Тасвири табиат дар ғазалиёти шоир

Ҳофиз дар тасвири зебоиҳои табиат беназир буд. Шоири ҳаётдӯст инсонро даъват мекард, ки аз зебоиҳои табиат дуруст истифода барад:

Расид мужда, ки омад баҳору сабза дамид,

Вазифа гар бирасад, масрифаш1 гул асту набид2,

Сафири мурғ баромад, бати3 шароб куҷост?

Фиғон фитод ба булбул, ниқоби гул кӣ кашид?

Зи рӯйи соқии маҳваш гуле бичин имрӯз,

Ки гирди орази бустон хати бунафша дамид.

Дар ин ғазал шоир аз омадани баҳор, дамидани сабзаю майсаҳо, шукуфтани гулҳои рангоранг, ба нағма даромадани булбулони хушхон мужда дода, одамонро ба гул чидану бӯй кардан ва аз ин таровату латофати табиат истифода бурдан даъват кардааст.

Тасвири зебоиҳои табиат на танҳо дар ғазалиёти Ҳофиз мақоми арзанда дорад, балки дар ташбиб ё тағаззули қасидаҳояш ва дар як қатор рубоиёти ӯ ба чашм мерасад. Барои намуна танҳо як рубоии шоирро мегирем. Дар ин рубоӣ шукуфтани гул, зебоию таровати он дар омезиши ҳодисаҳои табиат, яъне абрнок шудани осмон, боридани борон хеле моҳирона ба қалам дода шудаанд. Ҳофиз дар тасвири ин манзара аз санъати тазод моҳирона истифода бурдааст.

Шоир боридани боронро ба гиристани абр ва шукуфтани гулҳоро ба хандаи он ташбеҳ кардааст. Ҳатто сарв, ки ҳамеша аз ростии худ меболад, фахр мекунад, ки бандаи гул шудааст:

Бингар ба чаман ҷамоли фархундаи гул,

Гаҳ гиряи абр бину гаҳ хандаи гул.

Сарв арчи ба озодии худ менозад,

Аз ростие, ки дошт, шуд бандаи гул.

Яке аз хусусиятҳои муҳимтарини каломи Ҳофиз дар он аст, ки ба таносуби сухан аҳаммияти аввалиндараҷа додааст. Ин хусусият дар ҳамаи ашъори шоир ба хубӣ риоя карда шудааст. Махсусан ҳангоми тасвири табиат бештар ба назар мерасад. Масалан, Ҳофиз дар ғазали зерин як лаҳзаи нотакрори субҳи содиқро шоирона ва хеле дилкашу марғуб ба қалам додааст:

1 Масриф – сарфкунанда

2 Набид – май, шароб

3 Бат – мурғобӣ; дар ин ҷо ба маънои зарфи шароб, ки ба шакли мурғобӣ сохта шудааст

Саҳар ба бӯйи гулистон ҳамешудам дар боғ,

Ки то чу булбули бедил кунам илоҷи димоғ.

Ба ҷилваи гули сурӣ нигоҳ мекардам,

Ки буд дар шаби тира ба равшанӣ чу чароғ.

Чунон ба ҳусну ҷавонии хештан мағрур,

Ки дошт аз дили булбул ҳазор гуна фароғ1.

Кушода наргиси раъно ба ҳасрат об аз чашм,

Ниҳода лола зи савдо ба ҷону дил сад доғ.

Забон кашида чу теғе ба сарзаниш савсан,

Даҳон кушода шақоиқ2 чу мардуми айғоқ.

Яке чу бодапарастон суроҳӣ3 андар даст,

Яке чу соқии мастон ба каф гирифта аёғ4.

Анҷоми ғазали боло хонандаро ба ҳаётдӯстӣ ва хуш гузаронидани зиндагӣ ҳидоят намудааст.

Нишоту айшу ҷавонӣ чу гул ғанимат дон,

Ки, Ҳофизо, набувад бар Расул ғайри балоғ5.

Ҳофиз ҳангоми баёни фикрҳои иҷтимоӣ, фалсафӣ, пандуахлоқӣ ва ғайра барои пуробуранг баромадани онҳо ва равшану возеҳ гардиданашон аз ҷузъиёти табиат ва зебоиҳои он бамаврид ва бо камоли устодӣ истифода бурдааст. Махсусан, ҳангоми тараннуми лирикаи ишқии шоир ин омезиш бештар ва барҷастатар ба назар мерасад. Ҳофиз ишқи поки инсониро бо тамоми нозукиҳояш ситоиш мекунад.

Гул бе рухи ёр хуш набошад,

Бе бода баҳор хуш набошад.

Тарфи чаману тавофи бӯстон

Бе лолаъизор6 хуш набошад.

1 Фароғ – а) осуда, бароҳат шудан; б) озод шудан

2 Шақоиқ – як навъи гули лола

3 Суроҳӣ – кӯза

4 Аёғ – пиёла, соғар, ҷом

5 Балоғ – кифоят, бас будан, камол

6 Лолаъизор – маҳбуба дар назар аст

Рақсидани сарву ҳолати гул

Бе савти ҳазор1 хуш набошад.

Шоир ба ҳамин хушадоӣ, робитаю ҳамоҳангии зебоиҳои табиати афсунгарро ҳикоят карда, дар мақтаи ғазал ҳамаи он сифатҳои номбаркардаро ба дидори ёр вобаста менамояд:

Боғу гулу мул2 хуш аст, лекин

Бе суҳбати ёр хуш набошад.

Ҳофиз дар тасвири маҳбуба аз муъҷизтарин таъбиру ибораҳо истифода мебарад. Дар ғазали зер Ҳофиз маҳбубаи худро ба олитарин сифатҳо ташбеҳ намуда, бартарии ташбеҳшавандаро аз ташбеҳкунанда нишон медиҳад. Ҳангоми баёни сифатҳои ёр аз санъатҳои ташбеҳ, истиора, нидо ва таҷоҳули ориф ва ғайра бамаврид истифода бурдааст:

Эй бод, насими ёр дорӣ,

З-он нофаи мушк бор дорӣ?

Зинҳор макун дароздастӣ,

Бо турраи3 ӯ чӣ кор дорӣ?

Эй гул, ту куҷову рӯйи зебош,

Ӯ мушки тару ту хор дорӣ!

Райҳон, ту куҷову хатти сабзаш?

Ӯ тозаву ту ғубор дорӣ!

Наргис, ту куҷову чашми масташ?

Ӯ сархушу ту хумор дорӣ!

Рӯзе бирасӣ ба васл, Ҳофиз,

Гар тоқати интизор дорӣ.

Чунонки дар боло арз кардем, Ҳофиз дар зимни тасвири табиат фикрҳои иҷтимоӣ, фалсафии хешро низ баён кардааст.

Каломи Ҳофиз, ҳар як байти ӯ ба ҷавҳари сухан мисли арӯсони зебо зебу зинат ёфтааст. Санъатҳои истифодабурдаи шоир содаю равон ва ба хонанда дастрасанд. Худи Ҳофиз ба ҳамин маънӣ ишорат карда чунин мегӯяд:

Зи шеъри дилкаши Ҳофиз касе шавад огоҳ,

Ки лутфи табъу сухан гуфтани дарӣ донад.

1 Савти ҳазор – овози булбул

2 Мул – май, шароб

3 Турра – дастаи мӯйро тоб додан