§ 26-27. МУБОРИЗАИ СИНФӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДАВРАИ МУХТОРИЯТ

§ 26-27. МУБОРИЗАИ СИНФӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДАВРАИ МУХТОРИЯТ

  Ду маъракаи зарбазанӣ бар зидди Иброҳимбек. Масъалаи аз ҳама муҳими сиёсии солҳои 1925-1929 мубориза бар зидди дастаҳои торољгари зиддишӯравӣ буд, ки љомеаи онрӯзаи шӯравӣ онҳоро босмачӣ эълон карда буд. Ҳамаи босмачиён танҳо душманони халқи худ ва ҳатто шӯроҳо ҳам набуданд. Бадбахтии онҳо дар он буд, ки сохти навро қабул карда натавониста, ҳам худро қурбон карданду ҳам қурбониҳои зиёд оварданд. Соли 1925 дар ҳудуди Тољикистон 48 дастаи босмачиён амал мекарданд, ки калонтарини онҳо дастаҳои Иброҳимбек – тақрибан 650 нафар, Бароттӯқсабо – 150 нафар, Эгамбердӣ – 100 нафар, Мулло Зиёвуддин – 80 нафар, Раҳмондодхоҳ – 100 нафар, Дониёр – 80 нафар сарбоз доштанд. Иброҳимбек кӯшиш кард, ки онҳоро муттаҳид намояд. 

                                          

 Аз ин рӯ, ӯ 31-уми декабри соли 1924 дар Ҳисор ҷамъомади қӯрбошиёни лақайро гузаронида, масъалаҳои мубориза бар зидди шӯроҳо ва таъсиси дастаҳои нави зиддишӯравиро пеш гузошт.                Аз 1-ум то 9-уми январи соли 1925 зери фармондеҳии Иброҳимбек 650 нафар босмачӣ дар водии Сурхону Қашқадарё барои пурра кардани сафҳои худ амалиётҳои ҷангӣ гузарониданд. Ӯ мехост, ки босмачигариро дар ин минтақа вусъат бахшад, вале ба мақсадаш нарасид. Агарчи ӯ ба ҷанг намедаромад, вале аскарони корпуси 13-ум ӯро дунболагирӣ карда, дар 9 рӯз 14 маротиба ба ҷанг кашиданд. Камии қувваҳои худро ҳис карда, ӯ боз ба Ҳисор баргашт ва 28-уми январи соли 1925 дар деҳаи Тӯдаи Ҳисор ҷамъомади қӯрбошиёнро гузаронида, розигӣ дод, ки то тобистон баъзе дастаҳои ҳарбиаш пароканда шаванд. Худ ба Кӯлоб рафта, ба ѓорату қатли тарафдорони Ҳокимияти Шӯравӣ сар кард. Моҳи марти соли 1925 Иброҳимбек деҳаҳои Ҷайрон ва Гузари Малики Кӯлобро ғорат кард. Амалҳои Иброҳимбекро дида, Кумитаи Инқилобии ҷумҳурӣ ҳолати ҷангӣ эълон намуд ва ба омодасозии маъракаи мубориза бар зидди Иброҳимбек шурӯъ кард. Дар ин маърака тамоми қӯшунҳои корпуси 13ми тирандоз, милитсия, қисмҳои таъйиноти махсус (ҚТМ), дастаҳои ихтиёрии «Калтакдорони сурх», мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, саломатӣ ва маорифу фарҳанг иштирок доштанд. Дастаҳои ихтиёрии Юлдошкомандир (Соҳибназаров), Муқим Султонов, Қувондиқ Тошев, Қаракомандир Алимов, Қарахон Сардоров, Қаршиоқсақол Одинаев, Кенҷа Зиёев ва даҳҳо дигарон дар ин маърака иштирок карданд. Моҳҳои март июли соли 1925 қӯшунҳои шӯравӣ 267 муҳориба гузаронида, дастаҳои зиддишӯравиро парешон карданд. Аз 48 дастаи аввали сол тобистон 31 даста боқӣ монда буд, ки шумораи умумии онҳо аз 500 нафар зиёд набуд. Моҳи июни соли 1925 вазъияти ҳарбӣ бекор карда шуд, вале торумор кардани дастаҳои босмачиён давом ёфта, то охири сол боз 18 дастаи дигар пароканда карда шуд. 25 қӯрбошӣ ва 237 босмачӣ ихтиёран таслим шуданд.

