Мавзуи ғазалиёти Камол

Мавзуъҳои ғазалиёти Камол хеле рангин буда, васфи ёри меҳрубон, тараннуми ишқи поки инсонӣ ва ирфонӣ тору пуди бештари ашъори шоирро фаро гирифтаанд. Камол бо камоли маҳорат симои зоҳирӣ ва ботинии маҳбубаашро доимо зебою дилкаш инъикос менамояд. Қаҳрамони лирикӣ (шоир) аз ҳусни расои маъшуқааш шод асту меболад. Барои ӯ дидори ёри меҳрубони гандумгуну шакарлаб азиз аст ва аз ҳама олами мавҷудот маъшуқааш волотар, болотар, азизтар, зеботару муҳташамтар аст.

Вақте ки ғазали «Ёри гандумгун»-ро мехонем, хуб эҳсос менамоем, ки гӯё суруди халқиеро мутолиа дорем:

1. Ёри гандумгуни ман, гӯ, рӯйи хирмансӯз пӯш

В-арна хоҳад сӯхт хирман, ҳар киро ақл асту ҳуш.

2. Рӯйи гандумгун намуду ҷони мо як ҷав фурӯхт,

Аз чӣ шуд ёр инчунин гандумнамои ҷавфурӯш?

Дар байти аввал қаҳрамони лирикӣ аз ёри меҳрубонаш илтиҷо мекунад, ки ҳусну ҷамолашро, ки хирмансӯз аст, ниҳон кунад, зеро агар ин корро накунад, дилро ва ҳама тару хушкро месӯзонад. Дар мисраи дуюм боз ҳамин маъниро пурра намудааст. Дар ин байт шоир аз санъатҳои кинояву маҷоз истифода бурдааст. Калимаҳои «хирман» ва «хирмансӯз» ҳамин бори маъниро ба дӯш доранд. Шоир дар байти дувум натиҷа ё ҳосили байти аввалро зикр кардааст. Яъне, ин олиҳаи ҳусн сухани ошиқ (қаҳрамони лирикӣ)-ро гӯш накард, ба инобат на гирифт ва ҷони ширини ӯро (ошиқро) бо ҳусну ҷамоли худ сӯ зонд. Шоир барои тақвияти фикраш дар ин маврид ба хотири ҷозибу ширин баромадани суханаш аз мақолу ҳикмати халқӣ ис тифода бурдааст. Дар байни халқи тоҷик мақоли «Гандумнамои ҷавфурӯш» серистеъмол аст.

Дар ғазали «Хуш меояд» шоир домани ҳамин мавзуъро васеътар, фарохтар гирифтааст:

1. Навбаҳорон зи гулам бӯйи ту хуш меояд,

Ҳамаро боғу маро рӯйи ту хуш меояд.

2. Ҳамчу наргис наниҳам чашм ба сарви лаби ҷӯй,

Ки маро қомати дилҷӯйи ту хуш меояд.

3. З-он ҳама ҳалқа, ки шамшод занад бар сари гул,

Бандаро ҳалқаи гесуйи ту хуш меояд.

4. Бӯйи гулзор хуш ояд ҳама касрову маро

Накҳати хоки сари кӯйи ту хуш меояд.

5. Печи сунбул ба чаман ҳеч намеояд хуш,

Пеши рӯйи ту хами мӯйи ту хуш меояд.

6. Шеваи чашм чу наргис чӣ кунад ишваву ноз?

Шева аз наргиси ҷодуйи ту хуш меояд.

7. Чашм накшуда ба рӯйи гул аз он рӯй Камол,

Ки назар бар гули худрӯйи ту хуш меояд.

Камоли Хуҷандӣ дар байти нахуст ёд аз фасли гулу лола ва табиати зебои баҳорон мекунад. Гулҳои баҳорӣ бӯйи хуши туро ба машомам меоранд. Агар дигаронро боғу бӯйи гулҳо мафтун гардонанд, маро дидори зебои ту хуш меояд. Дар байти дувум шоир таъкид менамояд, ки ман мисли наргис назар ба сарви лаби ҷӯй накунам, зеро қаду қомати сарвмонанди ту хуш аст ва мафтуни он гардидаам. Байти сеюм давоми мантиқии байти боло буда, қаҳрамони лирикӣ зулфони ёрашро ба ҳалқаи гул монанд кардааст. Яъне санъати ташбеҳро истифода бурдааст. Вақте ки насими баҳорӣ дар боғ мевазад, шамшод сар поён мекунад ва гесӯйи ёрро навозиш менамояд. Дар ин маврид барои ифодаи фикр шоир санъатҳои киноя, таносуби сухан ва маҷозро гулчин намудааст. Дар байтҳои пасин ҳамин мавзуъ ва ҳамин мазмун бо рангҳои дигар хеле зебо ба қалам дода шудаанд.

