Моро ба ҷафо кушта, пушаймон шуда бошӣ,
Хуни дили мо рехта, ҳайрон шуда бошӣ.
Ҳилолӣ
Шаб торику зулмонӣ буд. Барои мардуми Ҳирот ин шаб, яъне шаби ҷумъаи соли 1529, як умр шаби бехосият хоҳад монд. Дору гир, доду фарёд, гиряву лобаи кӯдакону занон хомӯшии шабро халалдор мекард. Ясавулон ва сарбозони Убайдуллоҳхон хонаҳои мардумро талаву тороҷ мекарданд, одамони «гарданкаш», «ёғӣ» ё «ҷурми дигар дошта»-ро ба зиндон ё ба қозихона мебурданд.
Чор сарбози Убайдуллоҳхон ба назди дарвозае омада Ҳилолиро ба маҳкамаи қозӣ бурданд.
Шоир шарту русуми инсонӣ ба ҷо оварда салом дод. Аммо салом беҷавоб монд. Қозикалон ба ҳуҷум гузашт.
– Ту, шоир Ҳилолӣ? Чунин бандаҳои осӣ ба худ лақабҳои осмонӣ меёбанд. Садқаи ҳилоли Худои азза ва ҷалла шавед!
– Ман гуноҳе надорам ва сабаби ба марҳамати шумо расиданамро намедонам.
– Намедонӣ! Ҳамаашро нағз медонӣ. Ҳоло ба ёдат меорем. Аввалан, дар як шеърат хони покдину ҳомии шариати ислом, сояи Худо дар замин Убайдуллоҳхонро танқиду мазаммат кардӣ! Магар ин гуноҳ нест?
Мавлоно Бақои Ланг ва Мавлоно Гулчеҳр, ки дар назди қозикалон ҳузур доштанд, аз ҷой бархоста суханони Мавлоно Шамсиддинро тасдиқ карданд.
– Баред! Пагоҳ дар бозори Чорсӯ амри моро амалӣ кунед!
Хуршеди оламтоб кайҳо аз паси қуллаҳои кӯҳ баромада, саховатмандона нурпошӣ мекард, вале офтоби зиндагии Ҳилолӣ рӯ ба ғуруб оварда буд. Шоири номуродро кашон-кашон ба сӯйи бозори Чорсӯи Ҳирот мебурданд. Як гурӯҳ мардуми авом ҳамроҳӣ мекарданд. Баъзеҳо ба ҳоли шоир гиря мекарданд ва баъзе ҳасудон ба сари Ҳилолӣ санг мепартофтанд. Сари шоир хуншор шуда буд. Қатраҳои хун ба рӯйи гандумгуни шоир таровида, риши шоирро лолагун карданд. Адиб ба атрофиён хирадмандона назар мекард. Аз байни ҳасудон, нотавонбинон, дӯстон, хешу ақрабояшро меҷуст. Медид, онҳо гирён буданд. Шоир бо ишорат бо онҳо хайрухуш менамуд ва байти зерро бо дарду алам мехонд.
Ин қатраи хун чист ба рӯйи ту, Ҳилолӣ?
Гӯё, ки дил аз ғусса ба рӯйи ту давида.
Ниҳоят, Ҳилолиро ба бозорҷой оварданд. Дар назди ӯ ҷаллод Сайфуллоҳ шамшер дар даст меистод. Қатлгоҳ баландтар буд. Шоир издиҳомро хуб медид. Чанд дақиқа хомӯшӣ ҳукмфармо гардид. Ҳилолӣ сар баланд кард ва ба тарафи мардум назар андохт. Баъд гуфт:
– Хешу табор, дӯстон, ман бо шумо хайрухуш мекунам. Инҳо дар қасди ҷони ман буданд. Ман аз мурдан наметарсам. Оре, онҳо ҷисми маро нест мекунанд, шеъри маро нест карда наметавонанд!
Баъд Ҳилолиро ба қатл расониданд.