«Футувватнома» – дастури одоб

Метавон «Футувватномаи султонӣ»-ро давоми мантиқии «Ахлоқи Муҳсинӣ» ва «Анвори Суҳайлӣ» донист. Онҳо чун шаддаҳои марҷон ва ё чун занҷирҳои тиллоие ҳастанд, ки бо ҳам аз нигоҳи мазмун ва мундариҷаи ғоявӣ пайванданд, якдигарро пурра мегардонанд. Ба тарзи дигар, агар бигӯем, ин се шоҳасар се бародаранд ва ин се бародар се фарзанди накуноми нависандаи зиндаёд Ҳусайн Воизи Кошифиянд. Дар боло ба мазмуну муҳтавои мухтасари ду асари нависанда – «Ахлоқи Муҳсинӣ» ва «Анвори Суҳайлӣ» ошно шудем. Акнун китоби сеюми Кошифӣ – «Футувватномаи султонӣ»-ро бо ҳам варақ мезанем.

Нахуст, бояд тавзеҳ дод, ки чаро нависанда ба асараш чунин ном гузошт. «Футувватномаи султонӣ» чӣ маъно дорад? Калимаи футувват вожаи арабист. Кошифӣ онро чунин шарҳ додааст: «Бидон, ки футувват аз рӯйи луғат ҷавонӣ бошад ва баъзеҳо дар шарҳи ин луғат бар онанд, ки футувват ҷавонмардӣ бошад. Аттор дар ин маънӣ гуфтааст:

Дидаи дил аз футувват равшан аст,

Равзаи ҷон аз футувват гулшан аст.

Гар бувад илми футувват бар сарат,

Ҳар замон бахшад сафои дигарат.

1 Футувват – ҷавонӣ, ҷавонмардӣ, инсоф

Футувватро се мартаба аст. Аввал, сахо, ки ҳар чӣ дорад, аз ҳеҷ кас дареғ надорад. Дуюм, сафо, ки синаро аз кибру кина поку покиза созад ва сеюм вафост, ки бо халқ нигоҳ дорад. Салмони Форс1 низ дар хусуси футувват фармудааст: «Футувват инсоф додан аст ва инсоф наситондан, яъне ҳар айбе, ки бошад, онро ба худ нисбат бояд кард ва ҳар чизе, ки дар вуҷуд ояд, худро дар миён набояд дид».

Ҳамин тавр, «Футувватнома»-ро маҷмуи гуфтор, кирдор ва рафтори ҷавонмардони накукор метавон донист. Ин асар аз муқаддима ва 12 боб таркиб ёфтааст. То замони мо ҳамагӣ бобҳои 1 то 8 расидаанд. Илова бар ин, ҳар як боб боз ба фаслҳо ҷудо шудааст. Ҳатто муқаддимаи асар ба се фасл қисмат гардидааст.

Доираи мавзуъоти асар хеле васеъ мебошад. Муҳимтарин мавзуи асар тарбия, одобу ахлоқ, фазилатҳои неки ҷавонмардӣ: меҳнатдӯстӣ, покию ростӣ, бо меҳнати ҳалол зиндагӣ кардан, ба дуздию ғоратгарӣ, фисқу фасод даст назадан, ба мазлумон, камбизоатон дасти ёрӣ дароз кардан, илму ҳунар омӯхтан, дар тиҷорат бо харидорон муомилаи хуш доштан, нисбат ба устод эҳтиром варзидан, одоби сухан ва салому алейкро нек ба ҷой овардан, ба қадри волидайн расидан ва ҳамин барин масъалаҳо дар асар бо мисолу ҳикоёти ширин, бо овардани абёти адибони бузурги гузашта ва худи муаллиф дар асар инъикос ёфтааст.

Алҳол чанд намуна доир ба мавзуъҳои алоҳидаи асарро аз назар хоҳем гузаронид. Яке аз масъалаҳое, ки Ҳусайни Воиз ба он бештар диққат додааст, ин муносибати устоду шогирд ё ба тарзи дигар гӯем, рафтори байни омӯзгору талаба мебошад, ки дар шароити имрӯза ҳам андешаҳои нависанда басо арзишманданд. Нахуст «Дар баёни устод ва шароити он» мақому манзалати омӯзгорро ба ёд меорад ва ба шогирдон ва толибилмон хитоб карда чунин мегӯяд: «Бидон, ки ҳеҷ коре бе устод муяссар намешавад. Ҳар кӣ бе устод коре кунад, бебунёд бошад. Аз шоҳи вилоят манқул (ишорат) аст, ки агар касе ба мартабаи кашф ва каромат расад ва корҳое аз ӯ дар вуҷуд ояд ва ӯро устоди дуруст набошад, аз ӯ ҳеҷ коре наёяд ва кори ӯ ҳеҷ чизро нашояд ва ин ҷо гуфтаанд:

1 Салмони Форс – яке аз наздикони Ҳазрати Муҳаммад буд. Ӯ аз мардуми форс аст ва барои ҳамин Салмони Форсаш гӯянд.

