Камол ҳамчун шоири худшинос ва ватандӯст

Мавзуи ватан ва ватандӯстӣ дар адабиёти тоҷику форс таърихи куҳан дорад. Бахусус, пас аз соҳибистиқлол гардидани мардуми мо ва ба сари қудрат омадани сулолаи Сомониён ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ дар байни мардуми худогоҳ, аҳли қалам, арбобони илму фан, ҳокимону волиёни аҷамтабор ва ниҳоят шоҳони ин хонадон мисли Исмоили Сомонӣ бо фарзандонаш пайдо шуду густариш ёфт. Дар эҷодиёти устод Рӯдакӣ ин мавзуъ хеле густурдааст. Устод хиштҳои аввалинро гузоштаанд. Шеъри «Бӯи ҷӯи Мӯлиён »-ро намунаи беҳтарини ашъори ватандӯстона метавон донист. Баъдтар ин мавзуъ дар осори Фирдавсӣ ва Носири Хусрав бисёр амиқ ва пурдомана матраҳ гардидааст. Эҷодиёт ва рӯзгори Саъдӣ ва Ҳофизи Шерозӣ аз ин мавзуъ хеле серобанд. Саъдӣ аз сафарҳои тӯлонӣ бозгашта ба ватан омад. Ҳофиз ҳам Шерозро тарк кардан нахост. Оби Рукнободу гулгашти Мусаллоро биҳишти рӯйизаминӣ донист. Ҳамин тавр, ба суоли «ватандӯст ва худшинос кист?» – чунин посух бояд дод: Шахсе ки ба забонаш, ба кишвараш, ба зодгоҳаш, ба хонаю мактабаш муҳаббат дорад, аз гузаштааш ифтихор мекунад, арҷ мегузорад, ӯ ватандӯсту худшинос аст. Аммо ватандӯсту худшинос он нест, ки танҳо ифтихор кунад ё аз бузургони пешин биболаду халос. Балки он аст, ки барои ободии ватан, саодати халқу диёр саъю талош варзад, меҳнат намояд ва саҳм бигузорад. Хониши аъло, одобу рафтори ҳамида, ҳурмату эҳтироми калонсолон ва бахусус омӯзгорон низ аз худшиносӣ ва худогоҳию ватандӯстии шумо, шогирдони азиз, сарчашма мегирад, файзу баракат меёбад.

Камоли Хуҷандӣ давраи кӯдакию ҷавонияшро дар ватан гузаронид. Ватан ӯро тарбият кард, ба камол расонд. Ӯ аввалин абёти рангинашро дар ватан, дар Хуҷанд эҷод кард ва баъд барои ҳаҷ кардан ҷомаи сафар пӯшид. Чи тавре ки аз тарҷумаи ҳолаш равшан гардид, Камол пас аз зиёрати Каъба дар шаҳри Табрез монд ва дигар ба ватан баргашта натавонист. Ӯ ҳамеша бо ватан мезист ва ҳамон ғазали «Ғарибӣ»- ро дар бораи сахтии фироқ аз ватан пеш аз маргаш эҷод кард. Алҳол ин ғазалро ба ёд оред, аз ёд хонед ва мазмуни ҳар байташро шарҳ диҳед.

Ғазалҳои дар мавзуи ватан ва ватандӯстӣ иншокардаи шоир хеле зиёданд. Камол онҳоро бо дарду алами беинтиҳо бо маҳорати баланд ва ҳунари воло сурудааст. Шоир, пеш аз ҳама, аз диёри худ – шаҳри Хуҷанд ифтихор мекунад ва бо камоли меҳру садоқат, бо як ҳисси пурифтихору болидагӣ хешро «хуҷандӣ» мешуморад:

Бо лутфи табъ мардуми Шероз аз Камол

Бовар намекунанд, ки гӯям хуҷандиям.

