Қитъаоти Ибни Ямин

Чунонки дар боло ёд кардем, Ибни Ямин дар таърихи адабиёти тоҷику форс ҳамчун шоири қитъасаро ё устоди жанри қитъа маълуму машҳур аст. Пеш аз он ки дар бораи мазмуну мундариҷаи ғоявии қитъаоти шоир маълумот диҳем, зарур медонем, ки шумо, хонандагонро, бо хусусиятҳои жанри қитъа ошно бисозем. Жанри қитъа ҳанӯз дар асрҳои IX–Х дар адабиёти тоҷику форс пайдо шуда буд. Намунаҳои онро дар осори устод Рӯдакӣ, Абушакури Балхӣ, Кисоии Марвазӣ ва дигар ҳамасрони устод Рӯдакӣ метавон пайдо кард. Қитъа дар «Луғати истилоҳоти адабиётшиносӣ» ба тариқи зайл маънидод карда шудааст: «Қитъа (ар. – пораи чизе) яке аз намудҳои назми классикист. Қитъа аз ҷиҳати шакл ба ғазал ва қасида наздик аст, аммо матлаъ надорад, яъне қофиябандии он ба ин тарз аст: аб, вб, гб, дб…».

1 Сипанҷ – гузаранда, даргузар.

Акнун барои фаҳмо шудани мазмуни боло аз эҷодиёти Ибни Ямин як мисол меорем:

1. Ба тамсил Ибни Ямин гуфтааст, - - - а

Кунад арза бо шоҳи фармонраво. — - б

2. Ҳунарманд монанди бозе бувад, — - в

Ки ӯро ба дом оварӣ аз ҳаво. - - - б

3. Ба таълими сайдаш машав ранҷа ҳеҷ, — г

Ки нек орад он санъат ӯ худ ба ҷо. — б

4. Ҳамин бас, ки он бози бегонаро — д

Кунӣ бо худ аз роҳи лутф ошно. — - б

Қитъа мазмунҳои гуногунро дар бар мегирад. Мавзуъҳои асосии қитъа панду ахлоқ, мазаммати шоҳону ҳокимони золиму зулмпарвар, ошкор намудани нуқсонҳои ҷомеа, инъикос намудани андешаҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, нишон додани ғаму андуҳ, шодию фараҳи қаҳрамони лирикӣ ва амсоли ин шуда метавонад.

Ибни Ямин аз таҷрибаи рӯзгор басо панд омӯхта, ба хулоса омадааст, ки дар ҷамъият агарчанде, ки инсон хушхӯ, хушгуфтор ва оқилу доно бошад ҳам, муҳтарам намешавад, зеро молу сарват надорад, камбизоат аст, агарчи Сино бошад. Таваҷҷуҳ намоед:

Марди озода дар миёни гурӯҳ,

Гарчи хушхӯю оқилу доност,

Муҳтарам он гаҳе тавонад буд,

Ки аз эшон ба молаш истиғност1.

В-он ки муҳтоҷи халқ шуд, хор аст,

Гарчи дар илм Бӯалӣ Синост.

Ибни Ямини Фарюмадӣ дар қитъаҳои «Фарзанд – нури дидаи ман», «Ҳар кӣ бандад камар ба хизмати халқ», «Фарзанди ҳунарманди ман», «Фалаки озҷӯ» ва ғайра ба масъалаҳои муҳимми рӯзгори хеш даст зада, муносибаташро иброз медорад.

1 Истиғност – а) давлатманд, ба чизе эҳтиёҷ надоштан; б) беэътиноӣ, нозу такаббур

Шоир дар қитъаи «Ҳар кӣ бандад камар ба хизмати халқ» аҳли ҷоҳу мансабро ба адлу дод, ба накукорӣ ҳидоят мекунад, то ки онон ғамгусори раият ва аҳли ҳунар бошанд:

Набувад меҳтарӣ1 ба рӯзу ба шаб

Бодаи хушгувор нӯшидан,

Ё таоми лазизро хӯрдан,

Ё либоси латиф пӯшидан.

Ё бад-он кас, ки зердаст бувад,

Ҳар замон бесабаб хурӯшидан.

Ман бигӯям, ки меҳтарӣ чӣ бувад,

Гар бихоҳӣ зи ман ниюшидан:

Ҳамагонро зи ғам раҳонидан,

Дар риоёти халқ кӯшидан.

Ибни Ямин шахси покахлоқ, покрӯзгор ва бетамаъ буд. Назди пастфитратон ҳаргиз сари ниёз хам намекард ва дар баробари ин аз дигарон низ ҳамин хислати наҷибро талаб мекунад. Таваҷҷуҳ намоед:

1. Ҳар балое, ки мешавад воқеъ

Дар миёни халоиқи олам,

2. Чун наку бингарӣ, тамаъ бошад

Маншаи он бало зи бешию кам.

