Достони «Хирадномаи Искандарӣ»

Фарқи асари Ҷомӣ аз дигар «Искандарнома»-ҳо. Искандар дар адабиёти ҷаҳонӣ яке аз образҳои барҷаста ба ҳисоб меравад. Дар бораи ҳаёту зиндагӣ ва кору амалиёти Искандари таърихӣ, ки дар солҳои 356-323 то мелод дар Юнони қадим умр ба сар бурдааст, асарҳои зиёди таърихӣ ва адабӣ офарида шудаанд. Дар адабиёти форс-тоҷик аввалин шоире, ки дар бораи Искандар асар эҷод кардааст, Абулқосими Фирдавсӣ мебошад. Вай дар қисмати таърихии «Шоҳнома» ҷангу хунрезиҳо, забту лашкаркашиҳои Искандарро хеле батафсил ҳикоят мекунад. Фирдавсӣ Искандарро ҳамчун шоҳи ғоратгар, золим ва забткор, ки дар ҳақиқат ҳамин тавр буд, нишон додааст. Аммо дар «Искандарнома»-и Низомии Ганҷавӣ Искандар шоҳи кишваркушо, далеру шуҷоъ ба қалам дода шудааст.

Ҷомӣ дар эҷод намудани достони «Хирадномаи Искандарӣ» ба Низомӣ ва Амир Хусрав пайравӣ кардааст. Вале аз достонҳои дар боло номбурда фарқи калон дорад. Агар дар «Шоҳнома» ва «Искандарнома»-и Низомӣ ҳарбу зарби майдони ҷанг, қатлу ғорат, қаҳрамонию фидокории Искандар дар ҷойи аввал бошад, дар достони Ҷомӣ «Хирадномаи Искандарӣ» хирад, ақлу заковати инсони хирадманд мавқеи асосиро ишғол менамояд. Дар асари Ҷомӣ Искандар на ҳамчун шоҳи хунхору истилогар, на ҳамчун шоҳи забткор, балки ҳамчун шоҳи бомаърифату хирадманд тасвир ёфтааст. Аз ин ҷост, ки Ҷомӣ ба достон номи «Хирадномаи Искандарӣ»-ро гузоштааст.

Асари Ҷомӣ низ мисли достонҳои дар боло номбурда дар баҳри мутақориби мусаммани маҳзуф эҷод шудааст. Достон аз 2315 байт иборат буда, соли 1485 ба анҷом мерасад.

Сужети асар. Пас аз баёни бобҳои анъанавӣ – наъту муноҷот қисмати асосии достони «Хирадномаи Искандарӣ» шурӯъ гардидааст. Файлақус1 подшоҳи Юнонзамин дар айёми пиронсолиаш писардор мешавад. Ӯро Искандар (Александр) меноманд. Файлақус Искандарро ба тарбияи Арасту2 медиҳад. Арасту ба Искандар илмҳои гуногунро пурра меомӯзад. Файлақус дар назди олимони бузург аз писараш имтиҳон мегирад. Искандар аз имтиҳон бо сарбаландӣ мегузарад. Падараш хурсанд мешавад. Баъд аз ин Файлақус аз Арасту хоҳиш мекунад, ки барои пеш бурдани давлатдории Искандар хирадномае нависад. Арасту хирадномаро ба анҷом мерасонад. Дар ин айём Файлақус вафот мекунад. Искандар ба маснади шоҳӣ менишинад. Баъди ин дар достон хирадномаҳои олимони бузург Арасту, Афлотун (Платон), Суқрот (Сократ) ва боз чор донишманди дигар оварда мешаванд. Ин хирадномаҳо бештар характери тарбиявӣ доранд. Пас аз ҳар хираднома Ҷомӣ барои тасдиқи фикраш аз ҳаёти шахсони бузург саргузаштеро нақл намуда, инчунин ҳикояҳои тамсилӣ меорад. Мазмуни ҳикояҳои овардашуда ба хирадномаҳо сахт алоқаманд мебошад.

1 Файлақус – Филиппи II, подшоҳи Юнон, соли 336 пеш аз мелод ба қатл мерасад.

2 Арасту – Аристотолис – Аристотел – файласуфи машҳури Юнони қадим. Дар байни солҳои 384 – 322 пеш аз мелод умр ба сар бурдааст.

