Бояд гуфт, ки услуб ва забони «Бадоеъ-ул-вақоеъ» якранг нест. Ҳангоми мутолиа ҳам услуби содаи оммафаҳм ва ҳам услуби мураккаби душворфаҳм ба назар мерасад. Ҳангоми таърифу тавсифи подшоҳон, аҳли дарбор, маҷлисҳои онҳо забон ва тарзи баёни Восифӣ ниҳоят мураккаб мешавад. Дар ин ҷо ҷумлаҳои печ дар печ, ибораҳои арабӣ, калимаҳои душворфаҳм бештар мавқеъ пайдо мекунанд. Вале, хушбахтона, қисми асосии эҷодиёти Восифиро насри сода ташкил медиҳад. Вақте ки сухан аз ҳаёти мардуми меҳнатӣ меравад, услуби баёни Восифӣ низ дигар мешавад. Махсусан, ҳангоми нақли асарҳои халқӣ забони «Бадоеъ-ул-вақоеъ» ниҳоят сода ва ба забони гуфтугӯйӣ хеле наздик мегардад. Дар ин ҳолат акнун ба ҷойи ибораҳои мураккаб таъбиру ибораҳои сода, зарбулмасалу мақолҳои халқӣ асарро зебу зинат медиҳанд. Маҳз бо ҳамин хусусиятҳои худ, чунонки А. Н. Болдирев қайд кардааст: «Восифӣ проблемаи офариниш – эҷоди услуби нави адабиро амалан ҳаллу фасл кард»1.
Дар «Бадоеъ-ул-вақоеъ» ифодаҳоеро пайдо карда метавонем, ки имрӯзҳо дар забони зиндаи халқ истифода мешаванд, вале дар забони адабии ҳозира камистеъмоланд. Масалан, калимаю ибораҳои «қариби хуфтан», «аҳлу аёл», «ҳаволаи фарқи сар», «як сари мӯй» дар лаҳҷаҳои ҷанубӣ хеле серистеъмол мебошанд. Илова ба ин, дар асар бисёр ҷумлаҳоеро дидан мумкин аст, ки онҳо аз ҷиҳати таркибу сохтор ва оҳангу равиши худ ба ҷумлаҳои халқӣ шабоҳати комил доранд. Инак, ба ин ҷумлаҳо диққат диҳед:
1 А. Н. Болдырев. Зайниддин Васифи. Сталинабад, 1957, саҳ., 301
«Куҷоӣ! Роҳро сар кун. Ӯ дар пеши Султон аз қафои ӯ мерафт. То ба хонаи ӯ расид. Шамъ дар лаган месӯхт. Султон фармуд, ки дарой ва шамъро бикуш! Он шахс шамъро бикушт. Баъд аз он Султон даромад...»
Ба ҳамин тариқ, Восифӣ ҳангоми истифодаи асарҳои халқӣ на фақат ба сужет ё мазмуни онҳо диққат медодаасту халос, балки саъю кӯшиш менамудааст, ки ба услуб, тарзи баёни асарҳои халқӣ аҳаммияти калон диҳад. Зеро танҳо бо ҳамин восита қимату арзиш ва халқияти асарҳои нависанда дар пеши чашми хонанда муҷассам мегардад. Маҳз ҳамин воситаҳои тасвир барои баёни фикрҳои олӣ ба нависанда кумаки калон мерасонанд. Аз тарафи дигар, ҳар як хонанда пас аз мутолиаи чунин асарҳо завқи эстетикӣ мебарад.
Восифӣ дар тасвири табиат, зебоиҳои он маҳорати комил дорад. Бештари ин тасвирҳо бо забони содаю санъати мусаҷҷаъ ба қалам дода шудаанд. Восифӣ табиатро бо мақсади муайяне тасвир мекунад. Зеро тасвирот барои кушодан ва хубтар дарк намудани ҳодисаю воқеаҳо ва персонажҳои асар ёрии калон мерасонанд. Бо ибораи дигар, ин тасвирҳо бо мазмуну мундариҷаи «Бадоеъ-ул-вақоеъ» сахт алоқаманданд. Масалан, Восифӣ соли 1514 дар моҳи ҳут ба Бухоро сафар мекунад. Сафари нависанда ихтиёрӣ буда, ӯ муштоқи тамошои шаҳри бостонии Бухорост. Аз ин рӯ, дар бораи он бо як ҳиссиёти баланд сухан меронад.
«Хулоса, мо бо хурсандӣ раҳсипор гардида, ба шаҳри Бухоро наздик расидем. Чун ба он шаҳри хуррамбаҳор як фарсах роҳ монд, манораи он, ки бо камоли азамат аз ҳама биноҳо ба қадри чандин найза баланд шуда рост истода буд, моро бо виқору тамкини одамиёна пешвоз гирифт. Зебу оростагӣ ва зинату перостагии он шаҳр ба дараҷае буд, ки биҳишти анбарсиришт аз шарми ӯ дар пардаи ҳаё ҷамоли худро пинҳон карда, рӯй ба касе наменамуд. Дарвозаи баландовозааш ба забони ҳол ба гӯши сайёдон нидо медод:
– Ин аст ҷаннати адн, биёед, ба вай ҷовидона дароед!»