Гуманизми Саъдӣ

Инсондӯстӣ, башардӯстӣ монанди як хатти сурх аз байни «Куллиёт»-и Шайх Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ мегузарад. Ин ғоя яке аз рукнҳои асосии осори бузургони қарнҳои пешин аст. Шайх Саъдӣ ҳамин ғояро инкишоф дода, чунин гуфтаанд:

Банӣ1 Одам аъзои як пайкаранд,

Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.

Чу узве ба дард оварад рӯзгор,

Дигар узвҳоро намонад қарор.

Ту, к-аз меҳнати дигарон беғамӣ,

Нашояд, ки номат ниҳанд одамӣ.

Саъдӣ инсонҳои сайёраро ба аъзои пайкари як одам, ба як гавҳар шабеҳ намудааст. Ба андешаи Саъдӣ ва воқеан ҳар яке аз мо медонем, ки агар ягон ҷойи бадан (чашм, гӯш, даст, пой ва ғ.) дардманд бишавад ва дард бикунад, тамоми узвҳои дигар низ бероҳат мешаванд ва гӯё ба дард меоянд. Оре, ҳамин аст гуманизми олии Саъдӣ. Ба чунин хулоса омадани як инсон кори осон нест. Саъдӣ сафари тӯлонӣ кард, дунёро дид, бо мардуми табақаҳои гуногун вохӯрд, суҳбат кард, бо мардуми одӣ ҳамкоса шуд, асир афтод, аз замонаю зимомдорон ранҷу озори зиёд дид ва боз бо чашми хеш дид, ки раият ва инсонҳои кишварҳои зиёди дунё дар чӣ ҳол буданд ва чӣ дарду алам доштанд. Беҳуда нест, ки Саъдӣ мегӯяд:

Ман аз бемуродӣ наям рӯйзард,

Ғами бемуродон рухам зард кард.

Нахоҳад, ки бинад хирадманд реш2,

На бар узви мардум, на бар узви хеш.

Яке аввал аз тандурустон манам,

Чу реше бубинам, биларзад танам.

Чу бинам, ки дарвеши мискин нахӯрд,

Ба ком -андарам луқма заҳр асту дурд.

Воқеан, ғами бемуродон, дарвешон қалби адиби инсонпарварро ба дард меорад. Зеро хешро як узви эшон маҳсуб медонист, ки мо дар боло гуфтем. Бинобар ин, сабаби рӯйзардии ӯ ғаму дарди ҳаёти нохуши дарвешон, хирадмандон ва бечорагон будааст.

1 Банӣ Одам – фарзанди ё авлоди Одам

2 Реш – ҷароҳат, ғам

Ба ҳамин гуна гуфтанҳои ошкор, ифшои дарду алами хеш шоир қаноат намекунад, балки болотар меравад ва шоҳони бедодгар, золимони зулмпарварро, ки дар чунин роҳ гом задаанд ё гом мезаданд, ҳушдор медиҳад, аз хашму ғазаби халқи бечора огоҳашон месозад. Ӯ мегӯяд, ки пашшаи бисёр пилро аз по меафтонанд. Мӯрчагон агар бо ҳам иттифоқ кунанд, шери жаёнро пӯст мекананд:

Пашша чу пур шуд, бизанад пилро,

Бо ҳама сахтию салобат, ки ӯст.

Мӯрчагонро чу фитад иттифоқ,

Шери жаёнро1 бидаронанд пӯст.

Дар ин ҷо Саъдӣ бо овардани тамсил ҷондорҳои хурди табиат – пашша ва мӯрча, андешаро баён кардааст. Қаҳрамони лирикӣ гуфтан мехоҳад, ки агар пашшаю мӯрча ҷонашон ба хатар ояд, зулму бедодӣ бинанд, иттифоқ баста, ҳатто фил ва подшоҳи ҳайвонот – шерро мағлуб хоҳанд кард. Дар ин маврид Саъдӣ аз санъати маҷозу киноя бамаврид истифода бурда, дар симои пашшаю мӯрча халқ, қувваю неруи раийятро нишон додааст.

Саъдӣ бо ин гуфтор қаноат накарда, фикрашро ба он ҷабборон ошкор баён мекунад:

Сари панҷаи нотавон бармапеч,

Ки гар даст ёбад, баройӣ ба ҳеч.

Набинӣ, ки чун бо ҳам оянд мӯр,

Зи шерони ҷангӣ бароранд шӯр?!

Дар ҷойи дигар Саъдӣ ҳикояте овардааст ва дар он мардуми халқозор, шоҳону ҳокимони ҷабборро сахт накуҳиш менамояд ва хари боркашро аз онон болотар мегузорад: «Омилеро шунидам, ки хонаи раият ҳароб кардӣ, то хазинаи султон обод кунад.

Оташи сӯзон накунад бо сипанд,

Он чи кунад дуди дили дардманд.

1 Жаён – хашмгин, ғазабнок, даранда

Сари ҷумлаи ҳайвонот, гӯянд, ки шер аст ва камтарини ҷонварон хар. Ва ба иттифоқ хари борбар беҳ, ки шери мардумдар.

Мискин хар агарчи бетамиз аст,

Чун бор ҳамебарад, азиз аст.

