Низомиддин Алишери Навоӣ ба забони тоҷикӣ-форсӣ таҳсил карда, забони арабиро ҳам хуб медонист. Ӯ қобилияту истеъдоди аҷиб дошт. Аз худ кардани илмҳои гуногун, аз бар намудани абёти зиёди шоирони тоҷику форс чашми Навоиро ба шоҳроҳи шеъру шоирӣ кушод. Илова бар ин, ҳамчун Абдурраҳмони Ҷомӣ устоде дошт, ки дар пешрафти эҷодии ӯ саҳми арзанда гузошт. Навоӣ аз хурдӣ ба шеър гуфтан оғоз кард. Ӯ ҳам ба забони тоҷикӣ-форсӣ ва ҳам бо забони туркӣ шеър эҷод мекард. Адиб дар шеърҳои тоҷикӣ-форсӣ Фонӣ ва туркӣ Навоӣ тахаллус интихоб кард. Азбаски Навоӣ бо ду забон шеър мегуфту асар эҷод мекард, ҳамзамононаш ба ӯ тахаллуси иловагӣ – «зуллисонайн» (соҳиби ду забон) дода буданд.
Алишери Навоӣ аксарияти асарҳояшро ба забони модариаш – туркӣ иншо кардааст. То замони Навоӣ бо забони туркӣ-ӯзбекӣ эҷод намудани достонҳои ҳаҷман бузургро (фалсафӣ, ахлоқӣ, ишқӣ) ғайриимкон мешумориданд. Навоӣ аввалин шуда ин назарияро нодуруст шуморида, барои исботи ин панҷ достон эҷод мекунад. Онҳоро Навоӣ дар пайравии «Хамса»-ҳои Низомии Ганҷавӣ, Хусрави Деҳлавӣ ва «Ҳафт авранг»-и Абдурраҳмони Ҷомӣ иншо кардааст.
Ҷамъи абёти «Хамса» зиёда аз 27 ҳазор байтро ташкил медиҳад. Ғайр аз ин, дар забони туркӣ-ӯзбекӣ чаҳор девон дорад, ки маҷмуи асарҳои лирикии шоир буда, 24 ҳазор байтро ташкил медиҳанд. Маснавиҳои «Лисон-ут-тайр» («Забони мурғон»), «Панднома», «Чиҳил ҳадис», «Маҳбуб-ул-қулуб» низ ба қалами ӯ тааллуқ доранд. Навоӣ инчунин ба забони модариаш дар бораи ҳаёту эҷодиёти нависандагони ҳамзабонаш «Маҷолис-ун-нафоис» ва оид ба қоидаю қонуни вазни арӯз «Мизон-ул-авзон»ро меофарад.