Тарсеъ калимаи арабист. Маънои донаҳои гавҳарро ба чизе ё ба риштае кашиданро дорад. Метавон онро ба шаддаи гавҳар ё донаҳои тасбеҳ монанд кард. Вале ин калима ҳамчун истилоҳ як намуди санъати бадеии лафзӣ маҳсуб меёбад. Тарсеъ дар «Луғати истилоҳоти адабиётшиносӣ» чунин маънидод шудааст: «Санъати тарсеъ он аст, ки шоир дар байт аксари калимаҳои муқобили якдигар қароргирифтаро ҳамвазн ва ҳамқофия меорад ва ба ин восита шакли шеърро зебову мавзунтар мекунад». Донишманди ин соҳа Родуёнӣ хона-хона, бахш-бахш овардани мисраъҳои байт, Шамси Қайси Розӣ «мусаҷҷаъ гардондани калимот ва мутасовӣ доштани алфоз дар вазну қофия» -ро санъати тарсеъ гуфтаанд. Дар ин ду байт Абдурраҳмони Ҷомӣ санъати тарсеъро бамаврид истифода бурдааст:
Дамсози муғанниёни фарёд,
Ҳамсози муҷаррадони озод.
Ҳамгардани оҳувони саҳро,
Ҳамшевани булбулони шайдо.
Воқеан, дар байти аввал калимаҳои дамсоз бо ҳамсоз, муғанниён бо муҷаррадон, фарёд бо озод ҳамқофия ва ҳамвазну ҳамоҳанг шуда омадаанд. Ҳамин тавр, дар байти дувум калимаҳои ҳамгардану ҳамшеван, оҳувону булбулон ва саҳро бо шайдо низ бо ҳам мутавозӣ ва аз нигоҳи вазну қофия баробаранд ва бо ҳам мувофиқат доранд.
САВОЛ ВА СУПОРИШ
1. Зодгоҳи шоирро аз харита ёбед.
2. Дар бораи водии Фарғона шумо чӣ маълумот доред?
3. Ба сари Сайфиддин чӣ фалокат омад?
4. Сайфи Фарғониро Шайх Саъдӣ чӣ хел қабул кард?
5. Чаро Сайфиддин боз ба Табрез омад?
6. Чӣ ҳодиса шуд, ки Сайф ба Туркия ҳиҷрат кард?
7. Дар бораи хоксории шоир шумо чӣ гуфта метавонед?
8. Мероси адабии шоир дар кадом навъҳои адабӣ иншо шудааст?
9. Қасидаҳои Сайфи Фарғонӣ аз қасидаҳои шоирони дарборӣ чӣ фарқ доранд?
10. Чаро Сайфи Фарғонӣ Рустами Дастонро ёд кардааст?
11. Дар қасидаи «То кай » шоир кадом масъалаҳоро инъикос намудааст?
12. Оё ӯ раиятро ба муборизаи ошкоро бар зидди чингизиёни истилогар даъват намудааст?
13. «Мулки Иблис аст ин вайронаи пурдеву дад» чӣ маъно дорад? Мисраъро шарҳу эзоҳ диҳед.
ТЕСТҲО
1) Девони Сайфи Фарғонӣ аз чанд ғазал иборат аст?
а) 512.
б) 573.
в) 600.
2) Сайфи Фарғонӣ аввал ба кадом шаҳри Эрон сафар кард?
а) Исфаҳон.
б) Табрез.
в) Шероз.
3) Дар эҷодиёти Сайфи Фарғонӣ кадом жанри адабӣ мақоми аввал дошт?
а) Ғазал.
б) Қасида.
в) Қитъа.