Ҳар киро устод набвад, кор бар бунёд нест,

Дар раҳи маънӣ рафиқе беҳтар аз устод нест».

Бинобар ин, ҳар кӣ хоҳад ба дараҷаи камол бирасад, бояд устод дошта бошад:

Ҳар кӣ бе устод кард оғози кор,

Кору бори ӯ надорад эътибор.

Домани устод гиру шод шав,

Муддате хидмат куну устод шав!

Ин ҷо нависанда ба шогирдон гӯшзад менамояд, ки хизмати устодро ба ҷо биёред, аз ӯ илму дониш омӯзед ва чун ба камол расидед, шумо ҳам устод мешавед ва соҳибном хоҳед гашт. Баъд нависанда хислатҳои устодро баён мекунад, ки ӯ кадом шарту шароитро бояд доро бошад. Аввал, устод бояд покизамазҳаб бошад. Яъне дар роҳи хеш устувор бояд бошад. Дувум, донишманд бошад ва аз илм ё фанни дарсмегуфтагиаш вуқуфи комил дошта бошад. Сеюм, ахлоқи пок, рафтору кирдори наку дошта бошад, бо шогирдон муомилаи хуб карда тавонад. Чорум, ҳар хисоли арзишманде, ки дар ҳаққи футуввати ҷавонмардон арз кардем, бояд аз он бархӯрдор бошад. Муҳимаш он ки дар дил кинаю кудурат нисбат ба шогирд нагирад, ба онон баробар назар кунад.

Шогирд бояд чӣ гуна бошад? Ба назари нависанда шогирд бояд бо чунин сифатҳо ороста бошад:

1. Назди устод бо камоли эътиқоду боварӣ ба хондан шурӯъ намояд.

2. Ба устод содиқона хизмат кунад.

3. Дилу забонаш рост, яъне як бошад.

4. Ҳар чӣ устод гуфт, дар гӯш бигирад ва ҳар кор, ки фармуд, онро бояд содиқона сомон диҳад.

Шогирд ё талаба бояд дар назди устод чӣ гуна одоб дошта бошад?:

1. Пеши устод (омӯзгор, муаллим) кам сухан гӯяд.

2. Устодро эҳтиром кунад, ибтидо салом диҳад.

3. Чун устод сухан гӯяд, хомӯш бошад ва бо камоли майлу хоҳиш ба гуфтори омӯзгор диққат диҳад.

4. Агар суол дошта бошад, аз устод иҷозат пурсад.

5. Дар назди устод (дар синфхона) бо касе гӯшакӣ ё суҳбат накунад.

6. Эътироз ба гуфтори устод накунад.

7. Дар назди устод, волидайн ва калонсолон ҳамеша боодобу ботамиз бошад.

Адаб тоҷест аз нури илоҳӣ,

Бинеҳ бар сар, бирав ҳар ҷо, ки хоҳӣ.

Чунонки дидем, андешаҳои нависанда дар бораи вазифаҳои устоду шогирд имрӯз ҳам қимату арзиши худро гум накардаанд. Ҳар як хонанда бояд омӯзгорро ҳурмату эҳтиром кунад, зеро танҳо омӯзгор, муаллим дар дили шогирд шамъи илму донишро фурӯзон хоҳад кард, ӯро ба ростию покӣ, ахлоқи ҳамидаи инсонӣ ҳидоят менамояд. Аз ин нигоҳ қадри устод дар назди шогирд басо баланд аст. Агар шогирд ба гуфтаҳои устод амал кунад, албатта, донишу камолоташ зиёд хоҳад шуд ва ба гуфтаи адиб, адаб чизи муқаддас аст, адаб мисли тоҷ аст, ки аз нури Худованд ҷило медиҳад. Ана ҳамин тоҷро бар сар куну ҳар ҷо ки хоҳӣ, бирав! Бешубҳа обрӯву мақому манзалат хоҳӣ ёфт.