Дар давраи ҳукмрониаш Искандар роҳи адлу додро пеш мегирад. Ӯ ба мамлакатҳои гуногуни Ғарбу Шарқ лашкар кашида, онҳоро забт менамояд ва шаҳрҳо бино мекунад. Ба Хитой рафта, бо ҳоқон сулҳ мебандад ва аз ӯ дар бораи қаноату шикастнафсӣ панди судманд мегирад. Аз он ҷо ба Ҳиндустон лашкар кашида, бо бараҳманон (донишмандони Ҳинд) вохӯрда, суҳбат менамояд. Баъд ӯ ба шаҳре мерасад, ки дар он шаҳр на шоҳ ҳасту на гадо. Ҳама баробар ва бародарона зиндагӣ мекунанд. Зулму истисмор тамоман нест. Искандар хеле мутаассир мешавад. Ӯ аз одамонаш ҷудо шуда, ба кӯҳи Қоф меравад. Аз он ҷо пас гашта, роҳи ватанро пеш мегирад. Вале ҳангоми бозгашт дар биёбоне вафот мекунад. Даҳ нафар ҳаким Искандарро ба некӣ ёд мекунанд. Пас тобуташро ба Искандария, ба назди модараш меоранд ва ҳакимон ба модари Искандар таъзияномаҳо менависанд. Бо ҳамин достон ба охир мерасад.

Идеяи шоҳи одил ва маърифатпарвар. Аз сужети достон чунин ба назар мерасад, ки Искандар аз рӯзе, ки ба сари тахт нишаст, дар кишвар адлу адолатро барқарор намуд. Сониян, ба ҳар мамлакате, ки мерафт, барои ободию осудагии мардуми он саъю кӯшиш мекард, шаҳрҳои нав месохт. Аз ин ҷиҳат достони Ҷомӣ ба маснавиҳои шоирони гузашта то андозае шабеҳ аст. Ба ақидаи Ҷомӣ танҳо шоҳи донишманд одилу халқпарвар мешавад. Искандар ҳам марди фозил ва хирадманд буд. Ӯ мамлакатро аз рӯйи хирадномаҳо, ки онҳоро файласуфон навишта буданд, идора мекард. Дар ин ҷо адиб роли хирадро баланд бардоштааст. Ҷомӣ ба ҳамин маънӣ ишорат карда мегӯяд:

Кунун кардаам пушти ҳиммат қавӣ,

Диҳам маснавиро либоси навӣ.

Куҳан маснавиҳои пирони кор,

Ки мондаст аз он рафтагон ёдгор,

Агарчи равонбахшу ҷонпарвар аст,

Дар ашъори нав лаззати дигар аст.

Ба як силк1 хоҳам чу гавҳар кашид

Хирадномаҳо, к-аз Сикандар расид.

Хираднома з-он ихтиёри ман аст,

Ки афсонахонӣ на кори ман аст.

Зи асрори ҳикмат сухан рондан

Беҳ аз қиссаҳои куҳан хондан.

Идеяи шоҳи одил аз эҷодиёти даҳанакии халқ сарчашма мегирад. Дар ҷамъияти ғуломдорӣ ва феодалӣ мардуми одӣ ҳамеша аз шоҳону ҳокимони вақт зулму бедодӣ медиданд. Бинобар ин, орзу мекарданд, ки шоҳон одил ва адолатпарвар бошанд. Ин танҳо як орзую хаёли хоме буд, ки халқ дар осораш, дар зимни нақлу ривоятҳо, афсонаву қиссаҳо ифода кардааст. Ғояи шоҳи одил аз эҷодиёти даҳанакии халқ ба асарҳои шоирони бузурги мо дохил гардидааст. Ҷомӣ бошад, ин идеяро дар симои Искандари таърихӣ нишон додааст. Искандари Ҷомӣ марди фурӯтан ва фозилу доност. Ҳангоме ки падараш вафот мекунад, мисли бисёр шоҳзодагони темурӣ – Бадеъуззамон, Ёдгормирзо, Халилсултон, Абусаид, Абдуллатиф ва дигарон барои ҷоҳу мансаб талош накарда, хуни бародару падарро нарезонда, ба тахти шоҳӣ наменишинад. Ӯ ба халқ муроҷиат карда мегӯяд, ки ман даъвои подшоҳӣ надорам. Ҳар касеро қабул кунед, ихтиёр доред. Ман ҳам мисли шаҳрвандони ин кишвар ҳастам, бартарие надорам:

Надорам зи кас пояи бартарӣ,

Ки бошад маро вояи2 сарварӣ.

