Ғазал дар асрҳои XV-XVI яке аз жанрҳои маъмултарини адабиёти бадеӣ ба шумор мерафт. Аксарияти адибони ин давр ғазал эҷод кардаанд.
Саромадони ин жанр Ҷомӣ, Биноӣ ва Ҳилолӣ буданд. Бадриддини Ҳилолӣ дар сурудани ғазал асосан пайрави Амир Хусрави Деҳлавӣ ва Ҳасани Деҳлавист:
Ҳилолӣ аз камоли шеър дорад мансаби шоҳӣ,
Ки сӯзи Хусрав асту нозукиҳои Ҳасан бо ӯ.
Ғазалҳои шоир бо салосат, равонию содагӣ ва хушоҳангӣ аз дигар адибони ҳамзамонаш фарқ мекунанд. Аз ҷиҳати мазмун ва сохти композитсионӣ нисбат ба давраҳои гузашта дар байни онҳо фарқе дида намешавад. Аксарияти ғазалҳои шоир аз 6-7 байт иборатанд. Махсусан, матлаъ ва мақтаи ғазалҳои адиб бо камоли маҳорат иншо шудаанд.
Мавзуи ғазалиёти Бадриддини Ҳилолӣ гуногун буда, ба масъалаҳои ҳаёту зиндагии инсон, ғаму андуҳ, орзую омоли вай бахшида шудааст. Дар бештари ғазалҳояш шоир ишқи пок, муҳаббату садоқати инсонро сурудааст. Ба ҳамин маънӣ шоир ишорат карда, дар ғазали зер худашро подшоҳи майдони ишқ мегӯяд:
Кори ман аз ҷумлаи олам ҳамин ишқ асту бас,
Оламе дорам, ки дар олам надорад ҳеҷ кас.
Подшоҳи аҳли дардам бар сари майдони ишқ,
Ман миёни фитнаву хайли бало аз пешу пас!
Маҳбубаи шоир олиҳаи зебоест. Ӯро ситоиш мекунад. Бе ӯ зиндагӣ кайфиятеву лаззате надорад. Шоир дар тавсифи ҳусну малоҳати ёраш гӯё оҷизӣ мекашад. Адиб аниқ менамояд, ки ҷон аз ҳама чиз бароям азизтар аст, вале ту аз он ҳам хуштарӣ ва барои ман умри ҷовидон ҳастӣ.
Ҷон хуш аст, аммо намехоҳам, ки ҷон гӯям туро,
Хоҳам аз ҷон хуштаре бошад, ки он гӯям туро.
Ман чӣ гӯям, к-он чунон бошад, ки ҳадди ҳусни туст?
Ҳам ту худ фармо, ки чунӣ, то чунон гӯям туро.
Ҷони ман, бо он ки хос аз баҳри рафтан омадӣ,
Соате биншин, ки умри ҷовидон гӯям туро.
То рақибонро набинам хушдил аз ғамҳои хеш,
Аз ту бинам ҷавру бо худ меҳрубон гӯям туро!
Баски мехоҳам, ки бошам бо ту дар гуфту шунид,
Як сухан гар бишнавам, сад достон гӯям туро.
Хуштар аз меҳр аст ҳар ҷавре, ки бо ман мекунӣ,
Моҳи ман, хуш нест, гар номеҳрубон гӯям туро.
Ҳилолӣ дар ғазали «Ошиқи зори кистӣ?» худашро ба нодонӣ зада, маҳбубаашро шоирона тавсиф мекунад. Ӯ ҳангоми тавсифаш аз санъати таҷоҳули ориф моҳирона истифода кардааст, яъне худро ба нодонӣ зада, сифатҳои баркамоли маъшуқаро ёдовар мешавад, ки ин тарзи адо хусусиятҳои хоси ин санъат аст:
Эй зи баҳор тозатар, тозабаҳори кистӣ?
Ваҳ, чӣ нигори турфаӣ1, турфанигори кистӣ?
