Чунонки дар боло ишорат кардем, дар ҷангҳои истиқлолхоҳӣ, муборизаи беамон алайҳи муғулҳо девони Ибни Ямин аз байн рафт. Ба ҳар ҳол, то рӯзҳои вопасини ҳаёти хеш ӯ қалам аз даст нагузошт ва эҷод кард. Девони дувуми шоир аз 16 ҳазор байт иборат мебошад. Бо камоли боварӣ метавон гуфт, ки дар осори боқимондаи Ибни Ямин жанри қитъа мақоми хосса дорад. Бештар афкори ахлоқӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии шоир дар қитъаоти ӯ инъикос ёфтаанд. Дар ин бора ба тарзи алоҳида дар поёнтар таваққуф хоҳем кард.
Пас аз жанри қитъа дар эҷодиёти адиб ғазал, қасида, рубоӣ, тарҷеъбанд, таркиббанд, мустазод омадааст. Ибни Ямин дар ғазалсароӣ ба Камол ва Шайх Саъдӣ пайравӣ намудааст:
Вақти он омад, ки гӯяд чун Камол Ибни Ямин:
«Бо парирӯе, ки чун ӯ дилбари айёра нест».
Мавзуи асосии ғазалиёти шоир тавсифи ишқи инсонист. Ба ҳамин маънӣ Ибни Ямин мегӯяд:
Ишқбозӣ бо рухи маъшуқ коре бас хуш аст,
Рӯзгори ишқ, алҳақ, рӯзгоре бас хуш аст.
Оқибат, гӯянд, бошад ишқбозиро вахим1,
Ҳар чӣ хоҳӣ, бош, гӯй, ин лаҳза боре бас хуш аст.
Чунонки аз тарҷумаи ҳоли шоир медонем, ӯ бештари рӯзгори хешро дар ғарибӣ, дар мусофирӣ дур аз ватан гузаронидааст. Асирӣ, ғурбати ҷудоӣ аз фарзандон дили адибро озурда карда буданд. Ана ҳамин рӯзгори нохуш, кунҷи зиндон дар баъзе ғазалиёти шоир бисёр ба дард садо дода, қалби хонандаро ба шӯру ғалаён меорад. Дар ғазали зер шоир ёди Хуросон мекунад.
1. Субҳдам боде, ки аз хоки Хуросон медамад,
Чун дами Руҳулқудус2 дар пайкарам ҷон медамад.
2. Боди субҳ аст ин, надонам, ё насими nuраҳан,
К-аз барои кӯрчашми пири Канъон медамад.
3. Чун гузар кардаст бар хоки Хуросон, лоҷарам3
Рӯҳпарвар чун насими боғи Ризвон медамад.
4. Булбули табъи маро ояд насими кӯйи ӯ
Ҳамчу боди субҳгоҳӣ, к-аз гулистон медамад.
5. Мебарад ҷамъият аз Ибни Ямин якборагӣ
Нафҳае4, к-аз чини он зулфи парешон медамад.
Ибни Ямин дар як ғазали дигараш, ки аз ғурбат, аз зиндон раҳоӣ ёфта, майли диёр дорад, боз ба дидани диёру пайвандон ва модари меҳрубон шарафёб мегардад, хурсанд аст ва дар ин маврид хешро аз шодию фараҳ ба булбули зор, ки рӯ ба гулистон дорад, монанд кардааст. Ё дар байти дувум хешро ба Яъқуб, ки дар ғаму дарди Юсуф дар Канъон кӯр шуда буд, монанд намудааст. Ӯ табли шодӣ мезанад, ки ба дидори Юсуф, яъне ба дидори ёру ошно, пайвандон ва ватани меҳрубонаш – Хуросон мушарраф мегардад. Дар баёни фикр ва эҳсоси қалби хеш шоир санъатҳои ташбеҳу истиора ва талмеҳро хеле хуб корбаст намудааст. Таваҷҷуҳ намоед ба ғазал:
1 Ваҳим – бад, зишт
2 Руҳулқудус – Ҳазрати Исо.
3 Лоҷарам – ночор, ноилоҷ, бинобар ин.
4 Нафҳа – бӯйи хуш.
1. Ин манам бори дигар азми Хуросон карда,
Рӯй чун булбули шайдо ба гулистон карда.