Зи хайли3 шумо ман яке дигарам,

Хаёли сарӣ нест андар сарам.

Маро бо шумо нест рои хилоф,

Аз ин тирагӣ дорам оина соф.

Биҷӯед аз баҳри худ меҳтаре,

Карампарваре, маъдалатгустаре4.

1 Силк – а) ресмон; б) саф, қатор, рад

2 Воя – ҳоҷат, мурод.

3 Хайл – тоифа, гурӯҳ, ҷамоа

4 Маъдалатгустар – адолатпарвар, боинсоф.

Бувад бо раоё1 ҳама чарбу нарм,

Нигаҳдори эшон зи ҳар сарду гарм.

Аммо халқ аз Искандар дида шахси лоиқу арзандаро наёфта, худи ӯро ба маснади шоҳӣ даъват менамояд:

Ки «Шоҳо, сару сарвари мо туӣ!

Зи шоҳон ҳамин меҳтари мо туӣ».

Искандар, ҳангоме ки ба тахт менишинад, қасам ёд мекунад, ки ҳаргиз аз роҳи адолат намегардад:

Зи илҳоми адлам кунад баҳраманд,

Наяфтад ба ҷуз адл ҳечам писанд.

Ӯ танҳо як мақсаду як орзу дорад:

Раҳонам зи ғам ҳар ғамандешро,

Кунам марҳаме ҳар дили решро.

Чу шоҳ аз раийят бувад комхоҳ,

Гадо бошад андар ҳақиқат, на шоҳ!

Ҷомӣ дар баёни ин масъала, яъне интихобӣ будани шоҳ нисбат ба гузаштагон ва ҳамзамононаш қадами ҷиддие ба пеш ниҳодааст.

Абдурраҳмони Ҷомӣ лоиқи подшоҳӣ ҳамон шахсеро медонист, ки бомаърифат, донишманду хирадманд бошад. Илова бар ин, шоҳ дар идора кардани давлат бояд бо ҳакимон ва фозилон машварат кунад. Зеро:

Зи дониш шавад кори гетӣ басоз,

Зи бедонишӣ кор гардад дароз.

Агар шоҳи даврон набошад ҳаким,

Бувад дар ҳазизи2 ҷаҳолат муқим.

Идеяҳои шоҳи одилу бомаърифат дар достон узван бо ҳам алоқаманданд. Онҳо якдигарро инкишоф ва такмил медиҳанд. Зеро, ҳангоме ки мо шоҳи одил мегӯем, ҳамоно хирад, дониш пеши назар меояд. Шоҳ, ба ақидаи Ҷомӣ, ҳаргиз бе донишу хирад одил шуда наметавонад. Ҳатто модари шоҳ дар анҷоми достон ба хирадмандон изҳори миннатдорӣ мекунад. Чунки маҳз дар натиҷаи тарбия ва бо маслиҳату машварати онҳо Искандар шоҳи одилу адолатпарвар шудааст:

1 Раоё – раият, халқ.

2 Ҳазиз – пастӣ.

Зи анфосатон1 гашт ҳал мушкилам,

Ба сарҳадди ҷамъият омад дилам.

Дар ин нилгун кохи минонамо

Ҷаҳон ҷумла кӯранду бино шумо.

Ҷаҳон аз шумо матлаи2 нур бод

В-аз он нур чашми бадон дур бод!

Ҷомӣ дар «Хирадномаи Искандарӣ» ба шоҳону ҳокимони золими замонааш муроҷиат карда, онҳоро ба адлу дод даъват менамояд:

Ҷаҳонподшоҳо, дар инсоф кӯш,

Зи ҷоми адолат майи соф нӯш.

Ба инсофу адл аст гетӣ ба пой,

Сипоҳе чу он нест гетикушой,

Агар мулк хоҳӣ, раҳи адл пӯй3,

В-агар не, зи дил он ҳавасро бишӯй!

Адиб аз подшоҳони замонааш талаб мекунад, ки онҳо ҳам мисли Искандар одил ва раиятпарвар шаванд ва аз кору рафтори ӯ ибрат гиранд.