Ҳусайн Воизи Кошифӣ дар одоби сухан гуфтан андешаҳои судманде гуфтааст. Шогирдони азиз, шумо хуб медонед, ки доир ба ин масъала адибони бузурги гузашта: устод Рӯдакӣ, Абушакури Балхӣ, Фирдавсӣ, Низомии Ганҷавӣ ва бахусус, Саъдии Шерозӣ суханони лоиқ гуфтаанд. Бештари бузургон андешаҳои хешро бо назм ёд кардаанд. Кошифӣ бошад, аввал фикрашро ба наср ифшо намуда, пасон онро бо назм боз ҳам қувват бахшидааст. Таваҷҷуҳ намоед: «Бидон, ки шарафи одамӣ ба нутқ (сухан) аст ва ҳар кӣ дар нутқ адаб риоят накунад, аз ин шараф бебаҳра бошад. Барои он ки нутқ ба савоб ояд ва илло хомӯшӣ беҳ аз он бувад». Ин фикрро Шайх Саъдӣ ба тариқи зайл баён кардааст:

Ду чиз тираи ақл аст: дам фурӯ бастан

Ба вақти гуфтану гуфтан ба вақти хомӯшӣ.

Кошифӣ 12 мавриди сухан гуфтанро таъкид намудааст:

1. Дар ҳар ҷамъомад, ҳар маҷлис, ҳар нишаст ҳар фард мувофиқи ҳолаш, мақомаш, донишаш, дарку идрокаш бояд сухан гӯяд: «Бо ӯ бо забони ӯ сухан бояд гуфт».

2. Бо лутфу хушрафторӣ бо касон, бо дӯстон, бо рафиқон бояд сухан гуфт, на бо дағаливу дуруштӣ.

3. Дар вақти сухан гуфтан кас бояд кушодарӯй бошад.

4. Сухане гӯяд, ки ба муроди дили шунаванда бошад, шунаванда малоли хотир нашавад, ғубори маломат ба дилаш наангезад.

5. Сухан бояд судбахшу бомағз бошад, инсонҳоро ба покиву ростӣ дар роҳи Ҳақ ҳидоят намояд.

6. То аз ӯ сухан напурсанд, сухан нагӯяд.

7. Дар вақти сухан гуфтан овоз баланд накунад.

8. Дар вақти сухан гуфтан ба чапу рост назар наафканад. Яъне, ба ҳар тараф нанигарад.

9. Бо ғаразу киноя сухан нагӯяд.

10. Аввал хуб андеша кунад ва пасон сухан гӯяд, то пушаймон нашавад.

11. Сухани гӯяндаро набурад. Чун суханашро ба охир расонид, он гоҳ лаб ба сухан кушояд.

12. Сухан кӯтоҳу андак бояд гуфт. Сухан бисёр гуфтан хорӣ орад. «Бисёр гуфтан нишонаи андакақлӣ аст». Чунончи Шайхи Ганҷанишин (Низомии Ганҷавиро дар назар дорад) дар «Лайлӣ ва Маҷнун» фармояд:

Кам гӯю гузида гӯй чун дур,

То з-андаки ту ҷаҳон шавад пур.

Лоф аз сухани чу дур тавон зад,

Он хишт бувад, ки пур тавон зад.

Об арчи басе зулол хезад,

Аз хӯрдани пур малол хезад.

