Шамсиддин Муҳаммад Ҳофизи Шерозӣ ҳанӯз дар айёми зиндагиаш дар байни хоссу ом ва хурду бузурги Эронзамин ва он кишварҳое, ки бо забони тоҷикӣ-форсӣ такаллум мекарданд, аз қабили Хуросон, Мовароуннаҳр, Ҳиндустон, Осиёи Сағир ном ва мақоми шоиста пайдо карда буд. Маҳз дар ҳамин даврон, дар асри XIV ғазалҳояш ба забони туркӣ тарҷума ва паҳн гардид. Аз оғози асри XV ғазалҳои шӯрангезаш ба кишварҳои Аврупо бол заданд, ворид гардиданд ва дар қалби мардуми ин қитъаи бофарҳанг ва соҳибтамаддун ошён гузоштанд ва чароғи маърифаташонро боз ҳам фурӯзон гардониданд. Оре, халқҳои ҷаҳон Ҳофизро хамчун марди назарбаланд, хайрхоҳи бечорагон ва дармондагон, адолатпарвар, ринду ҳаётдӯст шинохтанд. Ҳофиз аз ҳамаи рӯзгор барои онон қутби сухани воло ва маъбади тафаккуру андешаи волою расо гардид. Дар ҷаҳони шеъру адаб бемонанд бимонд.
Аз асри XV сар карда, ашъори Хоҷа ба забонҳои англисӣ, франсавӣ, олмонӣ, итолиёӣ, арабӣ, чехӣ, булғорӣ, русӣ, гурҷӣ, озарбойҷонӣ, ҳиндӣ, тоторӣ ва ғайра тарҷума ва нашр гардиданд. Таъсири ғазалиёти шоир дар байни аҳли илму адаби ин кишварҳо чунон пурзӯр буд, ки ҳатто сиёсатмадорони соҳибном эътиқод ва эҳтиром ба Хоҷа гузошта буданд. Масалан, яке аз бунёдгузорони Ҳизби коммунистӣ Ф. Энгелси олмонӣ чунин мегӯяд: «Ашъори ринди бебок Ҳофизро, ки забонаш басо ширину хушсадост, дар асл ба форсӣ хондан хеле гуворост».
Шоир ва мутафаккири барҷастаи Олмон Ҳёте (1749 – 1832) яке аз эътиқодмандтарин муътақидони Хоҷа Ҳофиз гардид. Ӯ чунон шефта ва мухлиси шеъри шоир шуд, ки дар пайравии ғазалиёти Ҳофиз «Девони шарқию ғарбӣ»-ашро офарид. Ҳёте дар ситоиши Ҳофиз мегӯяд: «Ҳофиз бузургтарин ва босафотарин шоирест, ки ба зебоиҳои ин ҷаҳон сахт дилбастагӣ дорад. Ӯ аз ҳар чизе, ки дасту пойи инсонро мебандад, эътироз мекунад, аз вобастагӣ дурӣ меҷӯяд. Барои касе, ки бо ӯ каме ошноӣ пайдо кардааст, Ҳофиз тамоми умр ҳамсафару шарики меҳрубон хоҳад монд. Имрӯз, баъди садсолаҳо чӯпону корвониён дар роҳпаймоии худ огоҳона ғазалиёти шӯрангези ӯро замзама мекунанд. Ва ин ба хотири он нест, ки маънии каломашро фаҳмидаанд, балки барои он маҳбуб аст, ки таронаҳояш ҳамеша аз сидқу сафо ва ҳақиқат башорат медиҳанд.»
Ҳёте дар пайравии ғазалиёти Хоҷа ба забони олмонӣ ғазал гуфт ва ба ҳамин тариқ дар адабиёти олмон жанри ғазал арзи вуҷуд кард. Ҳёте дар ғазал ба хусусиятҳои жанрии он сахт риоя кард. Ғазалҳои Ҳёте ҳам матлаъ, ҳам мақтаъ доранд, тарзи қофиябандиашон низ як аст.
