Хитоб ба авлоди ватан

Нури чашми Ватан, эй баччаи афғон, афсӯс,

Дили ман доғ шуд аз дасти ту, эй ҷон, афсӯс!

Чанд гӯям, ба ту, фарзанди мусалмон, афсӯс,

Ба ту, эй унсури афсурдаи беҷон, афсӯс!.

Кист ҷуз ту, ки кунад гиря ба вайронии ту,

Оваҳ1, афсӯс ба ин рӯзи парешонии ту!

Ҳама бедор, ту дар хоби гаронӣ, то кай?

Ғофил аз сирри тараққии ҷаҳонӣ, то кай?

Чашм бар роҳи камоли дигаронӣ, то кай?

Ту ба ин пардаи торик ниҳонӣ, то кай?

Ҳала2, бархез зи ҷо, ғафлати беҷо то кай?

Хоби нӯшин чӣ қадар, нашъаи саҳбо3 то кай?

Ай писар, чашми Ватан сӯйи ту боз аст ҳанӯз,

Қавмро ҷониби ту даст дароз аст ҳанӯз.

Мамлакатро ба ту сад гуна ниёз аст ҳанӯз,

Фурсати хидмати ту дуру дароз аст ҳанӯз.

Вақти бозӣ набувад, фурсати кор аст, биё!

Эй писар, кор накардан ба ту ор аст, биё!