Маснавии маънавӣ. Сохт ва сабки нигориши асари

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ маҳз бо «Маснавии маъ навӣ» дар адабиёту фарҳанги гузаштаи мо нақши босазое гу зошт. Таъсири он ба адабиёти дунё назаррас аст. Ба эҷоди асар соли 1225 шурӯъ намуда, дар тӯли 10 сол онро эҷод кард. Асар аз 26500 байт иборат аст. Он мисли достонҳои маъмули адаби ёти пешин сужети2 ягона надорад. Асар аз нигоҳи устухонбан дӣ ба шаш дафтар қисмат шудааст ва ин шаш дафтар ба ҳам аз нигоҳи мавзуъ пайванд ё алоқаманд нестанд. Аз нигоҳи усту хонбандӣ ва сабки баён «Маснавӣ»-ро ба «Калила ва Димна» метавон шабеҳ донист. Масалан, барои тасдиқи матлабе ҳи коёту латоиф ва амсолу ҳикматро бедареғ истифода мебарад. Бахусус, услуби ҳикоят андар ҳикоят, латифа андар латифа, ривоят андар ривоят онҳоро ба ҳам наздик гардондааст, ки мо ҳангоми таҳлили ин асар ба ин масъала боз хоҳем гашт. Маса лан, дафтари аввали «Маснавии маънавӣ» ба тариқи зайл оғоз ёфтааст: «Ҳикояти ошиқ шудани подшоҳ бар канизак ва хари дани ӯ он канизакро». Асоси ҳикоя ҳамин аст ва вобаста ба ҳамин ҳикоят Мавлоно мавзуъро боз идома дода, ҳикоятро боз давом медиҳад: ҳикояти «Бемор шудани канизак», «Аз шаҳри Самарқанд боз овардани марди заргар». Дар ҳамин ҳикояҳои силсиладор Мавлоно андешаашро дар масъалаи хомӯшӣ, адаб ва беадабӣ ва натиҷаи онҳо бамаврид баён кардааст. Анде шаҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва ирфонии хешро гоҳ дар байн ва гоҳ дар анҷоми ҳикоёту ривоёт ёд мекунад, ки онҳо ба мавзуи ҳи коёт сахт алоқаманданд.

1 Шаҷар – дарахт

2 Сужет (сюжет) – рафт (ҷараёни нақши ҳодисаҳо дар асари ҳамосӣ,

«Маснавии маънавӣ»-и Ҷалолуддини Балхӣ аз нигоҳи қо фиябандӣ мисли достон ё маснавиҳои асрҳои пешин: «Шоҳ нома»-и Фирдавсӣ, «Офариннома»-и Абушакури Балхӣ, «Гаршоспнома»-и Асадии Тӯсӣ ба тариқи аа, бб, вв, гг ома дааст.

«Маснавии маънавӣ» ин тавр оғоз ёфтааст:

а Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад,

а В-аз ҷудоиҳо шикоят мекунад.

б К-аз найистон то маро бубридаанд,

б Аз нафирам1 марду зан нолидаанд.

в Сина хоҳам шарҳа2-шарҳа аз фироқ3,

в То бигӯям шарҳи дарди иштиёқ4.

Дар байти аввал ҳикояту шикоят қофия ва мекунаду мекунад радиф шуда омадаанд. Дар байти дувум бошад, калимаҳои бубридаанду нолидаанд ҳамқофияанд. Ниҳоят, калимаҳои фироқу иштиёқ дар байти сеюм ҳамқофия шуда омадаанд. Ҳамин тавр, достонҳои дар боло ёдшуда ҳам бо ҳамин тарз қофиябандӣ шудаанд.

1 Нафир – сурнай, шайпур

2 Шарҳа – пора

3 Фироқ – ҷудоӣ, дурӣ

4 Иштиёқ – шавқу завқ