Хоҷаи бузургвор табъи баланду истеъдоди худодод дошт, ӯ каломи шоиста ва сухани мавзуне биёфарид, ки ҷаҳониён пеши назмаш сари таъзим фурӯд оварданд. Вале буданду ҳастанд дар ҳар давру замон ашхоси тангназар, ҳасуд, ки онон аз ҳасудию нотавонбинӣ ба Ҳофиз барин нобиғагон санги маломат заданд ва хешро пешоҳанги адибон пиндоштаанд. Хоҷа ҳанӯз ба ин гуна ашхос дар ҳамон замон ҷавоби муносиб дода буд:
Ҳасад чӣ мебарӣ, эй сустназм, бар Ҳофиз?!
Қабули хотиру лутфи сухан худодод аст!
Мусаллам аст ва то он ҷое ки медонем, ғазалҳои Хоҷа Ҳофизро асосан ду чиз машҳури дунё намудааст. Нахуст, мавзуъҳои баланд, ғояҳои олӣ, ифшои дарди дили инсонҳо, ифода намудани орзую ормонҳои наҷиби кулли башарият, доир ба масъалаҳои гуногуни зиндагӣ. Дувум, бадеиёт, санъати волои сухани ноби шоир аст, ки ҳар қаламкаш дар гуфтани он оҷиз хоҳад монд. Яъне дар ашъори Шамсиддин Муҳаммад Ҳофизи Шерозӣ шаклу мазмун, зоҳиру ботин бо ҳам тарозуи ду паҳлу баробар ва ҳар ду паҳлу ҳамсадо, ҳамнаво ҳастанд ва ҳар ду барои тавлиди ғазалҳои ҷовидона саҳмгузоранд. Мо дар боло асосан дар бораи мавзӯю муҳтавои ғазалиёти Хоҷа бештар таваққуф кардем. Акнун лозим меояд, ки баъзе хусусиятҳои бадеии ашъори Ҳофизро баррасӣ намоем.
Пеш аз ҳама, ғазалиёти шоир равон, сода ва аз ҳар гуна такаллуфоти зиёд ориянд. Ҳофиз бо зеботарин алфоз барои арӯсони маонӣ пероҳане оростааст. Маҳз тавъам омадани ҳамин ду чиз сабаби ҷаҳонгир шудани ғазалиёти Хоҷа гардидаанд. Салосату балоғат, фасоҳату зебогуфтории адиб савтиёт ва оҳангнокии шеъри ӯро таъмин кардаанд, ки тайи 700 сол ҳофизону мутрибон ғазалиёти ӯро замзама мекунанд. Бе ягон муболиға метавон гуфт, ки дар ҳар як ғазал, дар ҳар як байт, дар ҳар як мисраъ, дар ҳар як пораи шеъри Хоҷа Ҳофиз санъате истифода шудааст ва онҳо оростагию перостагии шеъри адибро таъмин кардаанд. Чанд мисол:
Саволу ҷавоб:
Гуфтам: «Эй султони хубон, раҳм кун бар ин ғариб!»
Гуфт: «Дар дунболи раҳ дил гум кунад мискин ғариб!»
Гуфтамаш: «Бигзар замоне!» Гуфт: «Маъзурам бидор,
Хонапарварде чӣ тоб орад ғами чандин ғариб?»
Дар ин ду байт ғайр аз санъати саволу ҷавоб боз санъатҳои дигари шеърӣ, аз қабили маҷоз, киноя, таносуби сухан, ҳусни матлаъ низ бамаврид истифода шудаанд. Вале дар ин пора санъати саволу ҷавоб дар ҷойи аввал меистад ва мақоми шоиста дорад.
Санъати ташбеҳ:
Килки Ҳофиз шакарин оби набот аст, бичин!
Ки дар ин боғ набинӣ самаре беҳтар аз ин.
Дар ин байт ширинии шеърашро ба шакар ва маҳсули қаламашро ба оби набот ташбеҳ намудааст. Боғ киноя аз осораш, аз ғазалиёташ мебошад.
Санъати таҷниси лафзӣ он аст, ки дар мисрае ё байте шоир калимаҳои монандро истифода мебарад, ки онҳо маъноҳои гуногун доранд:
Зулф бар бод мадеҳ, то надиҳӣ барбодам,
Ноз бунёд макун, то наканӣ бунёдам.
Дӯш огаҳӣ зи ёри сафаркарда дод бод,
Ман низ дил ба бод диҳам, ҳар чӣ бод – бод!
…Ки Доро, ки дорои офоқ буд.
Ба дорандагӣ дар ҷаҳон тоқ буд.
Таҷниси маънавӣ он аст, ки як калима ё як ибора ба ду маъно ояд. Масалан, дар байти зер калимаи ширин ба ду маъно: якум – номи инсон – қаҳрамони достони «Хусрав ва Ширин» ва дувум ба маънои ширин, болаззат мавриди истифода қарор ёфтааст:
Гар чу Фарҳодам ба талхӣ ҷон барояд, ҳайф нест,
Бас ҳикоятҳои ширин боз мемонад зи ман.