                                    

  Иброҳимбек дар яке аз муроҷиатномаҳои худ ба аҳолии Бухорои Шарқӣ навишта буд: «Мо дар Бухорою Фарғона ва Самарқанд ғалаба мекунем. Мусулмонон ошӯб доранд ва ором нестанд… Ҳоло бошад, болшевикҳо танҳо мондаанд ва вазъияти онҳо бениҳоят душвор гардидааст… Ба болшевикҳо барои қӯшун, барои милиса одам надиҳед ва ҳеҷ гуна дастгирӣ накунед. Ба дастаҳои қӯшунҳои мусулмонӣ дохил гардед». 

  Вале ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, дар Бухорои Шарқӣ бар зидди Иброҳимбек садҳо дастаҳои ихтиёрӣ пайдо шуда буданд. Маълумоти ҷадвали зерин аз 4 кенти (ноҳияи) Бухорои Шарқӣ гувоҳи ин гуфтаҳоянд:       

                          

  Зимистони соли 1926 Иброҳимбек бо тамоми маҳораташ, Амир Олимхон бо хазинааш ва ҷосусони байналмилалӣ бо найрангҳояшон дастаҳои нави босмачиёнро ташкил дода, дар Қаратоғу Файзобод, Вахшу Кӯлоб ва Қаротегин ба амалиётҳои ҷудогона сар карданд. Таҷрибаи соли 1925 боз ба кор омад. Ҳукумати Тоҷикистон маъракаи дуюми зарбазаниро бар зидди Иброҳимбек ташкил кард. Дар ин давра агарчи шумораи гарнизонҳои Артиши Сурх аз 107 ба 100 адад фуромада бошад ҳам, шумораи дастаҳои ихтиёрӣ, отрядҳои худмуҳофизаткунӣ, калтакдорони сурх хеле афзуда буд. Ин буд, ки дастаи Раҳмондодхоҳ, ки дар атрофи Душанбе амал мекард, пурра пароканда карда шуд. Ин муваффақият боз аз он сабаб ба даст омад, ки дастаҳои миллии низомӣ таъсис ёфта буданд. Акнун дар ҳайати корпуси 13-ми тирандоз полки миллии тоҷикӣ амал мекард. Дар натиҷа то моҳи апрел аксари ҳудуди водии Ҳисор (ба ғайр аз ноҳияи Лақай–тоҷик, ки қаламрави имрӯзаи ноҳияҳои Рӯдакӣ ва Ёвонро дар бар мегирифт), Вахшу Кӯлоб аз дастаҳои зиддишӯравӣ озод карда шуданд. Иброҳимбек дар кӯҳҳои Боботоғу Тераклитоғ бо анборҳои худ боқӣ монда, асосан ба ғорати деҳаҳои аз гарнизонҳо дур машғул буд. Ин имконият ҳам барои Иброҳимбек маҳдуд карда шуд. Аз ҳисоби ҳарбиён дар атрофи паноҳгоҳҳои Иброҳимбек 100 дастаи хурди зудамал ташкил дода шуд, то  ки ба ҳама амалҳои ғоратгаронаи ӯ дар вақташ ҷазо дода шавад. Хусусияти дигари маъракаи зарбазанӣ ба босмачигарии соли 1926 он буд, ки Ҳокимияти Шӯравӣ баробари маҳв сохтани босмачиёни ашаддӣ мақсади маҳв сохтани одамони ба онҳо ёрии молӣ, ҷонӣ ва хабарӣ мерасондагиро ҳам дошт. Мақомотҳои дахлдори давра зиёда аз 390 гумонбаршударо мавриди тафтиш қарор дода, 208 нафарашонро ба ҷазои қатл ҳукм карда, боқимондаашонро бадарға карданд. Дар натиҷа дастаҳои босмачиён бе хӯроку лавозимоти ҷангӣ монданд. Иброҳимбек намояндаи худро барои фаҳмондани вазъият ба Афғонистон фиристод, вале ба ҷавоби он мунтазир нашуда ва беоқибатии кори худро пай бурда, 21-уми моҳи июни соли 1926 ба воситаи гузаргоҳи Бешкаппа ҳамроҳи тақрибан 20 нафар наздикони худ ба Афғонистон фирор кард. 

