Дар асари бадеӣ танҳо персонажҳои мусбат қаҳрамони асари бадеӣ шуда метавонанд. Аммо на ҳамаи персонажҳои мусбат қаҳрамони асари бадеӣ мешаванд. Қаҳрамон бояд дар асар мавқеи муҳим дошта бошад. Персонажҳои дигар барои амиқу барҷаста баромадани образҳои асосӣ, ки онҳо қаҳрамон ҳастанд, бояд хидмат кунанд. Нависанда бештар дар симои онҳо андешаҳои ахлоқӣ-сиёсӣ ва эстетикии хешро нишон медиҳад. Масалан, дар асари устод Айнӣ «Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик», ки аз номаш ҳам маълум аст, симои асосии асар Темурмалик аст. Ҳодисаву воқеаҳои асар бо иштироки ӯ мегузаранд. Нависанда ҳам дар симои Темурмалик беҳтарин хислату характери ҷавонони тоҷикро ҷамъбаст намудааст. Хислатҳои ватандӯстӣ, далерӣ, фидокорӣ, ҷоннисорӣ барои истиқлоли кишвару ватан сифатҳои хосси Темурмаликанд, ки устод Айнӣ дар рафти ҳодисаҳои гуногуни таърихӣ бисёр ҷолиб нишон додааст. Дар асар персонажҳои мусбати дигар ҳам, аз қабили Султон Ҷалолиддин, пирамард ва писари Темурмалик иштирок кардаанд. Вале кору амалиёти онҳо барои барҷаста баромадани образи асосӣ – қаҳрамони асар Темурмалик ёрӣ расонидаанд.
Ҳамин тавр, дар асарҳое, ки пеш мутолиа кардед, қаҳрамонҳои асосӣ Эраҷ, Хоҷа Насриддин, Луқмони Ҳаким мебошанд. Ҳар кадоми онҳо симоҳои барҷаста буда, халқ дар зимни кору амалиёти онҳо афкори пешқадами хешро ба қалам додааст.