Мусаллам аст, ки дар таърихи адабиёти тоҷику форс Амир Хусрави Деҳлавӣ нахустин шоирест, ки ба «Хамса»-и Низомии Ганҷавӣ пайравӣ намуда, «Хамса»-и хешро офаридааст. Абдурраҳмони Ҷомӣ дар «Баҳористон» Хусравро ситоиш намуда мегӯяд: «Ба «Хамса»-и Низомӣ беҳ аз вай (Амир Хусрав) касе ҷавоб нагуфта».
Амир Хусрав дар оғози «Хамса» Низомиро ба некӣ ёд карда, чунин мегӯяд:
Дабдабаи хусравиям шуд баланд,
Ғулғула дар гӯри Низомӣ фиканд.
Гарчи бар ӯ хатми сухан муҳр баст,
Сиккаи ман муҳри сарашро шикаст.
«Хамса»-и Амир Хусрав ҳам аз панҷ достони мустақил иборат буда, дар ҷавоби панҷ достони Низомии Ганҷавӣ суруда шудаанд. Ба нақшаи зер таваҷҷуҳ кунед.
Вале бояд эътироф кард, ки он аз нигоҳи мазмун ва ғояю сабки баён аз достонҳои пешин фарқи калон дошт. Метавон гуфт, ки ӯ бо ин сабку нигориш дар таърихи адабиёти тоҷику форс навоварие, тозагие ворид намуд. Дуруст аст, ки дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ҳамин зайл достонҳои таърихӣ, мисли достони «Искандар», «Қубоду Маздак», «Баҳроми Чӯбина» ва ғайра эҷод шуда буданд. Дар ин достонҳо тахайюлоти шоир фарохтар ва пурдомана буд. Зеро замону макони амалиёти воқеоти таърихӣ то Фирдавсӣ чандин асрҳо тӯл кашида буд. Аммо амалиёти «Хамса»-и дувуми Амир Хусрав дар замони худи Амир Хусрав ба вуқуъ омадаанд ва худи муаллиф яке аз иштироккунандагони фаъоли достонҳои таърихии «Хамса» мебошад.
1. «Қирон-ус-саъдайн».
2. «Мифтоҳ-ул-футӯҳ».
3. «Дувалронӣ ва Хизрхон».
4. «Нуҳ сипеҳр».
5. «Туғлукнома»
Ин достонҳо дар байни солҳои 1289 ва 1323 иншо гардида, ба мавзуъҳои маҳаллӣ бахшида шудаанд. Масалан, достони «Қирон-ус-саъдайн» бо супориши султони Деҳлӣ Муизиддини Кайқубод соли 1289 иншо гардидааст. Мавзуи он ҷангу ҷидолҳои байни писару падар, яъне байни султони Деҳлӣ Кайқубод ва султони Банғола Носируддин Буғрохон – падари Кайқубод мебошад. Дар ин задухӯрдҳо Амир Хусрав Кайқубодро ҳамроҳӣ мекард. Дар достони «Мифтоҳ-ул-футӯҳ» Хусрав муборизаи султон Ҷалолуд дин Фирӯзшоҳи Хилчиро (1290-1296) алайҳи исёнгарон, ки табад дулоти давлатӣ кардан мехостанд, мавзуи достон қарор додааст.
Ғайр аз ин, дар баъзе достонҳо шоир муборизаи султонҳои ҳиндро ба муқобили муғулҳои истилогар нишон додааст. Дар ғалабаи султонҳои Ҳинд ҷоннисорию қаҳрамонии мардуми одии Ҳинд бар зидди чингизиёни хунхор бисёр ҷолиб ва боварибахш ба қалам дода шудаанд. Амир Хусрав маҳз ҳамин муборизаҳои хунин, рӯҳи истиқлолхоҳи халқҳои Ҳиндустонро барои озодӣ дар достони «Қирон-ус-саъдайн» басо ҷолиб ва боварибахш офаридааст. Аз ин нигоҳ аҳаммияти сиёсӣ ва тарбиявии достон бисёр баланд аст.
Аз тарафи дигар, достонҳои дар мавзуъҳои маҳаллӣ иншокардаи Хусрав аз он ҷиҳат арзишманданд, ки ӯ ҳодисоту воқеоти дар он рӯзгор дар сарзамини Ҳинд баамаломадаро ҳамчун як иштирокчии фаъоли ин ҳодисот баён кардааст. Ин достонҳо барои таърихнигорон маводи пурарзише дода метавонанд.
Дар байни достонҳои маҳаллӣ таърихӣ достони «Дувалронӣ ва Хизрхон» ҳам аз нигоҳи мавзуъ ва ҳам аз нигоҳи сабки нигориш тозагиҳои зиёде дорад.
Амир Хусрави Деҳлавӣ дар қолаби наср ҳам чанд асари пурарзише эҷод кардааст. Беҳтарин асари насрии ӯ «Эъҷози Хусравӣ» маҳсуб мегардад. Адиб онро соли 1319 иншо кардааст. Вале аз рӯйи мавзуъ ва муҳтавои он метавон ҳукм кард, ки бисёр қисматҳо, фаслҳо ва ё рисолаҳои онро дар давоми солҳои зиёд ҷамъ намуда, шакли хомакии рисолаҳоро тайёр карда будааст. «Эъҷози Хусравӣ» аз панҷ рисола таркиб ёфтааст:
1. «Филмуфрадот вал мураккабот».
2. «Филмураттабот мин алмактубот».
3. «Филлатоиф мин алмаснуот».
4. «Филбадоеъ мин алмаънавиёт».
5. «Филсавобиқ мин алмуншаот».
Чунон ки аз номи рисолаҳо пай бурдед, Хусрав ба масъалаҳои гуногуни илми забоншиносӣ, адабиётшиносӣ, нақди адабӣ, вазну қофия, воситаҳои тасвири бадеӣ, тарзи истифода бурдани зарбулмасалу мақол, усули навиштани мактубҳо ва навъҳои мактуб чун: мактубҳои фарҳангию адабӣ, ошиқона, байнидавлатӣ, идоравӣ ва амсоли ин мавод оварда, онҳоро баррасӣ менамояд. Аз ҳамин нигоҳ имрӯз ҳам «Эъҷози Хусравӣ» қимату арзиши зиёдеро дорост ва барои донишмандони соҳаҳои гуногун маводи арзишманде дода метавонад.