣ гуфта чӣ дар назар дошта мешавад?
А) Минтақаи ҷуғрофиро дар Осиёи Миёна.
В) Ҳамаи минтақаҳое, ки туркҳо сукунат доштанд.
С) Туркзабонҳои насрониро.
Д) Қаламрави генерал-губернатории Туркистонро.
26. Сабабҳои ҷанги шаҳрвандии солҳои 20-уми асри ХХ-ро ёбед.
А) Баргардондани имтиёзҳои аз дастрафта ва тақсим карда натавонистани ҳокимият.
В) Гуногунҳизбӣ дар таъсиси ҳукумати нав.
С) Инқилоб ба ин меоварад.
Д) Иҷрои хоҳиши империализми ҷаҳонӣ.
27. Ташкилоти аксулинқилобии ҳарбии Туркистон чӣ ном дошт?
А) Олаш-Орда.
В) Ташкилоти ҳарбии Туркистон.
С) Шӯрои исломия.
Д) Мухторияти Қӯқанд.
28. Аввалин ташкилкунандаи дастаи босмачигарӣ кӣ дониста мешавад?
А) Мамадсолӣ.
В) Кӯри Шермат.
С) Мадаминбек.
Д) Анварпошшо.
29. Босмачиён худро чӣ (кӣ) меномиданд, муайян кунед.
А) Размкунанда.
В) Ҷанговар.
С) Босмачӣ.
Д) Муҷоҳид.
30. Ҷанги шаҳрвандӣ чӣ гуна ҷанг аст?
А) Ҷангест байни ду қувваи сиёсии ба ҳамдигар зид дар як мамлакат барои ҳокимияти сиёсӣ. В) Ҷангест барои ҳокимият.
С) Ҷангест байни ду гурӯҳи қувваҳо.
Д) Ҷанги байни одамон.
31. «Ташкилоти ҳарбии Туркистон» чӣ гуна ташкилот буд?
А) Ташкилоти ҳарбиёни Туркистон.
В) Ташкилоти махфии зиддиинқилобӣ дар ҶМШС Туркистон.
С) Ташкилоти ҳарбии афсарони ба истеъфобаромадаи Туркистони.
Д) Ҳизби сиёсии ҳарбиёни Туркистон.
32. Хусусияти ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистонро муайн созед?
А) Ба чунин ҷангҳои дигар монанд буд.
В) Дар намуди ғоратгарӣ амал кард.
С) Шакли босмачигарӣ дошт.
Д) Бо шиори динӣ баромад кард.
33. Сардорони аввалини дастаҳои зиддишӯравии Тоҷикистонро номбар кунед.
А) Анварпошшо, Сурайё Афандӣ, Сомӣ, Исматқӯрбошӣ.
В) Кӯри Барот, Раҳмондодхоҳ, Тоҳирпонсад, Аъзам.
С) Холмаков, Мулло Тош, Мулло Шараф, Эргаш.
Д) Холбӯта, Иброҳимбек, Фузайлмахсум, эшони Султон.
34. Сабабҳои асосии аз тарафи аҳолӣ дастгирӣ ёфтани шӯроҳо дар чӣ буд?
А) Рост омадани рафтор бо гуфтори шӯроҳо.
В) Тафовут дар рафтору гуфтори босмачиён.
С) Бисёрӣ будани тарафдорони шӯроҳо.
Д) Кам будани босмачиҳо.
35. Сардорони дастаҳои босмачигарии минтақаи Суғдро номбар кунед.
А) Ашӯртӯқсабо, Усмонхоҷа, Исохоҷа, Ниёзбек, Барот.
В) Исмат, Эргаш, Холбӯта, Ҳомид, Раҳмонқул.
С) Авлиёқул, Остонақул, Туғайсарӣ, Раҳмондодхоҳ, Аъзам.
Д) Давлатмандбой, эшони Султон, Қайюмпарвоначӣ.
36. Турккомиссия кай ва бо кадом мақсад таъсис дода шуда буд?
А) Октябри соли 1919 бо мақсади барпо намудани Ҳокимияти Шӯравӣ.
В) Октябри соли 1919 барои мустаҳкам намудани музаффариятҳои Инқилоб ва гузаронидани тақсимоти миллӣ-маъмурӣ.
С) Соли 1924 барои ташкили маърака зидди босмачигарӣ.
Д) Соли 1917 барои ташкили шӯриши мусаллаҳона.
37. Кумитаи инқилобии Бухоро кай ва бо сардории кӣ ташкил ёфта буд?
А) 2-юми сентябри соли 1920 бо сардории Ф. Хоҷаев.
В) 14-уми сентябри соли 1920 бо сардории А. Муҳиддинов.
С) 14-уми октябри соли 1920 бо сардории В. Куйбишев.
Д) 14-уми сентябри соли 1920 бо сардории А. Ҳоҷибоев.
38. Китобхонаи миллии Тоҷикистон кай кушода шуда буд ва ба номи кӣ буд?
А) Соли 1924 ба номи В.И. Ленин.
В) Соли 1929 ба номи И.В. Сталин.