Хулоса, нависанда, чунонки дидем, фасли шартҳо ва одоби сухан гуфтанро бо абёти шоири бузург Низомии Ганҷавӣ ҷамъбаст намудааст ва боз дар қисмати охир ё анҷоми боб андешаҳои хешро дар бораи сухани нек ва бад ба тариқи зайл ба қалам додааст: «Агар пурсанд, ки сухан аз ту аст, ё ту аз суханӣ?, бигӯй: Ман аз суханам ва сухан аз ман аст, ки меваи дарахти инсонӣ сухан аст. Агар пурсанд, ки сухани нек кадом аст?, бигӯй ки: Аз он нафъ ба касе расад. Агар пурсанд, ки Сухани бад кадом аст?», бигӯй: Он кӣ аз он зараре ба касе оид шавад». Хулласи калом, «Футувватнома» асари пурарзиш ва судмандест, ки имрӯз ҳам аҳаммияти бузурги таълимию тарбиявӣ дорад. Суханоне, ки дар бораи гӯяндаҳои халқӣ, расму оини мардуми тоҷик гуфтааст ва маълумоти назарию амалӣ додааст, барои муҳаққиқони имрӯза басо арзишманд мебошанд. Бисёр гиреҳҳои нокушода кушода мегарданд. Масалан, дар бораи санъати варзишгарон, дар бораи гӯштин ва қоидаи гӯштингирон, дар бораи одоби хариду фурӯш, ҷома пӯшидан, салом додан, таом хӯрдан, ба меҳмонӣ рафтан, меҳмонро қабул кардан ва ғайра фикрҳои ҷолиб гуфтааст, ки онҳо дар ҳаёти ҳаррӯзаи мо ба назар мерасанд ва бо камоли боварӣ метавон гуфт, ки бояд имрӯз ҳар як фарди ҷомеа аз панду андарзи ин нависандаи хушбаёни бисёрдидаву бисёршунида дар зиндагии хеш бамаврид истифода барад. Албатта рӯзгораш боз ҳам нуру зиё мегирад ва хушбахт мегардад.

САВОЛУ СУПОРИШ

1. Кадом лаҳзаҳои рӯзгори Кошифӣ ба шумо хотирмон буданд?

2. Дар он замон ба чӣ хотир бисёр ҷавонон аз ҳар кишвару аз ҳар шаҳр ба Ҳирот меомаданд?

3. Ҳусайн Воизро мо «энсиклопедист» гуфтем, шумо дар ин боб чӣ ақида доред?

4. Шумо дар бораи фарзанди нависанда Фахриддин Алии Сафӣ чӣ медонед? Вобаста ба ҳамин байти «Калила ва Димна»

Гирди номи падар чӣ мегардӣ?

Падари хеш бош, агар мардӣ!

-ро маънидод намоед.

5. Асарҳои илмии Кошифиро номбар кунед ва дар бораи ҳар кадоми онҳо маълумот диҳед.

6. Восифӣ дар бораи устоди хеш чӣ мегӯяд?

7. Дар бораи илми иншонигорӣ Кошифӣ кадом асарро нигоштааст?

8. Асарҳои бадеии Ҳусайн Воизро номбар кунед.

9. Чаро адиб ба асараш «Ахлоқи Муҳсинӣ» ном гузоштааст?

10. Асар дар кадом мавзуъ баҳс мекунад?

11. Забон ва тарзи баёни Кошифӣ чӣ хел аст?

12. «Анвори Суҳайлӣ» бо «Калила ва Димна»-и Абулмаолии Насруллоҳ чӣ муносибат дорад? Фарқи байни ин ду асарро гӯед.

13. Устухонбандии асар чӣ маъно дорад? Дар мисоли «Анвори Суҳайлӣ» ин ибораро шарҳ диҳед.

14. Қиссаи «Рой Добшилим»-ро повест гуфтан равост?

15. Устухонбандӣ чӣ тарз корбаст шудааст?

16. Сабаби ганҷ ёфтани Рой дар чӣ буд?

17. Моҳияти дастурамалро нақл кунед.

18. Оё имрӯз он гуфтаҳои нависанда қобили қабуланд? Агар қобили қабул бошанд, бо мисол фаҳмонед.

19. Чаро Кошифӣ ба асараш «Футувватнома» ном гузоштааст?

20. Аз назари Кошифӣ шогирд бояд чӣ хел бошад? Гуфтаҳои нависандаро ба гӯш бигиред ва ҳифз намоед.

21. Ҳусайн Воиз дар одоби сухан гуфтан чӣ мегӯяд?

22. Шартҳои гузоштаи адибро азёд намоед.

ТЕСТҲО

1) Кадом асари Кошифӣ дар асоси ҳикоёту ривоёти мардуми ҳинд

иншо шудааст?

а) «Анвори Суҳайлӣ».

б) «Ахлоқи Муҳсинӣ».

в) «Футувватномаи султонӣ».

2) «Бадоеъ-ус-саноеъ» дар бораи кадом илмҳо баҳс мекунад?

а) Таърихӣ.

б) Ҷуғрофия.

в) Назарияи адабиёт.

3) Маҷмӯаи нақлу ривоятҳояшро адиб дар бораи Ҳотам бо чӣ ном

иншо кардааст?

а) «Марди накуном».

б) «Саргузашти Ҳотам».

в) «Инсони саховатманд».