Чаро мардуми Шероз аз хуҷандӣ будани Камол бовар надоранд? Ин ба он хотир аст, ки Шероз ва танҳо Шероз шаҳри шеъру шоирӣ, ҷойгоҳи шоирони бузург мисли Саъдӣ ва Ҳофиз дониста мешуд.

Хоки Хуҷандро, ки зи Шероз кам ниҳанд,

Омад ба рӯзгори ту обе ба рӯйи кор.

Дар ин байт шоир тасдиқ мекунад, ки бале, пеш то омадани банда сухани мардуми Шероз шояд асос ё воқеият дошта бошад, аммо чун ман сари кор омадам, дигар иддаои мардуми Шероз аз нигоҳи воқеият нест.

Мусаллам аст, ки ин шаҳри бостонию фарҳангӣ дар тӯли мавҷудияти худ мисли Камол шоири тавоноро надидааст. Ҳамин маъниро ҳанӯз ҳафтсад сол пеш худи Камол дарк карда буд:

Гар биҷӯянд, ба сад қарн наёбанд, Камол,

Булбуле чун ту ғазалхон ба чаманҳои Хуҷанд.

Оре, имрӯз ҳам сухани Камол баҷост ва мисли ӯ шоири тавоное ба дунё наомада. Камол дар як ғазалаш шеъри худро ба кӯҳи Хуҷанд монанд намудааст. Аз ин нигоҳ ташбеҳи шоир нав аст ва хеле шоирона омадааст:

Чун кӯҳи Хуҷанд омад ин шеър

Бообу баландному муҳкам.

Камол то лаҳзаҳои охири ҳаёт ёди ватан кард ва бо ҳамин дард зиндагиро падруд гуфт:

Менагардад дилам аз дарди фалак рӯзе шод,

Ба ман ин ғуссаи талху ғами даврон то кай?

Охир, эй бахт, маро роҳ ба манзил бирасон,

Ки ба ҷон омадам, ин ранҷи биёбон то кай?

ё:

Меҳнати ғурбату танҳоии шаб кушт маро,

Охир, эй шоми ғарибӣ, ба сар оӣ, чӣ шавад?

Камоли Хуҷандӣ тамаъҷӯй ва тамаъгар набуд ва пеши шоҳону ҳокимони замона сар фуруд намеовард ва дар ҳаққашон шеъри мадҳӣ ҳам намегуфт. Бинобар ин дар сухан гуфтан соҳибихтиёр буд. Ӯ, чунонки дар боло дидем, намояндагони динро сарзаниш ва мазаммат кардааст, зуҳду риё ва рафторҳои нопоки онҳоро написандидааст.

Камол, ки ниёз ба шоҳону ҳокимон надошт, ҳаргиз пеши онон сар хам накардааст ва ҳар чӣ тақозои амри дилаш буд, ҳамонро бебокона гуфта, хешро подшоҳи вақт медонист:

Камол аз подшаҳ дорад фароғат,

Ба вақти хеш ӯ ҳам подшоҳ аст.

ё:

Дасти султонон намебӯсад Камол,

Нест султонро ба дарвеш эҳтиёҷ.

Ҳамин гуна андешаҳои риндона дар эҷодиёти Камол хеле зиёданд. Камол ба зоҳид рӯ меорад ва бебокона таъкидаш менамояд, ки агар ту биҳишт хоҳӣ ва биҳишт биҷӯӣ, биҷӯ! Камол бошад, Валиёнкӯҳ хоҳаду Табрез, зеро дар чорбоғи биҳиштосои хеш рӯзгори хуш дорад. Бо дӯстони ҷонӣ дар ҳамин Валиёнкӯҳ будан, суҳбат оростан, ғубори дилро баровардан кайфияте дорад:

Аз ту як соат ҷудоӣ хуш намеояд маро,

Бо дигар кас ошноӣ хуш намеояд маро.

Гӯиям рӯзе: «Бирав! Султони вақти хеш бош!»

Баъди султонӣ гадоӣ хуш намеояд маро.