С) Соли 1933 ба номи А. Фирдавсӣ.
Д) Соли 1941 ба номи А. Сино.
39. Милисаи тоҷик кай таъсис ёфта буд?
А) Соли 1924 бо таъсиси РАСС Тоҷикистон.
В) Соли 1929 бо таъсиси РСС Тоҷикистон.
С) Соли 1918 бо таъсиси ҶШС Туркистон.
Д) Ноябри соли 1917 бо таъсиси Шӯрои Комиссариати халқии уезди Хуҷанд.
40. Барои чӣ босмачиён ба шаҳрҳою шаҳракҳо ҳуҷум намекарданд?
А) Шаҳрҳо ба муқовимат тайёр ва муташаккил буданд.
В) Шаҳрҳо посбонҳои доимӣ доштанд.
С) Босмачиён барои дар шаҳр ҷанг кардан таҷриба надоштанд.
Д) Аз шаҳриҳо чизи ғорат мешудагӣ кам буд.
41. Сабаби асосии таъсиси бекигарии Масчоҳро дар чӣ мебинед?
А) Кӯҳистон будани Масчоҳ.
В) Суст будани Ҳокимияти маҳаллии Шӯравӣ.
С) Хоҳиши мардуми Масчоҳ.
Д) Набудани қувваҳои дигар.
42. Барои чӣ бо барҳам хӯрдани бекигарии Масчоҳ ҷанги шаҳрвандӣ дар вилояти Суғд ба охир расида ҳисобида мешавад?
А) Барои он ки дастаҳои босмачиён кам мешаванд.
В) Барои он ки бекигарии Масчоҳ барҳам хӯрд.
С) Барои он ки босмачигарии минбаъда характери сиёсии худро гум карда буд.
Д) Барои он ки Масчоҳ маркази босмачигарии вилояти Суғд буд.
43. Дар ҳаракати зиддишӯравии Бадахшон киҳо нақши асосиро мебозиданд?
А) Босмачиҳо, рӯҳониҳо, бойҳо.
В) Рӯҳониён, ҳарбиҳо, афғонҳо.
С) Босмачиҳо ва ҳарбиён.
Д) Босмачиҳои Фарғонаю Бухоро, сафедгвардиячиёни рус ва асирони ҳарбии румину венгер.
44. Сегонаи ҳарбӣ-сиёсии Помир кай ва барои чӣ ташкил ёфта буд?
А) Сентябри соли 1921 барои тезтар барқарор кардани Ҳокимияти Шӯравӣ.
В) Ноябри соли 1918 барои барпо кардани Ҳокимияти Шӯравӣ. С) Декабри соли 1919 барои ба даст гирифтани ташаббус.
Д) Январи соли 1925 барои таъсиси Ҳукумати Мухтор.
45. Воқеаи марбут ба А.Холмаков ва Тимофеев ба чӣ далолат мекунад?
А) Ба бастани шартнома.
Б) Ба иштирокчии табаддулоти Помир будан.
В) Ба роҳбари ягон муасисса будан.
Г) Ба сарҳадчиёни Помир будан.
46. Ҷанги шаҳрвандии солҳои 20-уми асри ХХ Тоҷикистон ба чанд ва кадом давраҳо ҷудо мешавад?
А) Ба ду давра: солҳои 1918-1920 ва 1921-1924.
В) Ба се давра: солҳои 1918-1920; 1920-1922; 1923-1924.
С) Ба се давра: баҳори соли 1918-охири соли 1920; тобистони соли 1921 – тирамоҳи соли 1922; Тирамоҳи соли 1922 – тирамоҳи соли 1923.
Д) Ба як давра: солҳои 1918-1924.
47. Қарор «Дар бораи тақсимоти миллии ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна» кай қабул шуда буд?
А) 28-уми апрели соли 1924.
В) 4-уми июни соли 1924.
С) 15-уми июни соли 1924.
Д) 12-уми июни соли 1924.
48. Сегонаи ҳарбӣ-сиёсии Помирро барои чӣ «сегона» меномиданд?
А) Барои он ки дар ҳайати 3 нафар таъсис ёфта буд.
В) Барои он ки аз ҳайати 3 қисмати Помир таъсис ёфта буд.
С) Барои он ки аз ҳайати 3 ҳизб таъсис ёфта буд.
Д) Номи махфии иттифоқе буд.
49. Ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон кадом солҳо шуда буд?
А) Солҳои 1918-1923.
В) Солҳои 1918-1924.
С) Солҳои 1918-1922.
Д) Солҳои 1918-1920.
50. Иброҳимбек кӣ буд?
А) Босмачӣ буд.
В) Солҳои 1921-1923 сардори дастаи босмачиёни ноҳияи Лақай-тоҷик ва солҳои 1924-1926 сардори босмачиёни Бухорои Шарқӣ.
С) Қаҳрамони ҷанги шаҳрвандии солҳои 1918-1923.
Д) Раиси Кумитаи инқилобии Кӯктош.
51. Анварпошшо аз куҷо буд ва барои чӣ ба Бухорои Шарқӣ омада буд?
