Дар мероси адабии шоир қариб ҳамаи жанрҳои хурди лирикӣ: ғазал, қасида, қитъа, рубоӣ ва ғайраро дидан мумкин аст. Аммо ғазал дар мақоми аввал меистад. Биноӣ дар ғазалсароӣ пайрави Амир Хусрав ва Ҳасани Деҳлавист.
Мавзуи ғазалиёти шоир гуногунанд. Шоир муҳаббати поки инсон ва саодату меҳнати ӯро дар ғазалиёташ хеле зебо ба қалам додааст.
Тавре ки аз тарҷумаи ҳоли шоир бармеояд, бештари ҳаёти адиб дар ғарибӣ, дур аз ватану ёру диёр гузаштааст ва дар ғарибӣ зиндагиро падруд гуфтааст. Албатта, ин ба эҷодиёти адиб таъсири калон расонид. Аз ин ҷост, ки мавзуи ғарибӣ – ёди ватан, хешу ақрабо дар лирикаи ӯ мавқеи калон дорад. Қаҳрамони лирикӣ ёди ёру диёр карда, оби чашмаш шашқатор мерезад, оҳи сард аз дили пурдард мекашад ва худашро ба шахси мотамзада, ғамзада, аламзада монанд мекунад:
Дар ғарибӣ ҳама шаб ғамзадаеро монам,
Ваҳ, куҷо ғамзада, мотамзадаеро монам.
Рӯз ҳам аз ситами гардиши гардун чу ҳилол
Шаҳрбигрехта, мотамзадаеро монам.
Биноӣ намояндаи табақаи поёни ҷамъият аст. Табиист, ки зиндагии мардуми ин табақа бо азобу машаққат мегузашт. Нони серӣ ва тани пӯшидаро намедиданд. Рӯзгори Биноӣ чи дар ватан ва чи дар ғарибӣ ҳамин тавр қашшоқона мегузашт. Ӯ саъю кӯшиш карду илм омӯхт, дар ин роҳ ранҷу сахтиҳои зиёде дид, аммо ба муроди дил нарасид. Бинобар ин шикояти қаҳрамони лирикӣ аз замонаи бемурувват на танҳо ба рӯзгори адиб дахл дорад, балки шикояти садҳо, ҳазорҳо мардуми бечораю бенавост:
Дар умри худ муроди диле ҳосилам набуд,
В-аз умр як нафас ба муроди дилам набуд.
Бе дарду ғам наям нафасе, гӯйӣ аз азал
Ҷуз дарду ғам сиришта1 дар обу гилам набуд.
Бештари қитъаю рубоиёти шоир мавзуъҳои пандуахлоқӣ доранд. Биноӣ дар онҳо ахлоқи ҳамидаи инсониро ситоиш намуда, инсонҳоро ба поквичдонию ростқавлӣ, хоксорию накукорӣ ҳидоят мекунад. Дар баробари ин дар бисёр қитъаю рубоиёташ ашхоси мутакаббир, дилсиёҳ, золим ва беадолатро мазаммату накуҳиш намудааст. Биноӣ баъзан дар рубоиёташ ҳаёти қашшоқонаашро тасвир намуда, таъкид менамояд, ки агар шахс барои қонеъ намудани қути лоямути худ ва аҳлу аёл чизе надошта бошад, ӯ наметавонад илму фарҳанг омӯзад, асар эҷод кунад, умуман, рӯзгорашро пеш барад.
Биноӣ дар қасидасароӣ низ дасти тавоно доштааст. Шоир асосан дар ин масъала ба анъанаи қасидасароёни гузашта пайравӣ кардааст. Дар эҷодиёти адиб қасидаҳои мадҳӣ ва ҳасбиҳолӣ бештаранд.
1 Сиришта – омехта
Яке аз муҳимтарин хусусияти қасидаҳои шоир дар он аст, ки содаю равонанд. Онҳоро кас хонда бузургӣ, зебоӣ ва назокату латофати инсонро дарк мекунад. Махсусан, ташбиби қасидаҳо пуробуранг буда, дилро ба шӯру ҳаяҷон меоранд. Ин қисмати қасидаҳо бештар ба ғазал шабеҳанд. Ба тамом риоя кардани таносуби сухан, истифода кардани санъатҳои шеърӣ ва калимаю ибораҳои рехтаи халқӣ ба каломи шоир ҳусну таровати махсус бахшидаанд. Барои исботи фикр ташбиби қасидаи зерро гирем:
Лола рух бинмуд, оламро гулистон кард боз,
Кӯҳро доман пур аз лаъли Бадахшон кард боз.
Ғунчаи гул бар гиребон тугмаи ёқут дошт,
Гул ба нохунҳои рангинаш гиребон кард боз.
Бо асои сабз омад сабза бар атрофи ҷӯй,
Хизр, пиндорӣ, ҳавои оби ҳайвон кард боз.
Ғунчаи наргис зи тоби гул назар барбасту гуфт:
«Бар рухи хуршеди рахшон дида натвон кард боз».
Ҷоми зар мондаст бар симин табақ наргис, нигар,
Хешро аз соқиёни базми султон кард боз.
Чунонки мебинед, дар ин ташбиб ҳар як калимаю ибора дар ҷояш, бамавқеъ омадааст. Хонанда аз ин намуна зебоии забони модариашро ба хубӣ эҳсос мекунад. Дар пеши чашм баҳор бо тамоми шукӯҳаш ҷилвагар мешавад. Шукуфтани лола, сабзу хуррам гардидани дашту ҳомун, аз нав эҳё гардидани зиндагии инсонҳо ва олами набототу ҳайвонотро шоирона ситудааст. Ба ин восита адиб таъкид менамояд, ки ҳар як шахс аз ин зебоиҳо оқилона бояд истифода барад.