Аз Анӯшервон касе пурсид,
К-«аз чӣ майли дилат ба адл кашид?
Ту, ки дурӣ зи давлати ислом,
Муттасиф чун шудӣ ба адл тамом?1
Сабаби ин ҳама адолат чист?
Муҷиби2 адли безаволат чист?»
Гуфт: «Дар ҳини кӯдакӣ3 як бор
Мешудам дар раҳе ба азми шикор,
Дар рикобам пиёда буд басе,
Чӯб бар каф ниҳода буд касе.
Аз миёншон саге гузар мекард,
В-аз ҳаёҳуяшон ҳазар мекард.
Он пиёда фиканд чӯб аз даст,
Хӯрд бар пойи саг, ки хурд шикаст.
Саги мискин фиғонувойкашон
Рафт аз пай шикастапой кашон.
Рафт чун он пиёда як-ду қадам,
Асп бар пой-ш зад, ки гашт қалам.
Аспи бадфеъл низ тарф набаст,
Пойи вай дар гаве фитоду шикаст.
Чун мукофотро чунон дидам,
Равиши одилӣ4 писандидам.
З-ин мукофот нафси золими ман
Монд занҷири адлро гардан.
Чун мукофоти зулм донистам,
Зулм бар халқ кам тавонистам.
Ҷазм кардам, ки мардуми золим
Кам бимонанд дар ҷаҳон солим».
Луғат
1. Маънои байти дуюм: – Ту, ки ғайри дини ислом ҳастӣ, чӣ хел шуд, ки одил шудӣ?
2. Муҷиб – сабаб
3. Ҳини кӯдакӣ – айёми кӯдакӣ, давраи кӯдакӣ.
4. Равиши одилӣ – пешаи одилӣ, амали одилӣ.
Савол ва супориш
1. Ҳикояро хонед ва сабаби одилии Анӯшервонро гӯед.
2. Маънои «мукофоти амал»-ро шарҳ диҳед.
3. Муносибати нависанда ба мардуми золим чӣ тавр ба қалам дода шудааст?