А) Аз Эрон ва барои ёрӣ ба босмачигарӣ.
В) Аз Озорбойҷон ва барои ёрӣ ба Ҳокимияти Шӯравӣ.
С) Аз Туркия ва барои сардорӣ ва вусъат бахшидан ба босмачигарӣ.
Д) Аз Афғонистон ва барои ҷанг бо шӯроҳо.
52. Маъракаи муборизаи зидди Анварпошшо кай гузаронида шуда буд?
А) Солҳои 1921-1922.
В) Солҳои 1922-1923.
С) Солҳои 1921-1924.
Д) Соли 1922.
53. Анварпошшо кай ва дар кадом ноҳияи ҷумҳурӣ кушта шуда буд?
А) 4-уми августи соли 1922 дар Балҷувон.
В) 4-уми сентябри соли 1922 дар Ховалинг.
С) 4-уми августи соли 1922 дар Кӯлоб.
Д) Сентябри соли 1922 дар Сангтӯдаи Данғара.
54. Салим (Сомӣ) кӣ буд, ки номаш дар таърих гирифа мешавад?
А) Мубориз барои мустаҳкам кардани шӯроҳо.
В) Гумоштаи империализми байналхалқӣ, сардори босмачигарии соли 1923 дар Бухорои Шарқӣ.
С) Қӯрбошии Иброҳимбек.
Д) Атташеи Туркия дар Ҷумҳурии Туркистон.
55. Ҳайати иҷтимоии босмачиёнро киҳо ташкил медоданд?
А) Рӯҳониён ва бойҳо.
В) Бойҳои собиқ, рӯҳониён ва миёнаҳолон.
С) Намояндагони ҳукумати пештара ва кулли фирефташудаи бою, рӯҳонию, камбағал.
Д) Бою кулакҳо.
56. Қаҳрамонҳои ҷанги шаҳрвандии солҳои 1918-1923ро номбар кунед.
А) А.Раҳимбоев, А.Муҳиддинов, А.Ҳусейнбоев, Ч. Имомов.
В) Нусратулло Махсум, Шириншо Шотемур, М. Шогадоев, М.Эркаев.
С) С.Айнӣ, Б.Ғафуров, А.Алиев, А. Муҳиддинов.
Д) Муқим Султонов, Юлдош Соҳибназаров, Абдулло Ёрмуҳаммадов, Ҳайдар Усмонов.
57. Сабабҳои асосии ғалабаи Шӯроҳоро аз болои босмачигарӣ ёбед.
А) Ҳақ будани гуфтору рафтори шӯроҳо ва аскарони сурх.
В) Ноҳақ будани гуфтору рафтори босмачиҳо.
С) Бартарии қувваҳои шӯравӣ.
Д) Суст будани ҳаракати босмачигарӣ.
58. Сабабҳои шикастхӯрии ҳаракати зиддишӯравиро нишон диҳед.
А) Ҳақ будани гуфтору рафтори шӯроҳо ва аскарони сурх.
В) Ноҳақ будани гуфтору рафтори босмачиҳо.
С) Бартарии қувваҳои шӯравӣ.
Д) Суст будани ҳаракати босмачигарӣ.
59. Оё босмачиён қаҳрамонанд: ҳа ё не ва барои чӣ?
А) Ҳа, барои ба ҳимояи сарзамини худ бархестанишон.
В) Ҳа, барои ҷасораташон.
С) Не, барои ҳарчи тезтар аз қашшоқӣ баромадани мамлакат садди роҳ шудан.
Д) Не, барои бо Ҳокимияти Шӯравӣ ҷангидан.
60. Оё босмачиён душмани халқи худ буданд: ҳа ё не ва барои чӣ?
А) Не, саркардаҳои онҳо бо намояндагони халқи худ, ки Ҳокимияти Шӯравиро қабул карда буданд, ҷангида буданд.
В) Не, онҳоро бо фиреб зидди халқи худ бурда буданд ва чун дарк карданд, аз босмачигарӣ аксаран даст кашиданд.
С) Не, дар ибтидо онҳо барои ҳокимият не, барои ҳимояи дини худ-ислом баромада буданд, вале аз маърифати пасти сиёсии онҳо истифода бурда, онҳоро зидди ҳукумати қонунӣ бурда тавонистанд.
Д) Ҳа, бо қатлу ғораташон, аз бунёдкорӣ дур кардани халқу ҳукумат, қурбониҳои зиёд оварданашону худ қурбон шуданашон.
61. Сиёсати “коммунизми ҳарбӣ” чиро дар назар дошт?
А) Ҳимояи инқилоб аз саботажу қаҳтӣ ба воситаи ҷорӣ намудани маҷбуриятҳои (разверсткаи) озуқаворӣ.
В) Бо роҳи ҳарбӣ ҳимояи давлатро.
С) Таъмини озуқа ба воситаи эълони диктатураи ҳарбӣ.
Д) Ҳукуматро ба дасти ҳарбиён супоридан.
62. Сиёсати нави иқтисодӣ (СНИ) чиро дар назар дошт?
