«Бадоеъ-ул-вақоеъ» Мазмун ва сохти композитсионии асар

Восифӣ дар «Бадоеъ-ул-вақоеъ» сафарҳои тӯлонии худро ба шаҳрҳои Машҳад, Нишопур, Самарқанд, Бухоро, Тошканд ва ғайра бо тафсил нақл кардааст. Аз сар гузаронидани ҳодисаҳо, воқеаҳо, суҳбату вохӯриҳои нависанда бо шахсони гуногун, иштироки ӯ дар базму маҷлисҳои шоҳону ҳокимон, фаъолона иштирок намудани вай дар ҳодисаҳои сиёсию иҷтимоии давр мазмуну мундариҷаи «Бадоеъ-ул-вақоеъ»- ро ташкил додаанд. Дар адабиётшиносӣ ин гуна асарро асари ёддоштӣ ё жанри ёддошт мегӯянд. Дар асари ёддоштӣ қаҳрамони асосӣ худи муаллиф мебошад.

Эҷодиёти Зайниддин Маҳмуди Восифӣ гуногун ва серсоҳа аст. Вай ҳам дар назм ва ҳам дар наср қувваозмоӣ кардааст. Адиб қариб дар аксарияти жанрҳои адабиёти классикӣ табъозмоӣ намудааст. Вале Восифӣ дар таърихи адабиёт ҳамчун нависанда маълуму машҳур аст. Аз ӯ то замони мо «Бадоеъ-ул-вақоеъ» ном асараш мерос мондааст. Ин асар куллиёт ё маҷмуи осори баргузидаи ӯст. «Бадоеъ-ул-вақоеъ» дар давоми қариб 20 сол навишта шудааст. Ҳаҷми асар 90 ҷузъи чопиро ташкил медиҳад. Асар аз 46 боб иборат буда, ба ҳар боб мувофиқи мазмуни он ном гузошта шудааст. Бештари бобҳо бо ифодаҳои «Гуфтор дар бораи...» шурӯъ мегарданд. Ҳаҷми баъзе бобҳо хеле калон буда, дар он қиссаву ривоят, ҳикоят, ки ба повестҳои имрӯза хеле монандӣ доранд, оварда шудаанд. Вале ин бобҳо ба ҳамдигар узван ва мазмунан алоқаманд нестанд. Ҳар кадоме дар алоҳидагӣ мустақил буда, ба худ мазмуну идеяи хос доранд. Танҳо чанд боби аввал то андозае ба ҳам алоқаманданд. Дар ин бобҳо нависанда дар бораи ҳуҷуми Сафавиён ва аз Хуросон ба Мовароуннаҳр гурехтан, дар бораи ҳаёти минбаъдаи худ дар Самарқанд, Бухоро, Саброн, Шоҳрухия, Тошканд батафсил нақл менамояд. Аз боби 11 сар карда, ин алоқамандӣ канда мешавад. Восифӣ дар ин маврид ба 32 қадам монда буд ва дар дарбори Келдимуҳаммад хизмат мекард. Акнун Восифӣ дар бобҳои минбаъда базму маҷлисҳои шоҳонаро нақл карда, бо хоҳиши Келдимуҳаммад аз ҳаёти мардони бузурги гузашта: Абулқосими Фирдавсӣ, Абуалӣ Сино, Исмоили Сомонӣ, Абдулвосеи Ҷабалӣ, Мавлоно Котибӣ, Абдурраҳмони Ҷомӣ, Алишери Навоӣ, Мирзо Улуғбек ва дигарон ривояту ҳикоятҳои дилангез нақл мекунад. Бештари бобҳои асар ба ҳодисаҳои сиёсиву иҷтимоии замони Восифӣ бахшида шудаанд, ки дар ин воқеаю ҳодисаҳои таърихӣ муаллиф низ иштирок кардааст. Аз ин ҷост, ки «Бадоеъ-ул-вақоеъ» ҳамчун асари ёддоштӣ эътироф шудааст.