2. Буда Яъқубсифат сокини байтулэҳзон
В-ин замон рӯй сӯйи Юсуфи Канъон карда.
3. Баста эҳроми тавофи ҳарами ҳазрати дӯст,
Қиблагоҳи дилу ҷон абрӯйи ҷонон карда.
4. Шодии давлати васлаш паси чандин ғами ҳаҷр1
Бар дилам мушкили даври қамар осон карда.
5. Кай бувад боз, ки хоки кафи пояш бинам?
Сурмаи равшании дидаи гирён карда.
6. Шукр гӯям аз он толеъи саргаштаи хеш,
Гар бубинам раҳи ҳиҷрон-ш ба поён карда.
Ибни Ямин дар бисёр ғазалҳояш баҳору шукуфтани гулҳо, зебою рангин шудани лаби ҷӯйу боғу чаманро ёд мекунад ва таъкид менамояд, ки аз ин зебоиҳои табиат бояд истифода бурд. Дар ин маврид айёми ҷавонии инсонро ёд карда, хуш гузаронидани онро таманно дорад. Шоир барои тақвияти фикраш аз зарбулмасалу мақолҳо, суханони пандомези пешиниён истифода мебарад.
1. Биё, соқӣ, ба даври дӯстгонӣ,
Бидеҳ бар гул шароби арғавонӣ.
2. Канори ҷӯйбор аз хуррамӣ шуд
Чу даврони ҷавонӣ, ку ҷавонӣ?
3. Ниҳон кард об рози дил, вале хок
Падид овард асрори ниҳонӣ.
4. Чаман чун кулбаи гаҳварфурӯш аст
Зи зеварҳои дарёию конӣ.
5. Хушо он кас, ки чун наргис зи мастӣ
Фитад дар пойи сарви бӯстонӣ.
1 Ҳаҷр – ҷудоӣ
6. Тараб1 з-имрӯз бар фардо маяфкан,
Чӣ зояд ин шаби ялдо2, чӣ донӣ?
7. Маҷӯй, Ибни Ямин, ҷуз некномӣ,
Агар хоҳӣ, ки доим зинда монӣ.
8. Намирад ,ҳар кӣ номи нек аз ӯ монд,
Ҳамин бошад ҳаёти ҷовидонӣ.
Ғазали боло оҳанги ҳаётдӯстона дорад. Инсонро ба болидахотирӣ ва аз олами зебоӣ лаззат бурдан, зиндагиро хуш гузаронидан ҳидоят мекунад. Вале ин маъно дар ғазал ҳадди охир нест. Адиб дар анҷоми ғазал ба хонанда боз нуктаи дигарро ёдрас мекунад ва таъкид менамояд, ки ҷавониро танҳо ба тараб, ба айшу хурсандӣ гузаронидан шоиста нест.
Ибни Ямин таркиббанду тарҷеъбандҳои содаю гӯшнавоз ва пурмазмун эҷод кардааст, ки ин ҷо яке аз он таркиббандҳоро бо ҳам дида мебароем. Таркиббанд дар васфи тирамоҳу зимистони қаҳратун иншо шудааст. Бо камоли эътиқод метавон гуфт, ки ин шеър бо ин мазмуну муҳтавояш дар адабиёти гузашта камназир аст. Дар эҷодиёти аксар адибони классик ва имрӯза шеърҳое, ки баҳору дигар фаслҳоро тавсиф кардаанд, хеле зиёданд. Вале доир ба фасли зимистон, сардию хунукиҳои он адибон хеле кам таваҷҷуҳ кардаанд. Дар баробари сардиҳои зимистон оташ муқобил гузошта шудааст ва оташу хубиҳои он мадҳу ситоиш ёфтааст.
Дар банди нахусти таркиббанди «Зимистон» фасли тирамоҳи зарринқабо тавсиф ёфтааст ва дар байти аввал шоир аз ҷашни Меҳргон, ки дар оғози фасли тирамоҳ таҷлил мегардад, ёд кардааст:
Ё насими меҳргонро заргарӣ оин шудаст,
Луъбатони боғро зевар ҳама заррин шудаст.
Дар ин байт шоир нишонаҳои тирамоҳ, яъне заррин шудани боғ ва умуман табиатро тавсиф намуда истода, пасон аз омадомади зимистон мужда медиҳад. Ин банд бо байти зерин оғоз ёфтааст:
Гашт баҳман ҳамчу Намруду халоиқ чун Халил,
З-он ки оташ ҳар якеро чун гулу насрин шудаст.