А) Ҳимояи инқилоб аз саботажу қаҳтӣ ба воситаи ба ҷойи маҷбуриятҳои (разверсткаи) озуқаворӣ ҷорӣ намудани андози озуқаворӣ ва савдои озод.
В) Бо роҳи бекор кардани коммунизми ҳарбӣ ҳимояи давлатро таъмин кардан.
С) Таъмини озуқа ба воситаи эълони андоз.
Д) Ҳукуматро ба дасти ҳарбиён бозгардонидан.
63. Шиори “Кӣ киро?” чӣ маъно дошт?
А) Рақобати (бозори) озоди саноату хоҷагии қишлоқ.
В) Рақобати (бозори) озоди сотсиализму капитализм дар шароити дар дасти сотсиализм қарор доштани ҳамаи воситаҳои таъсиррасонӣ.
С) Кулак камбағалро ё камбағал кулакро.
Д) Савдогар истеҳсолчиро ё истеҳсолгар савдогарро.
64. Давраҳои ислоҳотҳои обу замини шӯравиро муайян кунед.
А) 1917-1920, 1921-1924, 1924-1937.
В) 1917-1924, 19241929, 1929-1937.
С) 1918-1920, 1921-1923, 1926-1929.
Д) 19171936, 1937-1958, 1959-1991.
65. Аввалин мактабҳои шӯравии Тоҷикистон дар куҷо ва кай таъсис ёфтаанд?
А) Дар Душанбе соли 1923.
В) Дар Хоруғ соли 1924.
С) Дар Хуҷанд соли 1918.
Д) Дар Ӯротеппа соли 1918.
66. Аввалин маҳфилҳои ҳаваскорони Тоҷикистон дар куҷо ва кай кушода щудаанд?
А) Дар Исфара соли 1921.
В) Дар Исфисор соли 1920.
С) Дар Ӯротеппа соли 1920.
Д) Дар Хуҷанд соли 1919.
67. Кай асари Қаҳрамони Тоҷикистон С. Айнӣ «Намунаи адабиёти тоҷик» дар Москва нашр гардид?
А) Соли 1926.
В) 15-уми декабри соли 1999.
С) 5-уми январи соли 2001.
Д) 8-уми сентябри соли 1997;
68. Аввалин театри касбии тоҷик кадом сол ташкил ёфтааст?
А) Соли 1924 дар Хуҷанд.
В) Соли 1926 дар Ӯротеппа.
С) Соли 1932 дар Конибодом.
Д) Соли 1929 дар Душанбе;
69. Ҷанги шаҳрвандӣ чист?
A) Ҷанг ба хотири ғасби кишвари бегона.
В) Ҷанг ба хотири ба даст овардани ҳокимияти сиёсӣ.
С) Муқовимати ду гурӯҳи сиёсии аҳолии як кишвар барои соҳиб шудан ба ҳокимияти сиёсӣ.
Д) Ихтилофоти байни давлатҳои ҳамсоя. Мафҳуми «босмачӣ» кадоме аз ин маъноҳоро дорад? A) Фидоӣ. В) Мубориз. С) Муҷоҳид. Д) Ҳимоятгар.
70. Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷи- кистон кай ташкил ёфтааст?
А) 14-уми октябри соли 1924.
В)15-уми марти соли 1923.
С) 31-уми декабри 1923.
Д) 22-уми ноябри соли 1922;
71. Дар мубориза бар зидди Олмони гитлерӣ чанд нафар тоҷикистониён ба унвони «Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ» сазовор гардиданд?
А) 14 нафар. В) 54 нафар. С) 8 нафар. Д) 60 нафар
72. Раиси нахустини ҳукумати Тоҷикистони шӯравӣ кӣ буд?
А) Абдураҳим Ҳоҷибоев.
В) Абдулқодир Муҳиддинов.
С) Шириншоҳ Шоҳтемур.
Д) Нусратулло Махсум;
73. Дар ноҳияҳои Ашт, Конибодом, Исфара кай ва баъди кадом воқеа Ҳокимияти Шӯравӣ барпо карда шуд?
A) 13-уми декабри соли 1917 баъди барҳам додани «Шӯрои исломия».
В) Феврали соли 1918 баъди барҳам додани «Мухторияти Қӯқанд».
С) Марти соли 1918 баъди барҳам додани «Дружинаи халқии русӣ».
Д) Ноябри соли 1918 баъди барҳам додани «Уламо»;
74. Пешвоёни асосии дастаҳои босмачиёни Бухорои Шарқиро муайян кунед?
A) Авлиёкулбек, Ашӯртӯксабо, Кӯри Барот.
В) Иброҳимбек, Анварпошшо, Фузайлмахсум, Давлатмандбой, эшони Султон.
С) Қайюм парвоначӣ, Хуррамбек, Мулло Тоҳир.
Д) Салимпошшо, Туғайсарӣ, эшони Султон.
75. Дар замони шӯравӣ дар Тоҷикистон чанд маротиба ислоҳоти алифбо гузаронида шуд?