3. Ҳар кӣ нақши тамаъ зи лавҳи замир

Бистурад, вораҳад зи меҳнату ғам.

4. Аз тамаъ дур бош, Ибни Ямин!

Гар диле боядат хушу хуррам.

Мазмуни қитъаи боло фаҳмост. Шоир сабаби ҳама нокомиҳо, бадбахтиҳоро дар тамаъ мебинад. Дар анҷоми қитъа ба худ хитоб карда мегӯяд, ки агар хоҳӣ дилат шоду хуррам бошад, аз тамаъ дур бош ва бетамаъ зиндагӣ намо.

Ибни Ямин барои дӯсти бисёр пайдо кардан таъкид менамояд, ки пеш аз ҳама, бояд инсон сифатҳои нек дошта бошад:

1 Меҳтарӣ – калонӣ, бузургӣ; муқобили кеҳтарӣ, хурдӣ

Мард бояд ки ҳар куҷо бошад,

Иззати хештан нигаҳ дорад.

Худписандию аблаҳӣ накунад,

Ҳар чӣ кибру манист, бигзорад.

Ба тариқе равад, ки мардумро

Сари мӯе зи худ наёзорад.

Ҳама касро зи хеш беҳ донад,

Ҳеҷ касро ҳақир нашморад.

Сару зар дар талаб диҳад он гаҳ,

То магар дӯсте ба даст орад.

Ибни Ямин дар қитъаи «Ба ними ҷав нахаранд» иттифоқу ҳамдилиро барои аз болои душманони ғаддор дастболо шудан шарти асосӣ медонад:

Ду дӯст бо ҳам агар якдиланд дар ҳама ҳол,

Ҳазор таънаи душман ба ним ҷав нахаранд.

В-ар иттифоқ намоянду азми ҷазм1 кунанд,

Сазад, ки пардаи афлокиён зи ҳам бидаранд.

Бикӯш, Ибни Ямин, дӯсте ба даст овар,

Ки душманон сӯйи яктан ба сад кажӣ нигаранд.

Хулласи калом, Ибни Ямин, чунонки дидем, дар эҷодиёташ инсони меҳнаткаш, аҳли ҳунарро мадҳу ситоиш кардааст. Ӯ, ки худ марди меҳнатдӯст буду бо меҳнати ҳалол рӯзгорашро пеш мебурд, аз дигарон низ ҳаминро талаб мекард. Шоир тамаъкориро бад медид ва дар тӯли ҳаёташ ба ин роҳ нарафт. Ӯ марди худшинос ва ҳақбину ҳалолкор буд. Шоир ба фарҳангу адаби ниёгон, мардони баору номуси миллат меҳру муҳаббати бузург дошт, ки гуфтори ӯ нисбати Фирдавсию «Шоҳнома»-и ӯ далели муътамадест, ки аз худшиносию худогоҳии Ибни Ямин гувоҳӣ медиҳад.

1 Ҷазм – қарори қатъӣ

САВОЛУ СУПОРИШ

1. Ибни Ямин дар куҷо касби илм намудааст?

2. Аз харита Сабзаворро ёбед.

3. Яминуддин кӣ буд ва чӣ ҳунар дошт?

4. Ибни Ямин чаро ба Сарбадорон ҳамроҳ шуд?

5. Дар бораи Сарбадорон маълумот диҳед.

6. Чаро онҳоро Сарбадорон гуфтаанд?

7. Дар поёни рӯзгораш шоир ба кадом кор машғул шуд?

8. Дар девони шоир кадом жанр мақоми хосса дорад?

9. Шоир дар кадом мавзуъҳо бештар ғазалҳояшро эҷод кардааст?

10. Чаро мавзуи ғарибӣ дар ғазалиёти ӯ бештар ба назар мерасад?

11. Дар бораи хуш гузаронидани ҷавонӣ Ибни Ямин чӣ андеша дорад?

12. Ба чӣ мақсад адиб оташро ситоиш кардааст?

13. Шумо дар бораи ҷашни Меҳргон чӣ медонед?

14. Ибни Ямин дар бораи Абулқосими Фирдавсӣ чӣ гуфтааст? Қитъаро ҳифз намоед.

15. Шинондани сикка чӣ маъно дорад?

16. Оё метавон Ибни Яминро шоири худшинос номид?

17. Қитъа чист?

18. Дар кадом мавзуъҳо қитъаҳои Ибни Ямин эҷод шудаанд?

ТЕСТҲО

1) Дар эҷодиёти Ибни Ямин кадом жанр мақоми хосса дорад?

а) Рубоӣ.

б) Қитъа.

в) Қасида.

2) Ибни Ямин кадом ҷашнҳои халқиро бештар ситоиш намудааст?

а) Наврӯз.

б) Меҳргон.

в) Сада.

3) Дар кадом мавзуъҳо қитъаҳои Ибни Ямин бештар эҷод шудаанд?

а) Дӯстӣ,

б) Ҳунар.

в) Донишомӯзӣ.