  Барои чӣ ба Иброҳимбек муяссар гардид, ки дар муддати кӯтоҳ дастаи сершуморе ҷамъ оварад? Аввалан, барои ин ки ӯ бисёр доно ва маккор буд. Воситаҳои ахбори бисёр дошт ва гуноҳу қадри ҳар як шахсеро, ки ба худ ҷалб карданӣ буд, медонист. Ӯ марди шуҷоъ буд. Аз марг наметарсид, аз ҳама пеш ба ҷанг медаромад ва аз ҳама охир аз майдони ҷанг мебаромад. Аз тамоми яроқҳои замона бехато тир мепарронд. Ҳар хел аспро ром карда метавонист. Дурӯғро намепазируфт, вале барои ҳадафи худ хеле хуб истифода мекард. Дар ҳар як деҳаи водиҳои Ҳисору Вахш ва Кӯлоб одамони худро дошт. Ҳақиқату адолатро мепарастид, вале нисбат ба душманонаш раҳму шафқат надошт. Аз ӯ метарсиданд. Дурӯя набуд, то ба охир ба ақидаи худ содиқ монд.

  Мубориза бар зидди Фузайлмахсум. Баъди шикасти соли 1923 Фузайлмахсум ба Афғонистон гурехта, ба ҳуҷуми оянда тайёрӣ дид. Бо дастгирию дасисаҳои Англия ва Афғонистон 12-уми апрели соли 1929 аз минтақаҳои сарҳадии Тоҷикистону Афғонистон аз Хоруғ то Айваҷ дар 13 маҳал босмачиён сарҳадро вайрон карда, ба хоки Тоҷикистон  даромаданӣ шуданд. Фақат ба дастаҳои Кӯри Шермат ва Иброҳимбек муяссар гардид, ки бо дастаҳои нисбатан калон ба хоки Тоҷикистон дохил гарданд. Кӯри Шермат аз сарҳад гузашта, Ванҷ ва Иброҳимбек Қалъаихумро ишғол намуданд. Дастаҳои дигари хурди 30-50 – нафара дар минтақаҳои дигари Тоҷикистон ҳам кӯшиши аз сарҳад гузаштанро карданд, вале аксаран торумор гардиданд. Ба баъзеҳо муяссар гардида буд, ки ҳадафи тири сарҳадбонон нагарданд. Қисме аз онҳо дар байни мардум паноҳ бурданд ва чанди дигаре ба дастаҳои Иброҳимбеку Кӯри Шермат пайвастанд. Фузайлмахсум ва Кӯри Шермат ҳангоми амалиёти худ коркунони мақомоти шӯравӣ, ҳизбӣ, маориф, молия, почта ва ғайраҳоро бе суду санҷиши пешакӣ ва бераҳмона қатл карданд. Фузайл 19-уми апрел Тавилдара ва 20-уми апрел Қалъаи Лаби Обро забт намуд. Баъди ишғоли Ҳоит се нафар аввалин муаллимаҳои ҳоитӣ – Сайрамбибӣ Қосимова, Маълумбибӣ Гадоева ва Оламбибӣ Абдуллоеваро ба дор кашид. Дар Ҳоит сарбозони худро ба 500 нафар расонида, ба Ғарм равона шуд. 

  Дар ҳамин давра, дар аксари деҳаҳои водии Қаротегин душманонони сохти нав дар масҷиду маъракаҳо ташвиқу тарғиби ба Фузайл ёрӣ доданро оғоз карданд. Вазъияти минтақаҳои болооби Қаротегин бисёр муташанниҷ гардида буд. Агар ба Фузайл забти Ғарм муяссар мегардид, яқинан аҳолии зиёде аз атрофи Ғарм ба ӯ ҳамроҳ мешуданд. Аз рӯйи маълумоти махфӣ дар масҷидҳои деҳаҳои Нимич, Қалъанак, Навдӣ, Ғарми Боло, Белгӣ, Шул, Қазнок, Каҳдара, Навдонак ва дигарҳо одамони зиёди худию бегона ҷамъ омада, интизори касе ва ё амале буданд. Водӣ ва ҷумҳуриро ҳарбузарби калону тӯлонӣ интизор буд. 