А) 3 маротиба, солхои 1924, 1926, 1940.
В) 1 маротиба, соли 1928.
С) 2 маротиба, солхои 1928-1929, 1940.
Д) 4 маротиба, солхои 1929, 1930, 1940, 1946;
76. Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикис- тон кай ташкил ёфтааст?
А) 14-уми октябри соли 1924.
В) 15-уми марти соли 1923.
С) 31-уми декабри соли 1923.
Д) 22-юми ноябри соли 1922;
77. Инқилоби сотсиалистӣ чист?
A) Навъи олӣ ва баландтарини инқилоби иҷтимоӣ мебошад.
В) Навъи баланди инқилоби буржуазӣ мебошад.
С) Навъи олии инқилоби буржуазӣ-демократӣ мебошад.
Д) Инқилоби феодалиро меноманд;
78. Ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистони баъдинқилобӣ кадом солҳо ҷараён гирифтааст?
A) Солҳои 1920-1924.
В) Солҳои 1918-1923.
С) Солҳои 1921-1923.
Д) Солҳои 1922-1924;
79. Аввалин НБО (ГЭС)-и Тоҷикистон дар куҷо ва кай ба кор андохта шудааст?
А) Варзоби боло дар шимоли Душанбе соли 1937.
В) Қайроққум дар Сирдарё соли 1958.
С) Варзоби поён соли 1960.
Д) Норак дар Вахш соли 1972.
80. Аввалин поезд кай ба Душанбе омадааст?
А) 11-уми сентябри соли 1929.
В) 12-уми апрели соли 1927.
С) 25-уми октябри соли 1925.
Д) 7-уми ноябри соли 1930.
Е) 26-уми октябри соли 1993;
81. Кадом сол Душанбе пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид?
А) Октябри соли 1924.
В) Декабри соли 1924.
С) Январи соли 1926.
Д) Октябри соли 1929.
Е) Сентябри соли 1939;
82. Санаи барпокунии Ҳокимияти Шӯравиро дар Душанбе муайян кунед.
A) 24-уми феврали соли 1921.
В) 21-уми феврали соли 1921.
С) 27-уми феврали соли 1921.
Д) 15-уми марти соли 1921.
83. Кадом солҳо шаҳри Душанбе номи Сталинободро дошт?
A) Солҳои 1928-1960.
В) Солҳои 1929-1962.
С) Солҳои 1929-1961.
Д) Солҳои 1930-1953.
84. Отряди ихтиёрӣ таҳти сарварии кӣ Иброҳимбекро дастгир намуд?
А) Муқим Султонов. В) Бобохон Ҳамдамов. С) Ҷӯра Зокиров. Д) Хубоншо Кирмоншоев;
85. «Дружинаи халкии русӣ» дар кадом минтақаи кишвари Туркистон амал мекард?
A) Дар Панҷакент. В) Дар Тошканд. С) Дар Ӯротеппа. Д) Дар Самарқанд;
86. Созмони «Шӯрои исломия» чӣ гуна ташкилот буд?
A) Ташкилоти зиддиинқилобӣ буд.
В) Моҳи марти соли 1917 ташкил ёфта, ғояҳои панисломӣ ва пантуркистиро тарғиб менамуд.
С) Созмони тоторҳои Осиёи Миёна буд.
Д) Соли 1918 ташкил ёфта, «Мухторияти Қӯқанд»-ро созмон дод;
87. Сохтмони кадом канал соли 1931 шурӯъ гардид?
А) Вахш. В) Фарғона. С) Ҳисор. Д) Сомғор.
88. Раиси нахустини Кумитаи Инқилобии Бухороро муайян кунед.
A) Абдулқодир Муҳиддинов. В) Файзулло Хоҷаев. С) Чинор Имомов. Д) Нусратулло Махсум.
89. Соли 1922 барои мустаҳкам намудани Ҳокимияти Шӯравӣ дар Бухорои Шарқӣ боз кадом мақомоти иловагии муваққатӣ таъсис дода шуда буд?
A) Комиссияи ҳарбии сегона.
В) Комиссияи фавқулодаи диктаторӣ.
С) Мухторияти Қӯқанд.
Д) Комиссияи муваққатӣ;
90. Ба ҳайати Сегонаи ҳарбӣ-сиёсии Помир киҳо дохил буданд?
А) Шириншо Шоҳтемуров, А.Ҳусейнбоев, М.Дяков. В) Тимофеев, Воловик, Холмаков.
С) А. Раҳимбоев, М. Ткачев, Ф. Колесов. Д) М. Андреев, Б. Бартолд, С. Тимофеев.
91. Бухоро кай ва дар кадом анҷуман Ҷумҳурии Халқии Шӯравӣ эълон карда шуд?
A) 6-8-уми октябри соли 1920 дар Қурултойи (Анҷумани) якуми умумибухороӣ.
В) 6-уми сентябри соли 1920 дар анҷумани V ҲК Бухоро.
С) 11-уми сентябри соли 1920 дар ҷаласаи Шӯрои нозирони халқӣ.