1 Тараб – хурсандӣ.
2 Шаби ялдо – шаби дарозтарини сол (шаби 22 -23 декабр).
Шоир аз ёд кардани моҳи баҳман оғоз ёфтани фасли зимистонро дар назар дорад ва боз дар ин маврид ба санъати талмеҳ рӯ меорад.
Дар рубоиёти Ибни Ямин мавзуъҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва ишқӣ бештар ба назар мерасанд.
Бо мутрибу май ҳурсириште гар ҳаст,
Бо оби равон канори киште гар ҳаст,
Беҳ з-ин маталаб, биҳишт беҳуда маҷӯй!
К-он нест, ҷуз ин нест биҳиште, гар ҳаст.
Агар зиндагият ба муроди дилат бошад, агар дар пешат дӯстони наздикат бошанд, шукрона куну дигар аз ин зиёд талаб накун, ки биҳишт ҳамин аст ва рӯзгорро хуш гузарон.
Ибни Ямин дар поёни умр маснавие иншо кардааст бо номи «Пандномаи Анӯшервон», ки он аз 115 байт иборат буда, дар вазни «Шоҳнома»-и Абулқосими Фирдавсӣ иншо шудааст. Метавон бо камоли боварӣ гуфт, ки маснавӣ як ихлоснома ба шоҳасари Фирдавсист. Зеро Ибни Ямин гаштаю баргашта «Шоҳнома»-ро мехонд ва нисбати шоири бузург эҳтирому садоқат дошт. Беҳуда нагуфтааст:
Сиккае, к-андар сухан Фирдавсии Тӯсӣ нишонд,
Кофирам, гар ҳеч кас аз зумраи фурсӣ нишонд.
Аввал аз болои курсӣ бар замин омад сухан,
Ӯ суханро боз боло бурду дар курсӣ нишонд.
Ибни Ямин ҳамбастагӣ, ҳамраъйии хешро ба воситаи ҳамин маснавӣ баён намуд. Дар «Шоҳнома» ҳам Анӯшервон, ки бо номи Кисро ҳам ёд мешавад, мубадонро даъват намуда, хоҳиш менамояд, ки барои кори неки оянда, барои рӯзгори хуши раият панду андарзаш бигӯянд. Панду андарзи ҳафт мубад дар «Шоҳнома» оварда шудааст. Агар «Пандномаи Анӯшервон»-ро бо гуфтори мубадон муқоиса намоед, дар байни онҳо дар мазмуну сабки баён монандиҳои зиёдеро эҳсос мекунем. Панднома ба тариқи зайл шурӯъ мегардад:
Ало, эй ҳунарманди покизарой!
Зи ман бишнав, ар ҳуш дорӣ ба ҷой.
Чу хоҳӣ шудан з-ин саройи сипанҷ1,
Бимон ёдгор аз паси хеш ганҷ...
На ганҷе, ки бошад пур аз хоста,
Ба зарру ба гавҳар биёроста.
Яке ганҷи нав бояд афканд бун,
Ки бошад зару гавҳари он сухун....
Кунун дар дил, эй номвар, ҳуш дор!
Суханҳои Нӯшервон гӯш дор.
Туро зинда гуфтан наояд дуруст,
Агар зиндагонӣ на дар номи туст.
Дигар он, ки ҳақ гӯй бо ҳар касе
В-агарчӣ ба талхӣ гирояд басе.
Дигар он, ки гар мард доно бувад,
Ба майдони дониш тавоно бувад...
Дигар он, ки бе бим бошад касе,
Ки озори мардум наҷӯяд басе.
Дигар он, ки қадри бузургон бидон!
Сухан пеши эшон ба андоза рон!
Чу қадри бузургон нигаҳ доштӣ,
Сари сарвариро барафроштӣ!
Ибни Ямин пас аз додани панду андарзҳои судманд дар анҷоми маснавӣ гуфторашро ба тариқи зайл ҷамъбаст намудааст:
Ба поён расонидам ин пандҳо,
Кушодам зи ганҷи гуҳар бандҳо…
Гарат ҳаст шоиставу дилпазир,
Аз ин достон як ба як ёд гир!