Пеш аз ҳама ғазалиёти Ҳилолӣ бо содагию равонӣ ва нафосату салосату назокати худ фарқ мекунад. Кор фармудани санъатҳои маънавӣ ва лафзӣ, истифодаи таъбир, зарбулмасалу мақолҳои халқӣ ғазалҳои ӯро пурмуҳтаво, ҷозибадор ва таъсирнок гардондаанд.
Шоир дар ғазалиёташ махсусан аз санъати талмеҳ, таҷнис, муболиға, ташбеҳ, киноя, истиора, тавсиф бо камоли устодӣ истифода бурдааст. Барои мисол порчаи зерро гирем:
Дӯстон, имшаб давои ҷони маҳзунам кунед!
Бар сарам афсонае хонеду афсунам кунед!
Нест андуҳи маро бо дарди Маҷнун нисбате,
Мешавам девона, гар нисбат ба Маҷнунам кунед.
Лолагун шуд хирқаи садчокам аз хуноби ашк,
Шарҳи ин сурат ба шӯхи ҷомагулгунам кунед.
Шаҳсавори ман ба саҳро рафтаву ман мондаам,
3-ин гунаҳ, аз шаҳр мехоҳам, ки берунам кунед.
Санъати тазоду муқобала ба ғазалиёти шоир таровати махсус бахшидааст. Дар байти зер дар мисраи дуюм санъати тазод хеле хуб қаламдод шудааст:
Хоҳам, ки ба зери қадамат зор бимирам,
Ҳарчанд кунӣ зинда, дигар бор бимирам.
Дар байти зер шоир аз санъати ташбеҳ («чу парӣ», «мани девона») ва тазод («дида, надида») устокорона истифода бурдааст:
Эй ҳамчу парӣ аз мани девона рамида,
Сад бор маро дидаву гӯё ки надида.
Ҳилолӣ ғазали «Ба чашм»-ро дар пайравии ғазали Камоли Хуҷандӣ эҷод кардааст. Аз муқоисаи ин ду ғазал равшан мегардад, ки Ҳилолӣ ба ғазали Камол ҷавоби муносиб гуфтааст. Дар мавзуъ, вазн, қофия ва радиф дар байни онҳо ҳамоҳангӣ ба хубӣ мушоҳида мешавад.
Ғазали Ҳилолӣ собит менамояд, ки ӯ аз уҳдаи ҷавоб гуфтан ба хубӣ баромада тавонистааст. Асоси ғазалро санъатҳои саволу ҷавоб ва таҷнис ташкил медиҳанд. Ибораи «Ба чашм» ба ду маъно омадааст. Аввалан, ба маънои қабул ва дуюм, ба маънои аслиаш.
Камол:
Ёр гуфт: «Аз ғайри мо пӯшон назар».
Гуфтам: «Ба чашм!»,
«В-он гаҳе дуздида бар мо менигар».
Гуфтам: «Ба чашм!».
Гуфт: «Агар бар остонам об хоҳӣ зад зи ашк,
Ҳам ба мижгонат бирӯб он хоки дар».
Гуфтам: «Ба чашм!»
Ҳилолӣ:
Ёр гуфт: «Аз мо макун қатъи назар».
Гуфтам: «Ба чашм!»,
Гуфт: «Қатъан ҳам мабин сӯйи дигар».
Гуфтам: «Ба чашм!».
Гуфт: «Агар бо мо сухан дорӣ, ба чашми дил бигӯ,
То нагардад гӯши мардумро хабар».
Гуфтам: «Ба чашм!».
Ҳилолӣ зарбулмасал ва мақолҳоро, ки имрӯз ҳам дар байни халқ маъмуланд, гоҳ айнан ва гоҳе мазмунан истифода бурдааст. Масалан, имрӯз ҳам дар байни халқ зарбулмасалу мақолҳои «Кори имрӯзаро ба фардо нагузор», «Ҷӯянда – ёбанда», «Дасти ману домони ту», «То дам аст, ғам аст» ва ғайра машҳуранд. Зарбулмасалу мақолҳои халқиро Ҳилолӣ ба ин тарз истифода бурдааст:
Рӯзи васл аст ҳам имрӯз, фидои ту шавам!
Кори имрӯз нашояд, ки ба фардо афтад.
***
Касон гӯянд: «Ҳар ҷӯяндае ёбандае бошад»,
Туро меҷӯяму ҳаргиз намеёбам, чӣ ҳол аст ин?!
Дар ғазалиёти шоир табиати зебо бо тамоми рангорангиву ҳашаматаш пеши назар ҷилвагар мешавад. Махсусан, баҳори нозанин, шукуфтани гулҳо, нағмасароии парандагон дар дашту ҳомун, боғу бӯстонҳо чунон тасвир шудаанд, ки ба кас ҳаловат ва завқи эстетикӣ мебахшанд. Масалан, дар ғазали «Ту бошию ман» ин матлаб хеле зебо ифода ёфтааст. Қаҳрамони лирикӣ орзу дорад, ки дар замин, дар чаман, дар назди гулу ёсуман, дар Рум ё Чин, хулоса дар куҷое, ки бошад, бо ҳам бошем, аз дидору ҷамоли якдигар бенасиб нагардем:
Хуш он, ки дар ҳама рӯйи замин ту бошию ман,
Ба ҷуз ману ту набошад, ҳамин ту бошию ман.
Баҳор мерасад, оё бувад, ки дар чамане
Нишаста пои гулу ёсамин ту бошию ман.
Махон ба ҷилвагаҳи нози худ рақибонро!
Ҳамин бас аст, ки, эй нозанин, ту бошию ман.
Хуш аст ҳамсафарӣ бо ту, хоса он вақте
Ки гар ба Рум равам ё ба Чин, ту бошию ман.
Баҳор омаду кушт ин ҳавас зи шавқ маро,
Ки бар канори гулу ёсамин ту бошию ман.
Пас аз марги шоир шуҳрати ғазалҳои намакину рангинаш ба ҳар диёр паҳн мешавад, зеро хусусияти хушоҳангию мавзунияти онҳо бисёр баланданд. Ин аст, ки дар ҳар як маҳфил, базму сур аз забони ҳофизони хушхон ғазалҳои шоир садои фораму дилкаш дода, ба дилҳо дармон мебахшанд. Ва аксарияти ғазалҳои Ҳилолӣ ба асари классикии мусиқии тоҷик «Шашмақом» дохил шудаанд ва имрӯз ҳам дар иҷрои ҳофизони шашмақомхон садо медиҳанд.