Ҳаёти шоир

Соли 1453 дар оилаи усто Муҳаммадхони Сабз тифле ба дунё меояд, ки аз он хурсандии волидайн ҳадду канор надошт. Падар ба ӯ Шералӣ ном мегузорад. Муҳаммадхон марди ҳунарманд, бинокору меъмор буд ва зиндагиашон фақирона мегузашт. Шералӣ дар мактаб нағз мехонд, ба сухани устодонаш диққат медод. Натиҷаи ҳамин саъю кӯшиш буд, ки ӯ бисёр илмҳои замонаашро ба хубӣ аз худ кард. Ӯ бештар ба забону адабиёт, таърих ва мусиқӣ майлу рағбат дошт. Ҳанӯз дар айёми мактабхониаш шеърҳои хуб менавишт. Дар ин бора худи шоир чунин мегӯяд:

Ёдам омад, ки баҳри касби адаб

Мешудам тифл ҷониби мактаб.

Табъи мавзун маро ғаризӣ1 буд,

Фаҳми ман дар камоли тезӣ буд.

Пайваста осори адибони гузашта ва муосири худро мутолиа карда аз бар менамуд. Баъд ба худ тахаллуси Биноӣ ва Холиро интихоб мекунад. Вале ӯ бештар бо тахаллуси Биноӣ машҳур аст.

Биноӣ дар шаҳри Ҳирот зиндагӣ мекард ва дар он рӯзгор Ҳирот яке аз марказҳои асосии илму адаб ба ҳисоб мерафт. Аз ин рӯ, дар сабзиши ӯ роли мактаби адабии Ҳирот басо бузург аст. Биноӣ яке аз шогирдони беҳтарини Абдурраҳмони Ҷомӣ буда, баъдтар ба дарбори Ҳусайни Бойқаро даъват мешавад.

Мақому шуҳрати Биноӣ дар байни хоссу ом, аҳли илму адаб зиёд мегардад. Биноӣ на танҳо бо шеърҳои намакинаш дар байни мардум машҳур мегардад, балки дар донистану иншо намудани илмҳои мусиқӣ, таърих ва ғайра ангуштнамои замонаш буд. Ӯ доир ба илми мусиқӣ ду рисолаи илмӣ таълиф намуд. Илова бар ин, ба шеърҳояш оҳанг баста, суруд мехонд.

Биноӣ гумон дошт, ки дарбор ҷойи олимон ва шоирони бузург аст. Дар он ҷо кас метавонад асарҳои шоиста эҷод кунад. Вале баъд аз он, ки бо аҳли дарбор шинос мешавад, мебинад, ки дар байни олимон, донишмандон ва адибони бузург як гурӯҳ лаганбардорон, хушомадгӯён ва ниҳоят, одамони пасту разил низ ҷамъ омада, ҳамеша аз пайи озори якдигар мебошанд. Ба муқобили аҳли фазлу хирад шеърҳои ҳаҷвӣ эҷод карда, онҳоро масхара менамоянд. Биноӣ дар байни онҳо чанде зиндагӣ карда, аз фитнаю найранги ҳасудон, шоирони маддоҳ ба фарёд меояд ва азобу ранҷи зиёде мекашад. Байтҳои зерин ҳаёти онрӯзаи шоирро хеле барҷаста инъикос намудаанд:

1 Гаризӣ – авлодӣ, зотӣ, табиӣ

Ситамгаро, фалако, каҷраво, ҷафокоро!

Нагӯямат, ки маро мулки подшоҳӣ деҳ.

Туию куҳнаработи хароб бар сари роҳ,

Зи ҳар кӣ хоҳ, ситону ба ҳар кӣ хоҳӣ, деҳ!

Биноӣ аз ҳасудон халосӣ ҷуста, соли 1487 аз шаҳри Ҳирот баромада, ба Табрез меравад. Шоир баъд аз 4 сол, яъне соли 1491 боз ба Ҳирот меояд. Вале дар ин вақт Осиёи Миёна ва Хуросон майдони ҳарбу зарбҳои хунин қарор гирифта буд. Ҳуҷуми Муҳаммади Шайбонӣ ва Шоҳ Исмоили Сафавӣ мамлакатро нотинҷ ва халқро қашшоқ гардонид. Биноӣ маҷбур шуд, ки як макони осудае ёбад, то ки солҳои охирини ҳаёти худро каме оромтар гузаронад. Аввал ба Самарқанд меравад. Чанд муддат зиндагӣ мекунад. Вале аҳволаш беҳ намешавад.

Аз ҳамин сабаб ба Қаршӣ меравад. Вале дар тирамоҳи соли 1512 Шоҳ Исмоили Сафавӣ бо сардории Наҷми Сонӣ барои забти Мовароуннаҳр лашкар кашид. Бисёр шаҳру ноҳия ва деҳаҳои ободро вайрон карда, мардумро бехонумон гардонд. Аз ҳама ваҳшонияте, ки ин сардори мутаассиб дар ин кишвар кард, қатли оми мардуми Қаршӣ буд. Дар ин куштор, ки соли 1512 ба амал омад, Камолиддини Биноӣ дар қатори садҳо ҳазор мардуми бегуноҳ дар айёми ҷӯшу хурӯши эҷодӣ аз байн рафт.