Камол дар ғазалҳои ошиқонааш, дар баробари ситоиш ва тавсифи ёри меҳрубон, рақибу ағёрро мазаммату накуҳиш кардааст, зеро ӯ дар роҳи ба мақсад расидан, яъне ба дидори маъшуқ расидан чун садди роҳ истодааст. Аз ин хотир ошиқ ба рақиб нафрату адоват дорад ва ӯро мазаммат менамояд:

Рақиб гуфт: «Ту донӣ, Камол, қимати ман?»

Бигуфтам: «Эй дили сахтат ба ғусса арзонӣ».

Туро ба соҳили Уммон ба сад дирам нахаранд,

Барои лангари киштӣ, ки бас гаронҷонӣ.

Дар ин маврид шоир аз санъати саволу ҷавоб моҳирона истифода бурда, муносибати хешро нисбати рақиб иброз доштааст. Камол рақибро марди дилсахт ва бо лутфи хоси хеш гаронҷонӣ (кундфаҳмӣ ва безавқии) ӯро ҳаҷв мекунад.

Ғазали «Ошӯби ҷонӣ» низ дар мавзуи ишқи софи беолойиши инсонӣ суруда шудааст. Ин ғазал аз нигоҳи содагию равонӣ таронаи халқиро ба ёд меорад:

1. Ошӯби ҷонӣ, шӯхи ҷаҳонӣ,

Беэътиқодӣ, номеҳрубонӣ.

2. Гоҳам навозӣ, гоҳам гудозӣ,

Гоҳе чунинӣ, гоҳе чунонӣ.

3. Аз ту сабурӣ кардан, нигоро,

Натвон, валекин ту метавонӣ.

4. З-ин сон ки дорӣ аз хеш дурам,

Гар мирам аз ғам, ҳолам надонӣ.

5. Гуфтам: «Нисорат созам дури ашк?!»

Гуфто: «Чӣ гӯям?» Дур мечаконӣ».

6. Гар аз Камол, эй мунис, малулӣ,

Рафтам зи пешат, бурдам гаронӣ.

«Ошӯби ҷонӣ» дар асоси се санъати бадеӣ: тавсиф, такрор ва саволу ҷавоб бунёд ёфтааст. Истифодаи калимаҳои «ошӯби ҷон», «шӯхи ҷаҳон», «беэътиқод», «номеҳрубон» чун шаддаҳои марҷон ва дурру марворид бамаврид омада, матлаи ғазалро рангин, дилнишин ва зебою равон намудаанд.

Дар байти дувум калимаи «гоҳ» чанд бор такрор омада, фасоҳату балоғати шеърро афзун гардонидааст, онро гӯшнавозу дилнишин намудааст. Дар байтҳои сеюму чорум санъати тазод ҳолати рӯҳӣ, дунёи ботинии қаҳрамони лирикӣ (шоир)-ро нисбати маъшуқа ифшо кардааст. Боз дар ҳамин байтҳо шоир ба тарзи саволу ҷавоб ҳолати хеш ва ёри бевафои хешро хеле табиӣ ва шоирона ба қалам додааст. Камол дар мақтаи ғазал аз рафтору номеҳрубонии дилдодаи хеш ошуфтаю малоли хотир шуда мегӯяд, ки агар аз ман малоли хотир шуда бошӣ, ман бо оби чашму бо оҳу нола аз наздат меравам. Аз ин нигоҳ, ғазал бо санъати ҳусни мақтаъ ҷамъбаст гардидааст ва басо самимӣ ва хушоҳанг баромадааст.

Дар ғазал, чунонки дар боло ёд кардем, шоир ишқи ҳақиқӣ, ишқи зиминии инсонҳоро ситудааст. Барои исботи ин фикр Камол дар байти ҳафтум ишораи хубе дораду мегӯяд, ки қасд ё мурод аз ин ғазал тавсиф ва тараннуми сурати зебост.