Саҷъро муҳаққиқон як намуди санъати бадеӣ донистаанд. Саҷъ калимаи арабӣ буда, маънои наво, савт ё овози хуши мурғони хушхон – мисли булбул, қумрӣ, тӯтиро дорад. Аслан садои мурғони ёдшуда дилангез буда, ба ҳам монанд нестанд. Саҷъ ҳамчун як намуди санъати бадеӣ ё ҳамчун истилоҳи адабиётшиносӣ буда, калимаҳоеро медонанд, ки онҳо дар наср дар фосилаҳои муайян бо ҳам ҳамрадиф, ҳамқофия ва ҳамвазн гардида бошанд. Яъне, дар як ҷумла чанд калимаю ибора пас аз фосилае омада, пораҳоро як низом мебахшанду оҳангнокӣ ва савтиёти онҳоро таъмин мекунад. На танҳо пораҳои як ҷумла, балки ин ҳамоҳангию ҳамқофиягӣ дар байни ҷумлаҳои як матн низ шуда метавонанд.
Ҳамин тавр, калима, ибора ва порчаҳои алоҳидаи саҷъдорро, ки дар матн омадаанд, метавон насри мусаҷҷаъ номид. Масалан, аз «Гулистон»-и Саъдӣ: «Ҷамоате оҳанги гурез карданд. Писар наърае бизаду гуфт: – Эй мардон, бикӯшед, ё ҷомаи занон бипӯшед!» Боз: – Хомӯш, ки дар пастӣ мурдан беҳ, ки ҳоҷат пеши касе бурдан. Дар ҷумлаи аввал «мардон бикӯшед» бо «занон бипӯшед» саҷъ шуда омадаанд. Дар ҷумлаи дувум бошад, калимаҳои мурдан ва бурдан, ки ҳамқофия шудаанд, намунаи мукаммали санъати насри мусаҷҷаъанд.
Саҷъ метавонад дар охир, мобайн ва ҳатто дар аввали ҷумла биёяд. Он мисоле, ки дар боло бо ҳам дидем, дар охири ҷумлаҳои сода омадаанд. Мисоли дигар: «Подшоҳе ба дидаи ҳақорат дар тоифаи дарвешон назар кард. Яке аз он миён фаросат ба ҷой оварду гуфт:
– Эй малик, мо дар ин дунё ба ҷайш1 аз ту камтарему ба айш бештар!».
Дар ҷумлаи боло калимаҳои ҷайшу айш бо ҳам ҳамқофия ва ҳамвазн шуда омадаанд. Дар ин ҷо насри мусаҷҷаъ дар мобайни ҷумла воқеъ гардидааст.
1 Ҷайш – лашкар, қушӯн
Мурод аз истифодаи насри мусаҷҷаъ чист?
1. Нависанда ба хотири беҳтару хубтар хонандагонашро аз маънию муҳтавои асар бархӯрдор кардан дар лаҳзаҳои мувофиқ аз насри мусаҷҷаъ истифода мебарад. Аз тарафи дигар, андешаи адибро таъсирбахшу гуворо мегардонад.
2. Насри мусаҷҷаъ барои мушаххас шудани қаҳрамон ва персонажҳои асари бадеӣ ёрии калон мерасонад. Ашхосе, ки дар гуфторашон аз насри мусаҷҷаъ бамаврид истифода мебаранд, ба назари хонанда камолоти маънавияшон ошкор мегардад. Зеро насри мусаҷҷаъро ҳар қаҳрамон ё ҳар фард дар каломаш истифода бурда наметавонад. Бояд ӯ, пеш аз ҳама, забон ва балоғату фасоҳати суханро бидонад.
3. Нависанда ба воситаи насри мусаҷҷаъ хонандаашро тарбияи маънавӣ медиҳад. Нисбат ба забони модарӣ меҳру муҳаббат, шавқу рағбаташро афзун мегардонад.
4. Гузашта аз ин, барои забономӯзӣ, забондонӣ ва дар баробари ин рушду камол ва ғановати фонди луғавии шогирдон ва хонандагони сершумор заминаи устувор мегузорад. Бахусус мактабиён ба насри мусаҷҷаъ бештару беҳтар бояд таваҷҷуҳ зоҳир намоянд ва пора-пора насри саҷъдорро бояд ҳифз кунанд.
Насри мусаҷҷаъ таърихи куҳан дорад. Он ҳанӯз аз асрҳои IX-Х оғоз ёфта, нахуст сода буд ва пасон дар асрҳои XI – XII мураккаб гардид. Намояндагони ҷараёни тасаввуф Абдуллоҳи Ансорӣ, Ҳамидуддини Балхӣ, Абусаиди Абулхайр ва дигарон дар асарҳояшон аз ин санъати сухан бамаврид истифода бурдаанд. Дар асрҳои XIII-XV насри мусаҷҷаъ боз ҳам инкишоф ёфт. Махсусан, дар асарҳои насрӣ ва назмии Шайх Саъдӣ саҷъ мақоми арзанда пайдо кард. Саъдӣ беҳтарин андешаҳои хешро дар «Гулистон» ва дигар асарҳояш бо насри мусаҷҷаъ оростааст.
Муҳаққиқони пешин ва имрӯз хусусиятҳои насри мусаҷҷаъро ба назар гирифта, онро ба се навъ қисмат намудаанд, ки ҳоло ҳар кадомеро дар алоҳидагӣ аз назар мегузаронем.
