1. Мол аз баҳри осоиши умр аст, на умр аз баҳри гирд овардани мол!
2. Оқилеро пурсиданд, ки некбахт кисту бадбахт чист? Гуфт: «Некбахт он, ки хӯрду кишт ва бадбахт он, ки мурду ҳишт (монду рафт).
3. Ду кас ранҷи беҳуда бурданд ва саъйи бефоида карданд: яке он, ки мол андухту нахӯрд ва дигар он, ки омӯхту амал накард.
Илм чандон, ки бештар хонӣ,
Чун амал дар ту нест, нодонӣ.
На муҳаққиқ1 бувад, на донишманд,
Чорпое бар ӯ китобе чанд!
Он тиҳимағзро2 чӣ илму хабар,
Ки бар ӯ ҳезум аст ё дафтар?
4. Олими парҳезгор – кӯрест машъалдор!
5. Бефоида ҳар он ки умр дарбохт.
Чизе нахариду зар бияндохт.
6. Раҳм овардан бар бадон ситам аст бар некон ва афв кардан аз золимон ҷавр аст бар мазлумон.
7. Ҳар кӣ бо душманони дӯстони худ сулҳ кунад, сари озори дӯстон дорад3.
Бишӯй, эй хирадманд, аз он дӯст даст,
Ки бо душманонат бувад ҳамнишаст.
8. Сухан дар миёни ду душман чунон гӯй, ки агар дӯст шаванд, шармзада набошӣ!
Миёни ду кас ҷанг чун оташ аст,
Суханчини бадбахт ҳезумкаш аст.
9. Якеро гуфтанд:
– Олими беамал ба чӣ монанд?
Гуфт:
– Ба занбӯри беасал.
Занбӯри дурушти бемурувватро гӯй:
«Боре, чу асал намедиҳӣ, неш мазан!»
Ҳар кӣ илм хонду амал накард, бад-он монад, ки гов ронду тухм наафшонд.
Луғат
1. Муҳаққиқ – таҳқиқкунанда, олим.
2. Тиҳимағз – ба маънои бедониш, бефарҳанг
3. Сари озори дӯстон дорад – мақсади дӯстонро озор додан, аз худ ҷудо карданро дорад.
Савол ва супориш
1. «Осоиши умр»-ро чӣ гуна мефаҳмед?
2. «Илм омӯхту амал накардан» чӣ маъно дорад?
3. Чаро ба бадону золимон раҳму шафқат намудан ситам ва ҷавр аст ба некону мазлумон?
4. Пешванд ва решаи калимаи «бемурувват»-ро ёбед.