Мавқеи латифаҳои халқӣ дар асар

Абдурраҳмони Ҷомӣ ҳангоми баёни масъалаҳои мухталифи зиндагӣ ба эҷодиёти даҳонакии халқ муроҷиат намудааст. Ӯ аз образу сужет ва жанрҳои дигари халқӣ қариб дар ҳамаи асарҳояш истифода бурдааст. Махсусан, «Баҳористон» аз латифаю мутоийбаҳои халқӣ хеле сероб аст.

1 Матбӯъ – маъқул

2 Эъҷоз – муъҷиза

Абдурраҳмони Ҷомӣ дар равзаи 6-уми «Баҳористон» латифаи «Фақат шумо ва ман мондаем»-ро овардааст. Дар ин ҷо ҳаҷви нависанда ҷанбаи иҷтимоӣ мегирад. Махсусан қитъае, ки дар анҷоми латифаи халқӣ оварда мешавад, афкори шоирро ҷамъбаст намудааст. Чунончи:

«Тавонгаре дар аҳди яке аз золимон бимурд. Вазири он золим писари вайро талаб кард ва пурсид, ки падари ту чӣ гузоштааст?

Гуфт:

– Аз молу манол чунин ва чунон ва аз ворисон вазири кабирро ва ин фақири ҳақирро»:

Қитъа:

Зулмпеша вазир нашносад

Ҷуз ҳаққи подшоҳ моли ятим.

Адл донад, агар барад батамом,

Фазл донад, агар кунад ба ду ним.

Дар варианти халқии ин латифа персонажҳои асосӣ Мушфиқӣ ва қозӣ мебошанд. Дар байни онҳо фарқи калоне дида намешавад. Ҳодиса айнан такрор меёбад. Танҳо дар варианти халқӣ шеър оварда нашудааст.

Ҷомӣ ба воситаи латифаи мазкур зулму истисмори табақаҳои болои ҷамъият, вазирон ва ҳокимони замонаашро тасвир кардааст.

Ӯ дар латифаи «Аз мурдаҳо шарм мекунам» нодонию бефаҳмӣ ва дигар хислатҳои табибони замонаашро ба зери тозиёнаи танқид мегирад. Аз дасти ҳамин навъ табибони нодон одамони зиёд аз дунё чашм пӯшидаанд, ки шоир нисбат ба онҳо бо нафрат сухан меронад. Ҷомӣ дар поёни латифаи мазкур рубоие низ илова кардааст, ки ин ҷамъбасти фикри муаллиф дар бораи табибони замонааш мебошад. Дар байни латифаи халқӣ ва латифаи Ҷомӣ аз ҷиҳати забон низ чандон фарқи зиёде нест. Масалан, латифа дар варианти Ҷомӣ:

«Табиберо диданд, ки ҳар гоҳ ба гӯристон расидӣ, ридо1 ба сар кашидӣ. Сабаби онро суол карданд. Гуфт:

– Аз мурдагони ин гӯристон шарм медорам, ки бар ҳар кӣ мегузарам, зарбати ман хӯрдааст ва дар ҳар кӣ менигарам, аз шарбати ман мурдааст».

Дар латифаи халқӣ:

«Як табиб ҳар вақт, ки аз пеши гӯристон мегузашт, рӯяшро бо бари ҷомааш мепӯшонид. Рӯзе як ҳамроҳи вай сабаби ин ҳолро пурсид.

Гуфт:

– Ман аз мурдаҳои ин қабристон шарм мекунам, зеро ки аксарият аз дорувориҳои ман мурдаанд».

Чунонки аз ин намунаҳо дида мешавад, мазмун ва моҳияти латифаҳои халқиро Абдурраҳмони Ҷомӣ тағйир надодааст. Шоир онро моҳирона бо баъзе тафовутҳои услубӣ дар «Баҳористон» истифода бурдааст ва ба ин восита бо ақидаю афкори халқи меҳнаткаш ҳамфикр будани худро нишон дода, табибони ҷоҳили замонаашро мазаммат мекунад.

Ғайр аз ин, дар эҷодиёти худ Ҷомӣ аз тамсилҳои халқӣ ба хубӣ истифода бурдааст. Ҳар як тамсили истифодашуда бо мавзуи асосии асари шоир алоқаманд буда, аз ягон ҷиҳат онро пурра мегардонад.

Ҷомӣ ашхоси гумроҳу нодонро, ки аз рӯйи мансаб ва сарват худро бузург шуморида, ба дигарон бо назари таън менигаристанд, ба зери тозиёнаи танқид мегирад. Барои фош кардани сирати онҳо латифаи халқии «Кӯр ва бино»-ро меорад. Нависанда ба воситаи асари халқӣ мардумони табақаи болои ҷамъиятро ба фурӯтанӣ ва хоксорӣ даъват намудааст. Латифа дар варианти халқӣ ин тавр оғоз ёфтааст:1

«Нобиное дар шаби торик бо фонус аз як кӯчаи пурлой мегузашт. Аз рӯ ба рӯйи ӯ касе баромад». Дар Ҷомӣ: «Нобиное дар шаби торик чароғе дар даст ва сабуе бар дӯш дар роҳе мерафт. Фузуле ба ӯ расиду гуфт». Дар ҳар ду вариант ҷавоби нобино як аст. Дар варианти халқӣ:

«– Ман фонусро на аз барои худ, балки аз барои ту барин биноҳои кӯр мебардорам, то ки ба ман бархӯрда ба лой нағалтанд».

Дар варианти Ҷомӣ:

«...ин чароғ на аз баҳри худ аст, аз барои чун ту кӯрдилони бехирад аст, то ба ман паҳлу назананду сабуи маро нашикананд».