Ҳаст рухи ту моҳи нав, кавкаби2 туст шоҳи ҳусн,
Моҳи кадом кишварӣ, шоҳи диёри кистӣ?
Лолаву сарви ин чаман мунфаиланд3 пеши ту,
Сарви кадом гулшанӣ, лолаъизори4 кистӣ?
Ғазалҳои ишқии шоирро бо як шӯру ҳаяҷон хонда, кас ба хубӣ эҳсос мекунад, ки ишқи шоир реалӣ, заминӣ, воқеӣ аст. Яъне духтари мавзунқомат, дилкашу моҳталъатест, ки дар назди қаҳрамони лирикӣ буда, зиндагии ӯро зеботар мегардонад:
1 Турфа – тоза, нав, аҷиб, камёб
2 Кавкаб – ситора
3 Мунфаил – шарманда, хиҷолатманд, хиҷил
4 Лолаъизор – лоларӯйӣ
Рӯзи Наврӯз асту сарви гулъизори ман куҷост?
Дар чаман ёрон ҳама ҷамъанд, ёри ман куҷост?
Гашта мардум ҳар яке имрӯз сайди чобуке,
Чобуки сайдафкани мардумшикори ман куҷост?
Нест як соат қарор ин ҷони нооромро,
Ё Раб, он ороми ҷони беқарори ман куҷост?
Вале боз шоир шукр мекунад, зеро ӯ ошиқ асту ғаму дарди ишқ дорад:
Дармони мо маҷӯй, Ҳилолӣ, ки дарди ишқ
Хос аз барои ҷону тани дардноки мост.
Ғайр аз ин дар ғазалиёти Ҳилолӣ мавзуъҳои иҷтимоӣ, ахлоқиву тарбиявӣ низ ба чашм мерасанд. Шоир дар як ғазалаш ишорат кардааст, ки ҷомеаи онрӯза «олами харобобод» аст ва хуб мешавад, ки касе пайдо шавад ва он асоси зулму ситамро барканда, ҷамъияте барпо кунад, ки дар он адлу инсоф бошад. Яъне ӯ тарафдори шоҳи одилу халқпарвар аст:
Хушо касе, ки дар ин олами харобобод
Асоси зулм фиканду бинои дод ниҳод!
Тавонгаре, ки дари хайр бар фақирон баст,
Даре зи олами боло бар рӯйи он накушод.
Касе, ки ёфт бар аҳволи зердастон даст,
Ба зулм агар наситонад, Худош хайр диҳод!
Дар ин шеър, махсусан дар байти охир, фикри некандешонаи адиб нисбат ба бечорагон, зердастон хеле баланд садо медиҳад. Илова бар ин, шоир аҳли ҷамъиятро ба дӯстию рафоқат, ҳамдилию ҳамкорӣ, ба якдигар дар ҳар маврид мададгору рӯҳбардор будан даъват менамояд:
Бархез, то ниҳем сари худ ба пои дӯст,
Ҷонро фидо кунем, ки сад ҷон фидои дӯст.
Ҳошо, ки ғайри дӯст кунад ҷо ба чашми ман,
Дидан наметавон дигареро ба ҷои дӯст.
Аз дӯст ҳар ҷафо, ки расад, ҷои миннат аст,
Зеро ки нест ҳеч вафо чун ҷафои дӯст.
Барои ҳамин шоир ба хулосае меояд, ки бе ёру дӯсти ҳақиқӣ зиндагӣ кардан, ҳаёти хушбахтона гузаронидан муҳол аст. Ҳаёт бе ёру дӯсти ғамхор кайфияте, мақсаде надорад:
Бе ёр ба олам натавон буд, Ҳилолӣ,
Олам ба чӣ кор ояд, агар ёр набошад.
Умуман, Ҳилолӣ дар ғазалиёташ андешаву афкори умум, яъне одамони табақаҳои поёни ҷамъияти онрӯзаро инъикос намудааст. Дарди дил, ғаму андуҳи шоир дарди дармондагон аст.