Шарҳи ҳоли шоир

Моро ба ҷафо кушта, пушаймон

шуда бошӣ,

Хуни дили мо рехта, ҳайрон

шуда бошӣ.

Барои мардуми Ҳирот шаби ҷумъаи соли 1529 шаби бехосият буд. Дору гир, доду фарёд, гиряву лобаи кӯдакону занон хомӯшии шабро халалдор мекард. Ясавулон ва сарбозони Убайдуллохон хонаҳои мардумонро талаву тороҷ мекарданд, одамони «гарданкаш», «ёғӣ» ё шиамазҳабонро ба зиндону қозихона мебурданд. Чор сарбози Убайдуллохон ба назди дарвозае омаданд. Тақ-тақ карданд.

– Кист?

– Кушо, мо одамони хон!

Марде дарвозаро кушод.

– Хонаи кист?! – пурсид яке аз одамони хон.

– Бадриддини Ҳилолӣ.

– Хабар кун, биёяд!– Ман.

– Ҳа, ту! Шиаи хар!

– Даҳон нигоҳ доред! Одоб ҷавҳари инсон аст. Аввал пурсиш, баъд кушиш!

– Бас сафсата. Рафтем ба маҳкамаи қозӣ. Дар ҳамон ҷо мефаҳмӣ.

Чокарон ба забон кушодан имконият надода, шоирро гирифта кашон-кашон ба маҳкамаи қозӣ оварданд. Қозихона дар ин ними шаб хеле серодам буд. Пас аз интизорӣ Ҳилолиро ба назди қозикалон Шамсиддини Қаҳтонӣ дароварданд. Чор нафар дар рӯйи кӯрпачаҳои махмалин нишаста тасбеҳ мегардонданд.

Ҳилолӣ шарту русуми инсонӣ ба ҷо оварда салом дод. Аммо салом беҷавоб монд. Қозикалон ба ҳуҷум гузашт:

– Шумо, шоир Ҳилолӣ? Чунин бандаҳои осӣ ба худ лақабҳои осмонӣ ҷуста меёбанд. Садқаи ҳилоли Худои мутаъол шавед!

– Ман гуноҳе надорам ва сабаби ба марҳамати шумоён расиданамро намедонам.

– Намедонӣ?! Ҳамаашро нағз медонӣ! Ҳоло ба ёдат меорем. Аввалан, дар як шеърат хони покдину маъдалатгустар, ҳомии шариати ислом Убайдуллохонро танқиду мазаммат кардаӣ. Магар ин гуноҳ нест?! Сониян, аз рӯйи кору рафторат шиамазҳаб ҳастӣ. Ба шиа буданат ин ҳомиёни дину диёнат гувоҳ ҳастанд ва шиа буданатро тасдиқ мекунанд.

Мавлоно Бақоии Ланг ва Мавлоно Гулчеҳр, ки дар назди қозикалон ҳузур доштанд, аз ҷой бархеста, суханони Мавлоно Шамсиддинро тасдиқ карданд.

– Баред! Пагоҳ дар бозори Чорсӯ амри моро амалӣ кунед!

– Хуршеди оламтоб кайҳо аз паси қуллаҳои кӯҳ баромада, саховатмандона нурпошӣ мекард. Вале офтоби зиндагии шоир Ҳилолӣ рӯ ба ғуруб оварда буд. Шоири номуродро ясавулон кашон - кашон ба сӯйи бозори Чорсӯйи Ҳирот мебурданд. Як гурӯҳ мардуми авом ба ҳоли шоир гиря мекарданд ва баъзе ҳасудон, нотавонбинон ва рақибони шоир ба сари Ҳилолӣ санг мепартофтанд. Сари шоир хуншор шуда буд. Қатраҳои хун ба рӯйи гандумгунаш таровида, риши мошубиринҷии шоирро лолагун мекарданд. Аз байни ҳасудону нотавонбинон, дӯстон хешу ақрабояшро меҷусту медид, ки онҳо гирён буданд. Шоир бо ишорат бо онҳо хайрухуш менамуд ва байти зерро бо дарду алам мехонд:

Ин қатраи хун чист ба рӯйи ту, Ҳилолӣ,

Гӯё ки дил аз ғусса ба рӯйи ту давида.

Ниҳоят, Ҳилолиро ба бозорҷой оварданд. Дар назди ӯ ҷаллод Сайфулло шамшер дар даст меистод. Қатлгоҳ баландтар буд. Шоир издиҳомро хуб медид. Чанд дақиқа хомӯшӣ ҳукмфармо гардид. Сипас ба шоир иҷозат доданд, ки чанд сухан гӯяд:

– Хешу табор, дӯстон! Бо шумо худоҳофизӣ мекунам. Онҳо дар қасди ҷони ман буданд. Имрӯз ба мақсад мерасанд. Гуноҳе надорам, ҳасудон, нотавонбинон, амири бехирад душмани ҷони ман шуданд.

