Амир Фахриддини Маҳмуд Ибни Яминиддин соли 1286 дар деҳи Фарюмад, ки 16 фарсанг дуртар аз шаҳри Сабзавор воқеъ гардида буд, ба дунё омад. Падари Амир Фахриддини Маҳмуд Яминиддин ном дошт ва марди соҳибмаърифат ва шоир буд. Яминиддин дар дарбор, дар назди вазири Хоҷа Алоуддини Маҳмуд вазифаи муставфигиро1 ба зимма дошт ва рӯзгори хуш доштанд. Ӯ дар ҳамин оила рушду камол ёфт ва бо дастгирии волидайн илм омӯхт ва соҳибмаълумот гардид. Амир Фахриддин барои такмили дониш ба шаҳри Сабзавор рафт ва дар пеши бузургони илму адаб дониши хешро сайқал дод. Ӯ асосан илми шеъру адаб ва арӯзу қофияро дар назди падар омӯхт. Падари Фахриддини Маҳмуд нозукиҳои пешаи шоириро ҳам аз нигоҳи назарӣ ва ҳам амалӣ хеле хуб медонист ва онро ба фарзандон таълим дод. Чун Амир Фахриддини Маҳмуд бузург шуд ва ба шеър гуфтан оғоз кард, барои худ тахаллуси Ибни Яминро лоиқ донист ва пасон бо ҳамин унвону тахаллус дар байни хоссу ом маъруфу машҳур гардид. Аммо ин ҳаёти пурнишоту рӯзгори хуш дер давом накард. Нахуст падари Ибни Ямин соли 1322 вафот кард. Шоир маҷбур шуд, ки ба дарбори Хоҷа Алоуддин биёяд. Маҳз дар ҳамин давра дар ситоиши Хоҷа Алоуддин қасидаҳои мадҳӣ иншо намуд. Аммо дар дарбор ба ӯ рӯйи хуш надоданд. Бинобар ин, маҷбур шуд дарборро тарк намояд. Пас ба Гургон рафт ва чанд муддат дар хизмати ҳокими он ҷой бимонд. Дар ҳамин вақт Сарбадорон зуҳур намуданд. Косаи сабри мардум аз зулму тааддии истилогарони муғул лабрез шуд ва баҳри озодӣ ба қиём хестанд. Ибни Ямин ҳам ба Сарбадорон хамроҳ шуд ва ҳам бо камону шамшер ва ҳам бо қалам муборизаро сар кард. Ибни Ямин дар яке аз муҳорибаҳои шадид, ки соли 1342 дар шаҳри Зовани вилояти Хуф ба амал омада буд, асир афтод.
Ҳамин тавр, Ибни Яминро дар қатори асирон ба Ҳирот оварданд. Он ҷо чор сол дар зиндон ранҷу озор дид. Ҳамеша дар пеши назараш симои модари меҳрубон ва кӯдакони хурдсолаш ҷилвагар буданд. Бо ёди онҳо шабонро дар зиндон рӯз мекард. Ӯ ғаму дарди хешро бо шеърҳои ҷигарсӯзаш таскин мебахшид. Барояш зиндонбони ғамгусор дафтар, давоту қалам меовард. Баъзе қитъаоти дардноке дар кунҷи зиндон эҷод бикард. Овозаи ин ба гӯши Амир Ҳусайни Курт расид ва бо амри ӯ Ибни Ямин аз зиндон озод шуд. Пасон шоир соли 1347 назди пайвандону модари мушфиқи меҳрубон озими роҳ шуд. Чун ба деҳи Фарюмад ворид гардид, модари ғамдида гӯё болу пар кушод ва бо пайвандон писари шоирашро истиқбол гирифт. Аз чашмони фурӯрафтаю меҳрангези модар донаҳои ашки шодӣ метаровид. Модар писарашро ба оғӯш кашида, бӯсаборон мекард. Шодии фарзандон ҳадду канор надошт.
1 Муставфӣ – мансаб, сардори муҳосибон ё сармуҳосиб
Ибни Ямин то поёни умр дигар зодгоҳашро тарк накард. Боғи ноободи падарро боз обод намуд. Дар канортари он боғи нав бунёд кард. Ӯ меҳнат мекарду эҷод ҳам. Дар асарҳои офаридааш ҳодисоту воқеоти аз сар гузарондаашро хеле воқеъбинона рӯйи дафтар меовард. То тавонист, то дар ёд дошт, абёти девони гумкардаашро барқарор намуд.
Хулоса, Ибни Ямин умри бобаракат дид. Соли 1368 дар зодгоҳаш – деҳаи Фарюмад аз дунё гузашт. Шоирро дар паҳлуи падар ба хок супориданд.