Д) 14-уми сентябри соли 1920 дар маҷлиси Кумитаи Инқилобии умумибухороӣ.
92. Гумоштагони давлатҳои хориҷӣ, ки зидди шӯроҳо мечангиданд, киҳо буданд?
A) Иброҳимбек, Давлатманбой. В) Фузайлмахсум, эшони Султон.
С) Хуррамбек, Раҳмонқул. Д) Анварпошшо, Сомӣ (Салим).
93. Кадом сол Ҳокимияти Шӯравӣ дар шаҳрҳои Конибодом ва Исфара барпо гардида буд?
А) Соли 1917. В) Соли 1918. С) Соли 1919. Д) Соли 1920.
94. Кай СССР (ИҶШС) ташкил гардида буд?
A) Моҳи октябри соли 1917. В) Моҳи ноябри соли 1918.
С) Моҳи марти соли 1919. Д) Моҳи декабри соли 1922.
95. Ташаббускори тақсимоти миллӣ-марзии соли 1924 кӣ(ҳо) буд?
А) Файзулло Хоҷаев, А.Раҳимбоев. В) Ҳизби коммунистӣ ва Ҳукумати Шӯравӣ.
С) С.Айнӣ, Б.Ғафуров. Д) Ӯзбекистон, Туркистон.
96. Барои гузарондани тақсимот кадом мақомотҳо таъсис ёфта буданд?
А) Шӯрои ҳамоҳангсози тақсимот. В) Комиссияи ҳамоҳангсози тақсимот.
С) Комиссияҳои миллии тақсимот. Д) Шӯрои миллии тақсимот.
97. Барои чӣ комиссияи тақсимоти тоҷикӣ дер таъсис ёфт?
А) Тоҷикон дер талаб карданд. В) Ҳукумати давру замон нахост.
С) Аксари тоҷикон берун аз хоки шӯравӣ монда буданд. Д) Тоҷикони мансабдори манкурт нахостанд.
98. Мухторияти сиёсӣ чист?
А) Ҳолатест, ки воҳиди сиёсии минтақаеро эътироф мекунанд.
В) Ҳолатест, ки воҳиди миллии минтақаеро эътироф мекунанд.
С) Ҳолатест, ки воҳиди ҷуғрофии минтақаеро эътироф мекунанд.
Д) Ҳолатест, ки воҳиди сиёсӣ, миллӣ, ҷуғрофии минтақаеро эътироф мекунанд.
99. Барои тоҷикон кадом воҳидҳои мухториро (вилоят, ҷумҳурӣ) раво дониста буданд ва барои чӣ?
А) Вилояти Мухтор, чунки душмани бисёр дошт.
В)Ҷумҳурии Мухтор барои камшумор буданашон.
С) Ҷумҳурии Мухтор барои бетарафии мардумашон.
Д) Ҷумҳурии Мухтор аз беадолатиҳои комиссияҳои тақсимот.
100. Соли 1924 кадом ҷумҳуриҳои Осиёи Миёнаро тақсим карда буданд?
А) РАСС Туркистон, РСС Бухоро, РСС Хива.
В) РСФСР, РАСС Туркистон, ҶХШ Бухоро.
С) ҶХШ Бухоро, ҶХШ Хива, ҶШС Туркистон.
Д) Туркманистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон.
101. Кадом қисматҳои ҶМШС Туркистон ба Тоҷикистон дохил шуда буд?
А) Қисматҳои фарғонагӣ. В) Қисматҳои Зарафшонӣ.
С) Қисматҳои округи Хуҷанд ва қитъаи сарҳадии Помир. Д) Қисмати Сирдарё.
102. Кадом қисматҳои ҶШС Бухоро ба ҶМШС Тоҷикистон дохил гардида буданд?
А) Бухорои Ғарбӣ. В) Бухорои Марказӣ. С) Бухорои Шарқӣ. Д) Бухорои Ҷанубӣ.
103. Бухорои Шарқӣ гуфта куҷоро медонистанд ва медонанд?
А) Ғарбии ВМКБ (Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон). В) Тоҷикистони Ҷанубӣ ва Марказиро.
С) Водиҳои Вахшу Ҳисорро. Д) Қаротегину Дарвозро.
104. Комиссияи фавқулодаи диктаторӣ чӣ гуна комиссия буд, барои чӣ ва кай таъсис ёфта буд?
А) Комиссияи муваққатӣ барои гузаронидани интихобот соли 1926.
В) Комиссияи давлатӣ оид ба корҳои Бухорои Шарқӣ соли1922.
С) Комиссияи давлатӣ барои гузаронидани ислоҳоти замин, соли 1918.
Д) Комиссияи вилоятӣ барои баргардонидани округи Хуҷанд ба ҳайати РСС Тоҷикистон соли 1929.
105. Анҷумани якуми намояндагони Бухорои Шарқӣ кай доир гашт ва кадом масъалаҳоро ҳал кард? А) Соли 1924, масъалаи тақсимотро.
В) Соли 1926 масъалаи интихоботро.
С) Соли 1926 масъалаи ташкилии анҷумани якуми шӯроҳоро.
