§42. АВЗОИ ҶАМЪИЯТИВУ СИЁСИИ ҶУМҲУРӢ  ДАР  СОЛҲОИ 30-ЮМИ АСРИ ХХ

§42. АВЗОИ ҶАМЪИЯТИВУ СИЁСИИ ҶУМҲУРӢ  ДАР  СОЛҲОИ 30-ЮМИ АСРИ ХХ

  Сохтмони шӯравӣ. То охири солҳои 20-ум сохтори шӯравӣ ҳамчун сохтори сиёсии давлатдорӣ бештар дар шакли ҳуќуќӣ (юридикӣ) вуҷуд дошт, на дар амал (воқеият). Ин сохтор аз тарафи оммаи халқ акнун раванди бемайлони дар амал қабул шуданро гирифта истода буд. 

  Дар солҳои 30-юми асри ХХ баъди гузаронидани сиёсати ҷонноккунонии шӯроҳо ин сохтор (шӯравӣ) дар ҳамаи зинаҳо (деҳа, ҷамоати деҳот, ноҳия, вилоят ва ҷумҳурӣ) аз тарафи оммаи халқ эътироф ва шинохта шуд. Сиёсати ҷонноккунонии шӯроҳо боиси ва ба омма наздик гардидани шӯроҳо гардид. Муваффақияти назарраси  сохтмони шӯравӣ фаъолгардии иштироки заҳматкашон дар маъракаҳои интихоботӣ дар ҳамаи зинаҳо ва барои ҳама сохторҳо буд. Интихоботҳо оҳиста-оҳиста ба маъракаи сиёсию халқӣ табдил меёфтанд. Ин ҳолат дар натиҷаи назорати даркории омма аз болои фаъолияти шӯроҳо ба даст омада буд. Дар навбати худ шӯроҳо тамоми фаъолияташонро барои ҳарчи хубтар роҳбарӣ кардан ба талабгузориҳои омма  равона мекарданд. 

                                 

  Сиёсати демократикунонии низоми интихоботии шӯроҳо пеш гирифта шуд. Асосан ин баъди қабули конститутсияи сотсиализми ѓолиб ва қабули қарор “Дар бораи азнавсозии кори шӯроҳо ба муносибати ҷорӣ гардидани конститутсияи нав” ба амал омад. Намояндагони халқ сари ҳар чанд вақт дар назди интихобкунандагони худ ҳисобот медодагӣ шуданд. Таҷрибаи бозпас хондани намояндагоне, ки аз ӯҳдаи иҷрои вазифаи худ намебаромаданд, ҷорӣ гардид. Талабот ба шӯроҳо хеле зиёд шуд. Аз ин рӯ, шӯроҳҳо ҳам барои беҳ кардани фаъолияташон ҳамчун мақоми идорӣ ба омӯзиши сиёсии кормандони худ аҳамият дода, курсҳои кӯтоҳмуддати (якмоҳа, думоҳа, шашмоҳа ва яксола) тайёр кардани кадрҳои шӯравиро таъсис доданд. Ин курсҳо асосан дар назди КИМ-и ҶШС Тоҷикистон таъсис ёфта буданд.

  Шӯроҳо асоси сиёсии ҷумҳурӣ гардида, ҳамчун ҳокимияти меҳнаткашон хусусиятҳои характерноки зеринро доро буданд: онҳо аз ҳамаи ташкилотҳои дигари давлатӣ оммавитар ва демократитар буданд; онҳо корҳои идора кардани мамлакатро ба амал бароварда, оммаи халқро бо дастгоҳи ҳокимияти давлатӣ мепайвастанд. Шӯроҳо моҳиятан ташкилоти интернатсионалии давлатӣ буда, мароми ягонагии бародаронаи меҳнаткашони миллатҳои гуногунро амалӣ мегардонданд. 

  Дар солҳои 30-юм шӯроҳо дар ташкили фаъолияти омма маҳорати баланд нишон доданд.


