Латифа яке аз жанрҳои маъмули адабиёти шифоҳӣ буда, дар замонҳои қадим дар байни халқ пайдо шудааст. Латифа хусусиятҳои хосси худро дорад. Латифа ҳаҷман хурд буда, дар он воқеа ба зудӣ оғоз ёфта, ба авҷи аъло мерасад ва ҳамоно хотима меёбад. Латифа жанри ҳаҷвист. Дар он кирдорҳои ношоистаи одамон, зулму ситами золимон, хислатҳои бади инсонӣ сахт мазаммат карда мешаванд. Дар баъзе латифаҳо содалавҳӣ, нодонӣ, бефаросатии як гурӯҳ одамони ҷомеа бо оҳанги ҳазлу шӯхӣ ва беғаразона мазаммат гардидаанд.
Қаҳрамони латифаҳои халқӣ Насриддин Афандӣ, Мулло Мушфиқӣ, Баҳлул, Ҷуҳӣ ва дигарон мебошанд. Онҳо шахсони поквиҷдон, ростқавл буда, аз болои шахсони золим, бадкирдор ғолиб мебароянд. Онҳо мақсаду мароми халқро ифода мекунанд ва барои ҳимояи мардуми одӣ мубориза мебаранд.
ЧОРПО МЕНАМОЕД
Як марди олус1 барои додхоҳӣ2 ба назди подшоҳ омад. Подшоҳ ба ҷойи шунидани арзу дод он мардро изо доданӣ шуда пурсид:
– Ба назари олусҳо ҳар як чиз дуто менамояд, мегӯянд, ҳамин гап рост аст?
Олус дарҳол ҷавоб дод:
– Бале, тақсир! Масалан, ҳоло шумо ба назари ман чорпо менамоед!
АБДУЛЛОҲХОН ЧӢ МЕГИРАД?
Абдуллоҳхон дар биёбони Қаршӣ сардобаҳо3 ва обанборҳо месохт, деҳқононро маҷбурӣ кор мефармуд.
Рӯзе Абдуллоҳхон дар вақти сохтани як сардоба либоси деҳқонӣ пӯшида, дар миёнаи мардикорон даромад, то ки аз фикру андешаи онҳо огоҳ шавад.
Абдуллоҳхон бо мардикоре ҳамсуҳбат шуда пурсид:
– Аз ҳамин қадар ташвиши иморатсозӣ ба Абдуллоҳхон савобе ҳаст ё не?
Мардикор ҷавоб дод:
– Касе, ки ба иморат хишт дода бошад, хишташро мегирад, гаҷ дода бошад, гаҷашро мегирад. Абдуллоҳхон ҳам ҳар чӣ дода бошад, ҳамонро мегирад.
– Абдуллоҳхон ба ин иморат чиҳо дод, ки онҳоро мегирад? – боз пурсид Абдуллоҳхон.
– Ӯ мардумро азоб дод, уқубат дод, зулму бедодгарӣ кард – ана, ҳаминҳоро мегирад, – гуфт мардикор.
– Маро мешиносӣ? – Абдуллоҳхон аз мардикор пурсид.
– Не.
– Ман Абдуллоҳхон мебошам.
– Бисёр хуб, – гуфт мардикор ва пурсид: – Шумо маро мешиносед?
– Не, – гуфт Абдуллоҳхон.
– Ман як деҳқони фақире мебошам, ки дар ҳар моҳ се рӯз девона мешавам. Имрӯз яке аз рӯзҳои девонагии ман аст.
Мардикор бо ҳамин тадбир аз ҷазо халос шуд.
ЛУЧ ГӮРОНЕД ҲАМ, МАЙЛАШ
Ятиме аз хӯҷаинаш пурсид:
– Агар ман мурам, чӣ навъ мегӯронед?
– Чӣ навъ мегӯрондам? Чор газ карбос мегираму кафан дӯзонда, мурдаатро ба вай печонда, ба мазор мефиристонам, ба гӯре мемонанд, – гуфт хӯҷаин дар ҷавоб.
– Ин тавр бошад, – гуфт ятим, – биёед, дар вақти зиндагиям ба ман як курта - эзори карбос дӯзонда диҳед. Баъд аз мурданам луч гӯронед ҳам, майлаш.
ХОҶА ҲОФИЗ ВА ХИШТРЕЗ
Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ аз роҳе мегузашт. Дар паҳлуи роҳ як хиштрезро дид, ки шеърҳои ӯро ғалат хонда истодааст. Ҳофиз андак гӯш карда истоду баъд хиштҳои рехтамондагии хиштрезро пахш карда гузаштан гирифт. Хиштрез инро дида, давида омаду аз гиребонаш гирифт:
– Магар чашмат кӯр аст, ки роҳро монда аз болои хиштҳо меравӣ ва кори маро бар бод медиҳӣ?
Ҳофиз ҳам гиребони ӯро маҳкам гирифта гуфт:
– Магар ту девонаӣ, ки шеърҳои хуни дил хӯрда навиштаи маро ғалат мехонӣ?!
БОЯД ХУДАМ ҲАМРОҲИ ХАТ РАВАМ
Касе аз Насриддин Афандӣ хоҳиш кард, ки барои ӯ ба номи як дӯсташ хат навишта диҳад.
Афандӣ пурсид:
– Дӯстатон дар куҷост ва ин хатро ба куҷо мефиристед?
– Дӯстам дар Бағдод аст ва ин хатро ҳам ҳамин рӯз ба он ҷо мефиристам, – гуфт он кас дар ҷавоб.