Д) Соли 1929 масъалаи таъсиси РСС Тоҷикистонро.
106. Ташкилоти ҳизбии округи Хуҷанд кай таъсис ёфта буд?
А) Марти 1917. В) Ноябри 1917. С) Декабри 1917. Д) Марти 1918.
107. Комитетҳои Инқилобии ҶМШС Тоҷикистон кадом солҳо фаъолият карда буданд?
А) 1917-1929. В) 1921-1929. С) 1924-1929. Д) 1924-1941.
108. Интихобот ба шӯроҳои солҳои 1925-1926 кадом масъалаи асосиро ҳал карда буд?
А) Аз комитетҳои инқилобӣ ба шӯроҳо гузаштанро. В) Таъсиси ҳукуматҳои маҳаллиро.
С) Маъракаи навбатии интихоботро. Д) Аз идораҳои давлатӣ дур кардани бойҳоро.
109. Ҳуҷҷатҳои Анҷумани якуми таъсисии шӯроҳои ҶМШС Тоҷикистонро номбар кунед.
А) Қонун дар бораи озодии занҳо, Муроҷиат ба халқҳои Афғонистон.
В) Эъломияҳо, қарорҳо, муроҷиатномаҳо.
С) Лоиҳаи нақшаи азнавбарқароркунии мамлакат.
Д) Қонун дар бораи судҳо.
110. Декларатсияҳои қабулкардаи Анҷумани якуми шӯроҳои умумитоҷикистонӣ чиро эълон карда буд? А) Муваффақиятҳоро дар муборизаи зидди босмачигарӣ.
В) Рафти ислоҳоти обу заминро.
С) Таъсисёбии ҶМШС, қӯшунҳои миллӣ, миллӣ гардондани захираҳои табиӣ ва ҷорӣ кардани таълими умумиро.
Д) Гузаронидани ислоҳоти обу заминро.
111. Фарқи кумитаҳои инқилобӣ аз шӯроҳо дар чӣ буд?
А) Дар ном.
В) Кумитаҳои инқилобиро ҳарбиён ташкил медоданду шӯроҳоро ҳизбиён.
С) Ҳеҷ фарқе надштанд.
Д) Кумитаҳои инқилобиро таъйин мекарданду шӯроҳоро интихоб.
112. Дар солҳои 20-уми асри ХХ чӣ гуна кооперативҳо вуҷуд доштанд, муайян кунед?
А) Кооперативҳои истеъмолӣ, харидуфурӯш, қарздиҳӣ, истеҳсолӣ.
В) Кооперативҳои саноатӣ, хоҷагии қишлоқ, ҳунармандӣ.
С) Кооперативҳои давлатӣ ва хусусӣ.
Д) Кооператсияҳои хизматҳои маишӣ, бонкӣ.
113. Корхонаҳои саноатии дар солҳои 1925-1929 дар ҷумҳурӣ сохташуда кадомҳо буданд?
А) Комбинатҳои бофандагии Душанбе ва Хуҷанд.
В) Фабрикаи «Бофанда»-и шаҳри Хуҷанд, роҳи оҳани Тирмиз-Душанбе.
С) Заводҳои арматурабарории Душанбе, агрегати Исфара.
Д) ГЭС-и Варзоб, заводи нони Душанбе.
114. Аввалин роҳи оҳани Бухорои Шарқӣ кай сохта шуда буд?
А) Солҳои 1920-1926. В) Солҳои 1924-1929. С) Солҳои 1926-1929. Д) Солҳои 1929-1932.
115. Марҳалаҳои мубориза бар зидди Иброҳимбекро муайян кунед.
А) Солҳои 1920-1924, 1924-1926,1926-1931.
В) солҳои 1922-1923, 1924-1926,1929-1931.
С) Охири тобистону авали тирамоҳи 1921, охири тирамоҳи соли 1921-тирамоҳи соли 1923, солҳои1924-1926, баҳори соли 1931.
Д) 1921-1931.
116. Дар хотираи мардум аз бадкирдориҳои Фузайл то ба имрӯз чиҳо бештар боқӣ мондааст?.
А) Ному ватанаш.
В) Ривоятҳо дар диёраш.
С) Сабти бадиҳояш дар китобҳо.
Д) Қатли 3 муаллимаи ҳоитӣ ва қабристонҳои бародарии деҳаи Нимичу шаҳраки Ғарм.
117. Шаклҳои мактабҳои солҳои 20-умро номбар кунед.
А) Мактабҳои нав(шӯравӣ), куҳна, маҳви бесаводӣ.
В) Мактабҳои наву куҳна.
С) Мактабҳои усули наву ҷадидӣ.
Д) Мактабҳои русӣ-маҳаллӣ.
118. Аввалин театри касбии тоҷик кай ва дар куҷо таъсис ёфта буд ва ҳоло кадом аст?
А) 1924 дар Хуҷанд театри ба номи Камоли Хуҷандӣ.
В) Соли 1929 дар Душанбе Театри ба номи А.Лоҳутӣ.