1. Саҷъи мутавозӣ1
Донишмандони улуми адабӣ саҷъи мутавозиро ба тарзи зайл шарҳ додаанд. Агар дар охири ду ё зиёда ибора ва ҷумлаҳои сода калимаҳое оварда шаванд, ки он калимаҳо бо ҳамдигар ҳамқофия, ҳамвазн ва аз ҷиҳати миқдори ҳарфҳо баробар бошанд, ин санъатро саҷъи мутавозӣ мегӯянд. Масалан: «Ҷазои он ҳам бад-ӯ расида ва расво ва парда дарида шавад».
1 Мутавозӣ (мувоҷӣ) – баробаршаванда (параллел)
Дар ин ҷумла калимаҳои расида ва дарида ба ҳам қофия шуда, санъати саҷъи мутавозиро ташкил намудаанд.
2. Саҷъи мутарраф
Агар калимаҳои охири ду ё зиёда ибора ва ҷумлаи сода дар ҳарфи равӣ мувофиқ, яъне ҳамқофия буда, дар вазн ва адади ҳарфҳо иттифоқ набошанд, саҷъи мутарраф аст. Мисол:
«Ҳама хона ороста ва саҳну саро аз чангу ғубор пироста, обу таом тайёр ва сарви ноз дар канор, модари зан ҳамчун ходиме хизматгор».
Дар мисоли фавқ калимаҳои ороста-пироста, тайёр-канор хизматгор саҷъи мутарраф шудаанд. Зеро дар ин матн баробарии ҳарфҳо ва вазн риоя нашудааст. Яъне, танҳо қофия нақши асосӣ бозидааст.
1 Мутарраф – шарафнок
3. Саҷъи мутавозин
Агар дар ҷумлаҳо калимаҳо ё ибораҳои охир вазн дошта бошанду қофия, яъне ҳарфи равӣ набошад, дар он сурат он саҷъи мутавозин аст. Чанд мисол: «Як шаб тааммули айёми гузашта мекардам ва ба умри талафкарда таассуф мехӯрдам». «Ва бо сабаби он, ки дар он марғзор шикор бисёр буд, сайёдон он ҷо омадушуд бештар кардандӣ ва пайваста ҷиҳати сайди вуҳуш ва қайди туюр доми ҳилла густурдандӣ».
Дар назм ҳам санъати саҷъ истифода мешавад. Он навъҳое, ки дар боло гуфтем, барои шоистаю пироста кардан ва балоғату фасоҳати сухан мавриди истифода қарор дода шудаанд.
САВОЛ ВА СУПОРИШ:
1. Ҳаёти нависандаро донишмандон ба чанд давра тақсим кардаанд?
2. Дар бораи зодгоҳи Саъдӣ – Шероз чӣ маълумот доред?
3. Аз қомуси адабиёти тоҷик дар бораи шаҳри Шероз ва мақбараи Саъдӣ хонед.
4. Чаро бузургони гузашта Саъдиро паямбари ғазал мегӯянд?
5. Хусусиятҳои ғазалро бигӯед. Дар бораи ҳусни матлаъ ва мақтаъ маълумот дихед.
6. Жанрҳои хурди лирикӣ дар эҷодиёти шоир чӣ мақом доранд?
7. Қасидаҳои Саъдӣ аз қасидаҳои шоирони гузашта бо кадом хусусиятҳояшон фарқ мекунанд?
8. Мавзуи асосии ғазалҳои шоирро гӯед.
9. Чаро Саъдиро шоири гуманист мегӯянд? Бо мисолҳои мушаххас маънои истилоҳи гуманизмро фаҳмонед.
10. Саъдиро устод Айнӣ «вуқӯъгӯй» гуфтаанд, маънии онро бо мисол шарҳ диҳед.
11. «Гулистон» аз лиҳози мазмун чӣ гуна асар аст?
12. «Гулистон» аз кадом ҷиҳат ба «Бӯстон» монанд аст?
13. Нависанда дар кадом маврид хомӯш будани шахсро зарур медонад?
14. Саъдӣ дар бораи муаллим ва рафтору кирдори ӯ чӣ андеша дорад? Оё шумо ба фикри нависанда розӣ ҳастед ё не?
15. Дар бораи илму амал Саъдӣ чӣ андеша дорад? Андешаҳои ӯ имрӯз доир ба ин масъала чӣ аҳаммият доранд?
16. Олими беамалро Саъдӣ ба занбӯри беасал монанд кардааст. Шумо ба ин фикр розӣ ҳастед? Дар ин бора хаттӣ бо чанд ҷумла фикратонро шарҳ диҳед.
17. Забони асарҳои Саъдиро сода мегӯянд, ба ин фикр розӣ ҳастед? Агар бошед, бо мисолҳо фикратонро исбот кунед.
18. Чаро бисёр байтҳои Саъдӣ ба ҳукми зарбулмасалу мақол даромадаанд?
19. Санъати саҷъ ба чанд намуд қисмат мешавад? Ҳар кадоми ин қисматҳоро бо мисолҳо фаҳмонед.
ТЕСТҲО
1) Асари «Гулистон»-ро кадом адиб иншо кардааст?
а) Саноии Ғазнавӣ.
б) Ҳоқонии Шервонӣ.
в) Саъдии Шерозӣ.
2) Банӣ Одам аъзои якдигаранд,
Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.
Ин байт ба қалами кадом адиб тааллуқ дорад?
а) Низомии Ганҷавӣ.
б) Саъдии Шерозӣ.
в) Муҳаммади Авфӣ.
3) «Бӯстон» аз чанд боб иборат аст?
а) 5-боб.
б) 6-боб.
в) 8-боб.
4) Дар ғазалҳои Саъдӣ кадом мавзуъ мақоми баланд дорад?
а) ишқ;
б) лутфу меҳрубонӣ;
в) иҷтимоӣ.
5) Асари насрии Саъдӣ чӣ ном дорад?
а) “Бӯстон”;
б) “Бадоеъ”;
в) “Гулистон”.