Номи асосии ӯ Абдурраҳмон, лақабаш Нуриддин буда, бо тахаллуси Ҷомӣ дар тамоми дунё машҳур гардидааст. Нуриддин Абдурраҳмони Ҷомӣ 7 ноябри соли 1414 дар деҳаи Харҷурди вилояти Ҷом ба дунё омадааст. Падар ва бобои Ҷомӣ мардони бофазлу дониш буданд. Ҳангоме ки Ҷомӣ 11-сола мешавад, оилаи онҳо аз вилояти Ҷом ба Ҳирот меоянд. То ин дам Абдурраҳмон дар Ҷом, дар назди падараш Низомиддин Аҳмад хатту саводи пурра бароварда, инчунин сарфу наҳви забони арабиро низ то андозае аз худ карда буд. Дар ин бора яке аз шогирдони вафодори Ҷомӣ Абдулғафури Лорӣ чунин менависад: «Рӯзе сухан аз устодон ва муаллимони ҳазрати эшон (Ҷомиро дар назар дорад) дар миён афтод, фармуданд, ки мо ба ҳақиқат шогирди падари худем, ки забон аз вай омӯхтаем».
Баъд аз ин Абдурраҳмон дар Ҳирот, дар мадрасаи Низомия таҳсили илмро давом медиҳад. Ӯ дар назди Мавлоно Ҷунайдӣ усули забони арабӣ, асарҳои «Мухтасар-ул-маонӣ», «Ал-мутаввал»-и Саъдиддини Тафтозониро, ки оид ба илми баён буданд, омӯхта, доир ба илмҳои ҳикмат ва мантиқ аз олимони машҳури замон Хоҷаалии Самарқандӣ ва Шаҳобиддин Муҳаммади Ҷоҷармӣ сабақ мегирад.
Ҷомӣ аз кӯдакӣ зеҳни бурро ва ақли расо дошт. Ӯ дорои хислати аҷибе буд: ба ҳар як чиз, ба ҳар як ҳодиса аз нуқтаи назари танқидӣ, кунҷковӣ назар мекард, бештар ба илмҳои дақиқ майлу рағбат дошт. Ҷомӣ ба як бор хондан моҳияти асосии масъаларо дарк мекард. Ӯ монанди шогирдони дигар дар баҳсу мунозираҳо худнамоӣ намекард, баръакс, дар он ҷойҳо орому ботамкин буд. Суханони Ҷомӣ қатъӣ буданд ва факту далелҳои раднашаванда доштанд. Аз ин рӯ, ӯ ҳамеша дар баҳсу мунозираҳои муллобачагон ғолиб мебаромад. Қобилияту истеъдоди Абдурраҳмони Ҷомӣ чунон бузург буд, ки ҳатто устодон аз уҳдаи дарс додани ӯ баромада наметавонистанд. Дар ин бора муаллифи «Бадоеъ-ул-вақоеъ» Зайниддин Маҳмуди Восифӣ нақли аҷибе овардааст, ки он «Хамсаи мутаҳайира» («Панҷгонаи ҳайратовар») ном дошта, мазмуни зерро дар бар мегирад.
Онҳо панҷ нафар буданд, панҷ нафар толибилм, донишҷӯ. Ҳоло онҳо дар ҳуҷраи мадраса нишаста, устоди худро интизоранд. Устод Мавлоно Муҳаммади Ҷоҷармӣ вориди ҳуҷра шуд. Шогирдон – Абдурраҳмон, Ҳусайн, Шамсиддин, Довуд, Муиниддин аз ҷой хеста, ба устод салом доданд. Дарс сар шуд. Муаллим аз онҳо вазифаи хонагиро пурсид. Ҷавоби пурра ва саҳеҳ медоданд. Мавлоно ба шогирдон асари олими машҳур «Шарҳи таҷрид»-и Мавлоно Алии Қушчиро тадрис мекард. Ҳангоми шарҳу маънидоди баъзе масъалаҳои асар дар байни муаллиму шогирдон баҳсу мунозира авҷ мегирифт, гоҳо шогирдон ғолиб мебаромаданд.
– Чӣ бояд кард? «Илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ» гуфтаанд, – андеша мекард, роҳ меҷуст устод.