 Ин маҳорати ташкилотчигии шӯроҳо  дар давраи гузаронидани сиёсати саноатикунонии мамлакат ва коллективонии соҳаи кишоварзӣ баръало ҳис шуда буд. Соли 1937 бошад, баъди қабули конститутсияи сотсиализми ѓолиб, шӯроҳо мебоист кори худро ба тариқи нав ташкил медоданд. Шӯроҳо агар аз як тараф ба асоси сиёсии ҷумҳурӣ табдил ёфта бошанд, аз тарафи дигар, раванди номатлуби зери таъсири ҳизб мондан ва ба ҳизб тобеъ гардидани шӯроҳо ҳам аз ҳамин давра сар шуда буд. Ин амалро аз таъсис ёфтани гурӯҳҳои (ташкилоти) ҳизбии шӯроҳо (шӯрои олӣ, шӯроҳои вилоятӣ, ноҳиявӣ, ҷамъиятӣ) пай бурдан мумкин буд. Ҳизбикунонии шӯроҳоро Ҳизби Коммунистӣ ҳамчун чораи пешгирӣ кардани каҷравиҳою бесарусомониҳои беҳуда ва зиёдатӣ шарҳ медод. Тадриҷан фаъолияти шӯроҳо бо сиёсати ҲК мутобиқ карда шуд. Оқибати ин сиёсат он гардид, ки шӯроҳо ҳамчун ҳокимияти давлатӣ рафта-рафта ба шуъбаи Ҳизби Коммунистӣ табдил ёфтанд. 

  Сохтмони ҳизбӣ. Дар солҳои 30-юм ҲК(б) Тоҷикистон ягона ҳизби сиёсӣ буд ва дар асл чун ҳизби ҳукмрон амал мекард. Ташкилёбии ҲК(б) Тоҷикистон ба ташкилёбии ҶШС Тоҷикистон вобаста буд. Бо ташкилёбии ҶШС Тоҷикистон ташкилоти ҳизбии он ҳам бояд мустақил - ҷумҳуриявӣ мегардид. Инро ба назар гирифта, моҳи ноябри соли 1929 Бюрои Сиёсии КМ ВКП(б) ҲК(б)Ӯзбекистон дар бораи табдил додани ташкилоти вилоятии тоҷикистонии ҲК(б) Ӯзбекистон ба ҲК(б) Тоҷикистон қарор қабул кард. 10-уми декабри соли 1929 Бюрои Иҷроияи Кумитаи вилоятии тоҷикистонии ҲК(б) Ӯзбекистон дар асоси қарори номбурда дар бораи ташкилоти ҳизбии ҷумҳуриро ҲК(б) Тоҷикистон ва Комитети вилоятии ҳизбро КМ ҲК(б) Тоҷикистон номидан қарор қабул кард. Дар 1 январи соли 1930 ҲК(б) Тоҷикистон аз 7 ташкилоти ҳавзавӣ (округӣ) (Ѓарм, Душанбе, Кӯлоб, Қӯрѓонтеппа, Панҷакент, Ӯротеппа, Хуҷанд) ва ташкилоти ҳизбии ВМБК иборат буда, 3848 коммунист (1939 узв ва 1909 номзад) дошт ва ҳайати иҷтимоии онро 39,2% коргарон, 33,3% деҳқонон ва 27,5% намояндагони касбу кори дигар ташкил медоданд. Анҷумани якуми таъсисии ҲК(б) Тоҷикистон 6 - 15 июни соли 1930 дар Душанбе доир гашт ва ҳайати КМ ҲК(б)-ро тасдиқ кард. М. Д. Ҳусейнов котиби аввал ва Ш. Шоҳтемур котиби дуюм интихоб шуданд. Моҳи январи соли 1934 Анҷумани II ҲК(б) Тоҷикистон баргузор гардид. Котиби аввали ҲК(б) Тоҷикистон Г. И. Бройдо интихоб шуд. Соли 1934 Г. И. Бройдо сабукдӯш ва С. К. Шадунтс (солҳои 1934 - 1936) котиби аввали ҲК(б) Тоҷикистон интихоб гардид.

  Моҳи августи соли 1937 Анҷумани  сеюми ҲК(б) Тоҷикистон доир гашт. Ӯ.Ашӯров котиби аввали ҲК(б) Тоҷикистон интихоб шуд. 7 - 24-уми июни соли 1938 Анҷумани чоруми ҲК(б) Тоҷикистон доир шуд ва Д. З. Протопопов котиби аввали ҲК(б) Тоҷикистон интихоб гардид.