  Рӯй додани ҳамаи ин воқеаҳо аз набудани қисмҳои низомии  касбӣ дар минтақа, беназорат ва бе иттилооту маълумоти муфассал мондани ҳукуматҳои маҳаллию марказӣ ва оммаи халқ гувоҳӣ медиҳад. Бинобар ин Ҳукумати Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ин масъ- аларо зери назорат гирифт ва барои ёрии амалӣ расонидан ҳама имкониятҳоро истифода бурд. Аз ҷумла ба тариқи таъҷилӣ аз Душанбе бо фармони сарфармондеҳи округи ҳарбии Осиёи Миёна П.Е.Дибенко ва командири бригадаи алоҳидаи савора Т.Т.Шапкин бо сардории А.И.Бенко ба Ғарм як эскадрон фиристода шуд. Аз ҳисоби  гарнизони Кӯлоб ҳам як дастаи савора ба воситаи Тавилдара роҳи Ғармро пеш гирифт. Дар Ғарм бошад, аз ҳисоби коркунони муассисаҳои давлатӣ ва муаллимон бо сардории Ф. Гутовский ва Ф. А. Мокритский ду отряд ташкил карда шуд, ки яке аз 18 нафар ва дигаре аз 9 нафар иборат буд. Дастаи 18-нафара бо сардории Ф. Гутовский ба ҷанги зидди Фузайл баромада, дар деҳаи Нимиҷ ба муҳосира афтод ва дар ҷанги нобаробар ҳалок гардид. 

                                                             

  Дар ҳайати  ин отряд муаллимон Абдуҷаббор Муҳаммадов, Носир Умаров, Абдулло Қосимов, Абдулаҳад Раҳимов, Ҳикмат Ғанӣ, Абдусалом Исломов, Убайдулло Ғайнуддинов дохил буданд. Отряди 9-нафара аъзои худро то 45 нафар расонида, бо босмачиён 22-юми апрел дарназдикии Ғарм рӯ ба рӯ гардида, ҷангкунон ба Ғарм ақибнишинӣ кард. 23-юми апрел Фузайл як қисми Ғарм ва отряди Ф. Мокритскийро ба муҳосира гирифт. Муҳофизон то 29-уми апрел ҳама захираҳои тирро сарф карда буданд ва ба тарк кардани Ғарм тайёрӣ медиданд. Дар ҳамин вазъият пагоҳии 29-уми апрел дар таҷрибаи ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Шӯравӣ аввалин экспедитсияи ҳарбии - ҳавоӣ ба Ғарм фиристода шуд. Аввалин 2 самолёт, ки дар онҳо командири бригада Т.Г.Шапкин ва Комиссари бригада А.Т.Федин бо чор нафар аскари сурх ва 4 пулемёт савор буданд, дар ҳамвории наздикии Ғарм фуруд омада, ба ҷанг даромаданд. Ҳамон рӯз боз 40 аскари сурх ба воситаи самолёт ба Ғарм расиданд. Зарбаи асосиро ба босмачиҳо самолётҳо заданд. 

                                                        

  Аз тез парвозкунӣ, овоз ва тирпарронии пулемётҳои самолёт босмачиён ба воҳима  афтода, роҳи гурезро пеш гирифтанд. Аз Кӯлоб отряди 50-нафара ба Тавилдара расида омад. Дар якҷоягӣ аскарони сурх дастаи Фузайлмахсумро таъқибкунон то сарҳад рафтанд. 9-уми майи соли 1929 Фузайлмахсум бо 12 нафар навкараш ба Афғонистон фирор кард. 

  Дар ҷанги зидди Фузайлмахсум 15 нафар омӯзгор, аз ҷумла Каримҷон Ҳусейнзода, Яҳё Олимӣ, Алиакбар Ҳасанов, Сайфулло Алиев кушта шуданд. Ҳоло дар деҳаи Нимич ва маркази ноҳияи Ғарм оромгоҳи бародарии ҳимоятгарони Ғарм аз ҳуҷуми Фузайл Махсум боқист.

  Луғат

 1. Маъракаи зарбазанӣ ба босмачигарӣ – солҳои 1921 – 1923 зидди босмачиён маъракаҳои зарбазанӣ ташкил карда шуда, дар рафти онҳо моҷарои Анварпошшо ва меросхӯри ӯ Салимпошшо бартараф карда шуда буд. 

 2. Қӯрбошиёни Лақай – сардорони дастаҳои босмачиёни ҳудуди имрӯзаи ноҳияи Рӯдакӣ дар назар дошта мешавад. 

 3. Вазъияти ҳарбӣ – ҳолате буд, ки дар он қонуну қоидаҳои давраи ҷанг амал мекарданд.

  Саволҳо 

 1. Марҳалаҳои мубориза бар зидди Иброҳимбекро баён кунед. 2. Чаро Фузайл шикаст хӯрд? 

 3. Дар бораи шикасти Фузайл дар Ғарм чӣ медонед? 

 4. Сабабҳои асосии ғалаба бар зидди босмачигарӣ кадомҳоянд?