– Пас фикру тадбир он аст, ки ман худамро касал кунам ва шогирдонро дар кӯйи бекорӣ андозам. Вале бояд ман дар ин муддат шабу рӯз мутолиа кунам ва ба дарсгӯйии шогирдон нағзтар тайёр шавам.
Мавлоно Муҳаммади Ҷоҷармӣ шогирдонро ба муҳлати 40 рӯз бо сабаби «касалӣ» ва ба «табобат» машғул шудани худ ҷавоб дод. Вале шогирдон сабаби касалии устоди худро пай бурданд. Бинобар ин онҳо қарор доданд, ки ҳар рӯз дар масҷиди Мулкон ҷамъ омада, як нафарашон муаллим шавад.
Ба ҳамин тариқ, дар муддати 40 рӯз ба навбат дарс гуфтанд ва дониши худро такмил доданд. Мавлоно Ҷоҷармӣ ҳам дар ин муддат шабу рӯз пайваста дар мутолиа буд. Барои шогирдони «гапнодаро» саволу супоришҳои ниҳоят душворро тайёр мекард.
Ӯ аз он хурсанд буд, ки дониши зиёде гирифтааст ва он метавонад ба таълими яксолаи шогирдон кифоят кунад.
Ниҳоят, рӯзи 40-ум ба шогирдон хабар медиҳанд, ки устод аз «бистари беморӣ» хестааст ва имрӯз дарс мегӯяд. Онҳо ба дарс ҳозир шуданд.
Мавлоно ба шарҳи як масъалаи мураккаб сар кард. Шогирдон пеш аз устод ҷавоб доданд. Мавлоно ҳайрон шуд ва гуфт:
– Шогирдони азизам, ман касал набудам, мутолиа кардам, хондам, то ки ба шумо дарс гӯям. Вале, хушбахтона, шумо бузург, устод шудаед, ҷавон ҳам бошед, дигар шуморо ҳеҷ кас қудрати дарс додан надорад, ҳамаи илмҳоро аз худ кардаед. Ба шумо роҳи сафед металабам.
Он чор нафар шарикдарсони Ҷомӣ, ки зикрашон дар боло рафт, дар ҳақиқат олимони машҳури замони худ шуданд.
Баъд аз ин ҳодиса Абдурраҳмони Ҷомӣ дар синни 23-солагиаш ба Самарқанд меояд. Ҷомӣ чанд муддат дар назди Қозизодаи Румӣ аз илмҳои ҳисоб, риёзиёт ва нуҷум таълим мегирад. Ӯ на танҳо дар назди устодаш дарс мехонад, балки ба корҳои илмии Қозизода ёрӣ мерасонад.
Ҷомӣ дар базмҳои муллобачаҳо иштирок намекард. Ӯ бештар дар баҳсу мунозираҳои олимони машҳур ҳозир мешуд ва агар лозим медонист, сухан мегуфт. Ҷомӣ суханро дароз намекард. Суханҳояш муҷаз ва бамаънӣ буданд. Дар ҷамъомади шоирон иштирок карда, бо тааммул гӯш мекард. Вале шеър намегуфт. Пай бурдан душвор набуд, ки Ҷомӣ ба ин пешаи эҷодӣ шавқи беандоза дорад.
Абдурраҳмони Ҷомӣ соли 1453 ба Ҳирот меояд. Ӯ аввал хост ба хизмати дарбор равад, вале одати хушомадгӯйӣ надошт ва нарафтанро афзалтар донист. Боз чанд муддат ба таҳсили илм, аз ҷумла, илми шеър машғул гардид. Дар ин айём Ҷомӣ бо яке аз бузургони ҷараёни нақшбандия Саъдиддини Кошғарӣ (ваф.1456) шиносоӣ пайдо карда, ин фирқаро қабул мекунад.
Пас аз марги устоди рӯҳонии худ – Саъдиддини Кошғарӣ Ҷомӣ роҳбари маслаки нақшбандияи Хуросон мешавад. Ӯ муридони зиёд дошт, ба онҳо таълим медод, нозукиҳои маслаки нақшбандияро меомӯзонд. Абдулғафури Лорӣ яке аз муридони бовафои Ҷомӣ ба ҳисоб мерафт.