Аз намунаҳои овардашуда чунин ба назар мерасад, ки тафовут дар ҷавоби ин ду вариант асосан дар забон ва тарзи баён аст. Ҷавоби ҳар ду вариант танҳо як мазмунро ифода менамоянд. Дигар он ки дар хотимаи варианти Ҷомӣ мазмун ва идеяи асосии латифа аз тарафи шоир бо қитъае ҷамъбаст карда мешавад. Масалан:

1 Ридо – болопӯш, ҷома

Ҳоли нодонро зи нодон беҳ намедонад касе,

Гарчи дар дониш фузун аз Бӯалӣ Сино бувад.

Таъни нобино мазан, эй дам зи биноӣ зада,

3-он ки нобино ба кори хештан бино бувад.

Ғайр аз ин, Ҷомӣ дар қитъаи мазкур аз зарбулмасали халқии «Девона ба кори худ ҳушёр» моҳирона истифода бурдааст. Дар намунаи мазкур мисраи чорум айнан варианти зарбулмасали боло мебошад. Аз ин ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки зарбулмасали «Девона ба кори худ ҳушёр» дар асри XV низ дар шакли «Нобино ба кори хеш бино бувад» дар байни халқ маълуму машҳур будааст.

Услуб, воситаҳои тасвир ва аҳаммияти «Баҳористон». Бояд гуфт, ки дар байни «Баҳористон»-и Ҷомӣ ва «Гулистон»-и Саъдии Шерозӣ чи аз ҷиҳати услуби нигориш ва чи аз ҷиҳати мазмуну мундариҷаи идеявӣ ҳамоҳангии бисёре мушоҳида мешавад.

Монандии ин ду шоҳасар, пеш аз ҳама, дар он аст, ки ҳар ду ба мавзуи панду ахлоқ бахшида шудаанд. Онҳо маҷмуи ҳикоятҳои хурди ахлоқӣ буда, ҳар як ҳикоят бо рубоӣ, қитъа ё байте ҷамъбаст карда мешавад.

Бо вуҷуди ин, онҳо аз якдигар фарқ ҳам доранд. Боби 7-уми «Баҳористон» тамоман нав аст. Илова бар ин, Ҷомӣ дар оғози ҳар як боб муқаддимае илова кардааст, ки дар «Гулистон» ба назар намерасад.

«Баҳористон» бо забони сода иншо шудааст. Аз ин ҷиҳат дар насри адабиёти асри XV ва умуман насри классикӣ беназир аст. Хонанда дар баробари аз онҳо гирифтани панду андарзҳои судбахш аз забони дилангез ва санъати суханварии нависанда рӯҳ мегирад. Масалан: «Рӯзе дар фасли баҳорон бо ҷамъе аз дӯстон ва ёрон ба ҳавои гашт ва тамошои саҳрову дашт берун рафтем. Чун дар мавзее хуррам манзил сохтем ва суфа андохтем, аз дур саге онро дид ва зуд худро ба он ҷо расонид...».

Дар намунаи боло мо ягон калима ё ибораи душворфаҳмро намебинем. Матн барои ҳама равшан аст. Дар ин ҷо як лаҳзаи зиндагӣ, ба саёҳати саҳрою дашт бо дӯст фасли баҳорон баромадани нависанда бо камоли маҳорат тасвир ёфтааст. Ҷомӣ аз санъати саҷъ ба хубӣ истифода бурдааст: -«Фасли баҳорон бо ҷамъе аз дӯстон ва ёрон», «ҳавои гашт», «саҳрову дашт», «дид» ва «расонид» бо якдигар қофия шуда, ҳикоятро пуробуранг ва таъсирбахш кардаанд. Як мисоли дигар: «Сурхзанбӯре бар магаси асал зӯр овард, то вайро туъмаи худ созад. Ба зорӣ даромад, ки:

– Бо вуҷуди ин ҳама шаҳду асал маро чӣ қадру маҳал, ки онро бигузорӣ ва ба ман рағбат орӣ?

Занбӯр гуфт:

– Агар он шаҳд аст, ту шаҳдро конӣ ва агар он асал аст, ту сарчашмаи онӣ!».

Ҳикояти боло мазмуни чуқури иҷтимоӣ дорад. Ҷомӣ дар ин ҳикоят дар образи сурхзанбӯр золимонро нишон дода, кирдорҳои ношоистаи онҳоро мазаммат мекунад. Золимони хунхор ҳаргиз ба мардуми меҳнатӣ раҳму шафқат надоранд. Онҳо монанди ҳамон сурхзанбӯр ҳамеша аз пайи ранҷу озори занбӯрҳои одӣ, занбӯри асал, ки онҳо неъматҳои моддӣ, асал меофаранд, ҳастанд. Ҷанбаи иҷтимоии ҳикоят аз ин нигоҳ хеле пурқувват аст. Ҷомӣ ин гуна мазмунҳои олиро ба воситаи тамсил пардапӯшона тасвир кардааст. Забон ва тарзи баёни ҳикоят равон ва басо латифу дилкаш аст. Махсусан, ҷумлаи охирини ҳикоят: -«Агар он шаҳд аст, ту шаҳдро конӣ ва агар он асал аст, ту сарчашмаи онӣ» каломи мавзунро ба хотир меорад. Дар ин ҷо ягон калима ё ибора беҷо набуда, таносуби қавии онҳо риоят шудаанд ва гӯшнавозиву ҳамоҳангии баёнро таъмин сохтаанд.

Панду андарзҳои «Баҳористон» ҳар як фарди ҷомеаро ба матонату устуворӣ, далерию ватандӯстӣ, ростию поквичдонӣ, ҳунаромӯзӣ даъват менамояд. Асари мазкур ба забонҳои гуногуни халқҳои дунё тарҷума шудааст. Асар шуҳрати ҷаҳонӣ дорад.