Ҳикояти «Ҷуҳӣ»

Ҳикояти мазкур дар байни мардуми тоҷику форс хеле машҳур аст. Мавлоно онро бисёр шевову гуворо ба риштаи назм кашидааст:

Кӯдаке дар пеши тобути падар,

Зор менолид, бармекӯфт сар.

К-«Эй падар, охир, куҷоят мебаранд?

То туро дар зери хоке биспаранд.

1 Амо – кӯрӣ, бехабарӣ

2 Мунтаҳо – анҷомёфта, ба охир расида

3 Мустабид – дурӣ ҷустан, дур будан

Мебарандат хонаи тангу заҳир1,

Не дар ӯ қолию не фаршу ҳасир2.

Не чароғе дар шабу не рӯз нон,

Не дар он бӯйи таому не нишон.

Не дараш маъмур, не сақфу на бом,

Не дар ӯ баҳри зиёе3 ҳеч гом.

Не дар он аз баҳри меҳмон оби чоҳ,

Не яке ҳамсоя, к-ӯ бошад паноҳ.

Ҷисми ту, ки бӯсагоҳи халқ буд,

Чун шавад дар хонаи кӯру кабуд?

Хонаи безинҳору ҷойи танг,

К-андар он не рӯй мемонад, на ранг».

3-ин насақ4 авсофи5 хона мешумурд,

В-аз ду дида ашки хунин мефишурд.

Гуфт Ҷуҳӣ бо падар: «Эй арҷманд!

Валлаҳ, инро хонаи мо мебаранд!

Гуфт Ҷуҳиро падар: “Аблаҳ машав!”

Гуфт: “Эй бобо, нишониҳо шунав.

Ин нишониҳо, ки гуфт ӯ як ба як

Хонаи морост бе тардиду шак!

Не ҳасиру не чароғу не таом,

Не дараш маъмуру не саҳну на бом»

Воқеан, шояд ин латифа ё ҳикоят дар рӯзгори Мавлоно иншо шуда бошад ва ё худи Ҷалолуддин нахуст онро эҷод карда ва пасон дар байни мардум шуҳрат ёфта бошад. Зеро дар замони зиндагии Мавлоно дар натиҷаи қатлу ғорати муғулони хунхор ҳаёти оммаҳо бисёр вазнин шуда буд ва рӯзгорашон вазнин гардид.

Рӯзгори сахти мардумро Мавлоно бо чашми худ дид ва дар зимни ҳикояти мазкур қашшоқӣ, нодории халқро воқеъбинона инъикос намуд. Мавлоно тасвири бурдани тобути шахси бечораеро ба гӯристон аз номи писараш басо дардомез ба қалам додааст.

1 Заҳир – ранҷ, азоб, малул

2 Ҳасир – бурё, палас

3 Зиё – кишт

4 Насақ – тарз

5 Авсоф – васфҳо

Вақте ки кӯдак нишонаҳои гӯрро баён мекунад, Ҷуҳӣ ба падараш посух медиҳад, ки хонаи мо чунин аст ва ин майитро ба хонаи мо хоҳанд бурд.

Ҷуҳӣ қаҳрамони латифаҳои халқӣ ба шумор меравад ва бисёр шоиру нависандагон ва гӯяндагони халқӣ бештари фикрҳои танқидиашонро аз номи Ҷуҳӣ баён кардаанд. Мавлоно ҳам дар ин латифа андешаашро аз номи Ҷуҳӣ овардааст.

Дар «Маснавии маънавӣ» Мавлоно ҳикояти «Қиссаи зани Ҷуҳӣ ва ишва додани ӯ қозиро» овардааст. Қозӣ аз ишваю нози зани Ҷуҳӣ мафтун гардида, ошиқи шайдояш мешавад. Зани Ҷуҳӣ бо шавҳараш маслиҳат намуда, ошиқи зор – қозиро ба хонааш даъват менамояд. Ҳангоми суҳбаташон Ҷуҳӣ меояд. Занак қозиро дар сандуқ пинҳон мекунад. Ҷуҳӣ ба занаш мегӯяд, ки фардо ана ҳамин сандуқро ба бозор бурда, онро дар бозор оташ мезанам. Чун фардо мешавад, Ҷуҳӣ ҳаммол меораду сандуқро ба ӯ месупорад, то бар сари чорсӯяш бибарад. Хулоса, ноиби қозӣ аз ин кор хабардор шуда, сандуқро бо сад динор аз Ҷуҳӣ мехарад ва қозиро аз марг наҷот медиҳад.

Баркушоям, гар намеарзад, махар,

То набошад бар ту ҳайфе, эй падар.

Гуфт: «Эй Саттор1! Бармакшой роз,

Сарбубаста мехарам, бо ман бисоз».

Моҷаро бисёр шуд дар ман-язид2,

Дод сад динору он аз вай харид.

Албатта, Мавлоно аз кору рафтори баъзе мансабдорон хуб огоҳ буд. Дар байни онҳо ашхоси нолоиқе, ки ба корҳои ношоис та даст мезаданд ва аз мансабу ҷоҳи худ истифода мебурданд, кам набуданд. Рафтори ҳамин гуна ашхосро Мавлоно дар симои қозӣ нишон додааст.

1 Саттор – пӯшонандаи айб, Худо

2 Ман-язид – кӣ зиёдтар; дар муомилоти тиҷоратӣ барои баланд бардоштани нарх истифода мешавад.