Пасон таъсири ғазалҳои Ҳофиз ба адибони рус, аз ҷумла ба А. Пушкин, А. Фет, И.Чернишевский, А.Толстой ва С. Есенин басо бузург будааст. Масалан, Л.Н. Толстой менависад, ки яке аз дӯстони наздикаш А. Фет бисёр вақташро ба тарҷумаи ашъори Ҳофиз сарф мекунад.
Асосгузори адабиёти рус А.С.Пушкин ба Ҳофиз дилбастагии зиёд дошт. Аз ғазалиёти Хоҷа завқ мебурду ҳам илҳом мегирифт. Вақте ки Чернишевский дар маҳбаси Қалъаи Брест шеъри Пушкинро дар васфи Ҳофиз хонд, чашмонаш ашкбор гардид.
Афанасий Фет дар сарсухан ба маҷмӯаи «Аз Ҳофиз» маҳбубият, қудрату тавоноии шеъри Ҳофизро баён намуда, таъкид менамояд, ки осори ӯ барои тамоми инсоният хизмат мекунад ва барои ҷаҳониён баробар тааллуқ дорад. Яъне ӯ нобиға ва шоири умумибашарӣ будани Ҳофизро ҳанӯз дар ҳамон давра фаҳмида, эътироф карда будааст. Ба гуфтори ӯ таваҷҷуҳ кунед: «Аввалан, рӯҳи афкори инсонӣ кайҳо ба он авҷи фазову фалак расида, ки мо дар эҷодиёти шоирону андешамандони ғарбиамон мушоҳида кардем, Дар шигифт мемонем ва ба хулосае меоем, ки гулҳои атромези шеъри асил, сарфи назар аз давру замон ва ҷойи рӯйидаашон, пажмурда нахоҳанд шуд, рӯйи хазонро нахоҳанд дид. Шоир ҳамон аст, ки парвоз мекунад».
Яке аз шоирони тавонои ибтидои асри ХХ рус С. Есенин ба Хоҷа ва умуман ба адабу фарҳанги тоҷику форс муътақид будааст ва дилбастагии хосса доштааст. Бештар эътиқодмандии ин шоири рус ба Саъдӣ ва Ҳофиз будааст. Ҳатто ба хотири ин ду бузургвор шаҳри Шероз ва пайваста ба он аҳли Аҷамро ситоиш ва тавсиф кардааст:
Ғарқ аст ба нури моҳ Шероз,
Ҷӯшида дар осмон ситора.
Ояд бадам аз ниқоб, к-онро
Пӯшанд ба рӯйи моҳпора.
Ғарқ аст ба нури моҳ Шероз.
Шуҳрату мақоми ғазалиёти Хоҷа Ҳофиз дар байни хоссу оми мардуми Ғарб, аз ҷумла мардуми Русия чунон ғулғула андохт, ки мисли халқҳои кишварҳои мусалмон аз ғазалҳои шоир фол мекушоданд. Дар ин маънӣ боз чунин мегӯянд:
Фол дидам хешрову ёри зеборо,
Фол аз пайванди байни ӯву худ дидам.
Бар тамоми пурсишам аз Ҳофизи доно
Посухи ҳаққонию маъқул бишнидам.
Ҳамин тавр, дар ақсои олам шуҳрати Хоҷа хеле васеъ домон густурдааст ва аз ин лиҳоз наметавон ҳамаи он гуфтори бузургонро ин ҷо ёд кард. Мо бо номи чунин бузургмардон меболему ифтихор дорем ва бояд саъю талош намоем, то дар кору зиндагиамон номбардори бузургони пешин, аз ҷумла Шамсиддин Муҳаммад Ҳофизи Шерозӣ бошем. Шоиста он бошад, ки дар анҷоми сухан ё дар фасли Хоҷа Ҳофиз андешаи худро бо як пора шеъри устод Лоиқ ҳусни мақтаъ бубахшем:
Решаи ман, маншаи аҷдоди ман.
Асли ман, Эрони ман, бунёди ман.
Ҷони мо чун риштаи дубофт аст,
Бофти ман, тору пуди ёди ман.
Зимни номи ту ба фардо мебарад
Гӯшаи таърихро авлоди ман.
Дар ту мебинам камоли оли хеш,
Эй зи салсоли адам ҳамзоди ман.