Говону харони борбардор

Беҳ з-одамиёни мардумозор.

Овардаанд, ки яке аз ситамдидагон бар ӯ бигзашт ва дар ҳолати табоҳи ӯ тааммул карду гуфт:

Намонад ситамгори бадрӯзгор,

Бимонад бар ӯ лаънати пойдор.

Ҳикоёти “Гулистон„-ро метавон ифшогари дарди зиндагии инсонҳо номид. Лавҳаҳои ҳаёти воқеии инсонҳо бисёр одилонаю оқилона, бисёр табиию ҳақиқатнигорона ба қалам омадаанд. Чунин тасвирҳо, чунин нигоришоти воқеии пурмуҳтаво, ки маҳз эҷодиёти Саъдиро фаро гирифтаанд, ҳамин инсондӯстӣ – гуманизми олии ӯст.

Ба мо маълум аст, ки замони Саъдии Шерозӣ яке аз давраҳои пурошӯбтарини ҳаёти халқамон бо шумор меравад. Мамлакат аз дасти чингизиён хароб ва бисёр шаҳрҳои калон ба хок яксон гардида буданд. Дар ин давр истилогарони хориҷӣ – муғулҳо ва истисморкунандагони дохилӣ – феодалони маҳаллӣ бо ҳам забон як карда, раийятро талаву тороҷ мекарданд. Андозҳои зиёд аз деҳқонон меситонданд.

Саъдӣ дар ҳамин замона зиндагӣ карда ва ин ҳодисаю воқеаҳои рӯйдодаистодаро бо чашмони худ дида, ҳаргиз дар канор истода наметавонист. Махсусан дар «Гулистон» ба воситаи ҳикоятҳои хурди пандомез ҳаёти иҷтимоӣ-сиёсии давраашро хеле хуб нишон додааст. Аз ин сабаб, мо ин асарро на фақат асари ахлоқӣ, балки маҷмуи ҳодисаю воқеаҳои ҳақиқии ҳаёти онрӯза ҳисоб карда метавонем.

Масалан, дар ҳикояти зер беадолатӣ, зулму золимии муғулҳоро нисбат ба деҳқонон хеле барҷаста нишон додааст:

«Султон шоҳи золим ва ҷафокор буд ва раийят аз вай норизо. Боре Султон ба шикор мебарояд ва дар шикоргоҳ, иттифоқан, аз одамонаш ҷудо мешавад. Пас вай ба деҳае меояд ва аз пеши хонае гузашта мардеро мебинад, ки чорпои худро хобонда бо таёқе зада истодааст. Султон аз ин кори деҳқон ҳайрон мешавад ва аз ӯ сабабашро мепурсад. Деҳқон дар ҷавоб мегӯяд: «Ман инро аз он сабаб занам, ки фақат устухонаш ба подшоҳ монад, то ин ки ӯ ҳайвонро аз ман бекор наситонад». Ба ғайр аз ин, марди деҳқон ба ӯ дар бораи беадолатии подшоҳи диёр, зулми ӯ бисёр гапҳо зад. Рӯзи дигар шоҳ ба пойтахти худ рафта, деҳқонро ҷеғ зада меорад. Деҳқон фаҳмид, ки он меҳмон шоҳи диёр будааст, метарсад, аммо мардонагиро аз даст надода, ба шоҳ хитоб карда чунин мегӯяд:

На танҳо манат гуфтам,эй шаҳрёр,

Ки баргаштабахтию бадрӯзгор.

Чаро хашм бар ман гирифтию бас,

Манат пеш гуфтам, ҳама халқ пас.

Туро чора аз зулм баргаштан аст,

На аз зулм бечорае куштан аст.

Зи номеҳрубонӣ, ки дар даври туст,

Ҳама олам овораи ҷаври туст.

Аҷаб, к-аз манат бар дил омад дурушт,

Бикуш, гар тавонӣ ҳама халқ кушт.

Махсусан, мисраъҳои:

Зи номеҳрубонӣ, ки дар даври туст,

Ҳама олам овораи ҷаври туст,

воқеаҳои соли 658 ҳиҷриро дар назар дорад. Яъне, дар ин ҳангом Салчуқшоҳ дар ҳолати мастӣ намояндаи Ҳалокуро, ки барои гирифтани молу хироҷ дар Шероз меистод, кушт ва бо ҳамин кушокушӣ сар шуда, харобии мамлакат ба нуқтаи олии худ расид.

Эҷодиёти Шайх Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ хеле бой аст. Шоир орзу дошт, ки дар ҷамъият адолат барқарор карда шавад. Он вақт хурсандона ва хушбахтона зиндагӣ хоҳанд кард. Аз ин ҷиҳат ӯ ба муфтхӯрон ва ҳаромхӯрон хитоб карда чунин мегӯяд:

Бихӯр, то тавонӣ, ба бозуи хеш,

Ки саъят бувад дар тарозуи хеш.

Чу мардон бубар ранҷи роҳатрасон,

Муханнас хӯрад дастранҷи касон.

Ба ақидаи шоир меҳнат на танҳо воситаи ба вуҷуд овардани неъматҳои моддӣ, инчунин воситаи хуби тарбияи ҳусни зоҳирӣ ва ботинии инсон мебошад.