  22 - 27-уми феврали соли 1939 Анҷумани панҷуми ҲК(б) Тоҷикистон доир шуд. Акнун дар ҳайати ин ҳизб, баъди борҳо тоза кардани сафҳои худ тақрибан 8281 узв боқӣ монда буд.</br> Агар ба рафти фаъолият ва масъалаҳои дар анҷуману пленумҳои ҳизб муҳокимашуда ва қарорҳои қабулшудаи онҳо назар афканем ин ҳизб дар солҳои 30-юм ба тамоми каҷравиҳою камбудиҳояш нигоҳ накарда, чун ҳизби сарвар, ташаббускор, бунёдгар ҷилвагар мегардад. Таърих гувоҳ аст, ки он тамоми имкониятҳо ва неруи худро истифода бурда, бисёр корҳоро ба манфиати халқу давлат анҷом дода тавонист. Ҳизби Коммунистӣ бо тамоми ноқисиҳои фаъолияташ ва бадкориҳои маълумаш бо халқ, бо заҳматкашон якҷо буд ва омма онро пешвои худ эътироф карда буд. Ягонагии ҳизбу халқ дар амал вуҷуд дошт. 

  Созмони ҷавонон. Созмони ҷавонон, ки комсомол ном дошт, дар солҳои сохтмони сотсиализм ба ёвари Ҳизби Коммунистии Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил ёфта, дар тарбияи ахлоқию меҳнатӣ ва фаъолгардонии насли наврас ба ҳаёти сиёсии ҷумҳурӣ саҳми босазое гузошта буд. Дар навбати худ комсомоли Тоҷикистон ба як созмони пурнуфузе дар ҳаёти сиёсию иқтисодӣ, фарҳангию маънавии ҷумҳурӣ табдил ёфта буд. Комсомолони ҷумҳурӣ чун бунёдгарони ҷамъияти сотсиалистӣ дар сафҳои пеши сиёсати саноатикунонии мамлакат, коллективонидани деҳот, мубориза барои маҳви бесаводӣ, зидди босмачигарӣ, вайронкориҳои иқтисодию сиёсӣ ва фарҳангию маърифатӣ қарор доштанд. Онҳо  50% муаллимони солҳои 30-ми асри ХХ, раисони колхозҳо, сардорони сохтмонҳо, фармондеҳони қисмҳои низомӣ, сардорони бригадаҳои бинокорону деҳқонони колхозӣ буданд.

  Дар давраи сохтмони сотсиализм Комсомоли Тоҷикистон аз ҷиҳати ташкилӣ ҳам таѓйир ёфт. Охири соли 1929 дар ҷумҳурӣ зиёда аз 400 ячейкаи комсомолӣ амал мекард. Анҷуманҳои 1-ум(1930) ва 2-юми(1932) Комсомоли Тоҷикистон дар назди ҷавонон вазифаҳои азими созандагӣ - иштирок дар сохтмону маъракаҳои сиёсиро гузошта буд, ки ҷавонон аз ӯҳдаи иҷрои онҳо сарбаландона баромада буданд. Аз ҷумла, онҳо сохтмонҳои азими давр - канали Вахшро ва коллективониро умуман ба шефӣ гирифтанд. Комсомоли Тоҷикистон дар саросари ҷумҳурӣ маҳфилҳою мактабҳои маҳви бесаводӣ кушода, ташаббускори “Ҳафтаи кӯмаки ҷамъиятӣ ба мактаб”, ”Якмоҳаи маҳви бесаводӣ”, “Нест бод бесаводӣ!” буд.

  Савол ва супоришҳо:

1. Шӯроҳоро дар ҳаёти ҷумҳурӣ фаҳмонед? 

2. Кадом воқеа сабаби мақоми ҷамъиятии худро аз даст додани шӯроҳо гардида буд, муайян кунед. 

3. Солҳои баргузоргардии анҷуманҳои 1-У ҲК(б)  Тоҷикистонро номбар кунед.

 4. Анҷумани таъсисии Комсомоли Тоҷикистон кадом сол шуда буд ва кадом масъаларо муҳокима карда буд, нақл кунед?

 5. Номи дуруст ва пурраи ташкилоти ҷавонони солҳои 30-ми ҷумҳуриро муайян намоед?

Реклама