С) Соли 1933 дар Душанбе театри ба номи С.Айнӣ.
Д) Соли 1936 дар Душанбе театри ба номи Маяковский.
119. Муассисаҳои илмии солҳои 20-уми Тоҷикистонро номбар кунед.
А) Надошт.
В) Филиали тоҷикистонии АИ СССР.
С) Донишкадаи илмӣ-таҳқиқотии назди Ҳукумати Тоҷикистон, Ҷамъият барои омӯзиши Тоҷикистон ва эрониёни берун аз он.
Д) Экспедитсияҳои илмии мардумшиносӣ бо роҳбарии Семенов ва Андреев.
120. Сабабҳои ба алифбои лотинӣ гузаштанро муайян созед.
А) Дар алифбои арабиасоси тоҷикӣ дидани диндории омма.
В) Тақлид ба Озарбойҷон.
С) Ҳарчи тезтар ва бо хароҷоту вақти камтар барҳам додани бесаводӣ.
121. Шартҳои асосии конститутсионии таъсисёбии ҷумҳурии соҳибихтиёри шӯравӣ чиҳо буданд?
А) Шумораи аҳолӣ (аз 1 млн. зиёд), ҳудуди муайяну яклухт доштан, бо ягон давлати хориҷӣ сарҳад доштан.
В) Дар давраи тақсимот фаъолу иштирокчӣ будан.
С) Дар комиссияҳои миллии тақсимот тарафдори зиёд доштан.
Д) Сиёсатро ба ҳисоб гирифтан.
122. Округи тоҷикии Хуҷанд барои чӣ ба Ӯзбекистон ҳамроҳ карда шуда буд, шарҳи дурусттарашро ёбед?
А) Се атрофашро ҳудудҳои Ӯзбекистон иҳота мекард.
В) Барои он ки Тоҷикистон Ҷумҳурии мустақил нагардад, ӯзбекгароён даъво мекарданд, ки гӯё Бухорои Шарқӣ барои ба ҳаёти осоишта гузаштан ҳоло тайёр нест, аммо округи Хуҷанд баробари Ӯзбекистон барои ба ҳаёти осоишта гузаштан тайёр аст ва то давраи ҳалли масъалаи босмачигарии Тоҷикистон Хуҷанд муваққатан ба Ӯзбекистон дохил карда шавад. Бо ин роҳ ҳам талаботи конститутсия риоя шуду халқи шуморааш аз 1 млн. нафар зиёд тибқи конститутсияи соли 1924-и СССР ҳақ дошт, ки на ҷумҳурии мухтор, балки ҷуҳурии мустақил шавад) ҳам Тоҷикистон Мухтор гардид.
С) Тақсимгарон ҳамин хел лозим дониста буданд.
Д) Ноҳақиҳои бешуморе барои тоҷикон шуда буд.
123. Округи Хуҷанд барои чӣ ва кай ба ҶМШС Тоҷикис- тон баргардонда шуда буд?
А) Иҷрои ваъда, октябри 1929.
В) Иҷрои ваъда, сентябри соли 1929.
С) Баъди талошҳои зиёди Ҳукумати Ҷумҳурӣ ва ҳисоботҳо назди Ҳукумати СССР (ИҶШС), 4-уми сентябри соли 1929.
Д) Баъди тақсимоти ҶШС Ӯзбекистон, 1929.
124. Ба муассисаҳои фарҳангӣ – маърифатӣ чиҳо дохил мешаванд, муайян кунед?
А) Қасрҳо ва хонаҳои маданият.
В) Муассисаҳои кино ва телевизион.
С) Театрҳо, клубҳо боғҳои истироҳатӣ.
Д) Театрҳо, клубҳо, қасрҳо ва хонаҳои маданият, китобхонаҳо, осорхонаҳо, боғҳо, гулгаштҳо.
125. ҶШС Тоҷикистон чандумин ҷумҳурӣ шуда, ба ҳайати СССР (ИҶШС) дохил гардида буд?
А) Ҳафтумин. В) Шашумин. С) Панҷумин. Д) Чорумин.
126. Аз тақсимоти соли 1929 Тоҷикистон чӣ бурдҳо карда буд, асосиҳояшро ёбед.
А) Дар фаъолияташ соҳибихтиёр гардид.
В) Соҳибихтиёр гардид, каме ҳудудашро зиёд намуд, барои тараққиёти ояндааш имконияти бештаре гирифт.
С) Имконияти бо таъйиноти асосӣ сарф кардани буҷет зиёд гардид.
Д) Овози ӯро дар минбарҳо мешунавидагӣ шуданд.
127. Шарҳи беҳтари мафҳуми саноатикунониро муайян намоед.
А) Корхонаҳои саноатӣ сохтанро ифода менамояд.
В) Рушди саноатро талаб мекард.
С) Мамлакатро аз таъсири техника ва технологияи хориҷӣ ба воситаи сиёсати инкишофи босуръати хусусан саноати вазнин, инчунин саноати сабук баровардан буд.
Д) Сарвати давлат ва халқро зиёд мекард.
Реклама