Нигоҳи Саъдӣ ба илму ҳунар

Саъдӣ, ки худ марди донишманд, бомаърифату ҳунарманд буд, нозукиҳои ин пешаҳоро аз дигарон беҳтару хубтар медонист. Ӯ зинаҳои камолотро ба осонӣ тай накарда, балки дар тӯли 30 сол донишу ҳунар омӯхт ва пасон имкон пайдо кард, то пасту баландиҳои ин пешаҳоро бидонад, аз худ намояд ва дар «Гулистон» ёд кунад ва ба ояндагон барои омӯзиш пешкаш намояд.

Аз рӯзҳои нахусте, ки шогирд ба мактаб меравад, масъулияти донишомӯзии шогирдро ба омӯзгор ва ба волидайн сахт алоқаманд медонад:

Чу хоҳӣ, ки номат бимонад ба ҷой,

Писарро хирадмандӣ омӯзу рой2.

1 Хирасар – нодон, аблаҳ, камақл

2 Рой – фикр, ақида, раъй

Хирадманду парҳезгораш бидор,

Агар дӯст дорӣ, ба нозаш мадор.

Биёмӯз фарзандро дастранҷ,

В-агар даст дорӣ чу Қорун ба ганҷ.

Дар шеъри боло Саъдӣ ба волидайн чанд шарт мегузорад. Агар онҳо ин шартҳоро ба ҷо оваранд, оянда фарзандашон донишманду ҳунарманд хоҳад гашт. Аввал дониш омӯзад, он гоҳ хирадаш сайқал хоҳад ёфт. Дувум тарбият ёфта бошад, ройи нек, фазилатҳои хуби инсониро қабул бикунад. Аз хисоли бад орӣ бошад. Сеюм, меҳнат бикунад ва меҳнатдӯст бошад. Калимаи «дастранҷ» ҳамин маъноро дорад. Боз дар охир Саъдӣ таъкид менамояд, ки агар падар соҳиби ганҷи Қорун бошад ҳам, писараш бояд бо меҳнати хеш дастранҷи рӯзгорашро ёбад. Дар ин маврид Саъдӣ аз санъати талмеҳ, яъне ёдовар шудани шахсони асотирӣ ё таърихӣ бамаврид истифода бурдааст. Қорун гӯё як шахси дунёдору сарватманд гузашта будааст.

Саъдӣ дар тарбияи шогирд ва илму ҳунаромӯзии ӯ мақоми устод, тарбиятгарро басо арзишманд медонист ва ҳатто «Ҷабри устодро беҳ аз меҳри падар» ҳисоб кардааст.

Шоир боз таъкид кардааст, ки чун, илму ҳунар аз устодон омӯхт ва соҳибҳунар гардид, набояд аз омӯзиш даст бикашад ва хешро алломаи замон шуморад, балки пайваста биомӯзад ва аз бузургони давр пурсад, донишашро сайқал диҳад:

Бипурс, ҳар чӣ надонӣ, ки зулли1 пурсидан

Далели роҳи ту бошад ба иззи доноӣ.

Бале, танҳо илму ҳунар шахсро дар байни хоссу ом соҳибиззат ва соҳибэҳтиром мегардонад. Саъдӣ ҳақиқати воқеиро ба қалам дода, саъю талоши фарзандони мардуми одиро аз пайвандони шоҳону вазирон баргузидатар ҳисоб мекунад. Дар ин маврид ҳикоёти муносиберо овардааст:

«Ҳакиме писаронро панд ҳамедод, ки «Ҷонони падар, ҳунар омӯзед, ки мулку давлати дунё эътимодро нашояд ва симу зар дар сафар бар маҳал хатар аст. Ё дузд ба як бор бибарад, ё хоҷа ба тафориқ бихӯрад. Аммо ҳунар чашмаи зоянда аст ва давлати поянда. Ва агар ҳунарманд аз давлат биафтад, ғам набошад, ки ҳунар дар айни худ давлат аст. Ҳар ҷо, ки равад, қадр бинаду бар садр нишинад ва беҳунар луқма чинаду сахтӣ бинад:

1 Зулл (зилл) – хорӣ, мазаллат

Вақте афтод фитнае дар Шом,

Ҳар кас аз гӯшае фаро рафтанд.

Рустозодагони1 донишманд

Ба вазирии подшо рафтанд.

Писарони вазири ноқисақл2

Ба гадоӣ ба русто рафтанд.

Саъдӣ мавриди истифода қарор додани илму ҳунарро зарур медонад. Агар дар байни илму амал робита набошад, агар илм амалӣ нагардад, ин донишмандӣ нест. Балки олими беамал ба мисли чорпоест, ки болояш китоб гузоштаанду ин чорпо ин борро ба дӯш дорад:

«Ду кас ранҷи беҳуда бурданду саъйи бефоида карданд. Яке он, ки андӯхту нахӯрд ва дигар он, ки омӯхту амал накард:

Илм чандон, ки бештар хонӣ,

Чун амал дар ту нест, нодонӣ!

На муҳаққиқ3 бувад на донишманд,

Чорпое, бар ӯ китобе чанд.

Он тиҳимағзро4 чӣ илму хабар,

Ки бар ӯ ҳезум аст ё дафтар?»

Якеро гуфтанд: «Олими беамал ба чӣ монад?» Гуфт: «Ба занбӯри беасал».

«Ҳар кӣ илм хонду амал накард, бад-он монад, ки гов ронду тухм наяфшонд».

Саъдӣ ашхосеро, ки аз номи падар ё гузаштагони хеш ифтихор доранд ё фахр мекунанд, сахт накуҳиш кардааст.

«Аъробиеро дидам, ки писарро ҳамегуфт:

– Туро хоҳанд пурсид, ки амалат чист, нагӯянд падарат кист!» Имрӯз ҳам сухани Саъдӣ аҳаммияти калони амалӣ дорад.

1 Русто – деҳа, деҳ

2 Ноқисақл – камақл, бехирад

3 Муҳаққиқ – таҳқиқкунанда, олим, ориф

4 Тиҳимағз – бехирад, нодон

Бисёр ашхоси воломақом аз падар ифтихор намуда, донишу фаросат надоранд ва дар омӯхтани илму ҳунар саъю талош намеварзанд. Ба ҳамин гуна ашхос 800 сол пеш Саъдӣ панди судманд дода буд:

Гирди номи падар чӣ мегардӣ?

Падари хеш бош, агар мардӣ!