Алишери Навоӣ забону адабиёт, илму санъати халқи тоҷикро ба хубӣ дониста, дар пайравии адибони бузурги гузашта асарҳои пурарзиши худро иншо намуд. Дӯстию рафоқати Навоӣ бо Ҷомӣ намунаи барҷастаи муҳаббати инсон ба якдигар аст. Навоӣ аз Ҷомӣ 27 сол хурд аст. Ӯ аз Ҷомӣ таълим гирифтааст. Дар мактаби адабие, ки устоду шогирд дар Ҳирот ташкил карда буданд, намояндагони ин ду халқ таълим мегирифтанд.
Маҳз бо ташвиқу тарғиби Абдурраҳмони Ҷомӣ Навоӣ асарҳои бузургашро ба забони туркӣ-ӯзбекӣ иншо кард. Аз муваффақиятҳои эҷодии Навоӣ Ҷомӣ шоду масрур гардида, бо камоли эҳтиром дар анҷоми достони «Хирадномаи Искандарӣ» чунин мегӯяд:
1 Томеъ – тамаъкор, ҳарис
2 Фароз – боло
3 Зарқ – фиреб, найрангбозӣ, макр, ҳила
4 Шиёр – замини шудгоршудаву палкашида
Суханро, ки аз равнақ афтода буд,
Ба кунҷи ҳавон1 рахт бинҳода буд,
Ту додӣ дигарбора ин обрӯй!
Кашида ба майдони ин гуфтугӯй!
Алишери Навоӣ ҳар як асари нав иншокардаашро аз назари устоди худ – Ҷомӣ мегузаронд ва бо маслиҳатҳои судбахши ӯ асарҳояшро такмил мекард. Мусаввадаи асарҳои Ҷомиро Навоӣ мутолиа карда, баъзан фикру андешаҳояшро ба устоди қадрдонаш изҳор мекард. Муносибати байни онҳо на ҳамчун устоду шогирд хуб буд, балки онҳо нисбат ба якдигар дӯстони наздику бовафо низ буданд. Навоӣ яке аз аввалин касонест, ки асарҳои устодашро ба забони туркӣ-ӯзбекӣ тарҷума намудааст. Масалан, тарҷумаи асарҳои «Нафаҳот-ул-унс» ва «Шавоҳид-уннубувват» ба қалами ӯ тааллуқ доранд. Ҳангоми тарҷума забони фасеҳу каломи лутфомези Ҷомиро ба хубӣ нигоҳ доштааст.
Алишери Навоӣ пас аз вафоти Абдурраҳмони Ҷомӣ дар байни солҳои 1493-1494 «Хамсат-ул-мутаҳайирин»-ро иншо мекунад. Ин асар ба хотираи устоди бузургвораш бахшида шудааст.
Алишери Навоӣ чандин сол дар дарбори Ҳусайни Бойқаро вазир буд. Вай дар ин муддат ба халқ некиҳои зиёде кард. Навоӣ дар ҳар як кори давлатӣ бо Ҷомӣ маслиҳату машварат мекард. Ниҳоят, иғвои ҳасудон, корҳои бехирадонаи султон ба дили Навоӣ мезанад ва ӯ дарборро тарк карданӣ мешавад. Вале, ҳангоме ки ӯ бо Ҷомӣ маслиҳат мекунад, ризогӣ намедиҳад, зеро барои осоиши халқ ва ободии мулк будани чунин вазирони хирадманди некандешро лозим мешуморад.
Дӯстии байни Навоӣ ва Ҷомӣ то лаҳзаҳои охири ҳаёташон қатъ нагардид. Навоӣ дар марги устодаш ашки ҳасрат мерезад ва то як сол азодорӣ мекунад. Ӯ дар вафоти Ҷомӣ марсияи пурсӯзу гудоз эҷод мекунад.
Ба ҳамин тариқ, дӯстию ҳамкории ин ду фарзанди баруманди тоҷику ӯзбек барои мустаҳкам гардидани муносибатҳои ин ду халқ саҳми босазо гузоштааст. Ин дӯстию ҳамкорӣ имрӯз ҳам инкишоф ёфта, мустаҳкам мегардад.
1 Ҳавон – хорӣ, беиззатӣ
САВОЛ ВА СУПОРИШ
1. Кӯдакӣ ва наврасии Навоӣ чӣ хел гузашт?
2. Навоӣ дар куҷо таҳсил намуд ва кадом забонҳоро медонист?
3. Поёни умри Навоӣ чӣ гуна гузашт ва ӯ дар куҷо вафот намуд?
4. Навоӣ кадом асарашро ба Ҷомӣ бахшидааст?
5. Муносибати Навоӣ ба Ҷомӣ чӣ хел буд?
6. Кадом хислатҳои Ҷомиро Навоӣ ситоиш намудааст?
7. Дар бораи дӯстии ин ду тан шумо чӣ ақида доред?
8. Ба фикри шумо имрӯз дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек чӣ гуна аст?
9. Мероси адабии Навоиро асосан кадом асарҳо ташкил медиҳанд?
10. Мавзуи ғазалҳои тоҷикии Навоиро гӯед.
11. Адиб дар қитъаю рубоиёташ бештар ба кадом масъалаҳо аҳаммият додааст?
12. Таърихи навишта шудани қасидаи «Туҳфат-ул-афкор»-ро ҳикоят кунед.
13. Навоӣ дар ин қасида кадом масъалаҳоро бештар мавриди муҳокима қарор додааст?
14. Назира чист?
15. Оё дар замони мо дар адабиёти тоҷик назирагӯйӣ вуҷуд дорад?
ТЕСТҲО
1. Алишери Навоӣ қасидаи «Туҳфат-ул-афкор»-ро ба кадом адиби
тоҷик бахшидааст?
а) Ҳотифӣ.
б) Гулханӣ.
в) Ҷомӣ.
2. Навоӣ дар эҷоди «Хамса» ба кадом адиби тоҷик пайравӣ
кардааст?
а) Низомии Ганҷавӣ.
б) Ҳотифӣ.
в) Амир Хусрави Деҳлавӣ.
3. Алишери Навоӣ кадом сол вафот кардааст?
а) 1495.
б) 1496.
в) 1501.