– Бибахшед, ки ман фурсати бағдодравӣ надорам, он ҷо бисёр дур аст, – гуфт Афандӣ.
– Хатро дар ҳамин ҷо менависед, ман худам мефиристам, ба Бағдод рафтани шумо лозим нест.
– Агар ман ба касе хат нависам, бояд ҳамроҳи хат худам рафта, онро бихонам, зеро каси дигар хатти маро хонда наметавонад.
СОДАДИЛ АКСИ ХУДРО НАМЕШИНОСАД
Содадиле дар роҳ мерафт. Дар сари роҳ оиначаеро дида аз замин бардошт. Вақте ки ба оинача нигоҳ карда, акси худро дар он дид, хиҷолат кашида:
– Мебахшед, ин оинача аз они шумо будаасту ман бесоҳиб гумон карда гирифтаам, – гуфт ва оиначаро ба ҷояш гузошта, ба роҳи худ идома дод.
РАИС ВА МУШФИҚӢ
Раиси шаҳр4 Мушфиқиро дар кӯча дошта пурсид:
– Намози бомдод чанд ракъат аст?
Мушфиқӣ худро гум карда:
– Ҳашт ракъат, тақсир… – гуфт.
Раис ба одамонаш фармуд, ки Мушфиқиро луч карда даҳ дарра зананд. Мушфиқӣ дар зери зарбаҳои шаллоқ дод мезад. Занаш, ки дар пушти дарвоза истода буд, гуфт:
– Муред, шумо мардаки беҳуш! Охир, чор ракъат гӯед, намешуд?
Мушфиқӣ занашро сарзаниш кард:
– Дам шав, занаки беақл, ҳашт ракъат гуфта - ку даҳ дарра хӯрдам, агар чор ракъат гӯям, албатта, бист дарра мезананд, ки мурда мемондам!
НЕ, НЕ, ИН САЛЛАВУ ҶОМАИ МАН НАБУДААСТ
Мушфиқӣ шабе аз як паскӯчаи Бухоро мегузашт. Дид, ки дар сари роҳ як маст хобидааст. Мушфиқӣ он мастро ин тараф, он тараф ғелонда диду шинохт, ки раиси шаҳр будаст. Ба даҳону бинияш се-чор лағад зад, аммо маст ҳушёр нашуд. Баъд Мушфиқӣ саллаву ҷомаи вайро кашида гирифту ба роҳаш рафт.
Саҳарӣ раис ҳушёр шуда ба раисхона рафту ба мулозимонаш гуфт:
– Имшаб аз хона саллаву ҷомаи маро дуздида рафтаанд. Шумо дар кӯчаву бозорҳо диққат карда гардед, ҳамон либосҳои маро дар даст ё дар сару тани касе дида шиносед, ҳамон одамро ба пеши ман гирифта биёред!
Мулозимони раис дар кӯчаҳо гашта, ба ногоҳ чашмашон ба Мушфиқӣ афтоду дар сару тани вай саллаву ҷомаи раисро шинохтанд ва ӯро кашола карда ба пеши раис бурданд.
Раис Мушфиқиро дида дар ғазаб шуду дӯғ зад:
– Саллаву ҷомаи ман аз куҷо ба ту расид?
Мушфиқӣ бо оромӣ ҷавоб дод:
– Тақсир, аввал пурсиш, баъд кушиш гуфтаанд. Ман дина шаб аз фалон паскӯча мегузаштам. Ба як маст вохӯрдам, ки дар сари роҳ ба хоку лой ҷӯлида хобидааст, се-чор лагад кӯфтам, ҳушёр нашуд. Охир саллаву ҷомаашро кашида гирифтам. Агар ҳамон маст шумо бошед, ин саллаву ҷома ҳам шояд аз они шумо бошад, марҳамат карда гиред!
Раис дид, ки аз ин гап шарманда мешавад, саросема шуда гуфт:
– Не, не, ин саллаву ҷомаи ман набудааст, ба корат рафтан гир!
МУШФИҚӢ ВА ҚОЗИКАЛОН
Яке аз бойҳо тӯй карду барои хабар кардани қозикалон Мушфиқиро фиристод. Вақте ки Мушфиқӣ ба ҳавлии қозикалон бе таклиф даромада омад, қозикалон оташин шуда, ба вай гуфт:
– Магар аз даргоҳи бой одаме ёфт нашудааст, ки барои хабар кардани ман мисли ту харро фиристодааст?
Мушфиқӣ ҷавоб дод:
– Тақсир, бойбобо ҳамаи одамҳоро барои хабар кардани одамҳо фиристоданду лекин маро барои хабар кардани шумо фиристоданд!
Луғат
1. Марди олус – марде, ки чашмонаш иллат доранд, дуруст дида наметавонад, каҷбин, чашмкаҷ.
2. Барои додхоҳӣ – барои адолату ҳақиқатро дарёб кардан.
3. Сардоба – ҳавзи калон, ки болояш пӯшида бошад.
Савол ва супориш
1. Латифа чӣ гуна жанр ва дорои кадом хусусиятҳост? Оё дар латифаҳои овардашуда ин хусусиятҳо ба назар мерасанд?
2. Шумо латифа медонед? Агар донед, ба ҳамсинфҳоятон нақл кунед.
3. Аз падару модар ва бобою бибиятон латифаҳоро навишта гиред.
4. Аз рӯйи латифаи «Хоҷа Ҳофиз ва хиштрез» саҳнача созед.