– Кушед шоири бадмазҳабро! Бас лаққидан, – ба Сайфулло фармон дод шахси масъули Убайдуллохон. Сайфулло фармонро ба ҷо овард.

Соли қатли Ҳилолӣ 936 ҳиҷрист, ки ин ба соли 1529 мелодӣ рост меояд.

Падару бобои Ҳилолӣ дар шаҳри Астаробод зиндагии хоксоронае доштанд. Ҳилолӣ дар ҳамин ҷо, тахминан соли 1475 ба дунё омадааст. Ӯ таҳсили ибтидоияшро дар Астаробод гузаронида, пас ба маркази илму адаб – шаҳри Ҳирот меояд. Дар ин ҷо дар як муддати кӯтоҳ илмҳои калом, мусиқӣ, таърих, нуҷум ва ғайраро ба хубӣ аз худ мекунад. Чунонки ҳамзамононаш қайд кардаанд, Ҳилолӣ ҳанӯз аз хурдӣ хушзеҳн буда, истеъдоди бузурги сухандонӣ доштааст. Аз ин ҷост, ки дар синни 15-16-солагӣ овозаи шеъри ӯ баланд мешавад ва ба суҳбати Ҷомию Навоӣ барин бузургони илму адаби замонаш шарафёб мегардад. Муаллифи «Таърихи хулосат-ул-ахбор» Муҳаммад Хондамир дар ин бора чунин мегӯяд: «Мавлоно Ҳилолӣ дар назми ғазал бебадал аст. Лекин дар ин айём забон аз гуфтори ашъор фурӯ баста ва аксар авқотро ба таҳсили улум сарф мекунад».

Ҳилолии ҷавон абёти адибони бузурги гузаштаро аз бар намуд. «Хамса»-ҳои Низомию Амир Хусрав ва достонҳои Абдурраҳмони Ҷомиро ба тамом аз ёд медонист.

Бадриддин Ҳилолӣ бештари ҳаёташро дар Ҳирот гузаронд. Оиладор шуда соҳиби фарзанд гардид. Доир ба ин масъала адиб дар достони «Лайлӣ ва Маҷнун» ба тарзи зайл ишорат кардааст:

Эй дурри шарар1 зи баҳри кавнайн2,

Фарзанди азиз – қурратулайн.3

Бишнав сухани маро, ки панд аст,

Панди падар аст, судманд аст.

Ҳилолӣ хеле кам сафар кардааст. Аз сарчашмаҳои таърихӣ ва адабӣ равшан мегардад, ки ӯ танҳо як маротиба ба Қандаҳор сафар карда, бо аҳли адаби он ҷой суҳбатҳо оростааст. Шоир марди суҳбаторо ва ҳозирҷавоб будааст. Чунонки муаллифи «Акбарнома» Муборак Алломӣ дар асараш зикр кардааст, ҳокими Қандаҳор Мирзо Комрон базме ташкил мекунад. Дар он шоирон, олимон ва дигар аркони давлат иштирок доштанд. Ҳилолӣ ҳам ба базм ҳозир шуда, аз Мавлоно Наргисӣ болотар менишинад. Аз ин болонишинии Ҳилолӣ Мулло Наргисӣ меранҷад ва байти зерро навишта, ба дасти Ҳилолӣ медиҳад:

«Нокасе гар аз касе боло нишинад, бок нест,

3-он ки хас бар рӯйи обу зери дарё гавҳар аст».

Ҳилолӣ фавран ҷавоб мегардонад:

Ҳар кӣ ӯро табъ бошад, ҷои ӯ болотар аст,

Ҳар киро табъе набошад, ҷои ӯ зери дар аст.

1 Шарар – шарора

2 Кавнайн – ду дунё, ду олам, ҳар ду олам

3 Қурратулайн – нури дида, фарзанд

Мирзо Комрон воқиф шуда гуфт: «Чӣ гуфтугӯ доред?». Мулло Наргисӣ арз кард: «Имрӯз мулло Ҳилолӣ ҷойи худро надониста».

Мирзо гуфтанд:

– Эй мулло Ҳилолӣ, чаро надониста боло нишастӣ?

Мулло Ҳилолӣ гуфт:

– Ман дар ин ҷо тавзеҳҳо1 дорам.

Мирзо гуфтанд:

– Бигӯ!

Гуфт:

– Номи ман Ҳилол аст, номи эшон Наргис. Ҳилол дар осмон аст ва наргис дар замин бирӯяд. Дигар, шоирон абруро ҳилол гӯянд ва чашмро наргис, абру болои чашм аст. Аз ин сабаб боло нишастаам.

Ҳамин тавр, шоир дар айёми ҷӯшу хурӯши эҷодӣ аз дасти шоҳони ҷоҳилу золим ба қатл расонида шуд, ки мо дар боло ҳикоят кардем. Имрӯз қабри шоир дар шаҳри Ҳироти Афғонистон барҷост ва зиёратгоҳи аҳли хирад аст.