Сафарҳои Ҷомӣ. Абдурраҳмони Ҷомӣ дар ҳаёти худ 7 бор ба сафар баромада, шаҳрҳои Самарқанду Тошканд, Фаробу Марвро тамошо кардааст. Сафари охирин ва тӯлонии Ҷомӣ соли 1472 дар моҳи август оғоз ёфт. Ӯ шаҳрҳои Нишопур, Сабзавор, Бастом, Домғон, Қазвин, Ҳамадон, Бағдодро саёҳат карда, бо арбобони илму адаби ин шаҳрҳо вохӯрд, суҳбатҳо орост. Дар ҳар ҷо Ҷомиро иззату эҳтиром мекарданд. Ҷомӣ Макка ва Мадинаро зиёрат карда, соли 1473 ба Ҳирот бозмегардад. Поёни умри Ҷомӣ дар Ҳирот гузашт. Ӯ ба эҷод кардани асарҳои илмиву адабӣ батамом машғул буд. Як дақиқа вақти худро бекор намегузаронид. Танҳо ба мактаби адабии Ҳирот роҳбарӣ карда, ба шоирони ҷавон маслиҳатҳои муфид медод.
Ҷомӣ дӯстони бисёр дошт, ки бо онҳо базми шеъру суруд меорост, суҳбатҳои дилангез мекард. Яке аз шогирдони беҳтарини Ҷомӣ Алишери Навоӣ буд. Муносибати онҳо на ҳамчун устоду шогирд, балки мисли ду дӯсти ҷонӣ, ду ҳамкору ҳаммаслак ба назар мерасад.
Абдурраҳмони Ҷомӣ оилаи хуб ва фарзандони лоиқ дошт. Вале се фарзанди адиб дар тифлӣ ва хурдсолӣ вафот кардаанд. Албатта, вафоти фарзандон қалби адибро ба шӯру ғалаён овард. Дар мотами фарзандон Ҷомӣ ашки ғаму ҳасрат рехт, оҳи ҷонсӯз аз дили пурсӯз баровард. Ӯ дар марги фарзандон марсияҳо сурудааст, ки дар онҳо сӯзу гудози падари доғдида басо муассир ифода ёфтааст:
Рехтӣ хуни дил аз дидаи гирёни падар,
Раҳм бар ҷони падар н-омадат, эй ҷони падар?
Навбаҳор омаду гулҳо ҳама рустанд зи хок,
Ту ҳам аз хок баро, эй гули хандони падар.
Абдурраҳмони Ҷомӣ 9-уми ноябри соли 1492 дар шаҳри Ҳирот вафот кардааст. Ҳангоми вафоти Ҷомӣ қариб аксарияти мардуми гирду атрофи Ҳирот либоси мотам пӯшидаанд. Ба миқдори 1000 байт дар вафоти Ҷомӣ аз тарафи шоирон марсияҳо ва қитъаҳои таърихӣ эҷод шуд. Чунончи, Мавлоно Комӣ дар вафоти Ҷомӣ бо як сӯзу гудоз марсияе эҷод кард, ки дар он мавқеи ҷамъиятӣ, хислатҳои гуманистии адиб хеле равшану возеҳ инъикос ёфтаанд. Ана, чанд байт аз он марсия:
Равнақи илму амал рафт, дар аъёни1 ҷаҳон
Зебу зинат ба ҷуз аз ҷуббаву дастор2 намонд.
Монд аз он сарвари аҳли сухан осор басе,
Дар ҷаҳон гарчи зи аҳли сухан осор намонд.
Рӯ ба девори лаҳад монд касе, к-ӯ ҳама умр
Баҳри роҳат нафасе пушт ба девор намонд.
Ҳаргиз озурда нашуд аз суханаш хотири кас,
Дар дил аз ӯй ба ҷуз ҳасрати дидор намонд.
Рафт, эй дил, зи ҷаҳон мунису ғамхори ҳама,
Ғами худ хур, ки дигар мунису ғамхор намонд.
Оромгоҳи Абдурраҳмони Ҷомӣ дар шаҳри Ҳироти Ҷумҳурии исломии Афғонистон бо номи Тахти Мазор ёд мешавад, ки ҳазорон одамони ҷаҳон зиёраташ мекунанд. Шоҳи мутаассиб, ҷоҳилу бехирад Исмоили Сафавӣ пас аз 18 соли вафоти шоир қабри Ҷомиро оташ зад, вале ба мақсад нарасид, зеро оромгоҳи шоири бузург кошонаи дили халқҳои ҷаҳон аст.